Иддаои як идда дар мавриди ММП хато баромад

Фаъолияти Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағ бе кушодани суратҳисоб, ки чанде пеш Бонки миллӣ таъсис дод, дар нишасти матбуотии ин ниҳод мавзӯи меҳварӣ буд. Ҷоиз ба зикр аст, ки дар ин маврид зиёд гуфтанду навиштанд, аз ҷумла, банда, ки назарам ба ин иқдом комилан мусбат буду ҳаст.

Дар нишасти матбуотӣ роҳбарияти Бонки миллӣ дар заминаи далелу рақамҳои асоснок муҳим ва муфид будани таъсис ва натиҷаи хуб ба бор овардани маркази мавриди назарро собит карданд.

Қабл аз ҳама таъкид гардид, ки Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағ бе кушодани суратҳисоб лоиҳаи тиҷоратӣ нест ва барои таъсиси он маблағи ҳангуфт низ харҷ нашудааст. Тибқи иттилои пешниҳодшуда, маблағи бо ин мақсад харҷшуда ҳамагӣ 3 миллион сомониро ташкил медиҳад. Бори дигар ёдрас шуданд, ки иқдоми мазкур инноватсия буда, дар он ҳифзи манфиатҳои ҳамватанонамон меҳвар аст.

— Кишвари мо дар марҳилаи рушди бемайлон қарор дошта, ҷорӣ намудани инноватсия ба рушди кишвар мусоидат хоҳад кард. Аз ҷониби дигар, чаро мо навгониҳои ба кишвар манфиатбахшро, ки дар ҷаҳон назир надоранд, ҷорӣ накунем?,- суол гузоштанд масъулин.

Аз он ёдовар шуданд, ки баъзе расонаҳо ва журналистони алоҳида манфиатҳои низомҳои интиқоли пулро ҳимоя намуда, “бонги изтироб” зада буданд, ки таъсиси чунин марказ боиси гарон шудани нархи интиқоли пул мешавад. Нодида мегирифтанд, ки яке аз ин низомҳо — “Золотая корона” бо сармояи хеле кам ва ҷавобгӯ набуданаш ба талаботи мавҷуда зиёда аз 80 фоизи бозорро дар ихтиёр дошт. Ин қабил “далел” пеш оварда буданд, ки дар қонунгузории Федератсияи Россия муқаррароте ҷой дорад, ки барои пайвастани низомҳои интиқоли маблағ монеа пеш меорад. Андешае, ки асосӣ воқеӣ надоштанаш ба шарофати шарҳи расмии Бонки марказии Россия собит шуд.

Муовини якуми раиси Бонки миллӣ бо далелҳои асосноку раднопазир шарҳу тавзеҳ дод, ки дар заминаи фаъол шудани ММП самаранокии фаъолияти низоми интиқоли маблағ, таъмини шаффофияти амалиёт, коҳиши хавфҳои транзаксионӣ бо мақсади таъмини устувории низоми бонкию молиявӣ дар мамлакат ва фароҳам овардани заминаи мусоид барои амалиёти бехавф таъмин гардид.

Ҷанбаи дигари муҳим саҳми ММП дар устувории қурби асъори миллӣ маҳсуб мешавад. Таъкид шуд, ки дар шароити кунунӣ нигоҳдории қурби асъор кори осон нест. Дар робита ба ин масъала ҷоиз ба ёдоварист, ки сабаби асосии норасоии асъор дар бозори дохилӣ фарқ байни воридоту содироти мол ва хизматрасониҳои байналмилалӣ мебошад, ки тақрибан се баробарро ташкил медиҳад. Табиист, ки дар ин ҳолат асъори хориҷӣ барои пардохти фарқ равона мегардад ва камчинии асъори хориҷӣ (доллари ИМА) дар бозори дохилӣ ба вуҷуд меояд.

