Таҳким бахшидани иқтидори илмии кишвар, ҷорӣ кардани ихтироот дар истеҳсолот, устувор гардонидани пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ҷалби боз ҳам васеи истеъдодҳои ҷавон ба омӯзиши технологияҳои муосир ва корҳои эҷодиву техникӣ вазифаи муҳимтарини соҳаҳои илму маориф мебошад”.

Эмомалӣ Раҳмон

 

Пояҳои моддиву техникӣ

Дар сиёсати маънавибунёди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маориф яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятнок ба ҳисоб рафта, ба ин соҳа ҳамчун захираи стратегии инкишофи зеҳнӣ ва омили муҳимтарини таҳкими давлатдорӣ эътибори ҷиддӣ дода мешавад.

Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд» (ДИС ДДТТ), ки муассиси он Иттифоқи Тоҷикматлубот мебошад, тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №59, аз 12-уми феврали соли 2010 таъсис дода шуда, соҳиби иҷозатнома оид ба ҳуқуқи пешбурди фаъолияти таълимӣ аз 2-юми ноябри соли 2017, №5666, шаҳодатнома дар бораи акредитатсияи давлатии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гардидааст. Дар донишкада 251 нафар омӯзгорон, аз ҷумла 7 нафар докторҳои илм ва профессорон, зиёда аз 63 нафар номзадҳои илм ва дотсентҳо фаъолияти таълимӣ, методӣ, илмӣ ва тарбиявӣ мебаранд.

Ҳоло донишкада ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ пурра шомил гашта, таҳсил бо низоми кредитӣ ба роҳ монда шудааст.

Пояҳои моддию техникии донишкада дар сатҳи баланд қарор дошта, таълим дар синфхонаҳои муҷаҳҳаз бо тахтаҳои электронии интерактивӣ, толорҳои лексионӣ, утоқҳои лингафонӣ, лабораторияҳо амалӣ мешавад. Айни замон дар донишкада зиёда аз 531 компютерҳои замонавӣ ба шабакаи баландсуръати Интернет пайваст карда шудаанд. Барои донишандӯзӣ донишҷӯён аз китобхонаҳои муқаррарӣ, аз он ҷумла 13442 адад китоби бадеӣ ва 44107 адад китобҳои тахассусӣ ва электронӣ бо ҳазинаи 8862 адад китобу дастурҳои таълимӣ ва маҷмааҳои таълимию методӣ, синфхонаи Интернет бо 64 адад компютери замонавӣ ва дигар имкониятҳо васеъ истифода хоҳанд бурд.

Теъдоди умумии донишҷӯён 4866 нафарро ташкил намуд, ки аз онҳо 2485 нафар дар шуъбаи рӯзона ва 2385 нафар дар шуъбаи ғоибона таҳсил менамоянд.

Дар соли хониши 2018-2019 нақшаи қабули довталабон ба донишкада, ки аз тарафи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад, 99,6 % иҷро гардид, ки он 1044 нафарро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, ба шуъбаи рӯзона 857 нафар ва ба низоми таҳсилоти фосилавӣ 151 нафар, ба докторантура аз рӯи ихтисоси PhD 6 нафар ва барои гирифтани маълумоти олии дуюм ва идомаи таҳсил 30 нафар дохил шуданд.

 

Дар донишкада маросими супоридани дипломҳои тахассусӣ бо шукуҳу шаҳомати хоса баргузор гардид. Соли гузашта 957 нафар донишҷӯён дар шуъбаи рӯзона, ғоибона ва магистратура донишкадаро хатм намуданд. Аз ин теъдод 51 нафар хатмкунандагон сазовори дипломи аъло гардиданд.

 

Дастовард ва ихтироот

Дар Паёми Пешвои миллат зикр гардидаст, ки бо мақсади ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ саноатикунонии босуръати кишвар Ҳадафи чоруми миллӣ эълон карда шуд ва дар ин замина ҳамкории донишкада бо корхонаи муштараки ВТ-СИЛК ба роҳ монда шуда, баҳри дар амал татбиқ намудани илм ба истеҳсолот соҳиби ду патент гардидани олимони таълимгоҳ дар соли 2018 далели гуфтаҳои болост. Ин ихтироъҳо «Рафҳои якҷоя барои хӯрокдиҳии марказонидашудаи кирмакҳои абрешими тут» ва «Технологияи хӯронидани кирмакҳои синни хурди абрешими тут» мебошанд.

