Чанде қабл дар таърихи навини давлати соҳибистиқлоли тоҷикон боз як санаи фаромӯшнопазир ва рӯйдоди шодмонкунандаи сокинони хурду бузурги кишвар ба вуқуъ пайваст. Яъне, дар таърихи 16-уми ноябри соли 2018 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон агрегати якуми НБО-и «Роғун» ба кор дароварда шуд.

Дар тантанаҳое, ки ба ин муносибат дар шаҳри Роғун, пойтахти кишварамон — шаҳри Душанбе ва дигар минтақаҳои мамлакат барпо гардид, роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони корпусҳои дипломатӣ, гуруҳи калони меҳмонони олиқадр аз давлатҳои бо мо дӯсту ҳамсоя, роҳбарони вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ, вакилони парлумон, олимону адибони шинохтаю аҳли ҷамоатчигии ҷумҳурӣ ҳузур доштанд ва бори дигар ба ҷаҳониён мардуми ободкору созанда будани миллати тоҷик муаррифӣ карда шуд.

Хеле рамзист, ки ба истифода додани чархаи аввалини ин кохи нур бо ҷашни «Рӯзи Президент» ва санаи оғози кори Иҷлосияи таърихию наҷотбахши XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омад, зеро ҳамагон хуб медонанд, ки аслан Сарвари давлатамон Эмомалӣ Раҳмон ташаббускори асосии барқарорсозии корҳои сохтмонии ин иншооти бесобиқаи минтақавӣ ва нозири серталаби сатҳу сифати баланду ба талаботҳои байналмилалӣ ҷавобгӯи корҳо дар нерӯгоҳи мазкур буданду ҳастанд. Маҳз бо иродаи қавӣ ва дурбинии сиёсии Президенти кишвар, соли 2009 идомадиҳии корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти бузург идеяи миллӣ дониста шуда, новобаста аз мавҷудияти тамоми мушкилоти объективию субъективӣ, баҳри бунёди комплекси энергетикии мазкур ҳамчун асоси ба истиқлолияти энергетикӣ расидани мамлакат, таваҷҷуҳи хосаи мардум ҷалб карда шуд. Бо иқдоми Сарвари давлат баҳри ҷалби сармояҳои дохилию хориҷӣ тадбирҳои муҳим андешида шуд, ки яке аз онҳо ба фурӯш баровардани саҳмияҳои ҶСК «НБО-и Роғун» мебошад.

Ҳамчун яке аз шахсони дар амалигардонии ин тадбирҳо бевосита ширкатдошта, хуб дар ёд дорам, ки охирҳои соли 2009 тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати ба фурӯш баровардани саҳмияҳои ҶСК «НБО-и Роғун» дар ҳама шаҳру ноҳияҳо омодагиҳо идома дошт ва бақайдгирии давлатии сертификати саҳмияҳо ба зиммаи ходимони мақомоти молияи кишвар вогузор гардида буд. Он солҳо, ки банда ба ҳайси сардори Раёсати молияи шаҳри Чкалов (алҳол Бӯстон) фаъолият доштам, якҷоя бо роҳбарияти шаҳр, масъулини шуъбаи БДА «Амонатбонк» ва дигар сохторҳои дахлдор ба амалигардонии ин тадбирҳо хеле хуб омодагӣ дида, аз санаи 4-уми январи соли 2010 ба фурӯши саҳмияҳои ҶСК «НБО-и Роғун» ба аҳолию дигар субъектҳои хоҷагидорӣ оғоз намуда будем. Ба ҳама шаҳру ноҳияҳо намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста гардида буданд ва фаъолияти ситоди вилоятиро собиқ муовини аввали Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Асадулло Ғуломов роҳбарӣ мекарданд. Ҷоизи зикр аст, ки марҳум Ғуломов А. (руҳашон шод бод!) бисёр шахси ватанпараст, инсони донишманду дилёб буданд ва дар ҳамаи ҷаласаю мулоқотҳо танҳо таъкид мекарданд, ки ин иқдоми Сарвари давлат баҳри ҳарчи тезтар ҳал намудани муаммоҳои зиндагии мардум аст, бинобар он, мо бояд ташаббуси Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонро ҳамакаса дастгирӣ намоем. Чунин тарзи муроҷиат ва корбарии ин фарди мардумсолор имконият фароҳам овард, ки сокинони вилояти Суғд дар харидории саҳмияҳо фаъол бошанд ва мо шоҳиди он будем, ки дар саросари Ҷумҳурии Тоҷикистон ин иқдоми Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳамовозию дастгирӣ ёфта, ба маблағҳои калон саҳмияҳои НБО-и «Роғун» харидорӣ карда шуданд.

