Нерӯгоҳи барқи обии Роғун иншооти ҳаётан муҳиму стратегии мамлакат ба ҳисоб рафта, тавлидкунандаи нури ҳар як хонадони кишвар маҳсуб меёбад. Чунки баъди пош хӯрдани собиқ давлати Иттиҳоди Шӯравӣ мушкилоти асосӣ ва ҳалталабе барои кишвари мо ба миён омад, ки ин ҳам норасоии нерӯи барқ буд. Аз ин рӯ, роҳи ягонаи наҷот, сохтани иншооти бузургтарин — НОБ-и Роғун буд. Маҳз бо дастгирии пайваста ва талошҳои шабонарӯзии фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва халқи заҳматкаши Тоҷикистон, ки дорои нерӯи бузургу иродаи тавоност, барои барқарорсозии махзани нури Тоҷикистон камари ҳиммат бастанд.

Миллати тоҷик бунёди Нерӯгоҳи барқи обии Роғунро дар мафккури худ ҳамчун афсонаи асотирӣ мепиндоштанд. Аммо иродаи қавии Пешвои муаззами миллат ва ҳамгироии мардуми Тоҷикистон ин афсонаро ба ҳақиқат табдил дод. Мардуми тоҷик бори дигар ба ҷаҳониён қудрату тавоноии азалии хешро нишон дода, исбот намуданд, ки миллати заҳматқарини тоҷик ҳама аз як гиребон сар бароварда, баҳри дурахшонии ватани хеш бо дасту дили пок кохи нури Тоҷикистонро сохта, хонадони ҳар як фарди тоҷикро чароғон мекунанд. Маҳз бо ташаббусҳои созанда ва иқдомҳои наҷиби ҳар фарди баору номуси тоҷик бобати саҳмгирӣ дар бунёди нерӯгоҳ хонадони мардуми тоҷик чароғон гардид.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо умедворӣ доим дар суханрониҳои хеш таъкид менамуд, ки “…он рӯз дур нест, ки дар партави нури Роғун парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол ва тоҷи заррини давлати тоҷикон ҷилои тозае хоҳад гирифт”. Ҳамакнун он ниҳоли меҳнату машақатҳои мардуми тоҷик меваи шаҳдбори худро дода истодааст, ки дар таърихи 29-уми октябри соли 2016 Пешвои муззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон худ савори булдозери вазнин шуда, аз соати 10:00-и субҳ то 11:30 расо якуним соат бо пеш кардани сангу шағал маҷрои дарёи Вахшро баста ба бунёди сарбанди Нерӯгоҳи барқи обии Роғун ҳусни оғоз бахшиданд.

Нерӯгоҳи барқи обии Роғун аз 6 агрегат иборат буда, ҳар як агрегати он дорои 600 МВ ва баландии сарбанди он 335 метр мебошад. Ин Нерӯгоҳ ҳангоми пурра ба кор даромаданаш дар як сол метавонад 17 млрд кВт-соат нерӯи барқ истеҳсол кунад. Қобили зикр аст, ки дар ин иншооти муҳими аср қариб 22 ҳазор нафар мутахассисону коргарон ба кор машғул мебошанд. Ҳамзамон зиёда аз 3600 техника ва мошину механизмҳо сафарбар карда шудаанд.

Лозим ба ёдоварист, ки дар рӯзи Президент, инчунин дар рӯзи баргузории Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон яъне 16-уми ноябри соли 2018 дар вазъияти тантанавӣ агрегати якуми НОБ-и Роғун бо ҳузури Пешвои муаззами миллат ва меҳмонони олиқадр ба истифода дода шуд. Бояд гуфт, ки баъди интизориҳои зиёд орзую ҳаваси деринаи мардуми шарифи Тоҷикистон амалӣ гашт. Зеро халқи тоҷик солиёни зиёд аз норасоии нерӯи барқ ба душвориҳои зиёде рӯ ба рӯ мешуданд. Ҳоло бошад халқи заҳматкаши тоҷик ин ҳама душвориҳоро бо меҳнати худ паси сар намуданд.

Акнун, агрегати дуюми Нерӯгоҳи барқи обии Роғун санаи 09-уми сентябри соли 2019 дар рӯзи ҷашни 28-умин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аҳли зиё, меҳмонон ва мутахассисону коргарон ба истифода дода шуд, ки барои мардуми тоҷик як туҳфаи арзанда баҳри наслҳои оянда ҳамчун мерос тақдим карда шуд. Бояд тазаккур дод, ки ин санаи таърихӣ барои халқи тоҷик ид болои ид мебошад. Мо баъди ифтитоҳи НОБ-и Роғун ба чунин натиҷа расидем, ки ин ҳама натиҷаи тафаккури созандагӣ, эҷодӣ ва ояндабинона, инчунин иродаи қавии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Инчунин, қайд намудан ба маврид аст, ки дар саҳифаҳои таърихи навини тоҷикон ин рӯйдоди таърихӣ воқеаи беназир мебошад. Дар ин рӯзҳои фараҳу хотирмон қалби ҳар як фарди баору нанги тоҷикро меҳру муҳаббати ватандустӣ фаро гирифта, ғурури меҳанпарастии онҳо даҳчанд гашта, дар хонадонашон шодиву нишот ҳадду канор надорад. Мо ҳама сокинони кишвар ба хусус ҷавононро мебояд, ки тавре калонсолони мо имрӯзҳо арақи ҷабин рехта баҳри мо насли ҷавони кишвар сангро болои санге ниҳода Роғунро сохта тақдим намуданд, мо низ насли ҷавон дар пайравӣ ба Пешвои худ Эмомалӣ Раҳмон намуда, чун фарзанди баору номуси Ватан ҳама якдилу якҷон дар пайи ободии Ватан шуда, Тоҷикистони биҳиштосоро дурахшону нурафшон намоем.

Холов Ф.М., муаллими кафедраи мурофиаи ҷиноятии

Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон

Добавить комментарий