Бо фаро расидани фасли сармо тамоми идораву ташкилот ва шаҳрвандон пайи омодагӣ ба он камари ҳиммат мебанданд. Зеро айёми қаҳратуни сол марҳилаи ҳассос буда, дар сурати сари вақт омодагӣ надидан ба раванди фаъолият ва зиндагӣ латма ворид хоҳад гашт. Бо ин мақсад Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020” ба тасвиб расида буд.

Ҳадафи асосии ҳуҷҷати мазкур омода намудани тамоми соҳаҳо ва шаҳрвандон ба мавсими зимистон маҳсуб ёфта, раванди иҷроаш зери назорати доимӣ қарор дорад. Кормандони филиали ширкати саҳомии “Иновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки нигоҳдории роҳи Душанбе-Чанок ба зиммааш вогузор аст, ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ ва ҳамаҷониба дидааст.

Дар робита ба қарори зикршудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фармони директори филиали Ширкат низ содир шуда, дар ин замина омодагиҳо ба мавсими сармо ҳамаҷониба ва ҷиддӣ мебошанд. Дар навбати аввал таваҷҷуҳ ба сатҳи омодагӣ ва ҳолати кории техникаву таҷҳизот зоҳир гардида, ба қадри кофӣ маводи зиддилағжиш ва сӯзишворӣ захира шуд. Ҳамрадиф бо ин, кормандон бо сару либоси зимистона таъмин шуда, барои фаъолияти муназзами онҳо дар макони мустақаршудаашон ба миқдори зарурӣ ангишт ва ҳезум дастрас шудааст.

Борҳо таъкид намудем, ки роҳи Душанбе — Чанок барои кишвари мо хеле муҳим маҳсуб шуда, онро ба шараёни асосии хунгард дар ҷисми кишвар низ шабеҳ медонанд. Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки дарозии роҳи Душанбе — Чанок 358 километрро ташкил дода, масири он аз 3 нақб (Майхӯра-897 метр, Истиқлол- 4998 метр, Шаҳристон-5253 метр), 24 галерея ва 38 пул иборат аст. Бо бозсозӣ гардидани роҳи Душанбе -Чанок хатарҳое, ки пештар ронандагону мусофирон ва воситаҳои нақлиёт бо он мувоҷеҳ буданд, бартараф шуда, аҳолӣ тамоми сол аз роҳи автомобилгарди ба меъёрҳо ҷавобгӯ бархӯрдоранд.

Ҳамватанони азиз хуб дар хотир доранд, ки солҳои қаблӣ роҳи мазкур ҳамасола 6-7 моҳ аз сабаби фаромадани тарма ва ҳодисаҳои дигари табиӣ баста мешуд. Замони мавҷуд набудани роҳи муносиб дар ин самт истифодабарандагони роҳ ҳамарӯза бо мушкилоти зиёд дучор гашта, шумораи зиёди одамон ҳатто ҷонашонро аз даст медоданд. Имрӯз бо шарофати  фаъолияти қобили мулоҳиза ва арзандаи ситоиши филиали Ширкат чунин хатарҳо бартараф шуда, аҳолӣ  тамоми сол аз роҳи автомобилгарди ба меъёрҳо ҷавобгӯ бархӯрдор  мебошанд.

Бино ба гуфти масъулин, то ин замон барои фаъолияти муназзаму пурмаҳсул дар фасли зимистон 18020 тонна маводи зиддилағжиш,  273000 литр сӯзишвори дизелӣ, 3345 литр равғанҳои молиданӣ, 91 тонна ангишт, 54 метри кубӣ ҳезум, 113 автошина (балони воситаҳои нақлиёти махсусгардонишуда) ва ба қадри зарурӣ сару либоси зимистонаи махсус барои кормандон захира шуда, ин омил имкон медиҳад, ки рисолати ширкат — нигоҳдории роҳ дар сатҳи хуб ва сифати баланд амалӣ гардад. Лозим ба ёдоварист, ки нишондиҳандаҳои мазкур дар муқоиса ба солҳои қаблӣ тамоюли афзоишро касб намуда, аз он шаҳодат медиҳанд, ки сол то сол раванди омодагӣ ба мавсими сармо ҷиддӣ шуда истодааст.

Таҷрибаи чанд соли охир далели возеҳи он аст, ки маҳз дар заминаи ҷаҳду талош ва меҳнати шабонарӯзии кормандони  филиали ширкат роҳи Душанбе — Чанок умуман баста набуд. Мавҷудияти зиёда аз 210  мошину техникаи замонавӣ барои нигоҳдории роҳ, ки аксарашон дар ҷумҳурӣ назир надоранд далели возеҳи он аст, ки ширкат дар нигоҳдории роҳ хеле фаъол аст. Маҳз ҳамин гуна техникаҳои пуриқтидор замина фароҳам оварданд, ки ҳатто рӯзҳои сербориши фасли зимистони солҳои пеш ҳаракати нақлиёт дар роҳ таъмин гардад.

Аз далелу арқоми мазкур бармеояд, ки дар мавсими зимистони имсола низ фаъолияти филиали ширкати саҳомии “Иновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” таври муназзам ва пурмаҳсул сурат гирифта,  ҳаракати муназзаму бемамониати нақлиёт таъмин хоҳад гашт.

Маркази матбуоти филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Добавить комментарий