Ҳайати эҷодии Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон ин навбат ба ноҳияи Ванҷ сафар карда, бо натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии он шиносоӣ пайдо намуд. Дар идомаи ин силсилагузориши муфассали роҳбари гуруҳи эҷодии МТЖТ Саиди Ҳайдар маълумот оид ба дастовардҳои шарафмандони ноҳияи Ванҷ дар нуҳ моҳи соли 2019 манзури хонандагони ҳафтаномаи “Фараж” мегардад.

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ дар нуҳ моҳи соли 2019 ба иҷрои саривақтии супоришҳо ва вазифаҳое, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷлиси  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар нуҳ моҳи соли 2019 ва вазифаҳо барои семоҳаи чоруми соли 2019 ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми декабри соли 2018 гузоштаанд, диққати зарурӣ дода, баҳри амалӣ намудани вазифаҳои дар пеш истода як қатор корҳоро ба анҷом расонидааст.

Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодӣ

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ ҷиҳати амалӣ намудани Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия барои солҳои 2016-2020 тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ намудааст. Барои амалӣ намудани барномаи мазкур аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 327,2 млн сомонӣ дар назар дошта шудааст, аз ҷумла аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ 120,692 млн сомонӣ, буҷети вилоятӣ 4,170 млн сомонӣ, буҷети маҳаллӣ 3,190 млн сомонӣ, маблағҳои худӣ 59,259 млн сомонӣ ва сармояи дохилию хориҷӣ 139,858 млн сомонӣ.

Барномаи мазкур 266 лоиҳаро дар бар мегирад, ки аз шумораи умумии лоиҳаҳо 88 лоиҳа ба маблағи 116,6 миллион сомонӣ ба бахши иқтисодӣ, 80 лоиҳа ба маблағи 59,2 миллион сомонӣ ба бахши иҷтимоӣ, 73 лоиҳа ба маблағи 117,2 миллион сомонӣ ба бахши инфрасохтор ва 20 лоиҳа ба маблағи 31,9 миллион сомонӣ ба бахши ҳолатҳои фавқулодда ва бехатарии ҳифзи муҳити зист тааллуқ доранд.

Дар ин давра 73 лоиҳа ба маблағи 58 803 300 сомонӣ иҷро гардидааст, ки 18 фоизи барномаи мазкурро дар бар мегирад.

Соҳибкории хурду миёна

Яке аз самтҳои асосии рушди ноҳия — ин фаъолияти соҳибкорӣ мебошад. Дар ин давра дар мақомоти андози ноҳия 173 нафар соҳибкорони инфиродӣ бо патент фаъолият дошта, ба қайд гирифта шудаанд, ки аз ҳисоби онҳо ба буҷети маҳаллӣ маблағи 93 349 сомонӣ, ба фонди ҳифзи иҷтимоӣ маблағи 26 340 сомонӣ, ҷамъ 119 862 сомонӣ ворид шуда, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 1220 сомонӣ зиёд мебошад, ки ба ҳисоби миёна ба як соҳибкор дар моҳ 76,9 сомонӣ  рост меояд. Ин нишондод дар ҳамин давраи соли гузашта 76,1 сомониро ташкил медод.

Соҳибкорони инфиродие, ки бо шаҳодатнома фаъолият мекунанд, дар мақомоти андоз 72 нафар ба қайд гирифта шуда, 30 нафарашон бо сабабҳои номаълум аз фаъолият боз монда, 42 нафарашон фаъолият менамоянд, ки аз ҳисоби онҳо ба буҷети маҳаллӣ маблағи 67 337 сомонӣ, ба буҷети фонди нафақа 49 605 сомонӣ, ҷамъ 116 ҳазору 942 сомонӣ ворид гардида, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 1964 сомонӣ зиёд мебошад. Ба ҳисоби миёна, ба ҳар як соҳибкор дар моҳ 309,3 сомонӣ рост меояд.

Умуман, аз ҳисоби соҳибкорони инфиродие, ки тибқи шаҳодатномаю патент фаъолият менамоянд, ба буҷети маҳаллӣ ва фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба андозаи 236 ҳазору 804 сомонӣ маблағ ворид гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3184 сомонӣ зиёд мебошад.

