Ҳар як кишвар ба тарзи гуногун ва бо назардошти рушди худ пайвасти ҷомеаи байналмилалӣ мебошад. Тоҷикистон на танҳо ба қатори кишварҳои дорои иқтисоди марҳалаи гузариш дохил мешавад, балки кишвари аз ҷиҳати даромад дар сатҳи поёнтар қарор дорад. Мувофиқи иттилооти ЕSCAP ҳаҷми ММД ба сари ҳар нафар аҳолӣ 765 сомониро ташкил медиҳад, ки Тоҷикистон аз ҳама кишвари қафомонда на танҳо дар қаламрави Осиёи Марказӣ, балки дар тамоми фазои собиқ Шӯравӣ ба ҳисоб меравад. Дар натиҷаи таъсири омилҳои сершумор ҷои ӯ дар миёни чунин кишварҳои камтараққикарда ба монанди Бангладеш, Непал, Камбоҷа, Лаос ва Тимор Лесте мебошад. Аз ин ҷо хулоса бармеояд, ки кишвари мо мӯҳтоҷ ба кӯмаки калон ва шиддатнок аз ҷониби донорҳои байналмилалӣ мебошад, зеро сатҳи пасти ММД ба ҳар сари аҳолӣ дар пайи худ хатарҳои расидан ба ҳадафҳои рушдро дорад. Чун Тоҷикистон хусусият ва омилҳои рушди худро дорост, кӯмакҳои ҷомеаи байналмилалиро ба он самтҳое равона бояд кард, ки тавонанд фоиданокии зиёди иҷтимоӣ-иқтисодиро таъмин намоянд. Аз сӯи дигар, таҳия ва амалигардонии стратегияҳое, ки ба одамони ҷавон имконияти пайдо кардани кори арзанда ва маҳсулнокро медиҳанд, ногузир аст. Зеро таври маълум, яке аз мушкилоти умдаи рӯзафзун сатҳи пасти бекорӣ миёни ҷавонон мебошад. Табиист, ки сухан дар бораи паст кардани сатҳи бекорӣ байни ҷавонон меравад. Тоҷикистон барои бо ҷои кор таъмин намудани шумораи сол то сол афзояндаи ҷавонон имкониятҳои моддӣ-техникӣ ва молиявиро надорад. Дар натиҷа ҷавонон ё дар соҳҳаҳои ғайрирасмӣ ба кор медароянд, ё ба кишварҳои дигар ба ҷустуҷӯи кор мераванд. Ҳол он ки дар худи ҷумҳурӣ метавон ҷойҳои кориро барои ҳар як коргар, вобаста ба хусусияти ҷои кор (меҳнатталабӣ, масолеҳғунҷоӣ, илмғунҷоишӣ, ғунҷоиши фондҳо) ташкил дод. Аммо мутаассифона, на буҷети давлат, на бахши хусусӣ имкониятҳои пурра бо кор таъмин намудани захираҳои меҳнатии афзояндаро надорад. Ҳамасола ба ҳисоби миёна афзоиши захираҳои меҳнатӣ 130 — 140 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ки барои онҳоро бо ҷои кори арзонтар ва меҳнатталаб таъмин намудан на кам аз 700 млн. долл. ИМА лозим аст. Вале агар онҳо мувофиқи сохтори соҳавии иқтисодиёти кунунӣ бо ҷои кор таъмин шаванд, пас дар як сол 4,14 млрд. долл. ИМА лозим мешавад, ки он 86,0% аз ҳаҷми умумии ММД-и кишварро ташкил медиҳад. Ин танҳо мутобиқи як сол аст. Барои ҳамин ҳар сол зиёда аз 80% шумораи афзояндаи захираҳои меҳнатии мардона ба Россия, Қазоқистон, Белорус, Украина, АМА мераванд, то ҷои кор бо музди арзандаро пайдо кунанд. Вобаста ба ин бояд қайд намуд, ки музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон барои таъмини на танҳо зиндагии арзандаи хонадон, балки ҷиҳати бавуҷудоварии қувваи корӣ нокифоя мебошад. Бар ивази музди меҳнати моҳона дар Тоҷикистон 150 кг, дар Озарбойҷон- 318 кг, дар Белорус-280 кг, дар Қазоқистон-307 кг, дар Россия -533 кг, дар Украина- 319 кг гандум харидан мумкин аст. Тақрибан ҳамин чиз ба дигар маҳсулотҳо (картошка, гӯшт, шир, равған, тухм ва ғ.) низ дахл дорад.