Барои тайёр намудани кадрҳои дорои унвони илмӣ дар донишкада таваҷҷуҳи хос зоҳир мегардад. Зимнан, дар соли 2018-ум 8 рисолаи номзадӣ ҳимоя карда шуда, 7 нафар барои ҳимоя иҷозат гирифтаанд.

Ҳамчунин, дар риштаи илм Ҷоизаи ба номи Бобоҷон Ғафуров ва “Сипоснома”-и озмуни ихтироъкорони ҷавон аз тарафи раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба муаллими калони кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон Содирхон Умаров барои таҳияи матни интиқодии асари Муҳаммадшариф ибни Шоҳбадал ибни Маликшоҳ — “Маноқиби Шайх Маслаҳатдини Хуҷандӣ” ва мудири шуъбаи китобхонаи электронӣ Абдурашид Ҷабборов супорида шуд.

Ҳамасола донишҷӯёни донишкада барои таҳсили хубу аъло сазовори идрорпулиҳои раиси вилояти Суғд, раиси Иттифоқи Тоҷикматлубот, раисони шаҳру ноҳияҳо, грантҳои берунӣ ва дохилии кишвар мегарданд. Соли равон 26 нафар донишҷӯ ва магистрон ба гирифтани идрорпулӣ мушарраф гаштанд.

Дар ҳафтаи худидоракунии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд 8 нафар донишҷӯёни фаъоли донишкада дар вазифаҳои гуногун иштирок намуданд.

Дар Фестивал-озмуни шаҳрии “Чакомаи гесӯ” дар номинатсияи ороиши мӯй дар замони муосир донишҷӯи бахши 3-юми ихтисоси “Иқтисодиёти ҷаҳон” Анварова Ҷансу Дуановна сазовори ҷои аввал гардид.

Дар озмуни вилоятии “Донишҷӯи сол” байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилояти Суғд донишҷӯи курси 2-юми ихтисоси баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит Маҳмудова Фарангис ҷои сеюмро ишғол намуд.

 

Сатҳу сифати таълим

Донишкада барои дар сатҳи баланд нигоҳ доштани сифати таълим ва дониши донишҷӯён сол то сол иштироки онҳоро дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва олимпиадаҳо таъмин менамояд. Донишҷӯёни донишкада дар олимпиада ва озмунҳои ҷумҳуриявӣ пайваста ба дастовардҳои назаррас ноил мегарданд. Соли 2018 дар олимпиада барои дарёфти Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 нафар ба гирифтани мақоми 3 ва 4 нафар бо ифтихорномаи АИ ҶТ мушарраф гаштанд. Донишҷӯёне, ки дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ сазовори мақоми аввал мегарданд, пурра аз пардохти маблағи таҳсил озод карда мешаванд. Донишҷӯёне, ки сазовори ҷойҳои дуюм ва сеюм мегарданд, мутаносибан аз 50 то 30 фоиз аз пардохти маблағ озод мешаванд.

Дастаи “ЭНАКТУС”-и Донишкада борҳо дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва умумиҷаҳонии донишҷӯён ғолиб омада, Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистонро баланд афрохтааст: соли 2011 дар Малайзия, соли 2013 дар шаҳри Кангуни Мексика, соли 2014 дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии мардумии Чин, соли 2016 дар Канада, соли 2017 дар шаҳри Лондони Бритониёи Кабир, соли 2018 дар штати Сан-Франсискои ИМА дар озмуни байналмилалии соҳибкории озод иштирок намуда, Тоҷикистони соҳибистиқлолро дар асрсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуд.

Донишкада бо зиёда аз 200 корхона, ширкат, бонк, муассисаю ташкилот, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти идоракунии маҳаллию давлатӣ шартномаҳои дуҷониба оид ба таҷрибаомӯзӣ дорад. Қисме аз таҷрибаомӯзон баъд аз хатм дар он ташкилот ва корхонаҳо бо кор таъмин мешаванд. Аксари хатмкунандагони шуъбаи ғоибона бошанд, худ бо ҷои корӣ таъминанд ва танҳо барои баланд бардоштани тахассус ва малакаи касбӣ дар донишкада таҳсил менамоянд.