Бояд қайд намуд, ки дар нуҳ моҳи соли 2019 ҷалби сармояи хориҷӣ маблағи 5 млн 198 ҳазору 416 сомониро ташкил медиҳад, ки асосан аз ҳисоби МСДСП-и Хазинаи Оғохон ва Ташкилоти Миссияи Шарқ мебошанд.

Дар нуҳ моҳи соли 2019 ба 20 нафар сокинони ноҳия маблағи 640 000 сомонӣ барои рушди соҳибкорӣ дода шудааст. Бояд зикр намуд, ки соли 2018 барои рушди соҳибкорӣ 10 адад лоиҳаҳо барои гирифтани грантҳои Президентӣ барои занон ба ҷумҳурӣ пешниҳод карда шуда буд. Ҳамзамон, ба Фонди дастгирии соҳибкорӣ 5 лоиҳаи сармоягузорӣ барои гирифтани қарзҳои имтиёзнок фиристода шудааст.

Соли 2018 дар ноҳия як адад лоиҳа аз тарафи Фонди дастгирии соҳибкорӣ — бунёди корхонаи коркарди асфалт бо маблағи 600 000 сомонӣ ва ду адад грантҳои Президентӣ аз тарафи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъсиси сехи дӯзандагӣ ва корхонаи коркарди шир бо маблағи 50 000 сомонӣ дастгирӣ ёфтаанд.

Рушди соҳаи саноат

Соҳаи саноат яке аз соҳаҳои сердаромади ноҳия ба ҳисоб меравад. Маҷмӯи маҳсулоти саноатӣ дар нуҳмоҳаи соли 2019 маблағи 6 миллиону 266 ҳазору 100 сомониро ташкил намудааст.

Тибқи қарори раиси ВМКБ аз 31-уми декабри соли 2018, №448 дар бораи “Нақшаи амал оид ба таъсиси корхона ва коргоҳҳои нави саноатӣ дар ВМКБ барои соли 2019” қарори раиси ноҳияи Ванҷ аз 15-уми январи соли 2019, №23 қабул гардидааст, ки дар раванди ин нақшаи амал оид ба таъсиси корхонаҳои саноатӣ дар ноҳия бунёди корхонаҳои саноатӣ, аз ҷумла корхонаи истеҳсоли блоки сементӣ аз ҷониби соҳибкор Маҳмадбеков Шаҳриёр дар деҳаи Ваҳдати Ҷамоати деҳоти Водхуд дар соли 2019 ба нақшаи амали таъсиси корхона ва коргоҳҳои нави саноатӣ гирифта шуда, корҳо дар ин самт аллакай оғоз гардидаанд.

Айни ҳол сехи дӯзандагии “Ҳангома” бо масъулини шуъбаи маорифи ноҳия шартномаи тарафайн барои таъмин намудан бо либоси мактабӣ барои хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия баста, корҳо дар ин самт идома доранд.

 Соҳаи кишоварзӣ

Кишоварзони ноҳия дар соли 2019 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони 1488 га кишти зироатҳои кишоварзӣ, аз он ҷумла дар майдони 521 га кишти зироатҳои ғаллагӣ, дар 491 га кишти картошка, дар 189,5 га кишти сабзавот, дар майдони 2 га зироатҳои полезӣ ва дар майдони 284,5 га кишти зироатҳои хӯроки чорво гузаронидаанд.

Дар хоҷагиҳои ноҳия 9 адад гармхона мавҷуд буда, дар майдони 0,08 га зиёда аз 7 намуди сабзавот парвариш карда шуда, сокинони ноҳия ба ин васила ҳамасола бо маҳсулоти тару тоза бозор ва мағозаҳои фурӯши сабзавотро таъмин намуда истодаанд.

Дар нуҳмоҳаи соли 2019 як сардхонаи замонавӣ бо ғунҷоиши 15 тонна маҳсулоти кишоварзӣ сохта ба истифода дода шудааст.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ дар асоси қарори раиси ноҳия бо мақсади рушди боғпарварӣ соли равон дар майдони 11,67 га боғҳои нав бунёд карда, 12,2 га боғҳои кӯҳна барқарор карда шудаанд. Инчунин, соли равон дар ноҳия дар майдони 1,87 га боғи интенсивӣ бунёд гардида, нашъу намои дарахтони шинонидашуда хуб аст. Дар ноҳия ба масъалаи ташкили ниҳолхонаҳо диққати зарурӣ дода шуда, майдони ниҳолхонаҳо ба 1,5 га расонида шудааст.

