Ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ба роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарама Озода Раҳмон

Ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба вакилони Маҷлиси Олӣ ва Маҷлиси намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ ва хориҷӣ

 

Муҳтарам Пешвои миллат!

Мо — як гуруҳ шаҳрвандон, собиқ кормандони дастгоҳи марказии Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвонии Шумо муроҷиат намуда, аз Шумо хоҳиш менамоем, ки ҳуқуқи конститутсионии моро ба меҳнат ҳифз намоед. Зеро Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон эродҳои дар санаи 10.05.2019 гирифтаи Шуморо дар мулоқот бо кормандони мақомоти молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкҳо нисбати камбудиҳои дар соҳаи нақлиёт ҷойдошта сӯйистифода намуда, санаи 16.05.2019 бе таъин ва гузаронидани санҷиши хизматӣ ва муайян намудани гуноҳамон, мо — 14 нафар мутахассисонро бо хоҳиши худ аз кор рондааст. Дар маҷлис сардори нави Хадамот Ганҷалзода Шералӣ Раҳмон ва вазир Худоёрзода Худоёр зикр намуданд, ки «мо 2 рӯз дар қабулгоҳи Ҷаноби Олӣ қарор доштем ва тибқи дастури Ҷаноби Олӣ шумо аз вазифа озод шудед». Ҳол он ки, мо дар камбудие, ки дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахошон, аниқтараш роҳи автомобилгарди Кулма-Душанбе вобаста ба воситаҳои нақлиёти гаронвазн ҷой дошт, ягон алоқамандӣ надорем. Мо дар дастгоҳи марказии Хадамот фаъолият намуда, дар кори санҷиши вазни автомобилҳое, ки аз Кулма ба Душанбе меоянд, ягон маротиба ҷалб нашудаем. Назорати ин мошинҳо вазифаи корманди Раёсати Хадамот дар ВМКБ ва Раёсати байналмилалӣ мебошад. Мо мефаҳмем, ки барои ҳифзи ҳуқуқҳои меҳнатиамон бояд ба суд муроҷиат намоем. Ҳамин тавр ҳам кардем. Ба Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе барои ҳифзи ҳуқуқҳои худ муроҷиат намудем, аммо аз он хавф дорем, ки Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз номи Шумо ва эродҳои гирифтаатон ба мустақилияти судҳо зарба зада, дар яктарафа ва ғайриқонунӣ баррасӣ шудани парванда таъсир мерасонад.

Бояд қайд намоем, ки вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёрзода Х. мутаассифона аз ҳолати ҷойдошта, яъне эродҳои Шумо сӯйистифода намуда, моро аз вазифаҳои меҳнатиамон бе ягон асос ва сабаб озод намуда, мехоҳад дар ҷои мо наздикони худро таъин намояд. Сабаби чунин фикр кардани мо дар он аст, ки роҳбарон ва муовинони Раёсати Хадамот дар ВМКБ ва Раёсати байналмилалӣ, ки дар ин кор мутасаддӣ буданд ва ин хатои маҳз онҳо буд, имрӯз дар ҷои корашон кор карда истода, шахсоне, ки ба ин кор ва камбудӣ дахл надоштанд, аз кор озод карда шуданд. Чунки он шахсони гунаҳгор хешу табори вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёрзода Х. мебошанд ва мошинҳои гаронвазни зиёда аз 60 тонна маҳз бо хоҳиш ва супориши вазир ба Душанбе меомаданд. Вазир аз ҳама кор бохабар ва манфиатдор буд. Коре, ки ӯ кард, ноадолатӣ нисбати мо мебошад. Агар Шумо дар ҳифзи ҳуқуқҳои мо дахолат накунед, ягон мақомоти дигар ҳуқуқҳои меҳнатии моро ҳифз намекунад. Мо худ эродҳои қабулнамудаи Шуморо қабул дорем ва тарафдори беҳтар шудани сифати кори соҳа, хусусан сахт гардидани назорати воситаҳои нақлиёте, ки тавассути Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузаранд ва бартараф шудани омилҳои коррупсионӣ мебошем.

Мутаассифона, вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёрзода Худоёр имрӯз суханони Шуморо сӯйистифода намуда, моро қурбонӣ карда истодааст. Гӯё бо ин амалаш камбудиҳои соҳаро бартараф мекунад. Аммо дар воқеъ бошад, не. Чунки аз танзим ва назорат шудани мошинҳои гаронвазн ӯ манфиатдор нест.

 

Муҳтарам Ҷаноби Олӣ!

