Дар урфият мегӯянд, ки “Соле, ки накӯст, аз баҳораш пайдост”. Ба ин маънӣ, заҳматкашони шаҳри Гулистони вилояти Суғд соли 2019 –ро бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст намуда, рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳрро дар семоҳаи аввали соли 2019 вусъати тоза бахшиданд. Самараи чунин пешравиҳои назаррасро раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода аз шарофати ташрифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи Наврӯзи хуҷастапайи имсола ба як қатор шаҳру навоҳии вилояти Суғд медонад…

 

САНОАТИКУНОНӢ – ОМИЛИ РУШДИ УСТУВОРИ КИШВАР

Тавре ҳинни сухбат раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода иброз дошт: «Дар давоми семоҳаи аввали соли 2019 корхонаҳои саноатии шаҳри Гулистон ба маблағи 783 миллиону 493,2 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта бо нархҳои муқоисавӣ 102,3 фоиз ё ба маблағи 17,7 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Аз ин 96,3%-и ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолгардида ба корхонаҳои саноатӣ тааллуқ дошта, 3,7%-и он ба хизматрасонии пулакӣ ва ба бахши соҳибкорони шаҳр мансуб аст. Дар давраи ҳисоботӣ аз 28 корхонаи саноатии шаҳр 17-тои онҳо афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро аз 100,6% то ба 5,1 маротиба зиёд расонида, иҷрои онро барзиёд таъмин намуданд”.

Тавре Фирдавс Шарифзода афзуд, дар давоми моҳҳои январ-марти соли 2019 корхонаҳои саноатии шаҳр  маҳсулоти гуногуни саниатию ниёзи мардумро, аз ҷумла: 60 ҳазору 223,8 тонна консентрати сурб, руҳ ва хокаи мис, 4 ҳазору 388,2 тонна орд, 841,1 тонна сабус, 4450 тонна комбикорм (ему хошоки омехта), 517,1 метри мукааб маҳлули бетонӣ, 7639,6 метри мукааб регу сангмайда, 4 миллиону 492 ҳазор дона зарфҳои шишагии 0,5 литра, 1159,1 метри мукааб маҳсулоти оҳану бетонӣ, 258,3 миллион квт/соат неруи барқ, 1831,9 декалитр машрубот, 735,5 ҳазор метри мураббаъ маҳсулотҳои қолинӣ, 584,2 тонна маҳсулоти полипропиленӣ, 19,4 тонна қубури оҳанӣ, 370 тонна реги кварсӣ, 18,9 ҳазор дона шифер, ба маблағи 804,7 ҳазор сомонӣ маҳсулоти дӯзандагӣ, ба маблағи 438,9 ҳазор сомонӣ маҳсулоти заргарӣ, 40 ҳазору 400 дона пӯсти чорво, 60 километр кабел ва дигар маҳсулоти саноативу марриди ниёзи мардумро  истеҳсол намуданд.

Дар семоҳаи аввали соли равон бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати  миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  корхонаи Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Маҳмуд и Компания” бо таъсиси 100 ҷои нави корӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Ҳамчунин, дар ин  давра як сехи парвариши чӯҷа бо 8 ҷойи корӣ ва биноҳои ёрирасони фабрикаи бойгонии Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой ба фаъолият оғоз намуд.

Ба ин васила дар ҳудуди шаҳр теъдоди умумии ҷойҳои кории доимӣ 10108 ададро ташкил медиҳад. Шумораи шаҳрвандони машғули кор 8529 нафар мебошад, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 57 нафар зиёд мебошад. Музди маоши миёнаи кормандони тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр 1793 сомониро ташкил медиҳад. Аз тарафи шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ дар семоҳа 108 ҷойи корӣ таъсис дода шуд. Алҳол, дар шаҳр ҳамагӣ аз тарафи 17 корхонаи кордиҳанда 129 ҷойи кории холӣ ба корҷӯён пешниҳод шудааст.

