Кормандони Нозироти андоз дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, талаботҳои Кодекси андоз, Қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру фармоишҳои раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанберо роҳнамои кори худ қарор дода, вазифаҳои хешро баҳри иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019» бо нишондиҳандаҳои мусбат ҷамъбаст намудааст.

Нақшаи андозҳо бо назардошти андози иҷтимоӣ дар 12 моҳи соли 2019 ба андозаи 494 миллиону 011 ҳазор сомонӣ ё ин ки 100,2 % фоиз таъмин гардида, аз нақшаи пешбинигардида 1 миллиону 060 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Маблағҳои воқеан дар ин давра воридгардида нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 ба андозаи 40 миллиону 617 ҳазор сомонӣ зиёд мебошанд.

Гарчанде ки дар маҷмуъ нақшаи андозҳо бо назардошти андози иҷтимоӣ дар нозирот иҷро гардида бошад ҳам, аммо аз 10 намуди андозҳои пешбинигардида нақшаи 2 намуди онҳо иҷро нагардидааст, аз ҷумла, андози даромад аз шахсони воқеӣ — 94,8 фоиз ё ин ки аз нақшаи пешбинишуда ба маблағи 4869,0 ҳазор сомонӣ кам (93163-88294) ва андоз аз арзиши иловашуда — 95,8 фоиз ё ин ки аз нақшаи пешбинишуда ба маблағи 4579,0 ҳазор сомонӣ кам (108755-104176). Дар маҷмуъ, 9448 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби ин намуди андозҳо ба буҷа маблағ ворид нагардидааст.

Сабаби иҷро нагардидани нақшаи воридоти 2 намуди андозҳо — ин аз як тараф нодуруст банақшагирии нақшаҳои пешбинигардида бошад, аз тарафи дигар пурра ба андозбандӣ ҷалб накардани манбаҳои нави андозбандӣ аз тарафи кормандони Нозироти андоз мебошад.

Сабаби иҷро нагардидани нақшаи воридоти андоз аз даромади шахсони воқеӣ дар он мебошад, ки манбаи асосии ин намуди андоз фонди музди меҳнат ба ҳисоб рафта, дар давраи ҳисоботӣ дар 286 ҳолат аз тарафи шахсони ҳуқуқӣ ва аз ҳисоби соҳибкорони инфиродӣ шумораи коргарони кироя ба андозаи 379 нафар бо сабабҳои гуногун кам гардидааст. Ба монанди ФҶСК “Тоҷиксодирот Бонк” — 14 нафар, Муассисаи нашриявии “Ирфон” — 21 нафар, ҶДММ “Кадбону-М” — 14 нафар, намояндагии ҶДММ ТАҚХ “Авфар” дар шаҳри Душанбе — 24 нафар, ҶДММ “Гео Замин” — 23 нафар, ҶСП “Маркази варзишию саломатии ҳаёт” 26 нафар ва аз ҳисоби соҳибкорони инфиродӣ бошад, дар 203 ҳолат 257 нафар корманди кироя кам гардидаанд.

Дар соли 2019 нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 фаъолияти аксар корхонаҳои сохтмонӣ, ширкатхои хариду фурӯш, бонкҳо ва корхонаҳои истеҳсолӣ коҳиш ёфтааст. Ҳамзамон, додани имтиёз ба корхонаҳои истеҳсолӣ, аз ҷумла воридоти хӯроки паранда ва чорво, воридоти таҷҳизоти техникии тиббӣ ва ғайраҳо ба иҷроиши нақшаи андоз аз арзиши иловашуда таъсири манфии худро расонидаанд.

Масъалаи бақияи қарзи андозҳо яке аз масъалаҳои ташвишовари фаъолияти Нозироти андоз буда, боиси нигаронии Кумитаи андоз ва Раёсати андоз гардидааст. Ба ҳолати 01.01.2020 бақияпулиҳои андози андозсупорандагони тобеи Нозироти андоз дар ноҳияи Фирдавсӣ 3 841,0 ҳазор сомониро ташкил намуда бошад, ин нишондиҳанда ба ҳолати 01.01.2019 ба 4 691,0 ҳазор сомонӣ баробар буд, ки нисбат ба 01.01.2020 ба андозаи 850,0 ҳазор сомонӣ кам гардидааст. Аз ҷумла, бақияи қарзи андози шахсони ҳуқуқии дар Нозироти андоз ба қайд гирифташуда ба ҳолати 01.01.2020 маблағи 2625,0 ҳазор сомониро ташкил намуда, нисбати аввали сол ба андозаи 1468,0 ҳазор сомонӣ кам карда шудааст.