Дар хотир дорам, ки як рӯз қабл аз оғози санаи фурӯши саҳмияҳо, Асадулло Ғуломов ҳамроҳи собиқ раиси вилояти Суғд (алҳол Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон) Қоҳир Расулзода ба шаҳри Чкалов ташриф оварда буданд ва мо якҷоя бо раиси ҳамонвақтаи шаҳр Шавкат Бобозода корҳои омодагии дар ин самтҳо анҷомдодашударо ба онҳо нишон медодем. Ҳангоми суҳбат марҳум Асадулло Ғуломов шӯхиомез аз ман пурсон шуданд, ки «худатон ба чанд сомонӣ саҳмияҳоро харидорӣ мекунед?». Дар ҷавоб ба он кас гуфтам, ки «ману ҳамсарам нияти ба Ҳаҷ рафтанро доштем, вале бо он маблағҳо саҳмияҳои «Роғун»-ро харидорӣ хоҳам кард». Аз шунидани чунин посух Асадулло Ғуломов хеле қаноатманд гардида, сипоси хешро баён карданд.

Бо гузашти солҳо, як чизро низ дарк намудам, ки ҳар амали неки баҳри ҷомеа мекардаи инсонҳо бо подошҳои зиёде бармегардад. Соли 2014 ба ману ҳамсарам муяссар шуд, ки ба зиёрати хонаи Худо низ рафта, ба номи ҳоҷигӣ шарафманд гардем.

Ёдоварӣ аз он солҳоро дар ин рӯзҳои барои мардуми мо хеле пурмуҳтаво ва фараҳбахш барои он зарур мешуморам, ки ҳар як иқдоми Сарвари кишвари мо хеле дурандешона ва судманд буда, бешубҳа боиси натанҳо дастгирии сокинони мамлакат, балки созмонҳои байналмилалию дигар давлатҳои дуру наздик мегардад.

Ҳамагон хуб медонем, ки бо ибтикори Сарвари давлати мо лоиҳаи бунёди НБО-и «Роғун» аз чандин ташхисҳои байналмилалӣ гузаронида шуда, дар тӯли ин солҳо Пешвои миллат сифати корҳои анҷомдодашавандаи ин иншооти бузурги асрро шахсан назорат мекунанд. Ҳатто, санаи 29-уми октябри соли 2016 ҳангоми бастани маҷрои дарёи Вахш барои идомаи сохтмони ин нерӯгоҳ, шахсан ба сари чанбараки техникаи калонҳаҷм (булдозер) нишаста, корҳои сохтмониро ба иҷро расониданд (ки на ҳар роҳбар чунин ҷасорату мардонагӣ дорад) ва ба тамоми ҷаҳониён (алалхусус, ба давлатҳои ҳамсоя) бо итминони қавӣ изҳор доштанд, ки Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ сокинони давлатҳои ҳамсояи худро бе об нахоҳад монд.

Ҳангоми ташрифи худ ба ҷумҳурии ба мо дӯсту бародари Ӯзбекистон, Пешвои миллат масъалаҳои дар оянда якҷоя истифодабарии захираҳои обии кишвари моро (аз ҷумла, сохтани нерӯгоҳҳои хурди барқии обии Ӯзбекистон дар қаламрави Тоҷикистон ва истифодаи оби ошомидании кӯли Сарез) баррасӣ намуданд, ки ин далели дӯстпарварию муносибати некхоҳонаи Эмомалӣ Раҳмон бо ҳама давлатҳои сайёра мебошад.

Дар ин рӯзи таърихию ниҳоят хотирмони мардуми тоҷик, бо истифода аз маводҳои мавҷудаи таҳлилию лоиҳаи иншооти мазкур таваҷҷуҳи хонандаи гиромиқадрро ба аҳамияти бесобиқаи ин нерӯгоҳи бузурги аср ҷалб карданӣ ҳастам.

НБО-и «Роғун» ҳатто бо ҳамин марҳилаи нахустинаш кишвари азизи моро аз камбудии барқ наҷот дода, ниёзи дохилиро ба қувваи барқ пурра таъмин хоҳад кард. Пас, «Роғун» кафили истиқлолияти энергетикии мост.

Аз сабаби он, ки талаботи аҳолии сайёра сол то сол ба нерӯи барқ меафзояд ва конҳои нафту газ ҳаргиз манбаъҳои доимӣ ва боэътимоди энергия нестанд, пешбинӣ мешавад, ки дар оянда (ё худ, то замоне, ки мо “Роғун”-ро пурра месозему минтақаро бо барқ таъмин мекунем) арзиши содиротии нерӯи барқ ба таври пешбининашаванда боло хоҳад рафт. Пас, «Роғун» такягоҳи боэътимоди буҷети давлатию хазинаи пурғановати Тоҷикистон хоҳад буд.

