Солҳои охир дар натиҷаи сиёсати созандаи давлат ва Ҳукумати кишвар пешрафти босуботи иқтисодиву иҷтимоии ҳама шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, аз ҷумла ноҳияи Вахш таъмин гардида, муҳимтар аз ҳама, ба ҳадафи ниҳоии худ, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум зина ба зина ноил гардида истодаанд.

 

Таърихи ноҳияи Вахш

Вахш ноҳияи маъмурӣ дар вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки 6-уми январи соли 1965 таъсис ёфта, дар водии Вахш воқеъ гаштааст. Вахш аз шимол ба шаҳри Левакант, аз шарқ бо навоҳии Данғараву Фархор, аз ҷануб бо ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ ва аз ғарб бо ноҳияи Кушониён ҳамсарҳад мебошад. Масоҳати ноҳия 965,11 километри мураббаъ буда, шумораи аҳолиаш ба 1-уми январи соли 2019-ум 195 ҳазору 429 нафарро ташкил менамояд. Дар ноҳия 2 ҷамоати шаҳрак, 5 ҷамоати деҳот, 22 корхонаи саноатӣ ва зиёда аз 6000 хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) мавҷуд аст. Маркази ноҳия шаҳраки Вахш ба ҳисоб меравад.

 

Андозҳо 100 % иҷро шуданд

Дар 5 моҳи соли равон дар натиҷаи заҳматҳои блоки иқтисодии ноҳия нақшаи қисми даромади буҷети давлатӣ 100 фоиз иҷро гардида, ба буҷет 13,6 млн сомонӣ маблағ ворид шуда, бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ бошад, 18 млн сомонӣ маблағ ворид шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 1,8 млн сомонӣ зиёд мебошад.

Дар самти кам кардани бақияпулиҳои андоз бошад, масъулини ноҳия чораҳои зарурӣ андешида, нақша-чорабиниҳо тартиб дода шудааст, ки дар натиҷа ҳаҷми бақияпулиҳо сол аз сол кам карда шуда истодааст. Бақияпулиҳои андоз ба 1-уми майи соли 2019 бо назардошти андози иҷтимоӣ 12,5 млн сомониро ташкил медиҳад, ки нисбати аввали соли ҷорӣ 600 ҳазор сомонӣ кам карда шудааст.

 

Дастрасии бе мушкилии нафақагирон ба нафақа

Яке аз самтҳои афзалиятноки Ҳукумати мамлакат — ин сари вақт пардохт кардани нафақапулии ашхоси бознишаста аст. Ин аст, ки роҳбарияти ноҳия тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад, то маблағҳои нафақа сари вақт пардохт карда шаванд.

Бояд гуфт, ки дар ноҳия 13 ҳазору 598 нафар нафақагирон ба қайд гирифта шудаанд. Ҳаҷми умумии маблағи нафақаи моҳонаи онҳо 19,1 миллион сомониро ташкил медиҳад. Ба ҳисоби миёна ҳаҷми нафақа дар ноҳия 283,9 сомониро ташкил медиҳад.

Дар баробари ин, дар арафаи ҷашну идҳо аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҳамбастагӣ бо соҳибкорону саховатмандон ба оилаҳои камбизоат ва ниёзманд кӯмакҳои яквақтаина расонида мешавад. Гузашта аз ин, ҳамарӯза таваҷҷуҳи роҳбарияти ноҳия ба ин табақаи ниёзманд равона карда шуда, ба ҳама муроҷиатҳои онҳо диққати ҷиддӣ дода мешавад.

 

789 нафар бо кор таъмин шудаанд

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри таъмини аҳолӣ бо ҷои кор ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум чораҳои зарурӣ андешида шуда истодааст. Бо фароҳам овардани шароити мусоид баҳри рушди соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ коргоҳу нуқтаҳои хизматрасонии зиёде ба истифода дода шудааст.

Ин аст, ки дар 5 моҳи соли ҷорӣ дар ноҳияи Вахш 789 адад ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 37 адад зиёд мебошад. Масъулони ноҳияи ният доранд шумораи ҷойҳои нави кориро зиёд намуда, сатҳи бекорӣ ва муҳоҷирати меҳнатиро коҳиш диҳанд.

