Нозироти андоз дар ноҳияи Ёвон фаъолияти худро мутобиқи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси андоз, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020», дастуру супоришҳои Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба роҳ монда, дар семоҳаи аввали соли 2020 баҳри таъмини саривақтии андозҳои давлатӣ як қатор корҳоро ба анҷом расонидааст.

Мутобиқи махзани маълумотҳои барномаи компютерӣ, ба ҳолати 01.03.2020 шумораи умумии андозсупорандагон 55018 адад мебошад, аз ҷумла шахсони ҳуқуқӣ 603 адад, соҳибкорони инфиродӣ 528 адад, хоҷагиҳои деҳқонӣ 4404 адад, соҳибкорони инфиродии тибқи патент фаъолияткунанда 2295 адад. Инчунин, супорандагони андозҳо аз молу мулки ғайриманқул 25537 ададро ташкил медиҳанд.

Аз шумораи умумии 603 адад шахсони ҳуқуқӣ 54 адад дар низоми умумии андозбандӣ, 137 адад корхонаҳои буҷетӣ ва 80 адади он бо РСБ  фаъолият менамоянд.

Иҷроиши нақшаи қисми даромади андозҳои буҷети давлатӣ дар ноҳия дар маҷмуъ бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ дар семоҳаи аввали соли 2020 ба андозаи 103,4 % фоиз таъмин гардида, ба ҷойи 56 миллиону 118,1 ҳазор сомонии нақшаи пешбигардида 58 миллиону 015,1 ҳазор сомонӣ ба буҷет ворид гаштааст, ки нисбати нақша 1 миллиону 897,0 ҳазор сомонӣ зиёд ва нисбати семоҳаи аввали соли 2019-ум 11 миллиону 312,7 (58 015,1 — 46 702,4) ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Аз он ҷумла, дар семоҳа нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ дар ҳаҷми 104,2 фоиз таъмин гардида, ба ҷойи 48 миллиону 582,7 ҳазор сомонӣ нақшаи пешбинигардида ба буҷети маҳаллӣ 50 миллиону 621,9 ҳазор сомонӣ ворид гардидааст, ки нисбати нақша 2 миллиону 039,2 ҳазор сомонӣ зиёд ва нисбати ҳамин давраи соли гузашта 10 миллиону 232,3 ҳазор сомонӣ (50 621,9 — 40 389,6) зиёд мебошад.

Дар семоҳаи ҳисоботӣ иҷроиши нақшаи андози иҷтимоӣ аз ҳисоби ташкилотҳои ғайрибуҷетӣ ба андозаи 98,1 фоиз таъмин гардида, ба ҷойи 7 535,3 ҳазор сомонӣ ба Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 7 393,1 ҳазор сомонӣ ворид карда шудааст, ки ин нишондиҳанда нисбати ҳамин давраи соли гузашта 1 080,4 ҳазор сомонӣ зиёд буда, нисбати нақшаи пешбинигардида дар семоҳаи соли ҷорӣ 142,2 ҳазор сомонӣ кам мебошад, ки ин норасоӣ асосан аз ҳисоби андозсупорагони калон мебошад (7 393,1 — 6 312,7). Аз ҷумла, андозсупорандагони калон нақшаи андози иҷтимоии ғайрибуҷетиро дар семоҳа дар ҳаҷми 92,1 фоиз таъмин намуда, ба ҷойи 3240,3 ҳазор сомонӣ ба буҷет 2989,1 ҳазор сомонӣ ворид намудаанд, ки нисбати нақша 251,2 ҳазор сомонӣ кам ва нисбати семоҳаи соли 2019-ум 105,7 ҳазор сомонӣ (2989,1 — 2827,7) зиёд мебошад.