Иқтидори комили истеҳсолии НБО-и «Роғун» мувофиқи ҳисобу китоби мутахассисон 3600 меговат, яъне баробар бо қудрати се нерӯгоҳи атомӣ аст. Бо ба итмом расонидани сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» ва таъмини барқи доимӣ дар кишвар, якбора иқтидори корхонаҳои истеҳсолӣ афзоиш ёфта, сармоягузорони дохилию хориҷӣ дар Тоҷикистон, ба хотири нерӯи корию барқи доимии арзон, иқдоми қатъӣ ба бунёди корхонаҳои хурду бузург хоҳанд кард. Пас, дар оянда «Роғун» муҳаррики асосии рушди иқтисодиёт ва тавсеабахши ба давлати индустриявию аграрӣ табдил ёфтани кишвари мо хоҳад шуд.

Нерӯгоҳи барқии обии “Роғун” пас аз такмили сохташ, бо тавлиди солонаи 13 миллиард киловат/соат нерӯи барқ давлати моро дар минтақа ба бузургтарин содиркунандаи энерегияи арзон ва аз назари экологӣ тоза ва ба дунболи он, ба яке аз муайянкунандагони сиёсати энергетикии минтақа табдил хоҳад дод. Пас, ин иншооти бузурги аср истеҳкомбахши ҷойгоҳи минтақавии мо шуда метавонад.

Тибқи хулосаи мутахассисон, обанбори бузурги НБО-и “Роғун” бо соф кардани об ва наҷоти нерӯгоҳи “Норак” аз тагшинҳо, умри муфиди НБО-и “Норак”-ро 100 соли дигар дароз карда, бо таъсиргузорӣ ба иқлим, пиряхҳои моро, ки манбаи аслии оби минтақа ҳастанд, аз обшавӣ то ҳудуди зиёде бозмедорад. Пас, кохи нури мазкур калиди ҳалли бахше аз мушкилоти экологӣ низ хоҳад шуд.

Дар шафати нерӯгоҳ ба вуҷуд омадани баҳре дар майдони 70 километр саҳнаест барои гузаронидани мусобиқаҳои шиноварӣ, заврақронӣ ва амсоли он, инчунин имкониятест барои тавсеаи моҳипарварӣ, ташкили осоишгоҳҳою истироҳатгоҳҳои соҳилӣ дар ҳавои тоза, ки дар як тараф куҳҳои сарсабз истодаанду дар дигар тараф баҳре бо оби ширину мусаффо. Илова бар он, баландии садди (плотинаи) “Роғун” 335 метр буда, он дар навъи худ (дар миёни нерӯгоҳҳои обӣ) дар ҷаҳон аз ҳама баландтарин ба шумор меравад, ки ин ва дигар омилҳои зикргардида ба рушди сайёҳӣ дар ин минтақаи ҷумҳуриамон мусоидат менамояд.

Ногуфта намонад, ки тибқи дастуру супоришҳои Роҳбари давлат, имрӯзҳо дар тамоми манотиқи кишвар корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бомаром идома дорад ва пешбинӣ гардидааст, ки то фарорасии ин ҷашн садҳо корхонаҳои замонавии истеҳсолӣ, биноҳои муассисаҳои маориф, тандурустӣ, варзишию солимгардонӣ ва дигар иншооти хурду бузург бунёд карда мешаванд. Ба истифода додани агрегати якуми НБО-и «Роғун» ва дар оянда пурра ба фаъолият омодасозии дигар чархаҳои ин нерӯгоҳ имконият фароҳам меорад, ки иншооти амалкунандаю иловатан бунёдшаванда мунтазам бо қувваи барқи аз ҷиҳати экологӣ тозаи истеҳсоли ватанӣ таъмин бошанд ва аз ҳисоби фурӯши барқи изофагӣ ба дигар давлатҳои минтақа қисми даромади буҷети кишварамон хеле ғанӣ хоҳад гардид.

Ҳамчун як шаҳрванди ин диёри зебоманзар орзуи онро дорам, ки давлати соҳибистиқлоли тоҷикон таҳти сарварии Пешвои Худоназаркардаи миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз ҳам рушду нумуъ ёфта, ҳадафи олии стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — таъмини зиндагии шоистаи ҳар як сокини мамлакат ҳарчи тезтар амалӣ гардад.

Рушди босуботи иқтисодию оромии сиёсии кишвар заминаи асосии иҷроиши саривақтии барномаҳои иҷтимоӣ ва дигар ҳадафҳои стратегии давлату Ҳукумат буда, якояки моро низ зарур аст, ки дар ин самтҳо фаъолона саҳмгузор бошем.

Карамулло ОДИЛОВ,

собиқадори хизмати давлатӣ, Корманди шоистаи Тоҷикистон, Аълочии молияи Иттиҳоди Шӯравӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви ИЖТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here