 

Маблағгузории бонкӣ

Рушди соҳаҳои иқтисодию соҳибкорӣ аз фаъолияти пурсамари институтҳои молиявӣ вобастагии зиёд дорад. Зеро амалишавии ҳар як лоиҳа ба манбаҳои сармоягузорӣ алоқамандӣ дорад. Дар ин замина филиалҳои бонкҳо, ки дар ноҳия фаъолият доранд, ба соҳаҳои иқтисодии ноҳия 22,6 миллион сомонӣ қарз додаанд. Ҳаҷми маблағҳои қарзӣ дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 2,9 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

 

Гардиши мол ва хизматрасонӣ

Гардиши моли чакана дар бозори истеъмолӣ дар ҳамаи соҳаҳои савдо асосан аз ҳисоби савдои чакана 43,9 млн сомониро ташкил медиҳад, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 9,4 млн сомонӣ зиёд мебошад.

Ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ ба маблағи 42,3 млн сомонӣ расонида шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 1,6 млн сомонӣ афзоиш ёфтааст.

 

Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

Ноҳияи Вахш бо истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла меваю сабзавот дар ҷумҳурӣ ном баровардааст. Деҳқонони вахшӣ на танҳо бозори дохилии худ, балки бозорҳои маркази вилоят, пойтахти кишвар ва дигар манотиқи ҷумҳуриро бо меваю сабзавоти тару тоза таъмин менамоянд. Дар ин ноҳияи овозадор маҳсулоти барвақтӣ, аз ҷумла помидору бодиринг ва қулфинай парвариш шуда, ба бозор бароварда мешавад. Ҳамчунин, дар бахши маҳсулоти полезӣ, аз ҷумла тарбузу харбуза деҳқонони ин ноҳия номдоранд. Ҳамарӯза даҳҳо тона меваю сабзавот ва тарбузу харбузаи Вахш ба бозорҳои кишвар бароварда мешавад.

Мувофиқи маълумотҳои оморӣ, кишоварзони ноҳия дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ ҳаҷми маҳсулоти кишоварзиро ба 116 миллиону 631 ҳазор сомонӣ расонидаанд. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,6 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Гуфта мешавад, ки дар ин давра 15 ҳазору 887 тонна сабзавот, 590 тонна меваҷот истеҳсол шудааст, ки аз ин 252 тонна қулфинай аз ҳисоби хоҷагиҳои деҳқонӣ, 1 ҳазору 779,4 тонна гӯшт, 7 ҳазору 43,3 тонна шир, 1 миллиону 54 ҳазор дона тухм, 163,7 тонна пашм ва 24,5 тонна пилла истеҳсол карда шудааст. Афзоиши истеҳсоли маҳсулот дар ин соҳа аз 100 то 209 фисадро ташкил медиҳад.

Бояд гуфт, ки ба хотири таъмини бозор ва аҳолӣ бо маҳсулоти ширӣ ва гӯшт дар ноҳия ба рушди соҳаи чорводорӣ диққати ҷиддӣ дода мешавад. Зикр кардан бамаврид аст, ки дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия 471 ҳазору 135 сар чорвои калони шохдор парвариш мешавад, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта ҳазору ҳаштод сар зиёд мебошад. Саршумори моли майдаи шохдор бошад, 165 ҳазору 393 сар мебошад, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 2,8 ҳазор сар зиёд мебошад.

Дар ин баробар, масъулини ноҳия ба соҳаи парандапарварӣ низ диққат дода, сол аз сол шумори онро дар ноҳия афзоиш дода истодаанд. Мувофиқи ҳисоботҳо, шумораи парандаҳо дар ноҳия ба 128 ҳазору 236 адад расидааст, ки дар нисбати ҳамин давраи соли гузашта 19 ҳазору 74 адад зиёд мебошад.

 

Таъмири 32 км роҳ дар шаш моҳ

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таъмиру тармими роҳҳои автомобилгарди маҳҳалӣ корҳои назаррасе дар ноҳия ба анҷом расида истодааст. Баҳри таъмиру тармими роҳҳои маҳаллӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ бо соҳибкорону саховатмандон корбарӣ намуда, дар натиҷа зина ба зина таъмири ин роҳҳоро ба анҷом расонида истодааст. Дар натиҷаи бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо ҷалби ҳама манбаҳои сармоягузорӣ дар ноҳия 4,3 км роҳҳо аз таъмири асосӣ бароварда шудааст. Бояд гуфт, ки 32 км роҳҳои сатҳҳои гуногун аз таъмири ҷорӣ низ бароварда шудаанд.