Бақияи қарзи андози соҳибкорони инфиродии тибқи шаҳодатнома фаъолияткунанда бошад, ба 01.01.2019 маблағи 597,0 ҳазор сомониро ташкил намуда, нисбатан ба ҳолати 01.01.2020 ба маблағи 617,0 ҳазор сомонӣ зиёд гардидааст, ки ин қарз 20 000 афзоиш ёфтааст.

Ба ҳолати 01.01.2020 дар Нозироти андоз 254 шахсони ҳуқуқӣ ва 368 соҳибкорони инфиродии қарздор арзи вуҷуд доранд.

Бояд қайд намуд, ки аз ҳисоби 6 андозсупорандагон бақияи қарзи андозҳо 467,2 ҳазор сомониро ташкил менамояд, ки ин ба 11 фоизи бақияпулиҳои мавҷудбуда рост меояд. Аз ҷумла, бақияи қарзи андозҳои ҶДММ «Комрон Обод» — 146,9 ҳазор сомонӣ, ҶСК «Манзили Обод-2015” — 74,0 ҳазор сомонӣ, ҶДММ “Сотсиал Сервис” — 49,2 ҳазор сомонӣ, ҶДММ “Нексоз” — 46,3 ҳазор сомонӣ, КВ Истеҳсол ва Таъминкунии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон 106,0 ҳазор сомонӣ ва ҶДММ «Комрон» 44,8 ҳазор сомониро ташкил менамояд.

Нисбати андозсупорандагони мазкур чораҳои пешбининамудаи қонунгузории андоз дар самти маҷбуран ситонидани қарзи андозҳо татбиқ гардида истодааст, вале бо сабаби бефаъолият будани андозсупорандагони мазкур, дарёфт нагардидани шахсони масъули онҳо, дар тавозун ва суратҳисобҳои онҳо мавҷуд набудани молу мулк ва воситаҳои пулӣ ситонидани маблағҳои мазкур ғайриимкон гардида истодааст.

Тибқи маълумотҳои аз барномаи компютерии СИА «Идоракунӣ ва мониторинги қарзи андозҳо» дастрасшуда, дар давраи ҳисоботӣ бо мақсади кам намудани бақияи қарзи андозҳо ва татбиқи минбаъдаи чораҳои маҷбуран ситонидани қарзи андозҳо, дар асоси талаботҳои моддаи 72-и Кодекси андоз ба 565 андозсупоранда огоҳиномаҳо оид ба пардохти бақияи қарзи андозҳо ба маблағи 4 миллиону 087,0 ҳазор сомонӣ ирсол карда шудааст. Аз ҳисоби огоҳиномаҳои мазкур ба буҷети давлатӣ маблағи умумии 2 миллиону 943,0 ҳазор сомонӣ ворид гардидааст.

Ҳамзамон, дар 12 моҳи соли 2019 бо мақсади пешгирии ҳолати зиёдшавии бақияпулиҳои андоз ва андешидани чораҳои пешбининамудаи қонунгузории андоз дар самти маҷбуран ситонидани қарзи андозҳо нисбати 131 андозсупоранда 199 қарор ба маблағи 3 миллиону 613,2 ҳазор сомонӣ қабул карда шуда, аз ин ҳисоб ба буҷет 2 миллиону 944,6 ҳазор сомонӣ маблағ ворид карда шудааст, ки 81,4 %-и маблағи қарорҳои мазкурро ташкил медиҳад.

Инчунин, аз ҳисоби 35 қароре, ки нисбати 22 андозсупорандагони қарздор дар соли 2018 ба маблағи умумии 1 миллиону 528,5 ҳазор сомонӣ қабул карда ва иҷроиши онҳо ба соли 2019 гузаронида шуда буд, аз ин ҳисоб 994,6 ҳазор сомонӣ ба буҷет маблағ ворид карда шудааст.

Ҳамин тариқ, дар 12 моҳи соли 2019 тибқи тартиби ғайрисудӣ маҷбуран ситонидани қарзи андозҳо ба буҷети давлатӣ дар маҷмуъ 3 миллиону 584,0 ҳазор сомонӣ ворид карда шудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби кормандони Нозироти андоз 677 ҳолати ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ошкор гардида, ба маблағи 1 миллиону 115,7 ҳазор сомонӣ ҷаримаҳои маъмурӣ таъин карда шудааст. Аз маблағи умумии ҷаримаҳои таъингардида ба ҳолати 01.01.2020 ба буҷет 654,4 ҳазор сомонӣ ворид гардидааст, ки ин 60%-и фоизи маблағи ҷаримаҳои таъиншударо ташкил медиҳад.

