Коллеҷи металлургии шаҳри Турсунзода аз ҷумлаи муассисаи таълимии пурнуфузест, ки мутахассисони соҳаи металлургӣ омода месозад ва нахустин маротиба 13 июни соли 1986 ҳамчун филиали шабонаи Техникуми алюминийи Каменск — Уралск таъсис дода шуда, 27 феврали соли 1992 дар мувофиқа бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фармони Заводи алюминийи тоҷик ба Техникуми металлургии шаҳри Турсунзода табдил дода шудааст. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 октябри соли 2003, № 472 Техникуми металлургии шаҳри Турсунзода ба Коллеҷи металлургии шаҳри Турсунзода табдили ном карда, аз соли 2002 ҳамчун муассисаи таълимии худмаблағгузор фаъолият менамояд.

Коллеҷи металлургӣ дар шаҳри Турсунзода, кӯчаи Ҳабиб Юсуфӣ 29, ҷойгир аст.

Коллеҷро устоди пуртаҷриба Азизов Тоҳирҷон Абдуллоевич роҳбарӣ менамоянд.

 

Ҳайати кадрии коллеҷ

Дар соли 2018 шумораи умумии кормандони муассиса 60 нафар буда, аз ин 20 нафарашонро занон ташкил медиҳанд. Аз ин шумора 49 нафар омӯзгорони доимӣ ва 11 нафар омӯзгорони ҳамкор мебошанд. Дар муассиса 2 нафар омӯзгор дорои унвони илмӣ, 7 нафар дорои унвони «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон», 4 нафар унвонҷӯ мебошанд.

 

Муҳассилини коллеҷ

Шумораи умумии донишҷӯён дар муассисаи таълимӣ 682 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин 124 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд. Дар шуъбаи рӯзонаи коллеҷ 19 гуруҳ (аз ин теъдод 17 гуруҳи низоми кредитӣ) амал мекунад, ки нисбат ба соли гузашта 2 гуруҳи кредитӣ зиёд буда, дар он 402 нафар донишҷӯён машғули илмомӯзианд.

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати дониши донишҷӯён, мутобиқи нақшаи таълимӣ дар давоми соли таҳсил аз ҳамаи гуруҳҳои анъанавии шуъбаи рӯзона аз забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ корҳои хаттӣ ва аз гуруҳҳои кредитӣ санҷишҳои тестӣ гирифта шуданд. Рафти баргузории дарсҳои омӯзгорон мунтазам назорат карда шуда, фаъолияти мудирони кафедраҳо, деканат, шуъбаи таълим ва бахши идоракунии сифати таҳсилот бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши донишҷӯён зери назорати қатъӣ қарор дорад.

Дар шуъбаи ғоибона 15 гуруҳ амал мекунад, ки аз ин 7 гуруҳи низоми кредитӣ мебошад, ки дар он 280 нафар донишҷӯ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

 

Ихтисосҳои омӯзандашуда

Айни замон, дар коллеҷи металлургӣ 4 кафедраи фаннӣ амал мекунад:  «Кафедраи электромеханикӣ», «Кафедраи ҳисоби муҳосибӣ ва технологияи иттилоот», «Кафедраи фанҳои умумигуманитарӣ» ва «Кафедраи фанҳои табииӣ-риёзӣ».

Дар кафедраҳои номбурда аз рӯи ихтисосҳои зерин донишҷӯён ба таҳсил фаро гирифта мешаванд:

«Хизматрасонии техникӣ ва таъмири муҳаррикони дарунсӯз»; «Таъминоти барномавии технологияи иттилоотӣ»; «Васл, танзим ва истифодабарии таҷҳизоти барқии корхонаҳо ва иморатҳои истиқоматии шаҳрвандон»; «Ҳисоби муҳосибавӣ, таҳлил ва назорат»; «Истифодабарии техникии таҷҳизоти металлургӣ»; «Металлургияи барқии металҳои сиёҳ ва ранга».

 

Базаи моддию техникӣ

Коллеҷ дорои кабинетҳои муҷаҳҳазгардонидашудаи фаннӣ буда, ҷиҳати иҷрои Барномаи давлатии рушди илмҳои табиатшиносӣ, риёзӣ ва техникӣ барои солҳои 2010-2020 дар муассисаи таълимӣ, барои фароҳам овардани шароит барои донишҷӯён аз КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» маводҳои кимиёвӣ ба монанди кислотаву намак, индикатору ишқор ва баъзе аз маводҳои кимиёвӣ дастрас гардид. Кабинетҳои фаннӣ аз ҷумла кимиё, физика, технологияи информатсионӣ бо овезаҳо ороиш дода шудааст. Татбиқи пурраи барномаи мазкур бо даст додани имкониятҳои молиявӣ давра ба давра ба роҳ монда мешавад.

Дарси омӯзгорон дар кабинети методӣ мавриди муҳокима қарор дода шуда, муваффақият ва камбудиҳои дарси омӯзгорон бо таҳлилҳо ҷамъбаст карда мешавад.

Дар муасссиаи таълимӣ шумораи компютерҳо 30 ададро ташкил медиҳад. Коллеҷ хобгоҳ надорад.

 

Китобхонаи коллеҷ

Фонди китобхонаи коллеҷ 6136 адад китобро ташкил дода, аз ин китобҳои тахассусӣ 2240 адад, китобҳои умумитаълимӣ 2379 адад, китобҳои бадеӣ 981 адад, китобҳои методӣ 475 адад ва сиёсӣ 61 ададро дар бар мегирад. Ҳамчунин дар китобхона китобҳои электронӣ низ мавҷуд мебошад, ки шумораи умумии он 300 ададро ташкил медиҳад.