Баҳри таъмиру тармими роҳҳо аз ҳисоби буҷаи ҷумҳуриявӣ 1,6 миллион сомонӣ, аз буҷаи маҳаллӣ 45,8 ҳазор сомонӣ ва аз ҳисоби соҳибкорону саховатмандон 212 ҳазор сомонӣ ҷудо шудаву аз худ карда шудаанд.

 

Рушди устувори маориф

Рушди соҳаи маориф омили асосии баланд бардоштани сатҳи маънавиёти мардум буда, барои дар руҳияи баланди меҳандӯстию хештаншиносӣ ва хушахлоқ ба камол расонидани фарзандони мардум нақши муассир дорад. Дар ноҳияи Вахш ба ин соҳа таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад. Чунончӣ, дар давоми панҷ моҳи соли ҷорӣ бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия таъмиру тармим, инчунин, сохтмони синфхонаҳои иловагӣ дар ноҳия аз 10 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ба 128 синфхонаи иловагӣ ба нақша гирифта шуда, ду бинои нав дар назди муассисаҳои таълимии рақами 21 иборат аз 10 синфхона сохта ба истифода дода шуд. Сохтмони бинои шаш муассисаи таҳсилоти миёнаи мумӣ оғоз гардидааст.

Натиҷаи ҳамин талошҳои созандаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, шуъбаи маориф, омӯзгорону волидон аст, ки то ин давра аз шумораи умумии 2 ҳазору 316 нафар хатмкунанда ба ҳолати 30-юми апрели соли 2019 ҳамагӣ 2 ҳазору 82 нафар, ки аз он 1 ҳазору 842 нафар хатмкунандаи соли ҷорӣ ва 240 нафар хатмкардагони солҳои пешинанд, аз қайд ба имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаштаанд.

 

250 занонону духтарон касб омӯхтаанд

Дар ноҳия 96 ҳазору 953 нафар занону ҷавондухтарон кору зиндагӣ доранд, ки аз ин ҳисоб 124 нафар занон дар вазифаҳои роҳбарикунанда адои вазифа менамоянд.

Дар ин давра аз ҳисоби занон 136 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардида, бахшида ба “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардидани солҳои 2019-2021 ба 250 нафар занону духтарони хонашин касбҳои атласбофӣ, бофандагӣ, гулдӯзӣ ва қуроқдӯзӣ омӯзонида шудааст.

 

Ҷавонони Вахш соҳиби 51 медал шудаанд

Ба хотири дастгирии ҷавонон дар ноҳия корҳои зиёде ба анҷом расонида мешавад, зеро ҷавонон нерӯи созанда ва пешбаранда дар ҷомеа ба шумор мераванд. Дар давоми панҷ моҳи соли ҷорӣ дар ноҳия 40 чорабинии варзишиву фарҳангӣ ва 30 мулоқоту вохӯриҳо гузаронида шудааст. Варзишгарони ноҳия дар ин давра ба 51 адад ҷойҳои ифтихорӣ сазовор гардида, соҳиби 15 медали тилло, 16 медали нуқра ва 20 медали биринҷӣ гардидаанд.

 

Бунёди 342 иншоот бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ

Ҷиҳати омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёди 342 адад иншоот ба нақша гирифта шудааст. Аз шумораи иншооти ҷашнӣ 55 адади он дар соли 2018 ба истифода дода шуда, дар 6 моҳи соли ҷорӣ 55 адади дигар, аз ҷумла синфхонаҳои иловагӣ, майдончаҳои варзишӣ, дорухона, коргоҳи дӯзандагӣ, маркази савдо, азнавсозии роҳҳо, хати оби ошомиданӣ ва гулгашт сохта ба истифода дода шуда, аз ин ҳисоб 107 адад ҷойҳои нави кори доимӣ таъсис дода шудааст. Айни замон сохтмони 16 иншооти ҷашнӣ дар ҳолати анҷомёбӣ қарор дошта, дар 80 адад иншооти дигар корҳо бомаром идома доранд.

