Назаре ба роҳи паймудаи кормандони филиали ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Моҳи июли соли 2006 азнавсозии яке аз шоҳроҳҳои муҳими мамлакат, ки қисматҳои ҷанубу шимоли Тоҷикистонро ба ҳам пайванд намуд, оғоз гардид. Моҳиятан бо азнавсозии шоҳроҳи Душанбе — Айнӣ — Истаравшан — Хуҷанд — Бӯстон — Чанок он бо роҳи байналмилалии Қароқурум — Кулма — Хоруғ — Кӯлоб — Душанбе пайванд гардида, яке аз қисматҳои асосии Роҳи бузурги абрешим эҳё шуд. Муҳимтар аз ҳама, бо бунёд ва ба меъёрҳои байналхалқӣ мутобиқ гардонидани он на танҳо ҳаракати нақлиёти автомобилӣ дар ҳама фасли сол байни пойтахти мамлакат ва вилояти Суғд таъмин гардид, инчунин барои робитаҳои нақлиётии давлатҳои ҳамсояи ҷанубӣ ва шарқии Тоҷикистон бо дигар давлатҳо шароити мусоид фароҳам омад. Аз лиҳози моҳият роҳи зикршуда дар ҷисми мамлакат шабеҳи шоҳраг буда, кишварҳои ҳамсоя, бандарҳои баҳрии қаламрави Осиёву Аврупоро ба ҳам пайваст менамояд ва барои ҳамлу нақли бевоситаи байналхалқӣ имконият медиҳад. Таҷдиди он ду солро дар бар гирифта, моҳи августи соли 2008-ум ба истифода дода шуд.

Ҳукумати мамлакат бо назардошти нақши боризи роҳ ва бо мақсади дар ҳолати хуб нигоҳ доштани он ба хулоса омад, ки механизми инноватсиониро аз рӯйи низоми толлингӣ дар хизматрасонӣ ва идоракунии роҳи Душанбе — Чанок мавриди амал қарор диҳад ва тибқи шартномаи консессионӣ нигоҳдории шоҳроҳи автомобилгарди Душанбе — Чанок ба зиммаи филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор шуд. Лозим ба ёдоварист, ки интихоби ин ширкат тибқи муқаррароти қонунгузории мамлакат ва санадҳои байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта, шартномаи зикршударо мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори мамлакат — Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расонид.

Бо хулосабарорӣ аз корҳои анҷомёфта метавон гуфт, ки мавҷудият ва фаъолияти филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тақозои замон буда, маҳз ба шарофати фаъолияти пурмаҳсули кормандони он роҳи Душанбе — Чанок дар ҳолати хуб қарор дошта, рафтуомади шаҳрвандон аз тариқи он дар ҳама фасли сол таъмин аст.

Дар марҳилаи аввали фаъолият барои дар сатҳи хуб ва сифати баланд пеш бурдани фаъолият зиёда аз даҳҳо миллион доллари ИМА сармоягузорӣ шуда, минбаъд, ин нишондиҳанда бамаротиб афзоиш ёфта, дар ин замина пойгоҳи техникии филиали ширкат ба 200 техникаву механизм расонида шуда, дар ҳар минтақа корхонаҳои истеҳсоли асфалт ва дигар масолеҳи сохтмонӣ бунёд гардид. Илова бар ин, дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои муътабари байналмилалӣ, аз ҷумла «Тексидел» зимни фаъолият технологияи муосир мавриди истифода қарор гирифта, ин раванд бемайлон идома дорад. Далели возеҳи ин гуфта ба фаъолият шуруъ намудани плазаҳои нави толлингӣ ба ҷои плазаҳои то он вақт амалкунанда маҳсуб мешавад. Дар баробари ин омилҳо муҳим он аст, ки филиали ширкат ба мактаби омодасозии кадрҳои баландихтисоси соҳаи роҳнигоҳдорӣ табдил ёфта, роҳбарияти он тасмим доранд дар оянда ба тарбияи кадрҳои ҷавон таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд.

Далели бебаҳс аст, ки ба шарофати фаъолияти пурмаҳсули кормандони филиали ширкат ҳаракати бехатару муназзами мошинҳо таъмин гардида, дар натиҷаи фароҳам омадани шароити мусоид интиқоли молу маҳсулот, ки яке аз рукнҳои асосии иқтисоди бозорӣ аст, афзуд. Табиист, ки вақте ба таҳвили молу маҳсулот имконияти васеъ муҳайё ва бозори он зиёд мегардад, ҳатман соҳаҳои истеҳсолӣ, қабл аз ҳама саноати куҳӣ, яъне истихроҷу коркарди маъданҳои куҳӣ, инчунин истеҳсолоти соҳаи кишоварзӣ инкишоф ва додугирифти субъектҳои хоҷагидорӣ вусъат меёбад. Ҳамчунин, бо афзун гаштани ҳаракати нақлиёт дар роҳ иншооти хизматрасонӣ низ зиёд шуда, аҳолии деҳоте, ки ба роҳҳо наздиканд, ба худ ҷойи кор пайдо карданд.

Бо мавриди истифода қарор гирифтани нақби «Шаҳристон», ки алъон нигоҳдориаш ба зиммаи филиали ширкат вогузор аст, роҳи мошингарди Душанбе -Айнӣ-Истаравшан-Хуҷанд-Бӯстон -Чанок ба шабакаи ягонаи коммуникатсионӣ табдил ёфта, ҳаракати мошинҳои сабукраву боркаш дар ҳама фасли сол ба самти пойтахт ва вилояти Суғд таъмин гардид.

