«Мо метавонем якҷоя ба тамоми мушкилоти иқтисодиву иҷтимоӣ истодагарӣ карда, лоиҳаҳои миқёсан бузургро амалӣ намоем». 

Эмомалӣ Раҳмон

Дар миқёси мамлакат ҳазорон нафар соҳибкорони муваффақе ҳастанд, ки баҳри пешрафт ва бо ҷойи кори доимӣ ва зиндагии шоиста таъмин намудани мардум корҳои зиёдеро ба сомон расонидаанд.
Соли гузашта дар даромадгоҳи шаҳраки Сомониёни ноҳияи Рӯдакӣ бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санги асос барои ояндагон, барои бунёди комплекси намоишгоҳи байналмилалии молу коло ва маркази калони тиҷоратӣ дар майдони 5,30 га гузошта шуда буду бо пешниҳоди Пешвои муаззами миллат таклиф шуда буд, ки ин комплекс дар муддати ду сол сохта ба истифода дода шавад. Ҳудуди намоишгоҳҳо, ки аз биноҳои аз 3 то 5-қабата иборатанд, бояд дар масофаи 400 метр дар дарозӣ ва 15 метр дар паҳноӣ сохта шаванд. Аллакай қисми якуми ин биноҳо, ки бо усули омехтаи меъмории шарқию аврупоӣ сохта шудаанд, то иди Истиқлол бояд ба истифода дода шаванд. Қисмати асосии фаъолияти ин маҷмааи байналмилалии намоишгоҳи молу коло ва тиҷоратиро, ки аз рӯи гуфтаи мутахассисони варзидаи соҳа, на ин ки дар мамлакат, балки берун аз он ҳам ҳамто надорад, комплекси намоишгоҳҳо ташкил менамояд. Он дар системаи тиҷорати имрӯза як навоварию пешбурди нави тиҷоратию идоравӣ хоҳад буд, ки дилхоҳ тоҷири ватанию хориҷӣ метавонад молу маҳсулоти худро дар толорҳои калони муҷаҳҳази замонавӣ ба намоиш гузошта, дар як вақт ба воситаи роҳбарияти ин муассисаи байналмилалии тиҷоратию намоишӣ бо дилхоҳ харидори дохилию беруна шартномаҳои тарафайн баста, молу колои худро ба савдо барорад. Ҷиҳати фарқкунандаи ин муассисаи тиҷоратию намоишгоҳии байналмилалӣ он аст, ки ин ҷо барои гузоштани нақлиёт ва истироҳату маишати кормандон тамоми шароитҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ ва беҳтар аз он ба назар гирифта шудааст. Танҳо барои нақлиёт дар ин мавзеъ таваққуфгоҳҳо барои 500 автомашина дар як вақт ба назар гирифта шудааст, ки метавон гуфт, назираш дар минтақа нест. Иловатан, барои меҳмонони дохилию беруна боз се ошёна меҳмонхонаҳои сатҳи ҷаҳонӣ омода карда шуда истодааст, ки то нимаи аввали соли оянда ба истифода дода хоҳанд шуд. Ба ғайр аз ин, барои осон намудани кори тоҷирзанон ва онҳое, ки бо оилаашон ба тиҷорат машғуланд, дар ин маҷмаа боғчаи бачагонаи сатҳи ҷаҳонӣ сохта ба истифода дода мешавад, ки дар як вақт 350 нафар кӯдакон дар он таълиму тарбия хоҳанд гирифт.
Аз рӯи суханони Уроқ ном сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ки бо нақлиёти шахсиаш ба боркашонӣ машғул мебошад, «чунин комплекси тиҷоративу савдо ва намоишгоҳҳои байналмилалӣ, ки аз 2 то 5 ошёна иборат мебошанд, назираш на ин ки дар Тоҷикистон, балки берун аз он ҳам сохта нашудааст. Як худи дар чорроҳаи Душанбе-Рӯдакӣ-Қӯрғонтеппа-Панҷи поён, Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ-Мурғоб ва Душанбе-Ёвон сохта шудани ин объекти тиҷоратию намоишгоҳии байналмилалӣ оянда имкон хоҳад дод, ки дилхоҳ тоҷиру истеҳсолкунанда дар ин комплекс тиҷорат намуда, дар рушду нумуъ ва пешрафти ноҳияи Рӯдакӣ ҳиссагузор шавад. Чунки барои фаъолияту тиҷорат дар ин комплекс, аз рӯи мушоҳидаҳои ман, тамоми шароити маишиву иҷтимоӣ ба назар гирифта шудааст».
Ба гуфтаи раиси ҷамоати Лоҳури ноҳияи Рӯдакӣ Пиров Абдулло, «ин комплекси тиҷоративу намоишгоҳии байналмилалӣ, ки бо пешниҳод ва дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, раиси ноҳияи Рӯдакӣ Муҳаммадраҳим Юсуфӣ ва соҳибкори муваффақи ватанӣ Зафарҷон Кабиров бунёд шуда истодааст, назираш дар мамлакат ва берун аз он ҳам аз лиҳози ҳаҷм ва ҳам аз лиҳози шароити тиҷоративу маишӣ вуҷуд надорад. Чунки ҳатто дараҷаи бехатарии сӯхтор ва хатҳои обу корез ончунон сохта шудаанд, ки касе аз берун онҳоро дида наметавонад ва эҳсос наменамояд, ки зери пойи ӯ хатҳои калони обгузару обпарто мавҷуданд. Ва аз ҳама асосиаш, дар сохтмони ин иншооти бузурги замонавӣ аз масолеҳи тобовар ба оташ истифода шудааст. Роҳравҳо бошанд, ҳатто дар ошёнаҳои 2 ва 3 байни қаторҳои тиҷоратӣ аз 3-5 метр зиёд аст, ки ин беҳтарин намуна барои чунин иншоот мебошад».