Ҳамзамон, айни замон дар маркази ноҳияи Вахш сохтмони ду бинои баланошёна бомаром идома дорад, ки дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода мешаванд.

Дар ҷамоати шаҳраки Вахши ноҳияи Вахш корҳои ободониву бунёдкорӣ бомаром идома дошта, дар се соли оянда дар ҷамоати шаҳрак 21 иншооти таъиноташон гуногун сохта мешавад. Айни ҳол корҳои сохтмонӣ дар 21 иншоот бомаром идома дорад.

Азимтарин иншооти ҷашнӣ дар маркази ноҳияи Вахш 2 бинои баландошёна, меҳмонхона, коллеҷи аграрӣ, маркази саломатӣ, ҳавзи шиноварӣ ва майдончаи варзишӣ аст.

Дар маҷмуъ, маблағгузориҳо аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои сармоядиҳӣ 19 млн 382,3 ҳазор сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 16 млн сомонӣ зиёд мебошад. Аз тарафи ташкилотҳо ва ширкатҳои сохтмонӣ корҳои сохтмонӣ ва васлгарӣ ба маблағи 10 млн 558,7 ҳазор сомонӣ иҷро шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,4 млн сомонӣ зиёд мебошад.

Дар доираи тадбирҳои созандагию ободкорӣ дар тӯли панҷ моҳи соли ҷорӣ дар гулгашту хиёбонҳои маркази ноҳия 31 ҳазор дона гулҳои рангоранг шинонида шудааст, ки аз ин ҳисоб ба ҳусни ноҳия ҳусни тоза зам гардидааст.

Боғи фарҳангӣ-фароғатии ноҳия, ки солҳо ба гӯшаи фаромӯшӣ рафта буд, бо мақсади таъмини истироҳати сокинон сабзу хуррам гардонида шуда истода, атраксиону арғунчак насб шуда истода, маҷмуи дигар бозиҳо барои кӯдакон, наврасон ва ҷавонон ташкил шуда истодааст.

 

Қудуми Сардори давлат файз овард

Роҳбари давлат маркази таълимӣ-истеҳсолии атласу адрасбофӣ ва Маркази савдоро дар маркази ноҳияи Вахш ифтитоҳ карда буданд. Зимни  сафари кории пешин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Исмоили Сомонии Ҷамоати шаҳраки Вахш ба фаъолияти Маркази таълимӣ-истеҳсолии атласу адрасбофӣ ва Маркази савдо расман оғоз бахшиданд. Пешвои миллат бо шароити фароҳамовардашуда дар марказ ошно шуда, бо масъулину ҳунаромӯзон суҳбат намуда буданд.

Маркази мазкур, ки имрӯз дар он занону духтарон ба кор таъмин шудаанд, аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Зоҳир Давлатов дар зарфи як сол бунёд ёфта, дорои шароити арзанда барои ҳунаромӯзиву истеҳсоли атласу адрас аст. 25 нафар занону ҷавондухтарони маҳаллӣ дар ин коргоҳ соҳиби ҷои кор гардида, ҳамзамон гуруҳи дигари ҷавонон ба омӯзиши курсҳои кӯтоҳмуддати касбӣ ҷалб гардидаанд. Тибқи нақша, дар баробари истеҳсолот ҳамчунин ҳар се моҳ гуруҳи хоҳишмандон аз ҳисоби занону духтарони бекор дар ин марказ ба касбомӯзӣ фаро гирифта мешаванд.

Дар ошёнаи дуюми коргоҳ фурӯши маҳсулоти ин марказ ва қолинҳои гуногунҳаҷм ба роҳ монда шудааст, ки бо истифода аз ин имконот сокинони ноҳия метавонанд маҳсулоти хушсифати истеҳсолгарони ватаниро харидорӣ намоянд.

Ҷиҳати сохтмон ва муҷаҳҳазсозии Маркази таълимӣ-истеҳсолии атласу адрасбофӣ 1 миллиону 260 ҳазор сомонӣ харҷ гардида, он бо шароити муосири кориву касбомӯзӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуда буд.

