(Донишманди ватандӯсти тоҷик Фарҳод Ғафурзода 50-солагии зодрӯзи худро дар Русия пешвоз мегирад ва барои рушди илми ин кишвар фаъолият дорад)

«Одаме, ки асосҳои геологияро намедонад, манқуртеро мемонад, ки ба ғайр аз намуди зоҳирӣ ба чизе баҳо дода наметавонад ва моҳияти ганҷҳоро намефаҳмад. Яъне мебинад, аммо дарк намекунад! Геология ба мо имкон медиҳад, ки ба атрофи худ бо чашмони боз бингарем ва таърихи рушди онро эҳсос намоем».

Владимир ОБРУЧЕВ, профессор, геологи машҳур

Геология ҳоло илм аст. Аммо дар ибтидо он мубориза барои зиндагӣ, идомаи ҳаёт буд. Дар замони қадим, тавре дар сарчашмаҳои таърихӣ омадааст, одамон аввалин асбобҳои рӯзгори худро аз устухони ҳайвонот ва сангҳо омода месохтанд. Ин баъд буд, ки тиллову нуқра, мису оҳанро кашф намуданду василаҳои зиндагии худро аз онҳо таҳия карданд. Ин ҳикмат одамонро ба фикр кардан водошт, ки бе омӯзишу таҳқиқи замин ва конҳои он инсоният пешрафт карда наметавонад. Вале ин корро маҳз оне карда метавонад, ки замину сарзаминҳоро самимона дӯст дорад, арҷ гузорад, дарк намояд…

Фарҳод Ғафурзода ҳам вақте интихоби касб пеш омад, зиёд фикр накард. Чун як фарзанди куҳистон ҳамеша дар ин фикр буд, ки ин куҳҳои сарбафалак ва ин замини ноҳамвор ҳатман мантиқу маънӣ доранд, зиндагиро осон намо намекунанд, барои зиндагии хуб талоши бештарро тақозо доранд…

Меҳри ин сарзамин ӯро ба факултаи геологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон овард. Хуб медонист, ки бе донистани таъриху надоштани ҳуввияти миллӣ ба чизе дар геология соҳиб намешавад. Медид, ки тамоми сарчашмаҳои илмӣ дар бораи геологияи тоҷик, ки замини зархезаш мояи таваҷҷуҳи бисёр кишварҳост, бо забони русист, на забони мардуми ин сарзамин. Зимнан аз аввалин нафароне гардид, ки ба ҷонибдорони қабули қонун дар бораи забони давлатӣ на танҳо садо баланд кард, балки иқдомҳои амалӣ намуд. Яке аз нахустинҳое буд, ки ҳисоботи истеҳсоливу кори дипломиашро бо забони давлатӣ омода сохт. Масъули татбиқи қонуни мазкур дар факулта ҳам ӯ буд. Декани вақти факулта профессор Файзиев, ки устоди арҷмандаш ба ҳисоб меравад, на танҳо дар кори илмӣ, ҳамчунин дар роҳи миллӣ кардани илм Ғафурзодаро дастгирӣ мекард. Дар натиҷа, китоби “Минералогия”-ро бо забони тоҷикӣ маҳз зери муҳарририи ӯ рӯи чоп оварданд. Баъдтар 6 китоби дигари худро дар бахши геология ҳам Ғафурзода бо забони тоҷикӣ таҳия кард ва ҳоло онҳо ба сифати китоби дарсӣ истифода мешаванд.

Фарҳод Ғафурзода дар синни 25-солагиаш номзади илм шуд ва ҳоло муаллифи беш аз 100 мақолаи илмист. Донишгоҳи давлатии Данғара китоби дарсии ӯро дар ҳаммуалифӣ бо Фирӯз Малахов, ки он ҷо дарс медиҳад, таҳти унвони “Геологияи конҳои канданиҳои фоиданок” ҳоло омодаи чоп кардааст. Китоби дигараш бо номи “Геологияи сохторӣ” дар ҳаҷми 350 саҳифа дар арафаи тамомшавист.

Ӯ дар амалияи геологияи Тоҷикистон ҳам нақши муассир дорад. Аз ҷумла майдони маъдани карбонатити “Думкелдик” дар Помири Шарқиро таҳқиқ кардааст, ки мутаассифона баъди соли 2013 ба қаламрави Чин гузашт. Бар илова, дар кашфи ду минерали нав дар майдони “Дараи Пиёз”-и водии Рашт, ки якеро бо номи Абдулҳақ Файзиев, минералшиноси маъруф “Файзиевит” ном гузоштаанд, нақши муҳим дорад.

Ӯ метавонист дар рушди илми геологияи тоҷик нақшу саҳми бештар гузорад. Агар “аммо”-е пеш намеомад…

Ин “аммо” пас аз ба вуҷуд омадани ихтилофи назар бо раҳбарони вақти Донишгоҳи миллӣ пеш омад ва ӯ маҷбур шуд Тоҷикистонро ба қасди Русия тарк кунад. Доираҳои илмии ин кишвар ӯро бо бағали боз пешвоз гирифтанду дар Институти минералогия, геохимия ва маъдану металҳои нодири Русия ба ҳайси геологи пешбар ҷои кораш доданд. Зеро ба ин гуна мутахассис эҳтиёҷ доштанд.