Дар ноҳия кишоварзон ба рушди соҳаи картошкапарварӣ диққати зарурӣ дода, ҳамасола бозори шаҳри Хоруғи ВМКБ-ро бо маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили картошка ва сабзавот таъмин менамоянд.

Баҳри ҷамоварии зироатҳои ғалладонагӣ чун ҳамасола кишти такрории зироатҳои ҷуворимакка, мош, бодринг ва шалғамча амалӣ карда мешавад.

Рушди соҳаи сохтмон ва меъморӣ

Дар нуҳ моҳи соли 2019 дар ноҳия сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири 98 иншоот бо маблағи 32 миллиону 790 ҳазору 352 сомонӣ, аз ҷумла 10 иншоот ба маблағи 21 миллиону 341 ҳазору 168 сомонӣ бо ҷалби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ, 2 иншоот бо маблағи 1 миллиону 054 ҳазору 317 сомонӣ бо ҷалби маблағҳои буҷети маҳаллӣ, 12 иншоот ба маблағи 6 миллиону 904 ҳазору 867 сомонӣ бо ҷалби маблағҳои ташкилотҳои хориҷӣ ва 74 иншоот бо маблағи 3 миллиону 490 ҳазор сомонӣ бо ҷалби маблағҳои шахсии шаҳрвандон мавриди амал қарор дода шудааст, ки аз ин 4 адад биноҳои маъмурӣ, 1 адад муассисаи таълимӣ, 2 адад корхонаҳои истеҳсолӣ, 69 адад манзилҳои шахсӣ, 1 адад таъмири роҳҳо, 1 адад пули мошингард, 1 адад сохтмони нуқтаи хизматрасонии техникӣ, 1 адад меҳмонхона, 7 адад хати оби нӯшокӣ ва 2 адад тарабхона мебошанд.

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми августи соли 2012, №392 ба ноҳия 76,34 га замин барои сохтмони хонаҳои истиқоматӣ ҷудо шудааст. То ин муддат дар 10 мавзеъ лоиҳаҳои тарҳи гурӯҳи маскунии ин маҳаллаҳо барои ҷойгиркунии 250 хонаҳои истиқоматӣ тартиб дода шуда, ба 242 оилаҳои эҳтиёҷманд қитъаҳои замин ҷудо карда шудааст.

Ба масъалаи рушди инфросохтори деҳот ва фароҳам овардани шароити созгор барои аҳолии сатҳи маҳал то давраи соли 2021 нақшаи чорабиниҳо таҳия ва тасдиқ карда шуда, 70 адад иншооти гуногуни таъиноти иҷтимоӣ — иқтисодиро дар бар мегирад ва он давра ба давра амалӣ карда мешавад.

Омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолият

Корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти назорати доимӣ қарор дошта, бо ин мақсад қарори раиси ноҳияи Ванҷ аз 11-уми июни соли 2018, №187 ба тасвиб расида, нақшаи чорабиниҳо таҳия ва тасдиқ гардидааст. Нақшаи чорабиниҳои таҳияшуда аз 64 банд иборат буда, ба масъалаи рушди инфрасохтори деҳот ва фароҳам овардани шароити созгор барои аҳолии сатҳи маҳал то давраи соли 2021 таҳия ва тасдиқ карда шуда, 81 адад иншооти гуногуни таъиноти иҷтимоӣ — иқтисодиро дар бар мегирад ва  он давра ба давра амалӣ карда мешавад.

Аз 64 банди нақшаи чорабиниҳои таҳиягардида 26 банд ба соли 2018-ум, 29 банд ба соли 2019-ум, 5 банд ба соли 2020-ум ва 4 банд ба соли 2021 рост омада, дар он соли 2018 сохтмони 31 иншоот, соли 2019-ум 37 иншоот, соли 2020-ум 6 иншоот ва соли 2021-ум 7 иншоот ба нақша гирифта шудааст.

Рушди маориф ва фарҳанг

Дар ноҳия 50 адад муассисаи таҳсилоти умумӣ фаъолият намуда, аз онҳо 13 адад муассисаи ибтидоӣ, 9 адад муассисаи таҳсилоти асосӣ ва 28 адад муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ буда, инчунин 2 адад боғчаи кӯдакона фаъолият намуда, кори ин муассисаҳо дар асоси Низомнома ва Оиннома ташкил карда шудааст. Дар ин муассисаҳо 5731 нафар хонандагон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, ки 2740 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд.

Дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия 847 нафар омӯзгорон ба кори таълиму тарбия машғул буда, 379 нафарашонро занон ташкил медиҳанд.

Дар ноҳия 2 боғчаи бачагона бо фарогирии 120 нафар тифлакон ва 28 адад марказҳои инкишофи кӯдакони синни томактабӣ бо фарогирии 666 нафар дар назди муассисаҳои таълимӣ амал карда истодаанд.

Айни ҳол аз тарафи Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони боғчаи бачагона барои 200 нафар кӯдак оғоз гардида, барои сохтмони бинои боғчаи бачагона дар маркази ноҳия қитъаи замин ҷудо карда шуда, қарори раиси ноҳия аз 31-уми декабри соли 2018, №496 ба тасвиб расонида шудааст.

Дар ин давра 182 нафар хонандагон дар олимпиадаи ноҳиявӣ иштирок намуда, аз ин шумора 56 нафарашон ба даври вилоятӣ роҳхат гирифтанд. Инчунин, 13 нафар хонандагон дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, 2 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии №36, 19 сазовори медали биринҷӣ гардидаанд. Ба ғайр аз ин, 2 нафар хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16 дар Академияи хурди илмии Тоҷикистон иштирок намуда, 1 нафар дорандаи Дипломи дараҷаи 2-и Академияи хурди илмии Тоҷикистон ва 1 нафар узви вобастаи Академияи хурди илмии Тоҷикистон гардидааст.

Дар ноҳия 38 адад муассисаҳои фарҳангӣ мавҷуд буда, дар онҳо 65 нафар корманд фаъолият дошта, аз ин 21 нафар бо маълумоти олӣ, 41 нафар бо маълумоти миёнаи махсус, 3 нафар бо маълумоти умумӣ мебошанд. Аз теъдоди умумии муассисаҳои фарҳангӣ 24 адад китобхона буда, фонди китобии китобхонаҳо103548 нусха китобро ташкил медиҳад. Дар китобхонаҳо 10 400 маротиба китобҳо ва маводҳо ба хонандагон дода шуда, 2340 нафар хонандагони доимии китобхонаҳо ба қайд гирифта шудааст.

Дар муассисаҳои фарҳангии ноҳияи Ванҷ 9 адад чорабиниҳои театрикунонидашуда гузаронида шуда, дар онҳо 3000 нафар одамон ширкат варзида, 2 адад фестивалҳо бо иштироки 1000 нафар одамон гузаронида шудаанд. Инчунин, дар ин давра озмунҳои “Тоҷикистон-ватани азизи ман”, “Фурӯғи субҳи доноӣ…” дар сатҳи баланд баргузор карда шудаанд.

Дар ноҳия 1 адад Қасри фарҳанг, 1 театри халқӣ, 8 хонаҳои фарҳангии ҷамоатҳои деҳотӣ, 1 китобхонаи марказии ноҳия, 1 китобхонаи бачагона, 1 клуб ва 22 китобхона ба аҳолӣ хизмат намуда, 6 адад ёдгориҳои таърихию фарҳангии ғайримоддӣ мавҷуд аст.

Соҳаи тандурустӣ

Солимии ҷомеа ва тандурустӣ яке аз омилҳои инъикоскунандаи сатҳи иҷтимоию иқтисодӣ, фарҳангӣ ва ташаккули маънавии давлат ва ҷомеа ба ҳисоб меравад.

Дар ноҳия ҳамагӣ 158 кат барои табобати статсионарии беморон фаъолият доранд, ки 133 кат дар беморхонаи марказии ноҳия ва 25 кат дар беморхонаи Язгулом ҷойгир шудаанд. Дар давоми нуҳ моҳи соли 2019 кат/рӯз ҳамагӣ ба 24725 расидааст, ки 69 %-и нақшаро ташкил медиҳад.

Вобаста ба пешгирии ҳолатҳои сироятёбии одамон ба вируси норасоии масунияти одам дар давоми нимсолаи якуми соли 2019 дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барнома оид ба муқовимат бо эпидемияи вируси норасоии масунияти бадан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 1098 нафар аз ташхиси лабараторӣ гузаронида шудаанд. Аз интеъдод 395 нафар мард ва 703 нафарашон занон мебошанд. Кӯдакони то синни 14-сола 25 нафарро ташкил медиҳанд.