Кормандони Нозироти андоз дар ноҳияи Ёвон дар иҷроиши нақшаи даромади андозҳо бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ саҳми арзанда гузошта, нақшаи қисми даромади буҷети давлатиро дар семоҳа дар ҳаҷми 109,1 % таъмин намудаанд. Ба ҷойи 18 510,7 ҳазор сомонии нақшаи вобастагардида 20 миллиону 204,4 ҳазор сомонӣ ба буҷети маҳаллӣ ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ворид карда шудааст, ки ин нишондиҳанда нисбати нақшаи пешбинигардида 1 миллиону 693,7 ҳазор сомонӣ ва нисбати семоҳаи аввали соли 2019-ум 3 миллиону 933,2 (20 204,4 — 16 271,1) ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Аз ҷумла, дар ин давра нақшаи қисми даромади буҷетро бе назардошти андози иҷтимоӣ ба андозаи 111,1 % таъмин намуда, ба ҷойи 14 миллиону 215,6 ҳазор сомонӣ пешбинишуда ба буҷети маҳаллӣ 15 миллиону 800,3 ҳазор сомонӣ ворид намудаанд, ки он нисбат ба нишондиҳандаҳои нақшавӣ 1 миллиону 584,8 ҳазор сомонӣ зиёд ва нисбат ба маблағҳои дар ҳамин давраи соли 2019 воқеан ҷамъоварӣ гардида ба андозаи 3 миллиону 014,2 ҳазор сомонӣ, ё худ 23,6 % бештар мебошад (15 851,7 — 12 786,1).

Нақшаи андози иҷтимоӣ аз ҳисоби ташкилотҳои ғайрибуҷетӣ дар ин давра дар ҳаҷми 102,5 фоиз таъмин гардида, ба ҷойи 4 миллиону 295,1 ҳазор сомонии пешбинишуда ба буҷети Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа маблағи 4 миллиону 404,1 ҳазор сомонӣ ворид карда шудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба нақшаи пешбинишуда 108,9 ҳазор сомонӣ ва нисбати ҳамин давраи соли гузашта 918,9 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад (4 404,1 — 3 485,0).

Саҳми Нозироти андозсупорандагони калон дар қисмати иҷроиши андозҳо бе назардошти андози иҷтимоӣ дар семоҳаи соли 2020 ба андозаи 101,3 % таъмин гардида, ба ҷойи 34 миллиону 367,1 ҳазор сомонии нақша 34 миллиону 821,6 ҳазор сомонӣ ба буҷети давлат ворид гаштааст, ки нисбати нақша 454,5 ҳазор сомонӣ зиёд ва нисбати се моҳи соли 2019-ум 7 миллиону 218,1 (34 821,6-27 603,5) ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Аз ҳисоби 4 намуди сарчашмаҳои қисми даромади буҷети маҳаллӣ дар маҷмуъ 2 миллиону 693,4 ҳазор сомонӣ ворид нагардидааст. Андоз аз даромад ба ҷойи 23 миллиону 697,5 ҳазор сомонии нақшаи пешбинигардида 21 миллиону 429,2 ҳазор сомонӣ ба буҷет ворид карда шудааст, ки ин 90,4 фоизи нақшаро ташкил намуда, ё ин ки нисбати нишондиҳандаи нақшавӣ 2 миллиону 268,2 ҳазор сомонӣ кам мебошад.

Шумораи коргарон ва пардохтҳо дар шакли музди меҳнати корхонаҳои тобеи НАК-и ноҳия, аз ҷумла ҶСП “Ато” — 18 нафар, ФММ — 37,5 ҳазор сомонӣ, ҶДММ “ Талко Кемикал” — 38 нафар, ФММ — 58,2 ҳазор сомонӣ,ҶДММ “ Ваҳдат” — 97 нафар, ФММ-270,6 ҳазор сомонӣ, ҶДММ “ Хуаҷиан Ғаюр Индастриал” — 7 нафар, ФММ — 52,3 ҳазор сомонӣ ва Намояндагии ҶДММ Сохтмонии “Сужоу Чжунтсай” – 252 нафар, ФММ — 1726,7 ҳазор сомонӣ кам гардидааст. Бинобар бо пуррагӣ фаъолият накардани корхонаҳои болозикр шумораи коргарон ва фонди музди меҳнат дар семоҳаи якуми соли 2020 нисбат ба семоҳаи якуми соли 2019 кам гардидааст, ки ин ҳолат бевосита ба ҳисобу пардохти андоз аз даромад таъсири манфӣ расонида, маблағи андоз аз даромад дар ҳаҷми 146,8 ҳазор сомонӣ кам ҳисоб ва ба буҷет пардохта шудааст.