Ғафурзода дар як суҳбат бо хабарнигорон моҳияти кори худ дар Русияро шарҳ дод:

– Кори мо асосан аз рӯи тарҳҳои давлатӣ аст, мо меравем, таҳқиқ мекунем, корҳои иктишофӣ мебарем, захираҳои кон чӣ қадар аст, дар кадом чуқурӣ ҷойгир аст ва баъди ин ба Вазорати геологияи Русия гузориш медиҳем.

Ба таври дигар, кори ҳирфавии як геолог. Ҳарчанд дар ғурбат ба қадраш мерасанду ба кораш арҷ мегузоранд, аммо мисли як ватандӯст дилаш ба Ватан моил аст. Дар ҳамон суҳбаташ ба хабарнигорон гуфт, ки рафтан аз Тоҷикистон ва хидмат кардан барои кишвари дигар барояш аламовар аст, вале аз ноилоҷӣ ин корро мекунад:

– Барои ман ин ҳам алам мекунад, ки чаро ман дар Ватани худам барои тарбияи фарзандони тоҷик хидмат накунам? Ҷавонони тоҷик, ки аз деҳот меоянд, забони русиро намедонанд, агар бо забони тоҷикӣ таҳсил кунанд, бештар меомӯзанд. Дард аст, алам аст, аммо ба кӣ мегӯед? Ман метавонистам дар Тоҷикистон хидмат кунам. Ин ҷо дар барои иктишофи захираҳои нафту газ ва уран чӣ корҳое накардем. Ман метавонистам ҳамаи таҷрибаҳоро дар Тоҷикистон ба кор барам, аммо дар он ҷо оё ба қадрат мерасанд ва ба илм ниёз доранд? Ин саволи муҳим аст!

Ба ақидаи ин донишманди тоҷик дар шароити имрӯза, ки Тоҷикистон саноатикунониро ҳадафи чоруми стратегии худ эълон кардааст, рушди геология аҳамияти бештар пайдо мекунад ва дар сурати таваҷҷуҳи ҷиддӣ ба рушди ону истихроҷи маъданҳои фаровоне, ки дар зери бистари хоки Тоҷикистон нуҳуфтаанд, мо метавонем ба яке аз кишварҳои пешрафтаи дунё табдил ёбем.

Вохӯрии президент Эмомалӣ Раҳмон дар моҳи декабри соли 2011 бо кормандон ва донишҷӯён дар соҳаи геология метавонист марҳалаи навро оғоз бахшад. Дар ин вохӯрӣ президент аз тайёр намудани кадрҳои ҷавону болаёқат изҳори назар кард. Ҳамзамон 9-уми декабр ҳамчун иди касбии геологҳо эълон шуд. Дар ҳақиқат Тоҷикистони мо 93% куҳсор аст, барои ин мо бояд ба соҳаи геология авлавият диҳем, мутахассисони ин соҳаро дастгирӣ намоем. Агар мо канданиҳои фоиданоки зери куҳсори Тоҷикистон хобидаро дуруст истихроҷ намуда, самаранок истифода барем ва нагузорем то ширкатҳои хориҷӣ онҳоро ба таври дағалона истифода баранд, Ватани азизи худро ба мисли дигар давлатҳои пешрафта ва мутараққӣ ободу пешрафта мекунем. Инҷониб ҳанӯз аз охири солҳои 90 ва ибтидои солҳои 2000 -ум, ки сармоягузорӣ аз ҷумла дар конҳои Тоҷикистон оғоз ёфт, ба муқобили саҳмияҳои бештари хориҷиён дар ин конҳо изҳори нигаронӣ мекардам. Бо масъулин, ҳатто дар сатҳи вазиру мансабдорони баландмартаба баҳсҳо менамудаму аз таҷрибаи кишварҳои пешрафта мисолҳо меовардам, то ба ин ганҷҳои Худодод, ки на ба ҳар кишвар арзонӣ шудааст, таваҷҷуҳи масъулонро ҷалб намоям. Вале, мутаассифона маро нашуниданд ва манфиатҳои лаҳзавиву шахсии худро афзалтар шумориданд,- бо алам мегӯяд Фарҳод Ғафурзода.

Ин донишманди ватандӯсти тоҷик, ки ҳоло нерӯву зарфиятҳояш барои дигарон истифода мешавад, акнун дар пешорӯи таҷлили 50-солагии зодрӯзаш қарор дорад. Умед дорем, ки ин санаи муборак гардише дар фаъолияту корҳояш гардаду онҳо барои Тоҷикистони азиз корагар шаванд.

Муборак бод!

М. РАҶАБ

Добавить комментарий