Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат яке аз муассисаҳои маъруфи олии касбии маъруфи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, 2-юми сентябри соли 1991 таъсис ёфтааст ва ҳамқадаму ҳамсоли истиқлолият аст. Донишкада дар тӯли фаъолияти 27-солаи худ чун нахустин муассисаи олии касбии шахсӣ дар Тоҷикистон барои хоҷагии халқи ҷумҳурӣ ва берун аз он зиёда аз 10 000 мутахассисони баландихтисосро дар зинаҳои бакалавриат, мутахассис ва магистратура омода намудааст, ки дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ, фарҳанг, иҷтимоиёт, идоракунии давлатӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ бо муваффақият кору фаъолият доранд.

Сарпарасти донишкада Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Мақоми донишкада мактаби олии бисёрҷабҳа буда, дорои иҷозатномаи давлатии АУ №0001647 аз 2-юми июни соли 2014 оид ба ҳуқуқи пешбурди фаъолияти таълимӣ дар соҳаи маълумоти олии касбӣ ва шаҳодатнома дар бораи аккредитатсияи давлатии ИА №0000734 аз 21-уми январи соли 2015, №266 мебошад. Донишкада мутахассисонро барои соҳаҳои гуногуни фаъолияти соҳибкорӣ, хизматрасонӣ, саёҳат ва меҳмондорӣ, идоракунии давлатӣ, технологияҳои иттилоотӣ тайёр менамояд.

Дар донишкада 163 нафар омӯзгор барои пешбурди фаъолияти таълимӣ-тарбиявӣ ҷалб шудаанд, ки аз онҳо 148 нафар омӯзгори доимӣ ва ҳамкорони дохилӣ, 15 нафар омӯзгори ҳамкори беруна мебошанд. Дар соли 2018 теъдоди омӯзгорони соҳиби унвон ва дараҷаи илмӣ ба 65 нафар (9 доктори илм, профессор, 56 номзади илм, дотсент) расонида шудааст. Танҳо дар соли 2018-ум 3 доктори илм ва 3 номзади илм ба донишкада ба кори доимӣ ҷалб карда шудаанд. Айни замон доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Обидов Фозил Саидович ректори Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат мебошанд.

 

Факултетҳо ва ихтисосҳо

Дар донишкада 3 факултет — факултети соҳибкорӣ ва иқтисодиёти ҷаҳон, факултети хизмати молиявӣ ва гумрук , факултети баҳисобгирии муҳосибӣ ва сайёҳӣ амал мекунанд, ки довталабон аз рӯи 5 ихтисос дар гуруҳҳои буҷавӣ ва 18 ихтисос дар гуруҳҳои шартномавӣ таҳсил менамоянд.

 

Ихтисосҳои гуруҳҳои буҷавӣ:

— Бизнес-маъмуриятчигӣ дар соҳаи истеҳсолот ва хизмат (1-260201-01);

— Идоракунии зиддибуҳронии корхона (1-260201-01);

— Иқтисодиёт ва идора дар корхонаи саноатӣ (1-250107-11);

— Иқтисодиёт ва идораи сайёҳӣ (1-250107-17);

— Саёҳат ва меҳмондорӣ (1-890101).

 

Ихтисосҳои гуруҳҳои шартномавӣ 

 

Рамзи ихтисос Номгӯи ихтисосҳо Маблағи шартнома, сомонӣ
1 1-250104-03 Андоз ва андозбандӣ 4387
2 1-250108-01 Баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит дар бонкҳо 4284
3 1-250108-05 Баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит дар саноат 4284
4 1-400101-04 Бехатарии иттилоотӣ 3500
5 1-260201-01 Бизнес-маъмуриятчигӣ дар соҳаи истеҳсолот ва хизмат 3094
6 1-260101 Идораи давлатӣ 3332
7 1-260101-01 Идораи мақомоти маҳаллӣ 3332
8 1-260201-06 Идоракунии зиддибуҳронии корхона 3500
9 1-250107-11 Иқтисодиёт ва идора дар корхонаи саноатӣ 3094
10 1-270101-10 Иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот (энергетика) 3500
11 1-250103 Иқтисодиёти ҷаҳонӣ 4046
12 1-250104-02 Кори бонкӣ 4387
13 1-260203 Маркетинг 3094
14 1-260202 Менеҷмент 3500
15 1-260202-10 Менеҷмент дар соҳаи сайёҳии байналмилалӣ 3094
16 1-250104-10 Менеҷменти молиявӣ 4046
17 1-250104-07 Молия ва қарз 4387
18 1-400101-08 Муҳандиси барномавӣ 3500
19 1-890101 Саёҳат ва меҳмондорӣ 3500
20 1-960101-02 Таъминоти иқтисодии фаъолияти гумрукӣ 4387
21 1-960101-01 Таъминоти ҳуқуқии фаъолияти гумрукӣ 4387
22 1-400102-02 Технология ва низоми иттилоотӣ (дар иқтисодиёт) 3500
23 1-250107-17 Иқтисодиёт ва идораи сайёҳӣ 3094