Ҳамчунин, аз ҷониби соҳибкор он замон дар шафати Маркази таълимӣ-истеҳсолӣ бо харҷи 1 миллиону 890 ҳазор сомонӣ Маркази савдо мавриди истифода қарор дода шуд. Ин марказ бо таҷҳизот ва рафҳои муосири савдо муҷаҳҳаз буда, анвои гуногуни маводи озуқаворӣ ва дигар маҳсулоти ниёзи мардумро ба сокинону меҳмонони ноҳияи Вахши вилояти Хатлон бо нархҳои дастрас пешниҳод менамояд.

Пешвои миллат чунин иқдомҳои ободкоронаи соҳибкорони ватаниро намунаи ибрату қобили дастгирӣ хонданд.

Дар деҳоти Рӯдакии ноҳияи Вахш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ба сохтмони бинои Коллеҷи аграрии вилояти Хатлон оғози расмӣ бахшиданд. Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки арзиши лоиҳа 38 миллион сомониро ташкил дода, барои 3000 нафар хонанда пешбинӣ шудааст.

Бинои мазкур аз 3 ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои синфхонаҳои барҳавои таълимӣ, маҷлисгоҳ, майдони варзишӣ ва дигар иншооти ёрирасон мебошад. Ҳамзамон, дар шафати бинои Коллеҷ барои 400 нафар хобгоҳ сохта мешавад, ки аз 4 ошёна иборат хоҳад буд. Масоҳати умумии бино 8 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин барои сари вақт ва босифат анҷом додани корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти таълимӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Фармоишгари иншоот Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, лоиҳаи он аз тарафи Корхонаи воҳиди давлатии лоиҳакашии шаҳри Душанбе тарҳрезӣ шудааст.

Бо мақсади фароҳам сохтани шароити арзандаи таълим ва омодасозии мутахассисони баландихтисоси ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои судманд амалӣ карда шуда, дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои мамлакат муассисаҳои наву замонавии таълимӣ бунёд карда мешаванд.

Баъди бунёди Коллеҷи аграрии вилояти Хатлон имкон фароҳам мегардад, ки барои ин минтақаи аграрии кишвар мутахассисони варзидаи соҳа омода карда шаванд.

 

Имкониятҳои сайёҳии ноҳия

Дар партави эълон шудани “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар ноҳияи Вахш бахусус таваҷҷуҳ ба соҳаи туризм рӯ ба афзоиш аст. Самараи ҳамин тадбирҳои судманд буд, ки дар панҷ моҳи соли 2019 дар маҷмуъ 110 сайёҳи хориҷӣ ва наздики 300 сайёҳи дохилӣ аз ҳафт мавзеи таърихии ноҳия дидан карданд. Яке аз ёдгориҳои таърихии на фақат дар Осиёи Миёна, балки дар ҷаҳон машҳури ноҳия — ин мавзеи Аҷинатеппа аст. Аҷинатеппа боқимондаи ёдгории меъмории дини будоӣ мебошад. Маъбад дар роҳи корвонгарди аз Балх ба сӯи шаҳрҳои Шумон (Ҳисор) — Вашгирд, Ғуркан (Ғарм) — Чин, Ҳулбук, Фархор, Бадахшону Ҳиндустон ҷой дошт ва ба тоҷирони будоии ҳинду ва чинӣ хидмат менамуд.

Мувофиқи таҳқиқи бостоншиносон, бутхона дар нимаи дуюми асри 7 ва ибтидои асри 8 фаъолият доштааст. Аҷиннатеппаро дар ноҳияи Вахш (15 км дуртар аз шаҳри Бохтар) соли 1959 бостоншинос Т. И. Зеймал ҳафр кард. Номи асосии ин ёдгорӣ аслан Аҷиннатеппа нест ва ин унвон солҳои 40-и асри 20 ба он дода шудааст. Тибқи ривоёти мардуми маҳал, солҳои 40-и асри 20 дар натиҷаи боронҳо як ҷойи теппа фурӯ рафта, сӯрохе ба вуҷуд омадааст ва нафаре аз маҳаллиён вориди сӯрох шуда, бути якпаҳлу хобрафтаеро мебинад ва тарсон берун омада, дидаашро ба мардум нақл мекунад. Минбаъд маҳаллиён онро макони ҷинҳо (махлуқи бадшаклу бадкирдори афсонавӣ) пиндошта, Аҷиннатеппа номгузорӣ кардаанд. Ваҷҳи тасмияаш аз аҷина аст. Аз соли 1961 Экспедитсияи бостоншиносии Тоҷикистони Ҷанубӣ (бо роҳбарии Б. А. Литвинский ва Т. И. Зеймал) мунтазам ҳафриёт доир карда, соли 1973 таҳқиқи он комилан ба итмом расид.