Ба санаи 01.01.2020 мутобиқи барномаи системаи иттилоотии андоз дар нозироти андоз 15 284 андозсупорандагон, аз ҷумла 1 274 андозсупорандагони шахсони ҳуқуқӣ, 3 185 соҳибкорони инфиродӣ ва 10 815 соҳибкорони тибқи патент фаъолияткунанда ба қайд гирифта шудааст. Аз шумораи умумии шахсони ҳуқуқӣ 162 корхонаҳои буҷетӣ ва 70 иттиҳодияи ҷамъиятӣ мебошанд. Шумораи секторҳои ғайридавлатӣ 953 ададро ташкил медиҳанд, ки аз миқдори умумии корхонаю ташкилотҳои дар қайд буда 82 филиалу намояндагиҳо мебошанд.

Дар 12 моҳи соли 2019 дар Бахши бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ 2 046 адад шахси ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродӣ ва патент ба қайди давлатӣ гирифта шуда, бо рақами ягонаи мушаххас таъмин гардидаанд.

Дар ин давра шумораи коргарони кироя нисбати ҳамин давраи соли 2018 аз тарафи шахсони ҳуқуқӣ 371 нафар ё ин ки 9,2 %, фонди музди меҳнат 6921,6  ҳазор сомонӣ ё ин ки 12,9 % ва соҳибкорони инфиродӣ 407 нафар ё ин ки 16,2 %, фонди музди меҳнат бошад, 4792,4 ҳазор сомонӣ ё ин ки 18,6 % афзудааст.

Дар 12 моҳи соли 2019 аз тарафи кормандони Нозироти андоз бо андозсупорандагон 9 323 адад санадҳои муқоисавии дуҷониба тартиб дода шудааст.

Дар ин муддат ҳисобкунии андозҳо нисбати соли 2018 аз тарафи шахсони ҳуқуқӣ 9 миллиону 587,2 ҳазор сомонӣ ва пардохти андозҳо 10 миллиону 877,7 ҳазор сомонӣ, аз соҳибкорони инфиродӣ бошад, ҳисобкунии андозҳо нисбати соли 2018-ум 6 миллиону 834,3 ҳазор сомонӣ ва пардохти андозҳо 6 миллиону 569,4 ҳазор сомонӣ ва аз соҳибкорони инфиродии тибқи патент фаъолияткунанда бошад, ҳисобкунии андозҳо нисбати соли 2018-ум 2 миллиону 069,6 ҳазор сомонӣ зиёд ва пардохти андозҳо 357,8 ҳазор сомонӣ афзудааст.

Ба санаи 01.01.2020 аз тарафи Нозироти андоз 1 274 шахсони ҳуқуқии шакли моликияташон гуногун, 3 185 соҳибкорони инфиродии тибқи шаҳодатнома фаъолияткунанда ва 10 825 соҳибкорони инфиродии тибқи патент фаъолияткунанда, 14 352 нафар супорандагони андоз аз соҳибони воситаҳои нақлиёт ва 37 068 нафар супорандагони андози замин ва андози молу мулки шахсони воқеӣ ба қайд гирифта шуда, таҳти андозбандӣ қарор доранд.

Қабули эъломияҳои андоз аз рӯи талаботи барномаи системаи иттилоотии андоз ба роҳ монда шудааст. Андозсупорандагони навтаъсис бо фармоиши сардори Нозироти андоз барои ҳар моҳ ба нозирон вобаста карда мешаванд.

Мутобиқи маълумотҳои барномаи системаи иттилоотии андоз, шумораи андозсупорандагоне, ки эъломияҳои андозро пешниҳод намудаанд ва маълумотҳояшон дар барнома сабт гардидааст, дар гуруҳи хизматрасонӣ ба шахсони ҳуқуқӣ 74,6 фоиз, гуруҳи соҳибкорони инфиродӣ 86,4 фоизро ташкил менамояд.

Қобили қайд аст, ки санҷиши андоз яке аз шаклҳои асосии назорати андоз мебошад, ки ҷиҳати таъмини иҷрои қонунгузории андоз ва дуруст ҳисоб ва пардохт намудани андозҳо ва дигар пардохтҳои давлатӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ аз ҷониби мақомоти андоз амалӣ карда мешавад.