 

Дар доираи ихтисосҳои номбурда 3015 нафар донишҷӯён дар донишкада ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки аз ин шумора 31 нафарашонро донишҷӯёни хориҷӣ ташкил медиҳанд. Дар соли таҳсили 2018-2019 дар донишкада дар ду гуруҳи магистрӣ аз рӯи ихтисоси “Иқтисодиёти ҷаҳон” таҳсил бо забони англисӣ ба роҳ монда шудааст.

 

Таҳсилоти фосилавӣ

Дар шуъбаи ғоибонаи донишкада зиёда аз 800 нафар ба таҳсилоти фосилавӣ фаро гирифта шудаанд. Бо мақсади баланд бардоштани самаранокии фаъолият дар шароити низоми таҳсилоти фосилавӣ ва шаффофияти қабули санҷишу имтиҳонот ба сохтори  ташкилӣ-идоракунии донишкада аз 30-юми августи соли 2018 тағйирот ворид карда шуда, Маркази тестӣ ва таҳсилоти фосилавӣ таъсис дода шудааст. Айни замон дар шуъбаи ғоибонаи донишкада 400 нафар ба таҳсилоти фосилавӣ фаро гирифта шуда, ҷиҳати баланд бардоштани сифати таҳсилот ва самаранокии фаъолият дар шароити низоми таҳсилоти фосилавӣ платформаи нави таҳсилоти фосилавӣ ва низоми корпоративии гардиши ҳуҷҷатҳо дар сервери донишкада насб карда шудааст.

 

Парки инноватсиониву технологӣ

Парки инноватсионию технологии донишкада алъон бо фарогирии курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ аз рӯи самтҳои адрасбофӣ, атласбофӣ, қолинбофӣ, дӯзандагӣ, қаннодӣ, заргарӣ, кошонаи ҳусн, ҳунарҳои бадеии халқӣ, забони хитоӣ ва курсҳои компютерӣ фаъолияти худро ба роҳ мондааст. Дар назди Парки инноватсионию технологии донишкада курсҳои кӯтоҳмудат аз рӯи ихтисосҳои “Дӯзандагӣ” ва “Қаннодӣ” ташкил карда шуда, барои ташкили курсҳои “Ороишгари мӯй” ва “Асосҳои омӯзиши компютер” синфхонаҳои махсуси бо воситаҳои зарурӣ муҷаҳҳаз ташкил карда шудааст.

 

Шӯроҳои илмӣ

Аз рафти омӯзиш ва вохӯрӣ бо маъмурият ва устодони донишкада маълум шуд, ки соли 2018 олимон ва устодони ин даргоҳи муқаддас нисбат ба дигар солҳо дар гузаронидани таҳқиқоти илмӣ, таълифи монографияҳо ва иштирок дар чорабиниҳои илмии сатҳҳои мухталиф нақши назаррас гузошта, танҳо дар соли 2018-ум 18 монографияи илмӣ, 5 китоби дарсӣ барои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, 2 китоби дарсӣ барои мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 8 васоити таълимӣ, 53 дастури методӣ, 451 мақолаи илмӣ (аз ҷумла 40 мақолаи илмӣ дар маҷаллаҳои илмии аз ҷониби КОА назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тақризшаванда) ва дар маҷмуъ 537 номгӯй мавод чоп кардаанд.

Дар соли 2018 дар донишкада 6 конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ, 1 Форуми ҷумҳуриявии муҳассилини муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар, 3 конфронси донишкадавӣ, 1 ҳамоиши илмӣ, 5 семинари илмӣ-назариявӣ, 18 мизи мудаввар ва 6 чорабинии гуногуншакли илмӣ баргузор карда шудаанд, ки нуфузи донишкадаро дар миёни муассисаҳои олии кишвар хеле боло бурдааст.