Аз ҳисоби 79 адад корхонаҳои дар қайди Нозироти андози ноҳия буда аз сабаби пурра фаъолият накардан шумораи кормандон 173 нафар ва ФММ дар ҳаҷми 550,0 ҳазор сомонӣ нисбати ҳамин давраи соли гузашта кам гардидааст. Аз ин ҳисоб маблағи андоз аз даромад ба андозаи 71,5 ҳазор сомонӣ ба буҷет ворид нагардидааст.

Нисбати семоҳаи якуми соли 2019 афзоиш ёфтани нақшаи даромади андози даромад ба маблағи 11 миллиону 160,7 ҳазор сомонӣ, ё ин ки дар ҳаҷми 189,0 фоиз аст.

Андоз аз фоида ба ҷойи 6 миллиону 103,5 ҳазор сомонии нақша 6 миллиону 051,6 ҳазор сомонӣ ба буҷет ворид карда шудааст, ки 99,2 фоизи нақшаро ташкил медиҳад ва нисбати нақша 51, 9 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби корхонаҳои НАК-и ноҳия кам ворид гардидааст. Сабаби асосии иҷро нагардидани нақшаи ин намуди андоз аз ҳисоби ҳиссаҷудокунӣ байни буҷети вилояти Хатлон ва ноҳия мебошад.

Қайд намудан бамаврид аст, ки тибқи қарори Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон андоз аз фоидаи ҶДММ “ Хуаксин Ғаюр семент” 50 фоиз ва ҶДММ “ШБИ Чжунт сай Моҳир семент” 50 фоиз ба буҷети вилоят пардохт мешавад.

Андоз аз арзиши иловашуда ба ҷойи 10 миллиону 183,3 ҳазор сомонии нақша 4 миллиону 980,3  ҳазор сомонӣ ба буҷет ворид карда шудааст, ки нисбати нақшаи пешбинишуда 5 миллиону 203,1 ҳазор сомонӣ кам буда, ҳамагӣ 48,9 фоизи иҷроиши нақшаи пешбишударо дар бар мегирад.

Сабабҳои иҷро нагардидани нақшаи андоз аз арзиши иловашуда:

Бо пуррагӣ ба берун аз марзи ҷумҳурӣ содирот намудани маҳсулотҳои истеҳсолнамудаи корхонаҳои ҶДММ “ Хуаксин Ғаюр семент”, ҶДММ “ Ваҳдат”, ҶДММ “ Талко Кемикал” ва ҶДММ “ ШБИ Чжунт сай Моҳир семент”, ки ба пуррагӣ содироти молҳо аз руи меъёри сифриӣ андозбандӣ мешаванд.

Ба маблағи 3 миллиону 461,4 сомонӣ ( 25,4%) зиёд гардидани нақша нисбати ҳамин давраи соли гузашта.

Аз 68 адад супорандагони ААИ-и ноҳия,  51 адад андозсупорандагон дар семоҳа фаъолият намудаанд,ки 75 фоизи шумораи андозсупорандагонро ташкил медиҳад.

Дар давоми семоҳа бо мақсади кам намудани бақияпулиҳои андоз тибқи талаботҳои муқаррароти моддаҳои дахлдори Кодекси андоз аз ҷониби кормандони Нозироти андоз як қатор чораҳои зарурӣ андешида шудаанд. Аз ҷумла, дар давоми семоҳа ба 724 адад андозсупорандаи қарздор аз тариқи барномаи СИА “Идоракунӣ ва мониторинги қарзи андозҳо” ба маблағи 5 миллиону 049,4 ҳазор сомонӣ огоҳинома ирсол гардида, дар натиҷа аз ин ҳисоб ба буҷет ба маблағи 2 миллиону 171,6 ҳазор сомонӣ ворид карда шудааст.