Вазни қиёсии корхонаҳои саноатии шаҳр дар ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии вилоят 28,7 фоизро ташкил дод.

Дар корхонаҳои саноатии Гулистон истеҳсоли барзиёди маҳсулоти саноатӣ аз рӯи 74 намуди аслӣ ба роҳ монда шуд.

 

МОЛИЯ

Дар шаҳри Гулистон тайи семоҳаи аввали соли 2019 ба қисми даромади буҷети давлатӣ 39,4 миллион сомонӣ маблағҳои андозу пардохтҳо ворид гашт, ки он баробар ба 101,3 фоизи нақшаи пешбинишуда буда, ба буҷет зиёда аз 501 ҳазор сомонӣ аз нақша зиёд маблағ ворид гардид. Нақшаи даромади буҷети шаҳрӣ 11,4 миллион сомонӣ ё 106,9 фоиз ба иҷро расонида шуда, зиёда аз нақша 737 ҳазор сомонӣ маблағ ворид шуд. Дар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ қарз ё қафомонӣ аз пардохти музди меҳнат вуҷуд надорад.

Дар ин давра иҷрои нақшаи андози иҷтимоӣ бо дарназардошти  хароҷот 11 миллиону 120,5 ҳазор сомонӣ  (нақша — 11 миллиону 023,3) иҷро гашт, ки баробар ба 100,9%  мебошад.

 

ТАНЗИМ

Дар ин давра дар ҳудуди шаҳри Гулистон ва шаҳракҳои тобеи он 130 маъракаҳои гуногун, аз ҷумла 118 тӯйи домодию арӯсӣ, 8 маросими чил ва 4 маъракаи сол баргузор гардидааст. Дар давоми се моҳи соли 2019 ба ифтихори иди Наврӯзи байналмилалӣ бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва соҳибкори маҳаллӣ хатнасури 10 нафар писарбачаҳо аз оилаҳои ниёзманд баргузор гардид.

 

СОҲИБКОРӢ

Дар шаҳри Гулистон ва шаҳракҳои тобеи он шумораи умумии соҳибкорони хурду миёна 856 нафарро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, 204 нафар бо шаҳодатнома ва 652 нафар бо патент фаъолият мебаранд. Дар давоми семоҳа 56 нафар соҳибкорони нав ба қайд гирифта шудаанд.

Боиси қайд аст, ки дар шаҳр дар соли 2019 нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 тамоюли рушди фаъолияти соҳибкорӣ дида мешавад. Яъне, шумораи соҳибкорон нисбат ба ҳамин давраи  соли 2018-ум 54 нафар зиёд гашта, дар соҳаҳои саноат, савдо, хизматрасонӣ шумораи соҳибкорон мутаносибан то 105,5 фоиз зиёд гардидаанд.

 

САРМОЯГУЗОРӢ

Тибқи маълумотҳо дар давоми моҳҳои январ-марти соли 2019 ба иқтисодиёти шаҳри Гулистон 14, 9 миллион сомонӣ сармоягузориҳои мустақим ҷалб гардидаанд. Аз он 2, 9 миллион сомонӣ сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ ва 12, 0 миллион сомонӣ сармоягузориҳои дохилӣ мебошад. Сармоягузории хориҷӣ ин сармоягузории мустақим буда, аз тарафи сармоягузорони хориҷии ҶСК “Қолинҳои Қайроққум” таҷҳизоти иловагии истеҳсоли ришта аз давлати Олмон ҷиҳати зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли қолинҳо ворид карда шудааст. Инчунин, аз тарфи ширкати ватании ҶДММ “Маҳмуд ва Ко” ба маблаги 12 миллион сомонӣ корхонаи арматурабарорӣ сохта ба истифода дода шуд.