Аз ҷамъи омӯзгорони донишкада, ки ба таҳқиқоти илмӣ машғуланд, 3 нафар устодони донишкада дар соли 2018 рисолаҳои номзадии худро ҳимоя намуда, 6 нафар устодони донишкада муҳокимаи кафедравиро гузашта, ба Шӯроҳои диссертатсионӣ рисолаҳои илмии худро барои ҳимоя пешниҳод намудаанд.

 

Ҳамкориҳо бо муассисаҳои олии хориҷӣ

Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат бо беш аз 80 донишгоҳ ва донишкадаҳои хориҷӣ ҳамкориҳои дуҷонибаро ба роҳ монда, аз рӯи дараҷаи баланди таълим на танҳо обрӯву нуфузи таълимгоҳ, балки ҷумҳуриро низ дар сатҳи байналхалқӣ боло бурдааст. Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат дар сатҳи байналмилалӣ эътироф гардида, ҳамчун Донишкадаи такягоҳии Донишгоҳи Созмони Ҳамкории Шанхай (УШОС) аз рӯи самти технологияҳои иттилоотӣ; узви Академияи байналмилалии илмҳои мактабҳои олӣ;  узви Созмони умумиҷаҳонии туризм (ВТО); узви Ассотсиатсияи байналмилалии донишгоҳҳо — TARENA буда, робитаҳои хориҷии худро бо Донишгоҳи давлатии технология ва идораи Москва, Донишгоҳи Фотеҳи Ҷумҳурии Туркия, Донишгоҳи давлатии иқтисодии Урал, Донишгоҳи туризм ва сервиси ФР, Донишгоҳи улумпояи Занҷони ҶИЭ, Барномаи байналмилалии хадамоти ихтиёрӣ дар Тоҷикистон (VSO) дар бахши омода намудани мутахассисони соҳаи туризм, Барномаи иттиҳоди Аврупо — Темпус, Институти «Ҷамъияти кушода» дар Тоҷикистон густариш медиҳад.

Дар доираи барномаҳои Иттиҳоди Аврупо — Темпус, ки донишкада ба ҳайси шарик пазируфта шудааст, таҷрибаи шарикони лоиҳаҳоро аз кишварҳои гуногуни дунё доир ба масоили мухталиф омӯхта, сатҳу сифат ва самти фаъолияти донишкадаро вобаста ба меъёрҳои байналмилалӣ густариш додааст. Дар чорчӯбаи лоиҳаҳои мазкур омӯзгорони донишкада ба Испания, Италия, Олмон, ИМА, Федератсияи Россия, Эрон, Туркия, Озарбойҷон, Эстония, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва мамлакатҳои дигар сафари хизматӣ анҷом дода, такмили касб намудаанд.

Робитаҳои хориҷии донишкада дар ин давра бо донишгоҳу донишкадаҳо ва марказҳои илмӣ-таҳқиқотии ватанию байналмилалӣ густариш ёфта, танҳо дар соли 2018 бо беш аз 15 муассисаи хориҷӣ шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонидааст.

Раёсати донишкада инчунин барои сафарбар намудани омӯзгорону донишҷӯён  дар чорабиниҳои гуногуни ҷумҳуриявӣ ҳамеша саҳми хешро мегузорад. Аз ҷумла, дар доираи ҳамкориҳои байналмилалӣ бо макотиби олӣ ва муассисаҳои илмӣ дар соли 2018 дар баробари ширкат варзидани аксар омӯзгорону олимони донишкада дар конфронсҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ дар Тоҷикистон, инчунин ба кишварҳои Федератсияи Россия,  Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафари корӣ ва илмӣ анҷом дода, дар курсҳои такмили ихтисос, форумҳо, конфронсу симпозиумҳо иштирок ва маъруза намудаанд.