Дар 3 моҳи соли 2020 аз тарафи Нозироти андоз тибқи тартиби ғайрисудӣ оид ба маҷбуран ситонидани андозҳо нисбати 97  андозсупоранда 138 адад маводҳо ба маблағи умумии 4 миллиону 808,6 ҳазор сомонӣ омода шуда, ба Раёсати андоз дар вилояти Хатлон пешниҳод гардида, қарорҳои дахлдор қабул гардидааст, ки аз ин ҳисоб ва қарорҳои дар соли 2019 қабулгардида ба буҷети маҳаллӣ ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар маҷмуъ 1 миллиону 231,1 ҳазор сомонӣ ворид карда шудааст.

Шумораи 12 адад андозсупорандагоне, ки ба санаи 01.03.2020 дар маҷмуъ 6 миллиону 752,7 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби андозҳо қарздор будаанд, барои ҷораҷуӣ ба Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия пешниҳод карда шудаанд.

Барои пардохт накардани маблағи бақияпулиҳои андоз нисбати 10 андозсупоранда парванда оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шуда, нисбати онҳо ба маблағи умумӣ 47 ҳазору 991 сомонӣ ҷаримаи маъмурӣ татбиқ карда шудааст.

Чораҳои андешидашуда натиҷаи мусбат дода, дар давоми семоҳа маблағи бақияпулиҳо дар ҳаҷми 2 миллиону 188,9 ҳазор сомонӣ кам гардида, ба санаи 01.04.2020-ум 5 миллиону 282,4 ҳазор сомониро ташкил намудааст.

Бояд қайд намуд, ки новобаста ба он, ки бақияпулии андоз дар давраи ҳисоботӣ кам шуда бошад ҳам, лекин бақияпулиҳои андоз аз ҳисоби баъзе корхона ва ташкилотҳо афзоиш ёфта истодааст. Аз ҷумла, ҶДММ “Ист Каттон” ба ҳолати 01.01.2020 ба маблағи 15,8 ҳазор сомонӣ қарздор буда, ба 01.04.2020 бошад, ин маблағ ба 169,2 ҳазор сомонӣ расида, 153,3 ҳазор сомонӣ афзоиш ёфтааст. Ё ин ки Идораи беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Ёвон ба ҳолати 01.01.2020 ба маблағи 543,8 ҳазор сомонӣ қарздор буда, ба 01.04.2020 ин маблағ 623,3 ҳазор сомониро ташкил намуда, нисбати аввали сол 79,5 ҳазор сомонӣ афзоиш ёфтааст. Корхонаи истифодабарию сохтмонии оби нӯшокии деҳоти ноҳияи Ёвон ба санаи 01.01.2020-ум 39,1 ҳазор сомонӣ ва ба ҳолати 01.04.2020-ум 46,6 ҳазор сомонӣ қарздор буда, нисбати аввали сол ба маблағи 7,6 ҳазор сомонӣ афзоиш ёфтааст. Бахши ҶСК “Содиротбонк” ба ҳолати 01.01.2020 ба маблағи 123,7 ҳазор сомонӣ қарздор буда, ба санаи 01.04.2020 маблағи қарз 129,2 ҳазор сомониро дар бар гирифта, нисбат ба аввали сол 5,5 ҳазор сомонӣ зиёд шудааст. ҶДММ “Имтасил” ба ҳолати 01.01.2020 ба маблағи 153,4 ҳазор сомонӣ қарздор буда, дар давоми семоҳа 6,0 ҳазор сомонӣ зиёд гардида, ба санаи 01.04.2020 маблағи 157,4 ҳазор сомониро ташкил намудааст.

Сари вақт ошкор намудани қонунвайронкуниҳои андоз ва чораҷӯӣ намудан ҷиҳати пешгирии онҳо омили муҳим ва таъсирбахши таъминкунандаи интизоми андоз ва тартиботи ҳуқуқӣ буда, бинобар ҳамин, солҳои охир аз ҷониби Нозироти андоз ба ин самти фаъолият бештар аҳамият дода мешавад.