Мавриди зикр аст, ки лоиҳаи «Барқарорсозии системаи обтаъминкунии шаҳрҳои шимоли Тоҷикистон», аз ҷумла дар шаҳри Гулистон низ амалӣ гардида, лоиҳаи мазкур бо дастгирии Бонки аврупогии таҷдид ва рушд бо маблағҳои кредитӣ ва грантӣ дар ҳаҷми умумии маблаги лоиҳавии 2,  4 миллион доллари ИМА идома дорад. Дар доираи лоиҳаи мазкур дар самти «Барқарорсозии шабакаҳои обтаъминкунии шаҳри Гулистон» корҳои хобонидани 12384 метр қубурҳои полиэтиленӣ ва мумфаршкунии роҳи автомобилгард ба анҷом расид. Инчунин дар самти «Барқарорсозии чоҳ, истгоҳи насосии кӯтали 2-юм ва технологияи коммуникатсионӣ, сехи хлоркунӣ дар шаҳри Гулистон» корҳо ба анҷом расонида шуд. Ҳамзамон, дар доираи лоиҳа 5 теникаҳои масуси коммуналӣ, 5 таҷизоти таъмирӣ ва ёрирасон, 7 таҷизоти лабораторӣ ҷиҳати беҳтар ба роҳ мондани санҷиши оби нушокӣ ва як трактор харидорӣ карда шуда, айни ҳол дар истифодаи корхонаи обтаъминкунии шаҳри Гулистон қарор дорад.

Дар маҷмӯъ аз оғози татбиқи лоиҳа дар шаҳри Гулистон 2296,2 ҳазор доллари ИМА аз худ карда шуда, лоиҳа дар арафаи анҷомёбӣ мебошад.

Маврид ба қайд аст, ки дар шаҳри Гулистон боз як лоиҳаи инвеститсионӣ ин ҳам бошад, лоиҳаи «Барқарорсозӣ ва таҷдиди НБО-и Қайроққум» бо маблағгузории Бонки аврупогии таҷдид ва рушд (ЕБРР),  Бонки инвеститсионии Аврупо (ЕИБ) ва “Фонди байналмилали иқлими сабз” дар марҳилаи оғозёбӣ мебошад. Мувофиқи лоиҳа тачдиди асосии НБО-и «Қайроққум» ва иншооти ёрирасон ва иншооти гидротеникии он бояд марҳила ба марҳила аз нав карда шуда, иқтидори неругоҳ аз 126 МВт ба 174 МВТ расонида шавад. Муҳлати амалигардии лоиҳа аз оғози корҳо то интиҳо 57 моҳро ташкил медиҳад. Маблағи марҳилаи якуми лоиҳа 71 миллион доллари амрикоӣ ва дар марҳилаи дуюм 88 миллион доллари амрикоӣ дар назар дошта шудааст, ки маблағи умумии татбиқи лоиҳа 159 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Алҳол пудратчии асосии марҳилаи якуми татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозӣ ва таҷдиди НБО-и Қайроққум» муайян гардида, моҳи майи соли 2019 татбиқи лоиҳа оғоз мегардад.

 

САЙЁҲӢ

Дар минтақаҳои истироҳатии шаҳри Гулистон дар баробари истироҳаткунандагони ватанӣ, ҳамчунин сол аз сол сафи истироҳаткунандагони хориҷӣ меафзояд. Аз ҷумла, дар давоми семоҳаи аввали соли равон 1135 меҳмонони хориҷӣ ва 4846 истироҳаткунандагони дохилӣ ба осоишгоҳҳо, урдугоҳ ва марказҳои солимгардонии шаҳр ташриф оварданд. Дар маҷмӯъ дар тӯли се моҳи соли ҷорӣ 6824 нафар истироҳат намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта шумораи истироҳаткунандагон 312 нафар зиёд мебошад.

Ҳаҷми маблағи воридшуда дар семоҳи аввали соли ҷорӣ аз ҳисоби хизматрасониҳои сайёҳӣ ва табобатӣ 7 миллиону 415,3 ҳазор сомонӣ ташкил дод, ки аз он 1 миллиону 509,9 ҳазор сомонӣ ба туризми хориҷӣ рост меояд.