 

Марказҳои таълимӣ

Бояд таъкид намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар баромаду суханрониҳои худ оид ба дараҷаи касбияти мутахассисони ҷавон, мусаллаҳ будани онҳо бо донишҳои муосир, бахусус зарурат ва аҳамияти забондонии онҳо пайваста таъкид мекунанд.

Аз ҷумла, Сарвари давлат дар Паёми солонаи худ масъулинро вазифадор намуданд, ки ҷиҳати боло бурдани сатҳу сифати дониши хонандагону донишҷӯён, омӯзиши илмҳои муосир ва забонҳои хориҷӣ тадбирҳои иловагӣ андешида, ба масъалаи баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ, ифтихори ватандорӣ ва дар руҳияи инсонпарварӣ тарбия намудани насли навраси кишвар таваҷҷуҳи аввалиндараҷа дода шавад.

Дар донишкада маркази таълимии забонҳо ва соҳибкорӣ фаъолият мебарад, ки донишҷӯён имконият доранд иловатан аз курсҳои кӯтоҳмудат истифода баранд. Дар марказ омӯзиши забонҳои англисӣ, олмонӣ, русӣ ва хитоӣ мавҷуд буда, инчунин курси тайёрӣ барои довталабон ва курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ аз рӯӣ 18 номгӯй, ба монанди: 1 С-бухгалтерия, омӯзиши малакаҳои пешхизмат, нарх ва нархгузорӣ, асосҳои технологияи информатсионӣ, андоз ва андозбандӣ ва ғайраҳо омӯзонида мешаванд.

Дар донишкада парки технологии таълимии «Дӯхтани либосҳои замонавӣ» мавҷуд буда, дар он донишҷӯён метавонанд курсҳои кӯтоҳмуддати қаннодӣ, тарроҳӣ, моделер-дӯзандаро омӯхта, соҳиби касб шаванд.

 

Забономӯзии мутахассисони ҷавон

Дастуру супоришҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масъалаи забономӯзии мутахассисони ҷавон, тавассути ташкил намудани гуруҳҳои ба забони англисӣ таҳсилкунанда дар донишкада ҳалли худро пурра ёфтааст. Ҳоло донишкада аз рӯи 2 кластер, 20 ихтисос мутахассисонро дар шуъбаҳои рӯзона ва фосилавӣ тайёр менамояд. Аз он ҷумла, 14 гуруҳҳое, ки дар онҳо ҳамаи фанҳо ба забони англисӣ таълим дода мешаванд, амал мекунанд. Зиёда аз 20 нафар олимону омӯзгорон дар гуруҳҳои таҳсил ба забони англисӣ машғулиятҳоро аз ҳамаи фанҳо (иқтисодӣ, риёзӣ, ҳуқуқӣ, ҷомеашиносӣ ва ғайра) ба забони англисӣ мегузаронанд. Чунин тарзи таълим дар сатҳи ҷумҳурӣ танҳо дар ин донишкада ба роҳ монда шудааст, ки ин дастоварди арзанда маҳсуб мешавад.

 

Ҳамкориҳои хориҷӣ

Донишкада бо омӯзгорони ихтисосманде, ки фанҳои таълимии гуногунро бо забони англисӣ таълим медиҳанд, пурра таъмин буда, инчунин аз кишварҳои хориҷи дур, монанди Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Аврупо низ мунтазам олимону профессоронро даъват менамояд, ки ба донишҷӯён дарс мегӯянд.

Гуруҳи коршиносони хориҷӣ — экспертҳои байналмилалӣ аз давлатҳои Фаронса, Испониё, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ба сатҳи тайёр намудани мутахассисон дар донишкада баҳои баланд дода, ба аккредитатсияи байналмилалӣ омода будани донишкадаро эътироф намуданд.

Донишкада бо зиёда аз 60 донишгоҳи Аврупо, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Осиё ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил созишномаҳои ҳамкорӣ дошта, устодону донишҷӯён ва магистрон тибқи барномаҳои ЭРАСМУС — МУНДУС, ТАРГЕТ 1 ва 2, ТЕМПУС ва лоиҳаи ФЛЕПП метавонанд такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзиро дар кишварҳои хориҷӣ ба роҳ монанд.