Дар 3 моҳи соли 2020 аз тарафи Нозироти андоз 128 ҳолати ҳуқуқвайронкуниҳо ошкор ва шахсони дахлдор ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, нисбати онҳо ба маблағи умумии 271,7 ҳазор сомонӣ ҷаримаҳои маъмурӣ татбиқ гардида, аз ин ҳисоб 156,0 ҳазор сомонӣ ба буҷаи ҷумҳурӣ ворид карда шудааст. Қайд намудан ҷоиз аст, ки шумораи шахсони дар давоми семоҳа ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидашуда нисбати ҳамин давраи соли гузашта 95 (128 — 33) адад ва маблағи ҷаримаи татбиқгардида 179,7 (271,7 — 92,0) ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Дар семоҳаи ҳисоботӣ бо мақсади дарёфти манбаҳои иловагии андоз як қатор корҳои назоратӣ гузаронида шудааст. Аз ҷумла, дар давоми семоҳа нисбати 68 адад андозсупоранда назорати камералӣ гузаронида шуда, дар маҷмуъ 3 миллиону 108,5 ҳазор сомонӣ маблағҳои иловагии андоз ошкор шудааст. То санаи 01.04.2020 аз ҷониби 61 адади андозсупоранда дар ҳаҷми умумӣ 1 миллиону 962,0 ҳазор сомонӣ эъломияҳои иловагӣ оид ба ислоҳи номутобиқатиҳои дар эъломияҳои андоз ҷойдошта ва нисбати 213,4 ҳазор сомонии ҳисобшуда ҳуҷҷати тасдиқкунанда пешниҳод гардидааст. Аз маблағҳои ҳисобшудаи андоз 90,5 ҳазор сомонӣ ҳисоб шуда, аз ҳисоби ҳақдорӣ пӯшонида шуда, 224,9 ҳазор сомонӣ ба буҷет пардохта шудааст. Боқимонда 1 миллиону 146,5 ҳазор сомонӣ маблағҳои ҳисобшудаи андоз аз ҳисоби 7 адад андозсупоранда дар марҳилаи баррасӣ мебошанд.

Бо мақсади муайян намудани манбаи аслии андозбандишаванда дар се моҳи соли 2020 дар фаъолияти 7 андозсупоранда муоинаҳои хронометражӣ гузаронида шудааст. То давраи таҳти муоинаи хронометражӣ қарор доштан ҳамаи андозсупорандагоне, ки дар 3 моҳи соли 2020 таҳти муоинаи хронометражӣ қарор дода шудаанд, манбаи андозбандишавандаро мустақилона ба ҳисоби миёна дар як моҳ 222,4 ҳазор сомонӣ нишон дода, андозҳои муқаррарнамударо пардохт намудаанд. Натиҷаи муоинаи хронометражӣ дар фаъолияти ин андозсупорандагон нишон додааст, ки гардиши молии онҳо ба ҳисоби миёна дар як моҳ 337,0 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба манбаи андозбандишавандае, ки андозсупорандагон мустақилона пешниҳод намудаанд, ба андозаи 114,6 ҳазор сомонӣ барои як моҳ зиёд мебошад.

Аз ҷониби кормандони Нозироти андоз дар давоми семоҳа нисбати 9 адад андозсупоранда барои истифода набурдани Мошинаи назоратию хазинавии дорои хотираи фискалӣ хариди назоратӣ гузаронида шуда, дар натиҷа 9 адад протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба маблағи 48,8 ҳазор сомонӣ тартиб дода шудааст. Ҳамчунин дар семоҳа нақшаи таъмини МНХ-и дорои хотираи фискалӣ дар ҳаҷми пурра иҷро шуда, дар 31 адад нуқтаҳои фаъолияти соҳибкорӣ МНХ-и дорои хотираи фискалӣ насб карда шудааст.