Дар соҳаи туризм зиёда аз 424 нафар бо корӣ доимӣ таъмин шуда, музди миёнаи маоши онҳо 1435 сомониро ташкил медиҳад. Тадриҷан сол то сол баробари афзоиши шумораи кормандони осоишгоҳҳо, ҳамчунин музди маоши онҳо низ зиёд мегардад.

 

ХИЗМАТРАСОНИИ ПУЛАКӢ

Дар шаҳри Гулистон ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ дар давраи ҳисоботӣ ба аҳолӣ 18 миллиону 049,6 ҳазор сомонӣ буда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2018-ум (17 миллиону 392,6 ҳазор сомонӣ)  бо нархҳои муқоисавӣ ба маблағи 657 сомонӣ зиёд, яъне ба 100,7% баробар мебошад.

Ҳаҷми умумии гардиши савдои чакана дар ин давра 35 миллиону 200 ҳазор сомонӣ буда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2018-ум (34 миллион сомонӣ)  ба маблағи 1 миллиону 200 ҳазор сомонӣ зиёд, ё  ин ки  103,5 фоизро ташкил дод.

 

ИСТИҚБОЛИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шарҳи Гулистон дар се моҳи соли 2019 роҷеъ ба истиқболи арзандаи ҷашни бузурги умумимиллӣ — 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақшаи чорабиниҳо таҳти шиори «1300 – рӯзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» чорабиниҳо ва тадбирҳои мушаххас роҳандозӣ мегардонад.

Мутобиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19-уми декабри соли 2017, қарори раиси вилояти Суғд аз 21-уми феврали соли 2018, № 51 бо мақсади тарғиби комёбиҳои солҳои истиқлолият, ташаккули ҳисси ватандорӣ, қадршиносӣ аз арзишҳои умумимиллӣ ва умумидавлатӣ, таҳкими ваҳдати халқҳои маскуни кишвар, ташаккули давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ қарори раиси шаҳри Гулистон аз 16-уми марти соли 2018, № 57 «Дар бораи ҷашни  30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расида, тибқи он нақшаи чорабиниҳо иборат аз 79 банд ва инчунин зиёда аз 180 номгӯи иншооти ҷашнӣ, ки бахшида ба ифтихори таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ мураттаб гардида, тасдиқ шудааст.

Ҳамзамон тибқи нақшаи чорабинӣ дар давоми се сол дар маркази шаҳр ва минтақаҳои саноатӣ ва истироҳатӣ 107 иншоот, дар шаҳраки Адрасмон – 17  иншоот, дар шаҳраки Консой -15 иншоот, дар шаҳраки Зарнисор – 12 иншоот, дар шаҳраки Чоруқдаррон – 12 иншоот, дар шаҳраки  Сирдарё — 10 иншоот ва шаҳраки Навгарзан – 7 иншооти ҷашнӣ бунёд, таъмиру тармимкарда мешаванд, ки дар натиҷа зиёда аз 2 ҳазору 400 ҷойҳои нави корӣ таъсис дода мешаванд.

Аз ин маҷмӯи иншоот бояд дар соли 2018 — 40 иншоот, дар соли 2019 – 71 иншоот, дар соли 2020 – 46 иншоот ва дар соли 2021 – 23 иншоот бунёд карда шаванд.

Дар ин замина, алҳол дар ҳудуди шаҳр корҳои сохтмонӣ, хуррамгардонӣ ва бунёдкорӣ тавсеа ёфта,  тибқи нақша ва нақшаҳои иловагӣ бо ибтикори соҳибкорони маҳаллӣ ва сокинони ватандӯст ҷараён доранд.