Бояд ёдрас намуд, ки ҷиҳати боз ҳам маҳдуд намудани дахолати кормандони мақомоти андоз ба фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар асоси Фармоиши раиси Кумитаи андоз аз 10.01.2018, №17 дар баробари муқаррар намудани маҳдудиятҳо барои гузаронидани назорати камералӣ, инчунин оид ба танзими санҷишҳои амалиётӣ низ якчанд маҳдудиятҳо пешбинӣ карда шудааст. Аз ҷумла, бо мақсади роҳ надодан ба такроршавии санҷишҳои амалиётӣ ва таъмини самаранокии фаъолияти мақомоти андоз дар самти гузаронидани санҷишҳои амалиётӣ муқаррар карда шудааст. Санҷишҳои амалиётӣ танҳо дар доираи Нақшаи ягонаи гузаронидани санҷишҳои амалиётӣ барои ҳар як нимсола, ки бо Фармоиши раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати ҶТ тасдиқ мегардад, гузаронида мешаванд.

Дар 12 моҳи соли 2019 аз тарафи Нозироти андоз нисбати 781 андозсупорандагон ба маблағи 88 миллиону 920,8 ҳазор сомонӣ назорати камералӣ гузаронида шуда, мутобиқи қисми 3-и моддаи 37-и Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозсупорандагон огоҳинома ирсол карда шудааст. Пас аз пешниҳоди огоҳинома аз тарафи андозсупорандагон ба маблағи 6 миллиону 537,8 ҳазор сомонӣ эъломияҳои иловагӣ пешниҳод карда шудааст. Аз ҳисоби эъломияҳои пешниҳодгардида ба маблағи 4 миллиону 924,9 ҳазор сомонӣ ба буҷет ворид гардида, боқимонда маблағ, яъне 232,4 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби ҳақдорӣ пӯшонида шудааст. Нисбати 2 андозсупоранда аз рӯйи натиҷаи назорати камералӣ ба маблағи 390,5 ҳазор сомонӣ бо назардошти ҷарима ва фоизҳо қарор қабул карда шудааст.

Дар ин давра аз тарафи кормандони Нозироти андоз дар фаъолияти 275 андозсупоранда санҷишҳои риояи қонунгузории андоз ва санҷишҳо оид ба қатъи фаъолият гузаронида шудааст, ки аз ин ҳисоб маблағи барилова ҳисобшуда 20 миллиону 892,8 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Маблағҳои барилова ҳисобкардашуда ба пуррагӣ ба буҷет ворид гардидааст.

Инчунин, дар ин давра нисбати 55 нафар андозсупоранда муоинаи хронометражӣ гузаронида шуда, дар натиҷа даромади умумии моҳонаи андозсупорандагони таҳти санҷиш қарор дошта аз 897657,6 ҳазор сомонӣ ба 1 миллиону 687229,0 сомонӣ баробар карда шудааст, ки фарқияти он 795621,0 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Дар давраи ҳисоботӣ дар асоси 15 амрнома дар фаъолияти 438 андозсупоранда санҷиши амалиётии андоз дар ҳудуди ноҳия гузаронида шудааст. Аз ҷумла, 23 шахси ҳуқуқӣ, 255 соҳибкори инфиродӣ ва 154 нуқтаҳои бидуни қайд. Дар натиҷа барои вайрон намудани меъёрҳои қонунгузории андоз нисбати 90 нафар ба маблағи 179,1 ҳазор сомонӣ протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, дар фаъолияти 35 андозсупоранда ба маблағи 571,4 ҳазор сомонӣ андозҳои иловагӣ ҳисоб карда шудааст. Инчунин, 123 шахси воқеие, ки бидуни қайд дар мақомоти андоз фаъолият мекарданд, ба ҳуҷҷати соҳибкорӣ таъмин карда шудаанд.

Дар давраи ҳисоботӣ фаъолияти 117 андозсупоранда хариди назоратӣ  гузаронида шуда, барои риоя накардани қонунгузории андоз 117 протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба маблағи 415,8 ҳазор сомонӣ тартиб дода шудааст.