 

Варзиш — гарави саломатӣ

Дар донишкада майдончаи варзишии замонавӣ мавҷуд буда, дар он намудҳои варзиш: волейбол, мини-футбол, баскетбол, теннис ва ғайраҳо гузаронида мешаванд. Барои устодону донишҷӯён толори варзиши замонавии “Фитнес” амал менамояд, ки дар он 18 тренажёр, 4 тенниси рӯимизӣ ва дигар таҷҳизоти варзишӣ гузошта шудаанд. Донишҷуёни донишкада дар Спартакиадаи ҷумҳуриявӣ соҳиби 5 медал ва дар Спартакиадаи вилоятӣ сазовори 18 медал гардиданд. Аз 23 медал: 5 медали тилло, 9 медали нуқра ва 9 медали биринҷӣ насиби донишҷӯён гашт.

Биноҳои таълимии донишкада (ҳамаи синфхонаҳо ва утоқҳои корию ёрирасон) дар даври сармо ба тариқи марказонидашуда гарм карда мешаванд.

 

Технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ

Яке аз роҳҳои самараноки идоракунии ҷараёни таълим дар низоми кредитии таҳсилот — ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ мебошад. Дар ин замина, ба роҳ мондани идоракунии электронӣ ва назорати сифати таълим дар донишкада бо роҳи коркарди комплекси барномаҳои автоматикунонии идоракунии маъмурӣ ва назорати сифати таҳсилот бо номи “Алфа-экспресс” амалӣ карда шудааст. Ин барнома пурра дар донишкада ҷорӣ карда шуда, ҳамасола мукаммал гардонида мешавад. Ҳамаи маълумотҳо оид ба ҳар як донишҷӯ, аз ҷумла, варақаи шахсӣ, ҳозиршавӣ ба машғулиятҳо, холҳои ҳаррӯзаи донишҷӯён, натиҷаҳои санҷишҳои фосилавӣ ва имтиҳонҳои ҷамъбастӣ, ҳамаи маводҳои дарсии профессорону омӯзгорон — силлабусҳо, маҷмӯаҳои таълимӣ-методӣ, мисолу масъалаҳои фаннӣ, китобҳои дарсӣ, маҷмӯаҳои тестҳо, мисолу масъалаҳои имтиҳонӣ ва ғайра ворид карда мешаванд.

Санҷишу имтиҳонҳо тавассути шабакаи ягона қабул карда шуда, донишҷӯ баробари ба итмом расидани имтиҳон имкон дорад бо баҳои худ шинос шавад. Ин тадбир барои шаффоф гузаштани имтиҳонҳо ва роҳ надодан ба амалҳои коррупсионӣ мусоидат менамояд.

Ҷараёни автоматикунонӣ тамоми сохторҳои донишкада, аз ҷумла маъмурият, шуъбаи кадрҳо, муҳосибот, қисми таълим, факултаҳо, кафедраҳо ва дигар шуъбаҳоро низ дар бар гирифта, ҷараёни татбиқи вазифагузориҳои Пешвои миллатро вобаста ба ҷорӣ намудани технологияи инноватсионии муосир амалан фаро мегирад.

Дар фароварди суҳбат директори Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Олимӣ Рауфи Латиф бо сипосмандӣ изҳор дошт, ки “Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як мулоқоту суҳбатҳо ба масъалаи ҷавонон ва нақши онҳо дар ҷомеа таваҷҷуҳ зоҳир карда, онҳоро ба худшиносию худогоҳӣ ва дӯстдории марзу буми кишвар даъват намуда, зикр менамоянд, ки ҷавонони мо дар ҳар ҷое, ки бошанд, бояд ҳисси баланди миллӣ дошта бошанд, бо Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлоли худ ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор намоянд ва барои ҳимояи онҳо ҳамеша омода ва ҳушёру зирак бошанд. Мо бояд тибқи дастуру раҳнамоиҳои Пешвои миллат ҷавононро тарбия намоем ва ҳидоятгари онҳо ба сӯи корҳои бузург гардем”.

 

МТЖТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here