 

Нақшаи гузаштан аз аккредитатсияи байналмилалӣ

Дар натиҷаи вохӯрӣ бо намояндагони Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинги Ҷумҳурии Қазоқистон дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон донишкада ба суроғаи Агентии мазкур ҷиҳати аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаронидани ихтисосҳои донишкада, аз ҷумла ихтисосҳои 1-250103 — “Иқтисодиёти ҷаҳонӣ”, 1-890101 — “Саёҳат ва меҳмондорӣ” ва 1-26020210 — “Менеҷмент дар соҳаи сайёҳии байналмилалӣ”, гуруҳҳои таҳсилашон бо забони русӣ дархост ирсол намуд ва дар ин самт корҳои омодагӣ ҷиҳати мустаҳкам намудани пойгоҳи моддӣ-техникӣ, таълимӣ-методӣ ва баланд бардоштани сифати таҳсилот сурат гирифта истодааст.

 

Базаи моддию техникӣ

Ҳоло донишкада дорои Литсейи тамоюли иқтисодӣ, 3 факултет, 4 бинои таълимӣ, 8 лабораторияи компютерӣ, 605 компютери пайваст ба шабакаи интернет, 2 китобхонаи илмӣ, 2 китобхонаи электронӣ, 3 толори маҷлис, майдончаи варзишӣ, бунгоҳи тиббӣ, чопхона, 2 ошхона ва Парки инноватсионию технологӣ мебошад.

Дар суҳбат бо мо ректори донишгоҳ муҳтарам Обидов Фозил Саидович иброз дошт, ки раёсат ва кормандони донишкада тамоми донишу малакаи худро ба он равона намуда истодаанд, ки сифати таҳсилот беҳтар гашта, дараҷаи тахассусии хатмкунандагон ба сатҳи ҷаҳонӣ баробар карда шавад. Барои иҷрои ин вазифа на танҳо пойгоҳи устувори моддӣ-техникӣ ба вуҷуд оварда шудааст, балки маҷмӯи чорабиниҳои ташкилӣ, методӣ, кадрӣ амалӣ гардонида мешаванд.

 

Китобхона

Китобхонаи илмии донишкада қисми ҷудонашавандаи иттилоотии сохтори макотиби олӣ ба ҳисоб рафта, дорои фонди бисёрсоҳаи ҳуҷҷатҳои ватанӣ ва хориҷӣ буда, аз 1 қироатхонаи дорои 80 ҷои нишаст, ҳуҷраи нигоҳдории китобҳо ва ҳуҷраи хизматрасонӣ иборат мебошад. Фонди китобхонаи илмӣ то имрӯз 45077 нусха китобро ташкил медиҳад.

Китобхонаҳои электронӣ дорои 200 ҷои нишаст буда, бо 200 компютери ҳозиразамон муҷаҳҳаз гардонида шуда, фонди он зиёда аз 8500 нусха китобҳои электрониро ташкил медиҳад.

Дар соли 2018 зиёда аз 1851 нусха китоб ба китобхонаи илмии донишкада ворид карда шуда, шумораи зиёди китобҳои дарсӣ ва васоити таълимӣ аз рӯи фанҳои гуногуни таълимӣ, аз ҷумла “Макроиқтисод (маҷмӯи масъалаҳои инфиродӣ)”, “Муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ”, “Баҳисобгирии идоракунӣ”, “Ташкили туризми барномавӣ”, “Хадамоти гумрукӣ ва ниҳодҳои давлатӣ”, “Ҳуқуқ”, “Ҳуқуқи соҳибкорӣ”, “Асосҳои фаъолияти  гумрукӣ”, “Кибернетика ва ҷомеаи иттилоотӣ”, “Технологияи иттилоотӣ дар сайёҳӣ”, “Мантиқ” ва ғайраҳо бо забони тоҷикӣ таҳия ва нашр гардидаанд.

 

Хобгоҳ

Айни замон 113 нафар донишҷӯёни эҳтиёҷманди Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат дар хобгоҳи замонавӣ истиқомат мекунанд. Нархи солонаи истиқомат барои писарон 900 сомонӣ ва барои духтарон 500 сомониро ташкил медиҳад.

 

Дастгирии ятимону маъюбон кори ҳамешагист

Донишҷӯёни ятими кулл ва маъюбу бепарастор ҳамеша аз тарафи маъмурияти донишкада дастгирӣ меёбанд. Нахуст бо фармоиши ректори донишкада донишҷӯёни ятими кулл пурра аз маблағи таҳсил озод карда шудаанд ва раёсати донишкада онҳоро мунтазам бо сарулибоси мактабӣ таъмин менамояд. Инчунин ба донишҷӯёни маъюб ва бепарастор дар асоси “Низомнома дар бораи ҳавасмандгардонии моддӣ ва муқаррар намудани имтиёзҳои дохилӣ дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат” дар пардохти маблағи таҳсил имтиёз ба андозаи 25% муқаррар карда шуда, фарзандони оилаҳои камбизоат ва кормандони донишкада низ дар пардохти маблағи таҳсил имтиёз доранд.