Инчунин, дар давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ 29 нафар беморони сил ба қайд гирифта шудаанд. Аз инҳо 16 нафар зан ва 13 нафар мардон мебошанд. Аз ин шумора 17 нафарашон сили шуш бори аввал, ғайри шуш 10 нафар ва 2 нафар хурӯҷи такрорӣ мебошад. Аз маркази ҷумҳуриявӣ барои муайян намудани касалии сил дастгоҳ ворид гардидааст, ки дар байни 2 соат касалии силро муайян менамояд.

Ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ

Шумораи умумии ҷавонони ноҳия 18606 нафарро ташкил дода, 7955 нафарашонро ҷавондухтарон дар бар гирифта, дар тамоми чорабиниҳои фарҳангию сиёсӣ ҷиҳати баланд бардоштани нерӯи зеҳнии онҳо чораҳо андешида мешавад. Дар ноҳия 3 нафар барандагони стипендияи Президентӣ аз ҳисоби хонандагони аълохон буда, инчунин 1 нафар барандаи стипендияи раиси вилоят ва 4 нафар гирандаи стипендияи раиси ноҳияи Ванҷ мебошанд.

Дар ноҳия 1 варзишгоҳ, 50 майдончаҳои назди муассисаҳои таълимӣ, 10 толори варзишӣ фаъолият доранд. Баҳри баланд бардоштани оммавигардонии варзиш, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим дар ин давом зиёда аз 1158 нафар ҷавонон ба машқҳои пагоҳирӯзӣ дар варзишгоҳ ва майдони марказӣ ҷалб гардидаанд, ки 245 нафарашонро занон ташкил медиҳанд.

Иҷрои Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи рушди сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 пайваста зери назорат қарор дошта, барои амалисозии бандҳои нақша — чорабиниҳо корҳо дар ҳама самт вусъати тоза бахшидааст. Дар ин давра ба ноҳия 28 нафар сайёҳ ташриф овардаанд.

Вобаста ба ҷалби сармоя ва рушди соҳибкорӣ мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия дар якҷоягӣ бо соҳибкорон лоиҳаҳои сармоягузорӣ тарҳрезӣ намуда, дар натиҷаи амалишавии лоиҳаҳои сармоягузорӣ шароити мусоид ва хизматрасонӣ барои сайёҳон беҳтар мегардад. Сохторҳои марбута бо мақсади беҳтар намудани фаъолияти соҳаи сайёҳӣ дар ноҳия чорабиниҳои таблиғотию иттилооотиро ба роҳ монда, корҳои омӯзишӣ, семинару мизҳои мудаввар ташкил карда шудаанд.

Ноҳияи Ванҷ яке аз мавзеҳои сайёҳии ВМКБ ба шумор рафта, шумораи зиёди сайёҳони дохилию хориҷӣ аз мавзеҳо ва ҷойҳои фарҳангии ноҳия дидан менамоянд. Имрӯзҳо дар ноҳия Комплекси туристию истироҳатии “Ванҷи Боло” аз ҷониби соҳибкор Муҳаббатов Муфараҳ сохта шудааст. Дар деҳаи Вишхарваки Ҷамоати деҳоти Рованд меҳмонхона барои қабули сайёҳон омода гардида, бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар аст, ки дар Ҷамоати деҳоти Рованд базаи сайёҳӣ сохта ба истифода дода шавад. Ҳоло дар ноҳия 4 меҳмонхона, аз ҷумла, меҳмонхонаи “Вохурӣ” (дорои 4 утоқ), меҳмонхонаи “Раҳмат” (дорои 6 утоқ), Комплекси туристии Ванҷи боло (дорои 8 утоқ) ва ҶДММ “Зиёратшо” (дорои 3 утоқ) мавҷуданд. Дар деҳаи Поймазори Ҷамоати деҳоти Рованд ду утоқ дар хонаҳои истиқоматӣ барои қабули сайёҳон омода гардидааст.

Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ

Дар ноҳия 69 нафар ниёзмандон ба қайд гирифта шудаанд. То ҳамин давра шуъбаи нигоҳубин дар хона ба нафақахӯрони маъюб, шахсони якаву танҳо барои гирифтани шиноснома, гуруҳи маъюбӣ, гирифтани нафақа ёрии амалии худро расонидааст.

