Ё бе нон мондани 10 000 нафар хӯранда

 Ба таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат

Ба таваҷҷуҳи вазири саноат ва технологияҳои нави кишвар муҳтарам Шавкат Бобозода

Ҳудуди 10 рӯз мешавад, ки калонтарин корхонаи саноатии Тоҷикистон – Корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин — «Зарафшон» оид ба коркарду истихроҷи тилло ва дигар маъданҳо аз кор бозмондааст. Дар ин бора гуруҳе аз кормандони ин коргоҳ ба «Фараж» иттилоъ доданд.

Сабаби аз фаъолият боздоштани заводи мазкурро соҳибназарону кормандон ба анҷом расидани иҷозатномаи Ҳукумати мамлакат дар мавриди истихроҷу коркарди канданиҳои зеризаминӣ марбут медоданд. Бино ба маълумоти як корманди КМ «Зарафшон», муҷаввизи коргоҳ ҳанӯз моҳи сентябри соли 2017 ба анҷом расида буд. Аммо то ин замон кормандон аз захираҳои ашёи хоми дар анбор буда чархаҳои заводро гардон мекарданд. Чанде аз кормандон гуфтанд, ки ҳатто маоши моҳи декабри соли 2017-ро нагирифтаанд.
Аз кор мондани КМ «Зарафшон» дар ҳолест, ки дар шаҳри Панҷакент натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии хоҷагии халқи шаҳру деҳоти Панҷакентро дар соли 2017 ҷамъбаст намуда, гуфтанд, ки қисми зиёди дастовардҳои саноатии шаҳр вобаста аз коргоҳи КМ «Зарафшон» аст.
Парвиз Шодизода, муовини раиси шаҳри Панҷакент дар маҷлиси ҷамъбастии соли 2017 гуфт: «Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар соли 2017 ба 1 миллиарду 470 миллиону 465 ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки баробари 121,3 фоизи ҳамин давраи соли гузашта мебошад. Ҳарчанд нишондиҳандаҳои соҳаи саноатии шаҳр бо сабаби фаъолияти ҶДММ КМ “Зарафшон”, ки ҳаҷми бузурги истеҳсоли маҳсулоти саноатиро
ба дӯш дорад, дар маҷмуъ хуб аст, вале бо ин вуҷуд 7 намуди маҳсулоти саноатӣ нисбати соли 2016 кам шудааст”.
Корхонаи муштараки «Зарафшон» калонтарин корхонаи коркарди метали рақами 1 дар кишвар буд ва дар он зиёда аз 2100 нафар корманд фаъолият доштанду аз он ҷо нон мехӯрданд. Коршиносон бар он андешаанд, ки агар ба ҳисоби миёна дар ин ҷо 2000 нафар саробони оила бошанду ҳар оила тақрибан 5-нафарӣ аъзо дошта бошад, мешавад 10 000 нафар шаҳрвандоне, ки аз пушти ин завод рӯз мегузаронанду зиндагӣ доранд. Ба замми ин, корхона яке аз сарчашмаҳои асосии таъмини буҷети ҳам шаҳри Панҷакент, ҳам вилояти Суғд буда, дар рӯйхати андозсупорандагони азим қарор дорад.
Корхонаи муштараки тиллоистеҳсолкунии Тоҷикистону Хитой — «Зарафшон» калонтарин корхонаи истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданок, бахусус тилло, дар кишвар буда, 75%-и саҳмияи он ба ширкати «Зиҷин»-и давлати Хитой ва 25% ба Тоҷикистон тааллуқ
дошт.
Аммо, дар ҳамин ҳол, Маҳмудҷон Мӯсоев, муовини директори кулли КМ “Зарафшон” дар суҳбат ба “Фараж” аз кор мондани корхонаро рад карда, гуфт, ки «мо касеро ҷавоб надодаем, вале айни замон корҳои таъмирӣ идома дорад. Аммо дуруст аст, ки иҷозатномаи корхона барои истихроҷи маъданҳо аз конҳо тамом шудаасту дар ҳоли ҳозир гуфтушуниди Ҳукумати мамлакат бо саҳомони ширкати “Зиҷин” идома дорад ва дар сурати ҳал шудани гуфтушунид, корро идома хоҳем дод».
— Аз кор мондани корхонаи мазкур метавонад чанд омили манфӣ ва зиёнҳои ҷиддӣ дар пай дошта бошад,- мегӯянд коршиносон. Аз ҷумла, дар аввали соли равон иҷро нагардидани нақшаи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, иҷро нашудани нақшаи андоз, зиёдшавии қарзи маош ва нафақа аз ҳисоби воридоти буҷа, коҳиши воридоти молӣ ба буҷаи маҳаллӣ ва
навоқиси дигар.
Ба умеди танҳо як корхонаи бузург шудан чи барои ҷумҳуриву чи барои маҳалле, ки корхона дар он ҷойгир аст, ақида ва равия хатоест. Зеро чунин корхонаҳо ҳиҷ гоҳ, ба гуфтаи коршиносон, абадӣ нестанд. Агар бо ин ё он иллати фаннӣ ва ё омилҳи дигари табиӣ ин корхонаҳо мабодо аз фаъолият бозмонанд, дар он сурат зарбаи сахте ба иқтисоди маҳал ва вилояту кишвар ва кормандон хоҳад расид.
Тақрибан чунин таъкидҳоро борҳо роҳбарони вилояти Суғд ба раисони шаҳри Панҷакент расонида буданд, ки танҳо ба умеди КМ “Зарафшон” нашавед. Яке аз ҳамин гуна роҳбарон собиқ раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода, имрӯза сарвазири мамлакат мебошад. Ӯ дар як ташрифаш ба Панҷакент гуфта буд, ки «қисмати зиёди буҷаи Панҷакент аз ҳисоби КМ “Зарафшон” аз рӯи нишондоди омор мебошад. Дигар корхонаҳои саноатӣ нақшаҳои хешро иҷро накардаву барои пур кардани буҷа ва андоз нақши назаррас надоранд. Ин амалиёт хато аст, зеро танҳо ба умеди як корхонаи КМ “Зарафшон” шудану корхонаи хурди истеҳсолии саноатиро бунёд накардан ва бо ин васила саноатро рушд надодан, дар минтақа боиси нигаронӣ ва иштибоҳи азим аст». Чунин буд пешгӯии сарвазир Қоҳир Расулзода.
Андешаи дигар ҳам дар байни коршиносон ҷой дорад, ки бояд Ҳукумати мамлакат масъалаи тақсимоти саҳмияро ба нафъи Тоҷикистон ҳал намояд, зеро тибқи қоидаҳои байналхалқӣ, дар бештар маврид соҳибони замин ва онҳое, ки соҳиби ашёи хоманд, бояд қисми зиёди саҳмро доро бошанд. Ба гуфтаи онҳо, ин корхонаи азимро, ки манфиату суди зиёде ба ҷумҳуриву вилояту Панҷакент меорад ва садҳо оилаҳоро нон медиҳад, бояд ҳарчи зудтар фаъол гардонанд.

Шоҳин ОБЛОҚУЛЗОДА,
Хуршед ФОЗИЛОВ,
МТЖТ 

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here