Ба рӯйхати иншоот, ки аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, корхонаву муассисаҳо ва соҳибкорони ватандӯст давоми се сол то ҷашни истиқлолият бунёд мегарданд, асосан биноҳои таъиноти иҷтимоӣ, аз қабили мактаб, биноҳои истиқоматии миёнаошёна, иншооти гуногуни маишию маданӣ ва хизматрасонӣ, ҳаммом, сартарошхона, толори ҳусн, майдончаҳои варзишӣ ва гулгашту хиёбонҳо шомил гардидааст.

Дар давоми соли 2018 тибқи нақшаи чорабиниҳо бояд 40 иншооти таъиноташ гуногуни соҳаҳои хоҷагии халқ ба нақша гирифта шуда буд. Дар натиҷа дар тӯли соли 2018-ум 54 иншооти ҷашнӣ мавриди истифодабарӣ қарор дода шуд.

Бо мақсади иҷрои Нақшаи чорабиниҳои таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати анҷом додани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар шаҳр чунин иншоот бунёд гардиданд. Аз ҷумла,

-дар арафаи таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ
Раҳмон бинои нави меҳмонхонаи сеошёна барои 50 ҷой ва коттедҷи чӯбини дуошёна дар ҳудуди осоишгоҳи “Баҳористон” сохта ба истифода дода шуданд;

— бо дастуру супориш ва иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 28-уми июни соли 2018 иншооти ҷашнии сехи истеҳсоли риштаи ҶСК “Қолинҳои Қайроққум” бо 70 ҷойи нави корӣ ифтитоҳ гардид, ки баробари фаъол гардидани сехи мазкур истеҳсоли 50 фоизи ашёи хом дар худи ин корхона ба роҳ монда шуд. Иқтидори истеҳсолии сехи мазкур дар як шабонарӯз истеҳсоли 8,5 тонна, дар як моҳ 250 тонна ва дар як сол 3 ҳазор тонна риштаро ташкил медиҳад. Коргоҳи нави истеҳсолӣ бо маблағи умумии 35 миллиону 600 ҳазор сомонӣ ҷалби сармояи хориҷӣ сохта шудааст;

Дар заминаи корҳои бунёдкорӣ дар ҳудуди шаҳр инчунин  иншооти ҷашнии 5 майдони варзишӣ, 6 майдончаи бозии кӯдакон, 3 меҳмонхонаи қабули меҳмонон барои 100 ҷой ва ташкили 52 ҷойи нави корӣ, 3 корхонаи истеҳсолӣ бо ташкили 86 ҷойи корӣ, ду сехи дӯзандагӣ бо ташкили 16 ҷойи корӣ, як маркази хизматрасонӣ, маркази савдо, толори кошонаи ҳусн бунёд гардида, таъмиру азнавсозии қасри фарҳанги ҷамоати шаҳраки Адрасмон, бинои иловагии кӯдакистони “Бобуна” дар шахраки Сирдарё, маркази хизматрасонии”Тавҳид”, Хонаи донишҷуёни Коллеҷи тиббӣ барои 90 нафар донишҷӯён ба вуқӯъ пайваста, таъмиру тармими роҳҳои алтернативии кӯчаҳои Исмоили Сомонӣ ва Суғдиёни маркази шаҳр дар масофаи 3,8 километр ва роҳи минтақаи фароғатии шаҳр дар масофаи 4,5 километр мумфарш гардиданд. Ҳамчунин муҷаҳҳазгардонии системаҳои гармидиҳии гимназияи ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва марказии саломатии шаҳр ба итмом расонида шуданд.

Дар доираи омодагиҳо ва нақшаи чорабинӣ  ба истиқболи арзандаи ҷашни бузурги умумимиллӣ — 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди шаҳр 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил карда шуд. Рӯзи 6-уми сентябри соли 2018 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба 50 нафар пешоҳангони соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр Ифтихорнома ва Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва туҳфаҳо дар вазъи тантанавӣ супорида шуданд. Ҳамзамон, аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати  миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ду нафар собиқадорони меҳнат барои хизматҳои арзанда ва тӯлониашон аёдат карда шуда, ба онҳо кумакҳои молиявӣ ва моддӣ супорида шуданд. Ҳамзамон, ба ифтихори 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба беш аз 200 нафар қишри ниёзманди аҳолӣ кумакҳои  моддии яквақта дода шуданд.