Шукр, ки мо дар давлати ҳуқуқбунёд кор, фаъолият ва зиндагӣ намуда истодаем. Супориши Шумо барои танзим намудани ин соҳа маънои онро надошт, ки шахсони бегуноҳ аз кор озод карда шаванд. Аммо ин гуруҳи шахсон, хусусан вазир Худоёрзода Х. суханони Шуморо ба нафъи худ истифода намуда, барои нишон додан, ки гӯё кор карда истодааст ва супоришҳои Шуморо дарҳол иҷро мекунад, моро, ки бо ӯ хешутаборӣ надорем, бе ягон асос аз кор озод намуд.

Мехоҳем қайд намоем, ки қатъ намудани шартномаи меҳнатӣ бо ташаббуси корфармо тибқи талаботи моддаи 62-и Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз ҷазоҳои интизомӣ ба ҳисоб меравад. Ва тибқи муқаррароти моддаи 63-и Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Корфармо уҳдадор аст баёноти хаттии кормандро то татбиқ намудани ҷазои интизомӣ талаб намояд. Ҳангоми муайян намудани ҷазои интизомӣ, корфармо бояд мазмун, хусусият ва дараҷаи вазнинии кирдори интизомии содиршуда, ҳолатҳои содир шудани он, рафтори пештара ва минбаъдаи корманд ва муносибати ӯро ба меҳнат ба эътибор гирад». Пас маълум мегардад, ки бе риоя намудани талаботҳои дар боло зикргардида бекор кардани муносибатҳои меҳнатӣ бо корманд ғайриқонунӣ мебошад. Тибқи талаботи банди 9-и Дастурамали гузаронидани санҷиши хизматӣ, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №577 аз 18.12.2008 тасдиқ шудааст, «Бо санади (қарори, амри, фармони) роҳбари мақоми давлатӣ барои гузаронидани санҷиши хизматӣ аз рӯи кирдори интизомии ҷиддӣ комиссияи интизомӣ таъсис дода мешавад, ки ҳайати он аз 3 нафар зиёд буда наметавонад. Ба ҳайати комиссияи интизомӣ мутахассисон ва ҳуқуқшиносони ботаҷриба дохил карда мешаванд. Кирдори интизомии ҷиддӣ — кирдоре мебошад, ки барои содир кардани он муҷозоти интизомӣ дар намуди паст кардан дар мансаб ё аз мансаб озод кардан татбиқ карда мешавад”.

Мутаассифона, Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон талаботҳои қонунгузории меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистонро сарфи назар намуда, моро ғайриқонунӣ аз кор озод кардааст. Ҳар яки мо дар таъминоти худ якчанд шахсонро дорем, ки муҳтоҷи мо мебошанд. Хоҳиш менамоем, ки ба мо раҳм кунеду ба доди мо расед.

 

Муҳтарам Пешвои муаззами миллат!

Агар ба қарори мушовараи ғайринавбатии Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ назар афканем, мебинем, ки ҷаноби вазир ягон нафар шахсони асосии мутасаддии ҷавобгар ба шоҳроҳи байналмилалии Кӯлоб-Дарвоз-Хоруғ-Кулмаро аз вазифа сабукдӯш накардаанд. Гузашта аз ин, шахсони ба худ наздикро боз ба вазифаҳои ба ном “равғанин” таъин намудаанд. Инро метавон бо мисолҳои дақиқ исбот намуд. Масалан, Ғуломносиров Солеҳ, Саломатшоев Аловатшо, Сайнаков Мелик, Ҷамшедов Муҳаббатшо, Зеваршоев Агзам, Шодавлатов Зоир, Наимов Сомон, Шокатаев Зафар, Шораҳматуллоев Муслим, Худоёров Далер ва чандин нафари дигар оё аз наздикони ҷаноби вазир нестанд, ки маҳз онҳо сабабгори вайрону валангор шудани роҳу пулҳои Ҷумҳурии Тоҷикистони азиз гардидаанд?

Озод намудани роҳбарон ва мутахассисон аз дастгоҳи марказии Хадамот ва дигар воҳидҳои он танҳову танҳо ба мақсадҳои ғаразноки ҷаноби вазир ва сардори тозатаъини Хадамот алоқамандӣ дорад. Вагарна, чаро ҷаноби вазир собиқ муовини худ Шералӣ Ганҷалзодаро, ки сарпарасти соҳа ба шумор мерафт, муҷозот нанамуданд? Ё ин ҷаноб моҳи беайб буданд? Агар ҳа, инро вақт нишон хоҳад дод. Чунки, ҳамчун мутахассис ва роҳбар дар вайрону валангор шудани роҳҳо ва ба дараҷаи меъёрҳо сохта нашудани роҳу пулҳо ӯ гунаҳгор аст. Вале маҳз ҳамин нафар қарори мушовараи ғайринавбатиро дастак намуда, нисбати мо қарори ноодилона баровардааст.