Аҷиннатеппа бинои росткунҷашакли вусъаташ 100х50 м, баландиаш 6 м мебошад. Аз ду қисмати мутаносиб иборат буда, бо роҳрав қисмҳо ба ҳам мепайванданд, ки қисмҳоро дар рафти таҳқиқ шартан «дайр» ва «маъбад» номгузорӣ кардаанд. Дар миёнҷои «дайр» ва «маъбад» ҳован ҷой дорад. Иморати ҳар як қисми бино аз рӯйи тарҳи сохтмонии чорайвона бино ёфта, аз похса ва хишти хом, таҳкурсии он аз хишти пухта сохта шудааст. Фарши ҳуҷраҳо, рӯйи ҳавлӣ ва девори биноҳои ибодатгоҳ бо хишти пухта рӯйкаш шудаанд. Равоқҳо камбар ва биноҳо гумбаздор будаанд. Дар маркази нимаи «дайр» ҳавлии чоркунҷае ҳаст (19х19 м), ки дар атрофи он ҳуҷраҳо, ибодатгоҳ, толор ва биноҳои хоҷагӣ ҷой гирифтаанд. Ҳамаи ин биноҳоро роҳрав ба ҳам мепайваст. Ороиши меъмории ибодатгоҳи дайр мураккаб буда, шифту девор нақшунигор ва муҷассамаҳои бисёр дошт. Ҳангоми ҳафриёт пораҳои муҷассамаи калони баландиаш 4 м, ки дар маркази бино воқеъ буд, ёфт шуд. Поини деворҳо, рӯйи суффаҳо ва пояи ҳайкалҳо бо нақшу нигор оро доранд. Дигар биноҳои «дайр» ва ҳуҷраҳои роҳибон намуди одӣ доранд.

Дар яке аз роҳравҳо муҷассамаи 14-метраи якпаҳлу хобидаи Будо дар ҳолати нирвана ва дар тоқчаҳо муҷассамаҳои хурди Будои нишаста ёфт шуданд. Муҷассамаҳоро аз гил сохта, рангубор додаанд. Тасвироти Аҷиннатеппа дар асоси анъанаҳои наққошии ҳамонзамонаи Осиёи Миёна иҷро шудаанд. Нақши иблис, роҳиб ва одамони одӣ низ ҳаст.

Дар вақти ҳафриёти Аҷиннатеппа бисёр бозёфти шайъӣ — сафол, маснуоти шишагӣ, филиззӣ ва сиккаҳо ёфт шуданд. Хусусан сиккаҳо ҷолиби диққатанд. Аҷиннатеппа тақрибан сад сол фаъол буд ва ба тахмин дар солҳои 40-и асри 7 дар рафти истилои арабҳо тадриҷан хароб гардид.

Ҳафриёти Аҷиннатеппа аҳаммияти илмӣ дорад. Аҷиннатеппа нахустин ёдгории будоӣ дар Осиёи Миёна аст, ки пурра таҳқиқ шудааст.

 

Ноҳия дар оянда боз зеботар хоҳад шуд

Се соли оянда, ки дар кишвар “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон шудааст, масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш тасмим доранд аксари кулли мушкилоти ҷойдоштаро дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот бартараф сохта, сатҳи зинагии мардумро боз ҳам боло бардоранд. Ва ҳама он дастуру супоришҳоеро, ки аз тарафи роҳбарияти Ҳукумати кишвар дода мешавад, сари вақт иҷро намуда, ноҳияи Вахши вилояти Хатлонро ба як ноҳияи зебои кишвар табдил диҳанд.

 

“ФАРАЖ”

Добавить комментарий