Аз 5 намуд номгӯи андозҳое, ки назорати иҷроиши он ба шуъбаи ташкили андозбандӣ аз шахсони воқеӣ тааллуқ дорад, дар 12 моҳи соли гузашта ба андозаи 114% таъмин гардида, ба ҷойи 43 миллиону 446 ҳазор сомонӣ нақшаи пешбинишуда ба буҷа маблағи 49 миллиону 424 ҳазор сомонӣ зиёд ворид гардидааст, ки нисбат ба нақшаи пешбинигардида 5 миллиону 978 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Шумораи бақайдгирии иҷораи молу мулки шахсони воқеии Нозироти андози ноҳияи Фирдавсӣ ба ҳолати 01.01.2020-ум 1 263 нафарро ташкил медиҳад.

Бояд қайд намуд, ки аз шумораи умумии иҷорадиҳандагон 850 нафар бо шумораи 1 830 адад шартномаҳои иҷора барои соли 2020 аз нав дар барномаи компютерии СИА “Доир ба маъмурикунонии андозҳо” оид ба иҷорадиҳандагони молу мулки ғайриманқули шахсони воқеӣ дохил карда шудааст.

Нақшаи андози даромад аз шахсони воқеӣ (аз ҳисоби иҷораи молу мулки ғайриманқул ва дигар намуди даромадҳо) дар 12 моҳи соли гузашта 7 миллиону 620,0 ҳазор сомонӣ муқаррар гардида, ба буҷет маблағи 6 миллиону 766,1 ҳазор сомонӣ ворид гардида, иҷроиши нақша 89% таъмин карда шудааст, ки нисбати нақшаи пешбинишуда 854 ҳазор сомонӣ кам ва нисбат ба маблағҳои дар ҳамин давраи соли 2018 ҷамъоваригардида бошад, 1 миллиону 077,0 ҳазор сомонӣ зиёд маблағ ба буҷет ворид карда шудааст.

Бояд қайд намуд, ки кормандони шуъбаи ташкили андозбандӣ аз шахсони воқеӣ рафти ворид шудани маълумотҳои бақайдгирифташударо тавассути барномаи мазкур ҳамарӯза назорат намуда, маълумотҳои воридшударо мавриди назорат ва таҳлил қарор дода, ҷиҳати бақайдгирӣ ва ба андозбандӣ ҷалб намудани онҳо дар Нозироти андоз чораҷӯӣ намудаанд. Ҳамзамон, муайян карда шудааст, ки дар якчанд ҳолат масоҳати молу мулки ғайриманқул нодуруст нишон дода шудааст, ки аз тарафи кормандони шуъбаи мазкур масоҳати дурусти он муайян карда шудааст.

Қайд намудан бамаврид аст, ки ба ҳолати 01.01.2020 бо истифода аз барномаи маълумотҳои “КВД БММҒ” дар якчанд ҳолат вобаста ба хариду фурӯши биноҳои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматӣ (бегонакунии молу мулки ғайриманқул) тибқи талаботи Кодекси андоз андозбандӣ карда шудааст. Аз ҷумла, дар моҳи декабри соли гузашта 129,1 ҳазор сомонӣ ва ҷамъ дар 12 моҳ зиёда аз 1 миллиону 352,0 ҳазор сомонӣ андози даромад аз шахсони воқеӣ аз ҳисоби фарқияти маблағи фурӯш ҳисоб карда шуда, ин маблағ пурра ба буҷет ворид карда шудааст.

Инчунин, дар ин давра тибқи маълумотҳои аз барномаи “Маълумотҳои КВД БММҒ” бадастомада дар якчанд ҳолат нисбати корҳои иҷрошудаи сохтмонӣ аз шахсони воқеӣ зиёда аз 614,1 ҳазор сомонӣ маблағ ба буҷет ворид карда шудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ тибқи талаботи сархати 20, қисми 1, моддаи 90-и Кодекси андоз ва талаботҳои Стандарти ягонаи хизматрасонӣ ба андозсупорандагон бо иштироки 1893 нафар намояндагони андозсупорандагон 76 семинар-машваратҳо дар мавзуҳои гуногун доир карда шудааст.

Дар давоми соли 2019 дар маҷмуъ муроҷиати 202 шаҳрвандон ва муассисаву ташкилотҳо, ки ба Нозироти андоз ворид гардида буданд, дар муҳлатҳои муқарраршуда мавриди баррасӣ қарор дода шуда, ба ҳамаи онҳо дар доираи талаботҳои қонунгузорӣ ҷавобҳои мушаххас гардонида шудааст.