Ба ниёзмандон кӯмакҳои моддии идораю муассисаҳо мунтазамдастрас карда мешавад. Дар ноҳия ба 576 нафар кӯмаки унвонии иҷтимоӣ таъин карда шуда, ба маблағи 118 100 сомонӣ пардохт карда шудааст.

Дар ноҳия 48 нафар шахсоне, ки дар ақибгоҳ фаъолият кардаанд, 23 нафар интернатсионалист, 5 нафар маъюбони артиши Шӯравӣ, 4 нафар ятими кулл, 399 нафар ятимони яктарафа, 25 нафар маъюбони садамаи нерӯгоҳи барқии атомии Чернобил, 80 нафар маъюбони то 18-сола ва 32 нафар шахсони яккаву танҳо дар қайд мебошанд.

Дастгирии қишриосебпазириҷомеа ба ҳукми анъана даромада, дар дар ин давом дар рӯзҳои иду ҷашнҳои миллӣ  ба ятимон, бепарасторон, оилаҳои камбизоату эҳтиёҷманд ва дигар гуруҳи осебпазири ҷомеа ба маблағи 339000 сомонӣ кӯмакҳои моддӣ расонида шуда, ин амали  хайр дар  ноҳия  мунтазам идома  дорад.

Бо мақсадидастгирии  кӯдакони дорои имконияташон маҳдуд  ва иҷрои “Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2020”  дар ноҳия мунтазам чораҳо андешида мешавад.

Муроҷиати шаҳрвандон

Муроҷиати шаҳрвандон аз лиҳози мазмуну мундариҷа нисбат ба солҳои қаблӣ беҳтар карда шуда, баррасии муроҷиатҳо зери назорати қатъии роҳбарияти мақомоти давлатӣ қарор дорад. Феълан қисми зиёди муроҷиат ва пешниҳоди сокинони ноҳия фарогири масъалаҳои ободонӣ, созандагӣ, ислоҳи камбудӣ, таъмин бо ҷойи кор ва беҳтар кардани фаъолияти муассисаҳои давлатӣ, нуқтаву марказҳои хизматрасонист, ки далели пешрафти иқтисодиёти ноҳия, болоравии сатҳи зиндагии аҳолӣ мебошад. Теъдоди умумии муроҷиати хаттии шаҳрвандон дар нуҳ моҳи соли равон 698 ададро ташкил дода, асосан оид ба масъалаҳои ҷудо кардани қитъаи замини наздиҳавлигӣ, барасмиятдарорӣ ва соҳибмулкии манзилҳо ва ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони иншоот, расонидани кӯмаки моддӣ, таъмин бо ҷойи кор мебошанд.

Қабули шаҳрвандон рӯзҳои шанбеи ҳар ҳафта ҷараён гирифта, шаҳрвандони синну сол ва касбу кори гуногун бевосита ба раиси ноҳия муроҷиат мекунанд.

Ба гуфтаи раиси ноҳияи Ванҷ муҳтарам Ҷабори Қосим, “Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ тамоми кӯшишро барои пешрафти иқтисодиву иҷтимоии ноҳия, иҷрои нақшаҳо ва вазифаҳои афзалиятноки сол равона намуда, ҷиҳати дар сатҳи баланди сиёсӣ, ташкилию фарҳангӣ баргузор намудани чорабиниҳо бахшида ба таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ менамояд”.

— Давоми даврони соҳибистиқлолӣ Пешвои муаззами миллат онқадар хизматҳое барои мардуми куҳистон намудаанд, ки ин хизматҳо дар даҳҳо китобу маҷаллаҳо намеғунҷанд. Он ободкориҳое, ки дар деҳоту шаҳрҳои куҳистон шудааст, беназир буда, давоми қарнҳои оянда дар саҳифаҳои таърих бо ҳафҳои заррин навишта хоҳанд шуд. Аз ҷумла, барои мардуми куҳистони Ванҷ, ки давоми панҷ соли охир зиёд иншооти наву роҳу пулҳо навсозӣ шуда, садҳо гектар заминҳои санглох ба боғот табдил ёфтаву корхонаҳои саноатӣ бунёд гардида истодаанд. Ин аст, ки худи мардум ба Пешвои муаззам арҷ мегузоранд,- афзуд ӯ.

Саиди ҲАЙДАР, МТЖТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here