Барои рушди қолинбофӣ ва баровардани маҳсулоти ҳунармандон ба бозори минтақавию ҷаҳонӣ ниҳодҳои марбута дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд талош меварзанд. Ҳамзамон, дар доираи ин ташаббус паноҳҷӯёну гурезагон ҳам ба шуғл фаро гирифта шудаанд. Ба ин хотир, аз 26-ум то 28-уми сентябри соли 2019 дар доираи ҳамкории Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ бо лоиҳаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди саноат намоиш ва фурӯши тирамоҳии қолинҳои дастбоф баргузор  гардид.

Намоиш дар Иттифоқи рассомони Тоҷикистон сурат гирифт. Мақсад асосии он саҳм гузоштан дар раванди санотикунонии босуръати кишвар, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, рушди туризм ва иҷрои уҳдадории ҶТ доир ба ҳимояи ҳуқуқҳои фитрӣ ва маишии паноҳҷӯён гуфта мешавад. Ҷиҳати дастгирии ҳунармандон як қатор итиёзҳо ҷорӣ гардидаанд.

Содиқҷон Рустамӣ — муовини вазири саноат ва технологияҳои нав дар ин намоишгоҳ иброз намуд, ки ҳунармандон метавонанд бахше аз саноатикунониро тақвият бахшанд. Ӯ гуфт: “Дар натиҷаи чораандешиҳои мудовим анъанаи қолинбофӣ, ҳамчун ҷузъе аз ҳунарҳои марудмӣ, ба тадриҷ ривоҷ ёфта, занону духтарони зиёд аз ин ҳисоб маишати рӯзгори худро таъмин мекунанд. Яке аз ин ташаббусҳо лоиҳаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди саноат ё UNIDO ва Раёсати Комиссариати Олии СММ дар кори паноҳандагон (UNHCR) дар ҳамкорӣ бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав мебошад. Марҳилаи дуввуми лоиҳаи мазкур ҳудуди ду моҳ пеш оғоз гардида, мақсади он бо рушди саноати қолинбофӣ муҳайё сохтани ҷои кор ба занони бекор ва паноҳҷӯёни муқими Тоҷикистон гуфта мешавад. Боло бурдани сатҳи рақобатпазирии маҳсулоти ҳунармандон метавонад заминаи аслии ривоҷи қолинбофии дастӣ шавад”.

Ҳамчунин, Сарвиноз Ҷунайдова — ҳамоҳангсози миллии лоиҳаи UNIDO дар Тоҷикистон гуфт: “Лоиҳаҳо барои модернизатсия ва рақобатпазирии бахши қолинбофӣ ва нассоҷӣ дар Тоҷикистон равона гардидаанд, ки ин ташаббус дар доираи ҳамкорӣ ва шарикӣ бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав сурат мегирад. Моро кишвари Русия низ дастгирии молӣ мекунад. Имрӯз қолинҳои дастбофи коргоҳҳои маҳаллӣ бо истифода аз сӯзанӣ, атлас ва адрас ба намоиш гузошта шуданд. Миллати тоҷик таърихан дорои ҳунарҳои бойи мардумӣ ҳастанд, ки дар онҳо унсурҳои миллӣ таҷассум меёбанд. Ҳунармандони ботаҷрибаи тоҷик дар офаридани ороишоти сангӣ, асбобҳои мусиқию рӯзгор, маҳсулоти заргарӣ маҳорати нодир доранд. Технологияи ин ҳунарҳои мардумӣ аз насл ба насл боқӣ мондаанд. Солҳои ахир Ҳукумати кишвар бо роҳбарии Пешвои миллат ҷиҳати эҳёи ҳунарҳои мардумӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекунанд, ки ин фоли нек аст”.