Илова бар ин, ММП барои тавсеаи пардохти ғайринақдӣ низ мусоидат намуда, 362 миллион сомонӣ зиёд гардидани пардохтҳои ғайринақдӣ ва 161000 афзудани кортҳои пардохтӣ маҳз ба фаъолияти пурмаҳсули Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағ бе кушодани суратҳисоб рабт дорад.

Ба касе пӯшида нест, ки дар ҷаҳони муосир дилхоҳ давлат мубориза бар зидди зуҳуроти номатлуб, аз ҷумла, терроризму экстремизмро авлавият қарор дода, дар ин самт аз тамоми имкониятҳо самарнок истифода мебаранд. Таъсиси Маркази зикршуда имкон фароҳам меорад, ки интиқоли маблағ барои содир кардани амалҳои террористӣ пешгирӣ шавад.

Барои онҳое, ки то кунун моҳияти ин ин иқдомро сарфаҳм нарафтаанд, гуфта шуд, ки қаблан ба кишвари мо на маблағ, балки “код” ворид мешуд. Ба ибораи дигар, ташкилотҳои қарзӣ ҳамарӯза маблағҳои пулии интиқолшавандаро ба муштариён аз ҳисоби худ пардохт намуда, баъд аз як ё ду рӯз ва зиёда аз ин маблағҳоро аз бонки хизматрасони низоми интиқолӣ мегирифтанд, ки ин раванд хавфи напардохтани маблағҳоро ҳангоми ғайрибозоргир будани низоми интиқолии байналмилалӣ зиёд менамуд.

— Баъзеҳо дарк накардаанд ва шояд дарк кардан намехоҳанд, ки то таъсиси ММП дар робита ба ҳифзи ҳуқуқи ҳамватанонамон вобаста ба интиқоли маблағ ягон фишанг мавҷуд набуд ва дар сурати мувоҷеҳ гардидан ба мушкилот “дасти кӯтоҳ” доштем,- гуфт муовини якуми раиси Бонки миллӣ.

Барои тақвияти андеша аз муфлисшавии ду низоми интиқоли маблағ — “Лидер” ва “Мигом” ёдовар шуданд. Иброз гардид, ки бо вуҷуди ҷаҳду талошҳои роҳбарияти Бонки миллӣ дар самти баргардонидани уҳдадориҳои онҳо дар назди ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ, ки беш аз 1 миллион доллари амрикоӣ ва 45 миллион рубли русиро ташкил медиҳад, ноком шуданд.

Бо дилпурӣ зикр шуд, ки айни замон ин Марказ имкон фароҳам овардааст, ки интиқоли фаромарзии маблағҳо бе кушодани суратҳисоби бонкӣ дар шакли ғайринақдӣ ба таври зуд, боэътимод ва бехатар анҷом дода шавад. Муҳимтар аз ҳама, Маркази мазкур инчунин имкониятҳои навро баҳри рушди бозори интиқоли пулӣ фароҳам намуда, барои баланд бардоштани эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкӣ мусоидат намуд. Роҳбарияти Бонки миллӣ бо сароҳат иброз доштанд, ки беасос будани “нигаронӣ”-и як идда бобати таъсир ва пайомади таъсиси Марказ исбот шуда, бо пайваст шудани низомҳои интиқолӣ ва ташкилотҳои қарзӣ ба Марказ интиқоли маблағҳои фаромарзӣ бетағйир монд.

Аз ҳама муҳим он аст, ки Бонки миллӣ ба ҳайси бонки ҳисоббаробаркунанда ба муштариён кафолат дода, хизматрасонии интиқоли маблағ бетаъхир ва бе расонидани зарар ба онҳо таъмин аст.

Бо дарназардошти далелҳои овардашуда метавон хулоса кард, ки “фолбинӣ”-и як идда дар бораи моҳият ва самти фаъолияти Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағ бе кушодани суратҳисоб ботил баромад…

Далер МЕРГАНОВ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here