Сол аз сол миқдори ҷавононе, ки ба ҳайати муҳоҷирони меҳнатии беруна меомезанд, афзун мегардад. Айни замон тибқи иттилооти Хадамоти муҳоҷират дар кишварҳои хориҷӣ наздик ба 700 ҳазор нафар зодагони Тоҷикистон меҳнат мекунанд, ки назар ба зодагони дигар кишварҳои собиқи шӯравӣ онҳо бештар ба кӯмак ниёз доранд, чунки истисмор ва таъзиқ карда мешаванд. Ин пеш аз ҳама аз он бармеояд, ки қисми асосии муҳоҷирони меҳнатии тоҷик (то 80%) ба тариқи пинҳонӣ кор мекунанд. Сабабҳои ин вазъият аз надонистани забони русӣ, нафаҳмидани қонуни меҳнати кишварҳои истифодабарандаи қувваи корӣ, паст будани сатҳи таҳсилот ва касбӣ-тахасусии худи муҳоҷирон иборат мебошад. Бинобар ин, муҳоҷирони тоҷик аз ҳама каммузд ба ҳисоб мераванд. Қисми асосии онҳо корҳои чиркин, беихтисос ва барои саломатӣ зарароварро иҷро мекунанд.

Ҷомеаи байналмилалӣ то ҳол ба ин зумра ҷавонон таваҷҷӯҳи лозим намедиҳад. На Созмони байналмилалии муҳоҷират, на Созмони байналмилалии меҳнат ва на ташкилотҳои молиявӣ-иқтисодии байналмилалӣ то ҳол натавонистаанд кори худро нисбат ба ин зумраи аҳолӣ дигаргун созанд. Ҳатто ба ҳаҷми хеле калони маблағҳои пулие, ки муҳоҷирони меҳнатӣ равон мекунанд (то 2,7 млрд. долл. ИМА) нигоҳ накарда, онҳо натавонистанд пастравии сатҳи камбизоатиро дар Тоҷикистон тезонанд. Ғайр аз ин дар солҳои бӯҳрони иқтисодӣ маблағи пулҳои равонкардаи муҳоҷирон то 1,8 млрд. долл. ИМА ихтисор гардид. Таҳқиқот нишон дод, ки ММҶ сохти синну солӣ ва ҷинсии аҳолии кишварро хароб карда, ба сустшавии оила ва пастшавии иқтидори тарбиявии ҷомеа мебарад. Он ба бадшавии иқтидори сиҳатмандии оила, ба норасоии қувваи кории мутахассис, алалхусус дар соҳаи кишоварзӣ, ба таназзули шумораи калони муҳоҷирон оварда мерасонад. Вобаста ба ин хавфҳои сершумор ба амал меоянд — беодамгардии бисёр маҳалҳои аҳолинишин, зиёд гардидани шумораи духтароне, ки имконияти пайдо кардани ҳамсафари ҳаётро надоранд, паст шудани маҳсулнокии меҳнат, паст шудани истифодаи меҳнати ихтисосӣ ва ғ.

Барои барҳам задани мушкилоти бамиёномада баланд бардоштани нақши созмонҳои байналмилалии молиявӣ-иқтисодиро дар боло бурдани тахассуси ҷавонон, омода кардани шумораи ҷавонон барои кори бомувафаққият дар кишварҳои қабулкунандаи қувваи хориҷии корӣ, бо ҳаҷми афзуншаванда барои ҷавонон эҷод кардани ҷойҳои нави корӣ ва барқарор кардани ҷойҳои корие, ки дар гузашта мавҷуд буданд, ҳамчунин, талошҳои Созмони байналмилалии меҳнат, Созмони байналмилалии муҳоҷират ва созмонҳои дигар барои мусоидат намудан ба баланд бардоштани сатҳи қонунисозии муҳоҷирати меҳнатӣ аз Тоҷикистон, риояи ҳуқуқҳо ва манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ аз ҷониби кишварҳои қабулкунанда, расонидани кӯмак ба Ҳукумати Тоҷикистон дар гуногунсозии ҷуғрофиёи муҳоҷирати қувваи корӣ аз Тоҷикистон бо таъкид ба кишварҳое, ки дар он ҷо ҳуқуқҳо ва манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ дар муқоиса бо Россия, Қазоқистон, Имороти Муттаҳидаи Араб беҳтар риоя карда мешаванд, тақвият додани ҳамоҳангсозии фаъолияти донорҳои байналмилалӣ барои эҷод кардани ҷойҳои пурдаромад ва музди баланди корӣ дар Тоҷикистон, махсусан, дар чунин соҳаҳое мисли кишоварзӣ, саноат, сайёҳӣ, сохтмон бемайлон зарур аст.

Сангинмуроди Ҳикматуллозода

1 бинависед

  1. «Олими» мухтарам, аз ин андешахои шумо бармеояд, ки дар бекории чавонон хама, аз чумла срозмонхои байналмилали хам, гунахкоранд, вале Хукумати Точикистон «мусича» аст…. Чаро шумо ин кадар дар бораи зарурати «кумаки башардустона» харф мезанед? О,, вай кумакхои то ин дам чудошуда кучо шуд?…Касе хисобот дод? Ва шумо бовари доред, ки кумакхои навбати низ «хазми чигилдоне» намешаванд? Малол нашавед, тахлилхои руяки кардед,, нигохи объективии илми нест….Мардума ба кумакпурсию туфайлихури одат кунонидан окибат надорад, танхо такя ба куввату заковати худи миллат баракату самара меорад…. Чоя бги, маълм!…

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here