Дар ин давра дар асоси 3 амрномаи Нозироти андоз 8 нафар кормандони Нозирот барои гузаронидани санҷишҳои амалиётӣ сафарбар гардидаанд. Дар давраи гузаронидани санҷишҳои амалиётӣ кормандони ба санҷиш сафарбаргардида фаъолияти 215 нафар андозсупорандаро, ки ба фаъолияти хизматрасонии нақлиётӣ машғул мебошанд, таҳти санҷишҳои амалиётӣ қарор додаанд. Дар натиҷаи санҷишҳои амалиётии гузаронидашуда аз шумораи умумии андозсупорандагон 58 нафар ё ин ки 27,0 фоиз шахсони воқеӣ, ки бидуни қайд дар мақомоти андоз ба фаъолияти соҳибкории ғайриқонунӣ машғул гардидаанд, ошкор карда шудааст, ки дар ҳамин давра ин шахсон бо ҳуҷҷати соҳибкорӣ таъмин ва расман дар мақомоти андоз ба қайд гирифта шудаанд.

Инчунин, дар рафти гузаронидани корҳои назоратӣ аз тарафи Нозироти андоз 32 ҳолати бе қайди мақомоти андоз аз тарафи шахсони воқеӣ ба  иҷора додани молу мулки ғайриманқул ба маблағи 19,2 ҳазор сомонӣ ошкор карда шудааст.

Ба гуфтаи сардори Нозироти андоз дар ноҳияи Ёвон, муҳтарам Ализода Баҳодур Раҳматулло, “андоз аз қадимулайём пойдевори давлату давлатдорӣ буда, бунёдгузори мақомоти андоз ва ҳаракати соҳибкориву тиҷоратӣ дар кишвар Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор мераванд. Маҳз Пешвои муаззам буданд, ки 4-уми майи соли 1995 Кумитаи андоз дар ҳайати Ҳукумати кишвар ташкил карда шуд. Бинобар ин, ман аз фурсати муносиб, ки баъди чанд рӯзи башумор иди касбии мо — рӯзи ташкилшавии Кумитаи андоз мебошад, истифода бурда, кулли кормандони мақомоти андозро табрику таҳният мегӯям ва ба онҳо сарбаландиву саломатиро орзу намуда, хоҳони ҳамеша иҷро гардидани нақшаҳои буҷетӣ ва пешравиҳо дар кору фаъолияташон мебошам”.

Ба ибрози Ализода Баҳодур, “давоми 10-12 соли охир дар тамоми самтҳои фаъолият ва ташкили базаҳои моддиву техникӣ бо стандартҳои муосир Кумитаи андоз ба пешравиҳои беназир ноил гардидааст, ки ҳамагӣ аз дастгириҳои Пешвои муаззами миллат буда, дар баробари он кас роҳбарияти Кумитаи андози назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ва бахшҳои дар маҳалҳо будаи он чун сарбозони вафодори ватан ҳамешаи омодаи хизмати софдилонаву содиқонаанд”.

— Имрӯз ман аз фурсати муносиб истифода бурда, ба Маҳмадизода Фаррухҷон, Ҳалимов Комронҷон, Раҳимов Шуҳратҷон, Қосимзода Эмомалиҷон, Саидова Ҷасоратхон, Сафаров Изатуллоҷон, Розиқов Раҷабалиҷон барои фаъолияти пурсамарашон миннатдории худро мерасонам. Филиали ҶСК “Бонки Эсхата” дар ноҳияи Ёвон, ҶДММ “Хуаксин Ғаюр Семент”, ҶДММ “Ҷжунгтсай Моҳир Семент”, ҶДММ “Хуаҷиян Ғаюр Индастриал”, ҶДММ “Моҳир пластик”, ҶДММ “Бозори марказии ноҳияи Ёвон”, ҶДММ “Дастони моҳир”, ҶДММ “Ёсин-Ёвон” ва ғайраҳо дар ғанӣ гардонидани буҷаи кишвар саҳмгузор мебошанд, ки номи ин корхонаҳо зиёд солҳо тахтаи фахрии нозироти андозро зеб медиҳад. Ман ба роҳбарияти ин корхонаҳо миннатдории худ ва аҳли кормандони Нозироти андоз дар ноҳияи Ёвонро мерасонам,- афзуд ӯ.

Саиди ҲАЙДАР, МТЖТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here