Санаи 25-уми октябри соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон Мактаби санъатро, ки бо тарҳи хеле зебо бунёд гардидааст, бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ ифтитоҳ карданд.

Бинои мактаби санъат аз ду ошёна, бист утоқи дарсӣ, аз ҷумла синфхонаҳои рассомӣ, фортепиано, рубобҳои гуногун, солфеҷио, дутор, доира, карнай, овозхонони фалаку шашмақом, синфи компютерӣ ва китобхона иборат мебошад. Дар мактаби санъат инчунин як толори намоиш, толори консертӣ (барои 135 ҷойи нишаст), ҳуҷраҳои кории омӯзгорон, роҳбарияти мактаб ва ҳуҷраҳо барои омӯзиши дигар асбобҳои мусиқӣ, толори рақс, рассомӣ ва кулолгарӣ мавҷуд аст. Аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Мактаби санъати шаҳри Гулистон 50 адад асбобҳои мусиқии гуногун тақдим карда шуд.

Ҳамчунин,  рӯзи 25-уми октябри соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон дар маросими татбиқи лоиҳаи барқарорсозӣ ва таҷдиди Шабакаи обрасонии шаҳри Гулистон ширкат карданд. Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тобонидани чумак ба фаъолияти Шабакаи обрасонӣ оғози расмӣ бахшиданд.

Дар давоми се моҳи соли равон дар ҳудуди шаҳр ва шаҳракҳои тобеи он 36 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Боиси тафохур ва сарфарозист, ки ифтитоҳи се иншооти ҷашнӣ бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 31-уми марти соли 2019 ба вуқӯъ пайваст.

Рӯзи 31-уми марти соли 2019 дар шаҳри Гулистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои кӯдакистони давлатии “Парасту” — ро пас аз таъмиру навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Масоҳати умумии кӯдакистони мазкур зиёда аз 1 гектарро дар бар гирифта, аз се бино иборат мебошад.Ин иншоот аз ҷониби ҶДММ “Авитсенна” дар шаҳри Гулистон пурра таъмиру навсозӣ шудааст. Аснои шиносоӣ бо ин муассисаи таълимӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кори сохтмончиён баҳои баланд дода, иқдоми соҳибкорони ватаниро шоистаи таҳсин хонданд. Дар муассисаи наву замонавии томактабӣ алҳол 500 нафар фарзандони сокинони шаҳри мазкур дар 14 гурӯҳ ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд. Дар баробари ба фаъолият шурӯъ намудани ин кӯдакистон 38 нафар соҳиби ҷойи кор ва маоши хуб гардидаанд.

Ҳамчунин дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳр Парчами давлатиро барафрохтанд. Парчами давлатӣ дар маркази шаҳри Гулистон дар вазъияти тантанавӣ, бо садо додани Суруди миллӣ ва иштироки доираи васеъи сокинон партавафшон карда шуд. Баландии пояи Парчами давлатӣ 50 метр буда, дарозии  матои ин рамз ва муқаддасоти миллӣ 14 ва паҳноии он 7 метрро ташкил медиҳад. Иншоот дар масоҳати 0,80 гектар бунёд гардида, атрофи он бо беш аз 200 дарахтони ҳамешасабз, гулҳои рангоранг ва чароғҳои равшанидиҳанда оро дода шудааст. Дар ду шафати Парчами давлатӣ фаввора сохта шудааст, ки масоҳати ҳар кадоми он ба 50 метри мураббаъ баробар мебошад. Атрофи Парчами давлатӣ дар масоҳати 3 ҳазору 700 метри мураббаъ сафолакпӯш гардидааст.