 

Таҷрибомӯзии муҳассилин

Таҷрибаомӯзии донишҷӯён дар асоси Низомномаи муассиса, нақшаи таълимӣ оид ба таҷрибаомӯзӣ, нақшаи корӣ оид ба таҷрибаомӯзӣ ба роҳ монда шуда, дар соли таҳсили 2018-2019 дар ин самт як қатор корҳо ба анҷом расонида шудааст. Бо мақсади шинос шудан бо дастгоҳу таҷҳизотҳои зарурии вобаста ба гуруҳҳои таълимӣ донишҷӯён бо ихтисосҳои «Васл ва истифодабарии таҷҳизотҳои барқии корхонаҳо ва биноҳои истиқоматӣ», «Ҳисоби муҳосибӣ, таҳлил ва назорат», «Таъмини барномавии технологияҳои иттилоотӣ» ба корхонаву ташкилотҳои шаҳр ва берун аз он фиристонида мешаванд. Бештари таҷрибаомӯзии донишҷӯён дар базаи муассис: КВД-и «Ширкати Алюминийи Тоҷик» гузаронида мешавад.

Тибқи нақшаи тасдиқгардида ва нақшаи таълимӣ, дар моҳи феврали соли 2019 дар гуруҳҳои хатмкунандагони шуъбаи рӯзона гуруҳҳои Асу- 15-3, Бух-16-1, Эл-16-1 ва Асу-16-1 таҷрибаомӯзии пешаздипломӣ мутобиқи фармоиши № 4д-и Коллеҷи металлургии шаҳри Турсунзода аз 8 феврали соли  2019 то 5 майи соли 2019 равона карда шуданд, ки ҳамаи таҷрибаомӯзон бо барнома ва рӯзномаҳои таҷрибаомӯзӣ таъмин гардиданд. Донишҷӯёни шуъбаи рӯзона бо ихтисосҳои «Васл, танзим ва истифодабарии таҷҳизоти барқии корхонаҳо ва биноҳои истиқоматӣ», «Ҳисоби муҳосибӣ, таҳлил ва назорат», «Таъмини барномавӣ-техноло-гияи иттилоотӣ», дар шуъбаи муҳосиботи КВД-и «Ширкати Алюминийи Тоҷик», ҶСШК «Шабакаҳои барқи Турсунзода», ҶСП «Спитаменбонк», ҶСП бонки «Ҳумо», муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ҷамоатҳои деҳот дар шаҳри Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринав таҷрибаомӯзиро бо муваффақият гузашта истодаанд.

 

Варзиш

Бо мақсади иҷрои супориши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14.02.2018, №14/4-363 озмун ва мусобиқаҳои варзишӣ дар байни донишҷӯёни гуруҳҳои таълимӣ бо номи «Ватанпарвар» байни гуруҳҳои Эл-17-1 — «Сарҳадбонон», Эл-17-2 — «Ҷасур», МХР 17-1 — «Далер», Эл-16-1 — «Муҳофиз» ва Эл 16 -3 — «Десант» гузаронида шуд. Аз рӯи шартҳои озмуни макзкур ҳайати ҳакамон баҳогузорӣ намуда, аз ҷониби маъмурияти муассиса ғолибон бо туҳфаҳо қадрдонӣ гардиданд.

Дар муассиса ҳар рӯзи шанбе варзиши пагоҳирӯзӣ бо иштироки омӯзгорон гузаронида мешавад.

 

Конференсияҳои илмӣ

Дар муассиса пайваста конференсияҳои илмӣ гузаронида мешавад. Аз ҷумла 11апрели соли 2018 конференсияи илмӣ дар мавзӯи “Амалҳои афзалиятнок дар соҳаи захираҳои обӣ, тағйирёбии иқлим, коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ дар чорчӯби барномаи “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028” бо иштироки маъмурият, омӯзгорон, сардори шуъбаи ҳифзи муҳити зисти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Турсунзода ва донишҷӯён баргузор гардид. Дар конференсия доир ба мавзуҳои «Талошҳои пайгиронаи Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти башарӣ», «Масъалаи об дар сайёра», «Обҳои шифобахши Тоҷикистон» ва доир ба Қатъномаи МУ СММ “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028”, омӯзгорону коршиносони соҳа суханронӣ намуданд.

Мушкилоти коллеҷ

Аз суҳбат бо директори Коллеҷи металлургии шаҳри Турсунзода Азизов Тоҳирҷон  Абдуллоевич маълум шуд, ки мушкили ягонае, ки дар муассиса ба чашм мерасад, ин маблағгузорӣ нашудан аз тарафи муассис, яъне КВД-и «Ширкати Алюминийи Тоҷик» мебошад. Зеро солҳои охир муассисаи таълимӣ пурра ба худмаблағгузорӣ гузашта, дар айни замон бинобар иҷро нашудани қабули донишҷӯён, муассиса вазъи иқисодии ниҳоят душворро аз сар мегузаронад. Умед аст, ки дар оянда ин мушкилот роҳи ҳалли худро меёбад.

 

Ба ҷои охирсухан

Қабули довталабон ба Коллеҷи металлургии шаҳри Турсунзода соли равон тавассути Маркази миллии тести назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад. Ҳар хоҳишманде, ки мехоҳад чун мутахассиси варзидаи соҳаи металлургӣ тарбия ёбад, коллеҷи мазкур беҳтарин интихоб хоҳад буд.

 

«МТЖТ»

Добавить комментарий