Шоҳсутуни дилхоҳ давлату давлатдорӣ андоз ба шумор рафта, гулгулшукуфоии давлатҳои мутараққию бузург маҳз аз кормандони мақомоти андоз вобастагӣ дошта, ин мақомот таъмини босифати буҷетро иҷро менамояд.

Дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд, ки давоми 7 соли охир буҷаи кишвар аз 12 миллиарди соли 2013 то ба 23 миллиард сомонӣ зиёд гардида, маҷмуи маҳсулоти дохилӣ аз 45,6 миллиард сомонӣ то ба 78 миллиард афзоиш ёфта, саҳми бахши хусусӣ аз 54% -и соли 2013 дар соли 2019 ба 70% расонида шудааст.

Ҷиҳати дастгирии соҳибкорӣ дар мамлакат ва ҷалби сармояи мустақим дар се соли охир барои соҳаҳои саноати сабук, кишоварзӣ, дорусозӣ, парандапарварӣ, сайёҳӣ ва дигар бахшҳои афзалиятнок аз тарафи Ҳукумати кишвар иловатан боз чанд намуди имтиёзҳо ва сабукиҳо ҷорӣ карда шудааст, то рушду нумуи дар боло зикргардида боз ҳам хуб таъмин гардида, ҷойҳои нави корӣ муҳайё ва зиндагии шоиста барои сокинони кишвар таъмин карда шавад. Гузашта аз ин, аз тарафи Пешвои муаззам, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати кишвар супориш дода шудааст, ки барои дастгирии соҳибкорони хурду миёна, хусусан соҳаҳои истеҳсолӣ ва содироткунандагони ватанӣ дар ҷумҳурӣ “Фонди дастгирии соҳибкорӣ” таъсис дода шавад ва ҳамасола барои фаъолияти самарабахши қаздиҳии он аз буҷаи кишвар маблағҳои зарурӣ зиёдтар ҷудо карда шавад, то оянда ба таври зарурӣ рушду нумуи соҳибкорӣ таъмин карда шавад. Ба Ҳукумати кишвар вобаста ба ин пешравиҳо супориш дода шудааст, ки дар соли 2020 маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 87,4 миллиард сомонӣ расонида шавад ва афзоиши он дар ҳаҷми 7,8 % таъмин карда шуда, қисми даромади буҷети кишвар дар ҳаҷми 26 миллиард сомонӣ таъмин карда шавад. Ин супоришҳои қатъии Роҳбари давлат пеши кормандони мақомоти андози кишвар вазифаҳои басо ҷиддии хизматиро мегузоранд, то иҷроиши саривақтиро таъмин намуда, дар гулгулшукуфоии кишвар низ оянда саҳмгузори асосӣ бошанд.

Тавре дар боло гуфтем, ҳоло 70% -и нақшаҳои буҷетро маҳз бахши хусусӣ ба иҷро расонида, сол то сол нақши онҳо дар таъмини нақшаҳои буҷетӣ зиёд гардида истода, саҳми бозорҳо, ки имрӯз асоси таъминоти давлат ва ҷомеа гардидаанд ва дар раванди табодули молу коло ва рушду нумуи соҳибкорӣ басо арзанда арзёбӣ карда мешаванд, вобаста ба ин раванду пешравиҳои арзандаю таъминоти молу коло ба аҳолии кишвар Маркази тадқиқотии журналистии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо мақомоти андоз маълум намуданд, ки дар вилояти Суғд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров маркази савдои “Баракат” мақоми басо арзанда — номи соҳибкори беҳтарин ва андозсупорандаи беҳтаринро аллакай чандин сол боз соҳиб гардида меояд. Бинобар ин, мо тасмим гирифтем бо дастовардҳо ва хизматҳои арзандаи ин марказ хонандагони азизи худро шинос намоем.