Аз ин лиҳоз, муҳтарам Пешвои миллат, аз Шумо хоҳиш менамоем, ки дар барқарор гардидан ба вазифаҳои меҳнатиамон ба мо мусоидат намоед. Мо дар навбати худ ваъда медиҳем, ки сифати кори худро беҳтар намуда, барои давлат хизмати шоён мекунем.

 

Бо эҳтиром,

Ҳалимов Додхудо Фатҳуллоевич — мудири бахши ҳуқуқи дастгоҳи марказии Хадамот,

Низомов Аслам Ғафорович — сармутахассиси шуъбаи назорат ва танзими нақлиёти автомобилӣ ва обии дастгоҳи марказии Хадамот,

Одинаев Султонмурод Ҳасанович — сардори Раёсати минтақавии Хадамот дар минтақаи Рашт,

Мирзозода Шуҳрат Абдулҳаким — сардори Раёсати минтақавии Хадамот дар минтақаи Кӯлоб,

Навҷувонова Дилбар — мутахассиси пешбари Хадамот,

Насимов Муясар Мамадмусоевич — мудири бахши Хадамот,

Абдураҳмонов Хуррам Мираҳмадович — сардори шуъбаи назорати Хадамот,

Шамсуддинов Абдулло Рауфович — муовини якуми директори КВД “МСКХСН”,

Абдураҳмонов Муясар Озодамирович — роҳбари филиали КВД “МСКХСН”,

Шоҷонов Анваршо Валиевич — муовини роҳбари филиали КВД “МСКХСН”,

Шарипов Раҳим Латифович — роҳбари филиали КВД “МСКХСН” дар минтақаи Кӯлоб,

Эмомов Эмомалӣ Қурбоналиевич — роҳбари филиали КВД “МСКХСН” дар минтақаи Рашт,

Давлатов Шодихон — муовини роҳбари филиали КВД “МСКХСН” дар минтақаи Бохтар,

Эмомов Саидназар Ҳақназарович — муовини роҳбари филиали КВД “МСКХСН” дар вилояти Суғд

 

P.S. Гарчанде Ҳукумати кишвар дар самти бунёди роҳҳо ва баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ хизмати басо арзанда намуда бошад ҳам, вале нигоҳдории роҳу пулҳо, махсусан роҳҳои ҷумҳуриявию маҳаллӣ басо нигаронкунанда аст. Бинобар ин, МТЖТ мавзуи бардоштаи муаллифон ва ҳуқуқҳои поймолгаштаи онҳоро пайгирӣ намуда, бо омода гаштани матолиби дахлдор хонандагони азизро бо мушкилоти дар Вазорати нақлиёт ҷойдошта ошно хоҳад кард.

2 ШАРҲҲОИ

  1. Фараж Шумо аввал рафта якбор санчеду баъд маколаро чоп кунед. Акалан хамин шахсонро Шумо медонед, ки маколашона чоп кардед ё ба хар кас ки форад тавасути газетаи Шумо навиштан гиранд? Шахсан ман як касро шинохтам ин Навҷувонова Дилбар — мутахассиси пешбари Хадамот, ки бародарии аслии Навчавонов Абдулло, муовини вазири корхои дохили мебошад. Акнун агар журналисти хакики бошед якбор аз чихати обективи бисанчед, ки агар Худоёрзода «через» мекарда буд, пас аввал ба ин кас через мекард? Лекин ин шахс, вазифаро пеш аз Худоёрзода ва бо каналхои бародараш гирифта буд ва акнун Худоёрзода уро аз кор сабукдуш кард, ки боиси норозигии ин мафия гардид.
    Ман бовар дорам, ки дигар шахсони ба ин нома имзо кардаги хам хаминхел будастанд.

  2. Навҷувонова Дилбар ро ман хам шинохтам. Шахсе, ки дар Амонатбонки Рушон кор мекард ва ба муштарихои худ 1000 доллар карз навишту 900 доллар медод (100 доллари дигар дар кисса мезад, хаки хизмат гуфта). Баъд, ки аз сирхояш хабардор шуданд у гурехт Москва ва хеле монд дар ончо бо бахонаи касал буданаш. Боз анна мебинам, ки пайдо шудаст «бечораи чабридида»

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here