Бунёдгузор ва муассиси ин комплекси тиҷоративу намоишгоҳӣ Зафар Кабиров мегӯяд, ки «ман фикр мекунам, барои соҳибкор ва истеҳсолкунандаи тоҷикистонӣ тамоми шароитҳо аз тарафи роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҳайё карда шудааст. Маҳз дастгирии бевоситаи пешвои тоҷикони ҷаҳон аст, ки чӣ дар пешрафти саноат, чӣ дар иқтисоду хоҷагии қишлоқ ва тиҷорат сол аз сол мо ба натиҷаҳои басо хуби кориву тиҷоратӣ ва истеҳсолӣ ноил шуда истодаем. Агар давлатҳои араб дар 40-50 сол ба натиҷаҳои хуб ноил шуда бошанд, мо дар 10-20 соли оянда ба он натиҷаҳо ва аз он зиёдтар хоҳем расид. Як худи дар муҳлати басо кӯтоҳ аз бунбасти коммуникатсионӣ баромадан ва пайвастшавии Тоҷикистон ба роҳҳои ҷаҳонӣ ба мо имконият дод, ки на ин ки проблемаҳои худ, балки проблемаҳои зиёди дигар давлатҳоро низ ҳал намоем. Инро дар мисоли давлатҳои Афғонистон, Покистон ва Эрон метавон ном бурд, ки ба воситаи роҳҳои сатҳи ҷаҳонии Тоҷикистон ба давлатҳои Чин, Қирғизистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Россия баромада, аллакай зиёд молу коло ва маҳсулоти худро ба ин давлатҳо ва берун аз он равон намуда, сатҳи зиндагии худ ва даромади буҷаи худро таъмин намуда истодаанд. Тоҷикистон дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин баъди мустақилияти пурраи энергетикӣ пайдо намудан ба он шароите ноил мегардад, ки дилхоҳ давлати сатҳи ҷаҳон онро орзуву хаёл менамояд. Яъне зиёдии энергия ба мо имкон медиҳад, ки на ин ки онро ба давлатҳои ниёзманд фурӯшем, балки бо истифода аз он тамоми молу маҳсулоти худро то ба дараҷаи ниҳоӣ дар мамлакат коркард намуда, ҳамчун давлати пешрафтаи саноативу хоҷагии қишлоқ бо дигар давлатҳои бузурги минтақаву ҷаҳон дар сатҳи баробар тиҷорат намоем. Инро дар мисоли коркарди пахта, пашм, пӯсту сангҳои қиматбаҳо ва дигар канданиҳои фоиданоки Тоҷикистон, ки давлати мо аз ин сарчашмаҳо бой мебошад, зикр кардан мумкин аст. Барои мо танҳо ва танҳо Ваҳдати миллӣ, ягонагӣ, дӯстӣ, сулҳу салоҳ лозим аст, ки шукр, имрӯз туфайли фарзонафарзанди миллат, пешвои тоҷикони ҷаҳон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон онро соҳибем».

Саидмурод САИДОВ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here