Ба гуфтаи сардори гуруҳи хизматрасонӣ ба соҳибкорони инфиродии ин нозирот, муҳтарам Сайдаралиев Абдураҳмон, “баҳри таъмини буҷети давлатӣ ва пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ аз тарафи давлату Ҳукумат тамоми чораҳои зарурӣ андешида мешаванд. Шумораи соҳибкорони ба қайд гирифташуда ҳамасола рӯ ба афзоиш дошта, саҳми онҳо баҳри иҷроиши нақшаҳои буҷетӣ басо арзанда аст. Аз тарафи Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва соҳибкорони ватандӯст ҳамасола ҳазорҳо ҷойи фаъолияти соҳибкорӣ дар шаҳри Душанбе муҳайё карда мешавад, ки ин раванд боиси боз ҳам обод гардидани кишвар мешавад”.

Ба гуфтаи муовини сардори Нозироти андоз дар ноҳияи Фирдавсӣ муҳтарам Нурализода Сироҷиддин Камол, “ҳар миллату давлат пешво ва доҳии худро дорад. Дар мо Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонанд, ки дар мушкилтарин вақт зимоми давлатдориро ба даст гирифта, мамлакатро аз парокандагӣ наҷот дода, институтҳои давлатдориро ташкил намуда, ба ривоҷу равнақи соҳибкорӣ мусоидат карданд. Маҳз ташкилкунандаи мақомоти андоз дар сохтори Ҳукумати кишвар Пешвои муаззами миллатанд”.

Ба гуфтаи сардори Нозироти андоз дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе муҳтарам Сафарализода Фаррух Сафаралӣ, “кормандони нозироти андоз дастур ва супоришҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати кишвар муҳтарам Давлатзода Нусратулло Муқим ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро сармашқи кори худ намуда, иҷроиши нақшаҳои буҷетро барои соли 2019-ум 102,6 фоиз ба иҷро расонида, ба ҷои 226 миллиону 327,6 ҳазор сомонии ҷамъи андозҳо бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 232 миллиону 269,3 ҳазор сомонӣ ҷамъоварӣ карда шуд, ки аз нақша 5 миллиону 941,6 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Иҷроиши нақшаи андозҳо барои моҳи январ, ки тибқи нақша бояд 23 миллиону 826 ҳазор сомонӣ маблағҳо ба буҷа ворид карда мешуд, дар асл 24 миллиону 0601,4 ҳазор сомонӣ ворид карда шуд, ки ин 101 фоизи иҷроиши нақша буда, дар моҳи феврал ба ҷои 23 миллиону 826 ҳазор сомонии дар нақша буда 25 миллиону 0,85217 ҳазор сомонӣ ҷамъоварӣ карда шуд, ки ин 105 фоизи иҷроиши нақшаро ташкил дод. Дар ин кор саҳми кормандони фаъоламон Раҷабов Ҳошим, Ашӯров Рустам, Иззатов Раҷабалӣ, Маликов Фахриддин, Саъдуллоев Юсуф, Сафаров Баҳром, Раҳимҷонов Умед, Ҳусейнова Латофат, Яқубов Қулмаҳмад, Сайдаралиев Абдураҳмон, Исматов Толиб, Қодирзода Хуршед, Қурбонов Ҳасан ва дигарон басо карлон мебошад”.

— Баҳри ривоҷу равнақи фаъолияти соҳибкорӣ, ки асосгузори ин ҳаракат худи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор мераванд, тамоми шароитҳои лозима муҳайё гардонида шудаанд. Гузашта аз ин, Раиси Кумитаи андоз муҳтарам Давлатзода Н. М. ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ низ дар фаъолияти худ пешрафти ин соҳаро дар ҷои аввал гузоштаанд ва ҳамасола боз ҳазорон ҷои нави корӣ барои фаъолияти соҳибкорӣ аз тарафи шаҳрдорӣ муҳайё гардида истодааст. Инро дар мисоли бозсозии бозори калонтарини кишвар — “Корвон”, ки аз тарафи шаҳрдорӣ барои таъсиси он қарори дахлдор ба имзо расидааст, метавон номбар кард. Дар навбати худ, мо уҳдадорем, ки супоришҳои Роҳбари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Кумитаи андоз муҳтарам Давлатзода Нусратулло, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва сардори Раёсати андоз дар шаҳри Душанбе муҳтарам Асадуллозода Мизробро сармашқи кори худ намуда, иҷроиши нақшаҳои дар наздамон гузошташударо дар вақташ ба анҷом расонем,- афзуд ӯ.

Саиди ҲАЙДАР, МТЖТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here