Бояд гуфт, қолинҳои дастбофи ҳунармандони тоҷику афғон бо ороиши рангҳои нарм, мавзуҳои этникӣ ва нақшҳои аслӣ ба намоиш ва фурӯш гузошта шуда буданд, ки бо назардошти анъанаҳои беҳтарини Шарқ бофта шудаанд. Ин қолинҳо бо мероси ҷовидонаи фарҳанги чандинасра бозгӯи ҳунару марҳорати бонувони тоҷику афғон мебошанд. Қолинбофӣ нақши муҳиме барои таъмини иқтисодӣ ва машғулияти аҳолӣ, бахусус барои занон мебозад. Гуфта мешавад, ҷиҳати шароит фароҳам овардан ба истеҳсолкунандагон корхонаҳои марбута сол аз сол бештар мешаванд. Дар онҳо асосан ашёи хоми маҳаллӣ, монанди пашм истифода мегардад.

Наргис Наврӯзӣ, ки дар доираи лоиҳаи мазкур ба омӯзиши занон машғул аст, дар суҳбат бо мо гуфт: “Акнун ашёи хом ҳам пурра аз дохили кишвар дастрас мешавад. Қолинбофӣ анъанаи нодири шарқӣ буда, ба ҷузъи ҷудонашавандаи ҳунарҳои мардумӣ табдил ёфтааст. Роҳу усулҳои он барои мардумони Тоҷикистону Афғонистон ба хубӣ ошност. Ноаманиҳои сиёсиву амниятӣ дар ин кишвари ҳамсоя боис гардид, ки қисмате аз аҳолӣ дар дигар кишварҳо паноҳ ҷӯянд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бештар аз 2600 гурезаи афғон паноҳандагӣ додааст. Ҷониби Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд талош дорад, то шароити кори муносиберо барои паноҳҷӯён фароҳам намояд”.

Ҷаҳонгир Дуронӣ — намояндаи Раёсати Комиссари Олии СММ дар кори паноҳандагон қайд намуд, ки ҷониби Тоҷикистон дар ин замина уҳдадориҳошро сарбаландона иҷро мекунад. Ӯ аз ҷумла қайд кард, ки

“Тоҷикистон дар доираи салоҳияти хеш имкониятҳои мусоидро ба гурезагон фароҳам овард. Ҳамчунин, иттиҳоди иҷтимоӣ ва ҳамзистии сулҳомезро таъмин намуд. СММ ҳам дар навбати худ барои ҳимояи паноҳҷӯён дар ҳамкорӣ бо ҳукумат лоиҳа ва барномаҳои гуногунро ба роҳ мондааст. Гурезаҳо ҳангоми фирор қобилиятҳо, ҳунарҳо ва донишашонро бо худ мегиранд. Шаҳрвандони ҶИ Афғонистон ҳам дар ин самт истисно нестанд. Ин гурезаҳо донишҳо ва малакаҳои аслӣ ва беназире доранд, аз қабили қолинбофӣ бо усули афғонӣ. Дастгирии паноҳҷӯён барои нигоҳ доштани ҳуввият ва фарҳанг ҳатмист, аммо муҳимтар аз он ҳимояи иҷтимоӣ ва шаъну шарафи онҳост. Хушбахтона, ҷалби занони паноҳҷӯ ба қолинбофӣ ба талошҳои Ҳукумати Ҷумуҳрии Тоҷикстон ҷиҳати рушди сайёҳӣ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ мувофиқат мекунад. Ҷалби гурезагон ба ин соҳа дар иқтисоди миллӣ саҳм хоҳад гузошт”.

Ёдовар мешавем, ки барои омода намудани коллексияи «LA’AL Textiles» дар якҷоягӣ бо кормандони корхонаҳои нассоҷӣ тақрибан аз тамоми минтақаҳои Тоҷикистон занони ҳунарманд, аз ҷумла намояндагони гуруҳҳои осебпазири аҳолӣ, ки дар хонаашон ба бофандагӣ машғул ҳастанд ва инчунин паноҳандагон аз Афғонистон, ки барои онҳо ин намуди кор аксар вақт манбаи ягонаи даромади оилавиашон мебошад, фаъолият мекунанд.

Салмон ПЕШДОДОВ

Добавить комментарий