 

Иштирок ва ғолибият дар озмунҳо

Донишҷӯёни донишкада дар лоиҳаҳои гуногуни инноватсионӣ, озмунҳову фестивалҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва хориҷ аз он ширкат варзида, борҳо ҷойҳои ифтихориро соҳиб шудаанд, ки ин обрӯи муассисаро миёни муассисаҳои олии кишвар ва берун аз он хеле боло бурдааст. Аз ҷумла лоиҳаи инноватсионии Upshift-пешсафро номбар кардан мумкин аст, ки бо дастгирии Ташкилоти байналмилалии ЮНИСЕФ маблағгузорӣ гардид ва донишҷӯёни донишкада дар он иштирок намуда, барандаи ин лоиҳа гардидаанд.

4 нафар донишҷӯёни Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ (шаҳри Бохтар) иштирок намуда, аз онҳо 1 нафар ҷойи 2-юмро гирифта, 2 нафар сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гаштаанд.

Бояд махсус қайд намоем, ки дар соли 2018 бори аввал дар ҷумҳурӣ Форуми 1-уми донишҷӯёни риштаи сайёҳии МТОК-и Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии раёсати донишкада, маҳз дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат доир гардид. Дар доираи форуми мазкур донишҷӯи ихтисоси “Саёҳат ва меҳмондорӣ”-и донишкада дар озмуни рӯнамои беҳтарини сайёҳӣ миёни донишҷӯёни макотиби олии кишвар сазовори ҷойи 2-юм гардид.

 

Дараҷаи тахассус ва бо кор таъмин кардан

Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат мутахассисонро аз рӯи 23 ихтисоси зинаи таҳсилоти бакалавриат, 8 ихтисоси зинаи таҳсилоти магистратура, 4 равияи таҳсилоти докторантура аз рӯи ихтисос (PhD) омода намуда, ҳамасола бо дарёфти имконияту захираҳо ҷиҳати таъсиси ҷойҳои нави корӣ тадбирҳои зарурӣ меандешад. Аз ҷониби раёсати донишкада барои ҷалби ҷавонони лаёқатманду соҳибтаҷриба чораҳои судманд андешида шуда, шароити мусоиди корӣ фароҳам оварда мешавад.

 

Литсейи Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат

Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат дорои як литсейи самти иқтисодӣ буда, 700 нафар хонандагон дар он таҳсил мекунанд, ки аз ин шумора 228 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд. Хонандагони литсей низ борҳо дар олимпиадаҳои фаннии ноҳиявӣ иштирок намуда, зиёда аз 8 ҷойи ифтихориро соҳиб гаштаанд ва барои иштирок дар олимпиадаи шаҳрӣ роҳхат гирифтаанд.

 

Ба ҷои хулоса

Аз тамошои утоқҳои муҷаҳҳазгардонидашуда, парки инноватсионӣ, синфҳои компютерӣ, китобҳонаи электронӣ ва суҳбат бо устодон ва донишҷӯён дарёфтем, ки феълан Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат бо технологияҳои муосири таълимӣ муҷаҳҳаз гардида, дар он кадрҳои муосир ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосири соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти миллӣ  ва фаъолияти соҳибкорӣ омода карда мешаванд. Раёсати донишкада пайваста кӯшиш менамояд, ки ҷиҳати амалисозии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешрафти иҷтимоӣ-иқтисодии мамлакат саҳми босазои худро гузорад. Ҳар нафаре, ки ҷонибдори сифати баланди таҳсилот ва интизоми таълим аст ва мехоҳад дар оянда мутахассиси ҷавобгӯй ба талаботи иқтисоди бозоргонӣ шавад ва ё дар оянда бо ҷойи кори кафолатнок таъмин бошад, Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат беҳтарин интихоб аст. Рамзи донишкада дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 203 мебошад.

 

МТЖТ

Добавить комментарий