Маркази савдои “Баракат” соли 2010 ташкил шуда, то соли 2015 метавон гуфт, дар он корҳои азнавсозии бозор сурат гирифта, нуқтаҳои тиҷоратӣ ва борнигоҳдориву анборҳо сохта шудаанд. Ин марказ яке аз калонтарин марказҳои савдои мамлакат ба ҳисоб рафта, дар майдони 8,77 га бунёд гардидааст. Бунёдгузор ва соҳибмулки маркази савдои “Баракат” — соҳибкори машҳурӣ ватанӣ Бобоҷонов Илҳомҷон Иномҷонович то ба мартабаи имрӯзааш расидани марказ бисёр мушкилиҳо ва азобу аз даст рафтани маблағҳои ҳангуфтро таҷриба кардааст. Аммо имрӯз ин корхона яке аз беҳтарин андозсупорандагон ба шумор рафта, овозааш на танҳо дар дохили ҷумҳурӣ, балки дар берун аз ҷумҳурӣ низ баланд аст. Зеро соҳибкорону тоҷирони ин маркази бузурги савдо молу колои сохтмонӣ ва маишиву рӯзгорро қариб аз тамоми манотиқи ҷаҳон ворид намуда, ба фурӯш мегузоранд. Чанд давлати ҳамсоя низ аз ин ҷо мол харидорӣ намуда, ба кишварҳои худ мебаранд.

Танҳо давоми соли 2019 аз тамоми манбаҳои андозбандишаванда ва дигар пардохтҳои давлатӣ ба хазинаи давлат 1 миллиону 546 ҳазору 207 сомонӣ маблағҳо пардохт карда шудаанд, ки ин миқдор маблағ агар ба 10-сола мавҷудияти ин маркази савдо илова карда мешуд, маблағи зиёдеро ташкил медод. Илова бар ин, шумораи коргарони доимии ин маркази савдо то 37 нафар расида, бо музди меҳнати арзанда таъмин карда мешаванд.

Ин маркази савдои бузург дар 4 км шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд — Бобоҷон Ғафуров — Конибодом — Исфара ҷойгир буда, аз он ба тамоми ноҳияҳои вилоят ва ҷумҳурӣ роҳҳои сайёҳӣ ва байналмилалӣ бурида мегузаранд. Баҳри бехатарӣ аз сӯхтор дар тамоми гӯшаю канори ин маркази савдо нуқтаҳо бо лавозимоти зидди сӯхтор, сӯхторхомӯшкунакҳо ва ҳавзҳои обу гидрантҳои махсус ҷиҳозонида шуда, системаи бехатарии он ба таври лозима бо таҷҳизоти муосири мушоҳидавӣ, аз қабили камераҳои амниятӣ таъмин карда шуда, барои бехатарӣ аз сӯхтор тадорукоти махсус дида шуда ё чораҳои зарурӣ андешида шудааст.

Ба гуфтаи муовини директори маркази савдои “Баракат” муҳтарам Умаров Абдумаҷид Абдулатифович “барои мардуми тоҷик ва тоҷикистониён Худованд дар санаи 16-уми ноябри соли 1992 Сарвари давлатро ҳамчун роҳбару пешво туҳфа намуд. То соли 1992 дар мамлакат ягон-ягон мағозаҳои кооперативӣ ё 5-10 хоҷагии деҳқонӣ ташкил шуда буд. Тамоми системаи савдо ва бозорҳо таҳти назорати “Тоҷикматлубот” ё Вазорати савдо қарор дошт ва мардум аз қонунҳои қаблии Ҳукумати шӯравӣ, ки моликияти хусусиро мамнуъ эълон дошта буду илова бар ин, ба мардуми сарпечӣ мекарда ҷазо низ таъин карда буданд, дар ҳарос буданд. Маҳз иқдоми Пешвои миллат буд, ки дар мамлакат фазои соҳибкорию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ ба миён омада, дар муддати басо кӯтоҳ кишвар аз буҳрони шадиди молиявӣ ва коммуникатсионию нақлиётӣ бароварда шуда, дар мамлакат ваҳдати сартосарӣ ҳукмрон гардид. Ин аз бузургии Пешвои муаззами миллат шаҳодат медиҳад. Ман иброз медорам, ки ҳомии мо — соҳибкорон низ Пешвои миллатанд ва маҳз бо ин сабаб сол то сол сафи соҳибкорону тоҷирон дар мамлакат меафзояд. Имрӯз дар як худи маркази савдои “Баракат” 450 соҳибкори хурду миёна кор ва фаъолият доранд, ки ҳамагӣ  барои ободии Ватан хизмат намуда, бозори истеъмолии мамлакатро бо маҳсулоти босифату арзон таъмин намуда, пардохтҳои давлативу маркази савдои “Баракат”-ро дар вақташ пардохт намуда, дар гулгулшукуфоии кишвар саҳмгузор мебошанд.

