Ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон дар бораи воқеаҳои солҳои буҳрони молиявӣ, махсусан соли 2016, хуб огоҳанд. Шумораи зиёди бонкҳои кишвар муфлис шуданд ва ҳоло ҳам шахсоне, ки дар чунин бонкҳо депозит доранд, наметавонанд маблағҳои худро баргардонанд.

Чунин ҳолат муносибати мардумро нисбати бонкҳо ба куллӣ дигар кард. Одамон дигар ба системаи бонкӣ эътимод надоранд ва шумораи зиёди шаҳрвандон маблағҳои худро аз суратҳисоби депозитӣ баргардониданду дигар намехоҳанд таваккал карда, дубора ба системаи бонкӣ бовар кунанд. Ҳамин гуна ҳолати мушкил бо «Агроинвестбонк» рух дод, ки пештар яке аз бонкҳои бонуфузи ҷумҳурӣ ба ҳисоб мерафт.

Депозитҳоро ба одамон аз рӯи навбат дар ҳаҷми на зиёдтар аз 500 сомонӣ бармегардонанд. Агар ягон шахс дар ин бонк зиёда аз 1000 доллар маблағ дошта бошад, дар ин ҳолат ӯ дар давоми зиёда аз як сол маблағи худро интизор мешавад, чунки навбат барои қабули маблағ дар бонк тӯли се ва баъзан зиёдтар моҳ меояд.

Бо назардошти он, ки ҳамаи мо одамони оддӣ ҳастем, намедонем оё метавонем пасандози худро аз бонк баргардонем ё не. Зеро ҳолатҳое низ ҳастанд, ки бонк муфлис мешавад ва одамон тамоман наметавонанд маблағеро, ки бо мушкилиҳои зиёд, меҳнати ҳалол ва тӯли солҳои зиёд ҷамъ кардаанд, баргардонанд.

Ҳеҷ кас намедонад, ки ояндаи ин бонк чист ва ба саволҳои одамон кормандони «Агроинвестбонк» ҷавоб дода наметавонанд. «Агроинвестбонк» тӯли чандин сол дар ҳолати муташанниҷ қарор дорад ва дақдири он норавшан боқӣ мемонад. Маълум нест, ки одамон  имконияти баргардонидани маблағҳояшонро аз ин бонк доранд ё не. Агар ба масъалаи мазкур ба таври объективӣ назар кунем, бояд фикр кунем, ки чӣ гуна мумкин аст ба он дар ҳалли мушкилоташ ёрӣ расонд.

Дар ин ҳолат ба ҳеҷ кас умед бастан мумкин нест, зеро ягон сармрягузори хориҷӣ маблағҳои худро ба бонке, ки дар марҳилаи муфлисшавӣ қарор дорад, намегузорад. Бояд роҳҳои дигареро дар ин ҳолат пайдо кард.

Агар ба бонк ёрӣ диҳанд, ки ҳадди ақал нисфи пасандози мардумро бидиҳад, бонк аллакай метавонад ба сармоягузорони хориҷӣ барои барқарорсозии фаъолияташ муроҷиат кунад.

Набояд фаромӯш кард, ки «Агроинвестбонк» яке аз бонкҳои пешрафтаи Тоҷикистон буд ва шумораи зиёди мизоҷонро дошт, ки танҳо аз хизматрасониҳои ин бонк истифода мебурданд ва дар интихоби худ принсипҳои худро иваз намекарданд. Ҳамин мизоҷон дар ҳолати барқароршавии фаъолияти бонк метавонанд то охир аз хизматрасонии танҳо ҳамин бонк истифода бубаранд. Барои ин бояд қарори дурустро барои расонидани мусоидати самаранок ба ин бонк бароранд.

Яке аз роҳҳо — ин расонидани ёрӣ тавассути бонкҳои дигари муваффақ аст, ки метавонанд бе расонидани зарар ба худ, ба «Агроинвестбонк» ёрӣ расонанд.

Бояд қайд кард, ки вақте «Агроинвестбонк» рӯ ба муфлисшавӣ ниҳод (се сол пеш), шумораи зиёд ва қариб ҳамаи мизоҷони он ба истсфодабарии хизматрасониҳои бонкҳои дигар, махсусан «Эсхата» ва «Имон интернешнл» гузаштанд. Пас аз сеюним сол ин бонкҳо бо мизоҷони «гуреза»-и бонки ҳамсоя ва бо мизоҷони худ фоидаи калонеро ба даст оварданд.

Агар дар ин марҳила бонкҳо ба «Агроинвестбонк» дар ин ҳолати вазнин мусоидат кунанд ва дасти ёрӣ дароз намоянд, ин ҳамчун мусоидати байнибонкӣ ба ҳисоб мерафт, чунки бонкҳо барои ин амал имконияти молиявӣ доранд. Бо кадом шартҳо ин корро кардан мумкин аст, ба ҳуқуқшиносон ва иқтисодчиёни онҳо маълумтар аст. Лекин, дар умум, ин ташаббус хеле ҳам саривақтӣ ва муҳим мебошад.

Шояд дар ояндаи наздик «Агроинвестбонк» метавонад бо мизоҷони худ ҳисоббаробаркуниро анҷом диҳад ва сармоягузорони хориҷӣ ба он албатта аҳамият медиҳанду рӯзе меояд, ки нуфузи пештараи худро пайдо мекунад ва ҳамчун яке аз бонкҳои пешрафтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон боқӣ мемонад.

 

Ҷамшед ҲИДОЯТОВ, ҳуқуқшинос

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here