Матолиби дар ВАО нашршуда аз он шаҳодат медиҳад, ки солҳои охир аз ҷониби соҳибназарон, хоса онҳое, ки қаблан аз мавҷудияти филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқод мекарданд, эътироф гардид, ки бинобар надоштани нигоҳбони масъулиятшиносе чун «IRS» роҳҳои дигаре, ки ба тозагӣ навсозӣ шудаанд, дар муддати кӯтоҳ рӯ ба вайронӣ оварда, аксарият вазъи ногувор доранд. Ҳамчунин, пешниҳод шуд, ки механизми пулакии истифодаи роҳ дар дигар роҳҳои мамлакат низ мавриди истифода қарор гирад. Ба маълумоти ҳамватанон мерасонем, ки солҳои охир, сарфи назар аз таъсири буҳрони ҷаҳонии молиявӣ, болоравии сатҳи таваррум ва амалӣ гардидани як силсила ибтикор, аз ҷумла бунёди плазаҳои нав, харидории техникаҳои пуриқтидор, бунёди корхонаҳои истеҳсоли асфалт, таъмири асосии қариб 100 километр роҳ, ширкат ба боло бурдани тарофаҳо иқдом накард. Аз он бояд ёдовар шавем, ки дар роҳ бо харҷи маблағи зиёд низоми навсозишудаи толлингӣ ҷорӣ шуд, ки дар минтақа беназир аст. Муҳимтар аз ҳама, зиёда аз 800 нафар дар филиали ширкат фаъолият доранду маҳз ба шарофати меҳнати пурмаҳсули онҳо роҳи Душанбе — Чанок мунтазам кушода аст.

Ашхоси огоҳ медонанд, ки таъмири куллии роҳ масрафи зиёд дошта, дар ин замина роҳ пурра аз нав эъмор мешавад. Инчунин, бо роҳандозии фаъолият дар сатҳи хуб ва сифати баланд, аз ҷониби филиали ширкат ба масъалаи ободонӣ, ки дар навбати аввал ба таъмини бехатарии мусофирону ронандагон рабт дорад, таваҷҷуҳи хоса зоҳир шуда истодааст.

Иқтисодшиноси бузурги ҷаҳонӣ Адам Смит гуфта буд: «Шахс барои манфиати худ фаъолият карда, ҳис наменамояд, ки ба ҷомеа чӣ қадар манфиат расонидааст». Воқеан ҳам, ба даст овардани фоида маъмулан дар маркази фаъолияти дилхоҳ ширкати саҳомӣ қарор дорад, вале масъулин бо камоли масъулият иброз менамоянд, ки дар мадди назари онҳо на танҳо ба даст овардани фоида, балки имконоти иқтисодии ҳамватанон низ қарор дорад.

Зикр кардан бамаврид аст, ки фаъолияти асосии ширкат на дар плазаҳои толлингӣ, балки дар масири роҳи мошингард ба роҳ монда шудааст. Ҳар рӯз садҳо мутахассиси соҳибтаҷриба — устоҳои роҳ бо мадади техникаи махсусгардонида ба тозакунӣ, таъмир машғул буда, ҳар як ваҷаби роҳро ҳифз мекунанд, то сифати он барои солҳои тӯлонӣ нигоҳ дошта шавад. Ҳар се километри роҳ ба як коргар, ки бо асбобҳои корӣ, воситаҳои мухобиротӣ (алоқа) таъминанд, вобаста гардидааст.

Нуктаи муҳим он аст, ки «IRS» барои дар сатҳи баланд ва ҷавобгӯйи талаботи бахши роҳсозӣ амалӣ намудани вазифа имконият ва шароити зарурӣ, аз қабили мутахассисони болаёқат, корхонаҳои истеҳсоли асфалт, таҷҳизоти замонавӣ, техникаҳои пуриқтидор дошта, аз онҳо самаранок истифода менамояд. Баъзан аз ҷониби баъзе коршиносон андеша баён мегардад, ки гӯё филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз пардохти андозҳо озод бошад. Дар давоми фаъолият аз ҷониби филиали ширкат ба Буҷети давлатӣ пардохт намудани миллионҳо сомонӣ ба сифати андоз аз сафсатае беш набудани чунин андешаҳоро собит менамояд. Аз далелу арқоми мавҷуда метавон хулоса кард, ки таъмиру таҷдид дар роҳу қисматҳои он дар фаъолияти филиали «IRS», далели возеҳи масъулиятшиносии роҳбарияти он аст. Ин раванд зери назорати доимӣ ва ҷиддии роҳбарияти филиали ширкат қарор дошта, дар сурати ба вуҷуд омадани вайроншавии кӯчактарин дар масири роҳ пайи рафъи он чораҳои бетаъхир андешида мешавад. Дар соли равон доираи фаъолият хеле васеъ гардида, бо ин мақсад зиёда аз 30 ҳазор тонна асфалт харҷ шуд. Дар ояндаи наздик пурра нав намудани пироҳани роҳ (манзур асфалти роҳ аст) аз мақсадҳои асосии роҳбарияти филиали ширкат маҳсуб мешавад.

Вақтҳои охир теъдоди шахсоне, ки баъд аз сафар тариқи роҳи Душанбе — Чанок арзи сипоси хешро ба роҳбарият ва кормандони филиали ширкат барои масъулиятшиносӣ мерасонанд, тамоюли афзоишро касб намудааст. Зеро онҳо шоҳиди ҳол мешаванд, ки тадбирандешиҳо дар роҳи мазкур хеле зиёд буда, филиали ширкат рисолати хешро дар сатҳи хуб ва сифати баланд ба ҷо оварда истодааст.

Далер Мерганов, журналист

Добавить комментарий