Дар пешрафти кори маркази савдои “Баракат” саҳми кормандони фаъол Ашрапов Раҳмон,Саидов Эҳсонҷон, Наҷмиддинов Шарифҷон, Абдунабиев Аҳмадҷон, Осимов Фирдавсхон, Бобохонов Олимҷон, Ҳасанов Ғайратҷон, Насриддинов Ҳотамҷон, Раҳимов Муртазохон, Абдуллоева Санавбархон ва худи муассис Бобоев Илҳомҷон басо калон буда, ҳар кадом дар ҳошияи хизматҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри пешравию комёбиҳои кишвар хизматҳои арзанда доранд”.

Ба гуфти сардори Нозироти андоз дар ноҳияи Б. Ғафурови вилояти Суғд, муҳтарам Муъминов Пиримқул, “Баҳри ривоҷу равнақи соҳибкорӣ дар маркази савдои “Баракат” тамоми шароити лозима муҳайё карда шудааст ва имрӯзҳо 450 соҳибкори хурду миёна ва шахсони ҳуқуқӣ фаъолият намуда, давоми соли 2019 аз тарафи соҳибкорони ин маркази бузурги савдо ба буҷаи кишвар беш аз 7 миллиону 0,45 ҳазор сомонӣ ворид карда шудааст ва номи ин маркази савдо чун андозсупорандаи сол дар тахтаи фахрии Нозироти андози ноҳияи Б. Ғафуров дар соли 2019 сабт гардидааст. Мо — кормандни мақомоти андоз ифтихор аз чунин соҳибкорон дорем, ки андозро дар вақташ месупоранд. Ман ба соҳибкороне чун Мақсудов Ҷамшед, Ҳусейнов Абдувоҳид, Ибрагимов Муқим,Тухтаев Аҳадҷон, Акрамов Акбарҷон ва даҳҳо соҳибкорони хурду миёна барои саҳмгузориашон дар иҷрои нақшаҳои буҷети кишвар миннатдории худ ва аҳли кормандони мақомоти андозро баён медорам. Ногуфта намонад, ки аз тарафи Нозироти андоз дар ноҳияи Б. Ғафуров Раҳмонқулов Фарҳод ва муовини сардори нозироти андоз Зарафшон Раҷабзода чун мутасаддиёни ин маркази савдо таъин шудаанд, ки мо аз кори ин кормандони худ розием. Дар ғанӣ гардонидани буҷаи мамлакат саҳми ҶДММ “Элегант”, ҶДММ “Фароҳ”, ҶДММ “Доро-инвест”, ҶДММ “Куруш-777”, ҶСП “Норд Азия метал”, ҶДММ “Мироб-Суғд”, ҶДММ “Кедр”, ҶДММ “Ҷӯраев А.” ва дигар шахсони ҳуқуқӣ басо калон мебошад. Роҳбарони ин ин корхонаҳо чун қарзи фарзандӣ ғанӣ гардонидани буҷаро барои худ фарз дониста, дар вақташ пардохтҳои давлатиро ба сомон мерасонанд. Агар сафи чунин соҳибкорони ватандӯст боз ҳам зиёдтар мешуд, нуран алонур мешуд. Зеро, дар халқ мақоле ҳаст, ки “Андозро супору ором бихоб” ва онҳое, ки андозро дар вақташ пардохт намекунанд, ҳатман кормандони шуъбаи мо дарашонро мекӯбанд, то андозҳоро супоранд. Ногуфта намонад, асосгузор, ҳомӣ ва пешоҳанги фаъолияти соҳибкорӣ худи Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, ки мо аз ин ифтихор дорем”.

Саиди ҲАЙДАР, МТЖТ

Добавить комментарий