Дар минтақаи саноатии шаҳри Гулистони вилояти Суғд бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Маҳмуд ва Компания” мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Корхонаи мазкур дар масоҳати умумии 2,4 гектар аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ бунёд шудааст. Баъди ифтитоҳи корхона 100 нафар мутахассиси маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд. Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Маҳмуд ва Компания” дар давоми се моҳ бунёд шуда, иқтидори истеҳсолии то 50 ҳазор тонна маҳсулот дар як сол мебошад. Дар ин корхона тавассути технологияи нави чинӣ арматураи тамға (марка)-и 335, 400, 500 ва 600, ки қутрашон аз 8 то 32 миллиметрро ташкил медиҳад, истеҳсол мегардад.

Бояд зикр кард, ки дар семоҳаи аввали соли равон инчунин бо иштироки муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Давлаталӣ Саид ва Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода Парки нави замонавӣ дар даромадгоҳи ғарбии маркази шаҳр ба истифода дода шуд.

Дар давоми семоҳаи аавал корҳои созандагӣ вусъат гирифта, чароғонкунии шоҳроҳи Хуҷанд-Гулистон дар масофаи 6 километр, гузоштани 1800 метр канораҳои роҳ (бордюр), гузоштани ду адад чароғаки замонавии роҳнамо, насби 12 адад аломатҳои замонавии қоидаи роҳ, насби се монитори иттилоотии замонавӣ, азнавсозии се панои калон, мумфарши кӯчаҳо дар масоҳати 2 километр, бунёд майдони теннис ва баскетбол, майдони волейболи пляжӣ ва мавзеи пиёдароҳи варзишӣ бо таҷҳизоти машқу тармим дар соҳили «Баҳри тоҷик», насби чанбараки ороишӣ дар НБО «Қайроққум», азнавсозии девори қади шоҳроҳ, таъмирии асосии шуъбаи ҷарроҳии Беморхонаи марказии шаҳр, таъмири асосӣ ва рангубори намуди зоҳирии бинои маъмурии ШВКД дар шаҳр ва ҶСК «Тоҷиктелеком», 8 биноҳои истиқоматии миёнаошёна ва сохтмони манзилҳои истиқоматӣ аз тарафи сокинон ба вуқӯъ пайвастааст.

Дар маҷмӯъ дар давоми соли 2018 ва семоҳаи аввали соли 2019 тибқи нақшаи чорабиниҳо ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази шаҳр ва шаҳракҳои тобеи он 90 иншоот ба маблағи 259 миллиону 552 ҳазор сомонӣ сохтмон, бунёд, тармим ва азнавсозӣ гардидааст.

Ҳамзамон, дар ҳудуди шаҳр ва ҷамоати шаҳракҳо дар ин давра дар радифи корҳои созандагиву ободонӣ дар ин давра беш аз 700 чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ-оммавӣ, ки бо мақсади тарғибу ташвиқи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва худшиносии аҳли ҷомеа мебошад, баргузор гардидаанд. Тавре зимни суҳбат раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода ба хабаронигори МТЖТ гуфт, “Номгӯи иншооти ҷашнӣ ба истиқболи сазовори ҷашни бузурги миллӣ —  30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ҳудуди шаҳр рӯз то рӯз такомул ёфта, дар натиҷаи корбарӣ дар байни сокинон ва соҳибкорон теъдоди иншооти ҷашнӣ меафзояд. Ин далолат ба он мекунад, ки дар ҳақиқат гулистониён муҳтавои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи шоиста истиқбол намудани ҷашни фархундаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гарму ҷӯшон пазируфта, дар амалӣ намудани он азми ҷиддӣ, суботи комил  ва нерӯи созанда доранд. Кор дар самти иҷрои Нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи арзандаи ҷашни бузурги умумимиллӣ — 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад”.

Саиди Ҳайдар,

МТЖТ

Добавить комментарий