Хабарнигори МТЖТ ин навбат ба шаҳри Хуҷанд сафар намуда, бо натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии ин шаҳри овозадори соҳили Сирдарё шиносоӣ пайдо намуд. Дар идомаи ин силсилагузориши муфассали мо дастовардҳои шарафмандони шаҳри Хуҷанд дар соли 2018 ва 5 моҳи аввали соли ҷорӣ манзури хонандагони ҳафтанома мегарданд.

“Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Хуҷанд ба таъмини волоияти Қонун, риояи талаботҳои Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон равона гардида, дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ, ташкил намудани ҷойҳои нави корӣ, беҳ кардани сатҳу сифати зиндагӣ ва муҳайё сохтани шароити арзандаи меҳнатию фароғатии мардум ҷаҳду талоши зиёд ба харҷ медиҳад”,- иброз намуд раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода дар оғози суҳбат.

 

Муроҷиати шаҳрвандон

Ба иттилои Маъруф Муҳаммадзода, дар соли сипаригардидаи 2018 ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр 5175 адад муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ворид гардидааст. Аз теъдоди умумии муроҷиатҳои воридгардида вобаста ба масъалаи гирифтани қитъаи замини наздиҳавлигӣ 19,4 фоиз, бақайдгирии манзил ва биноҳои сохташуда 7,8 фоиз, оид ба гирифтани қитъаи замин барои сохтмон 12,15 фоиз, оид ба сафари ҳаҷ 7,5 фоиз, оид ба таъмин шудан бо манзили истиқоматӣ 7,7 фоиз, хоҷагии манзилию коммуналӣ 5,0 фоиз, оид ба ҳифзи иҷтимоиёт ва кӯмаки моддӣ 7,5 фоиз, ҳифзи ҳуқуқи кӯдак 4,5 фоиз ва ғайра масъалаҳои иҷтимоиро ташкил менамояд. Дар ин давра қабули шаҳрвандон дар рӯзҳои чоршанбе ва шанбе дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр аз рӯи ҷадвали тасдиқгардида ва тибқи системаи хизматрасонии “Равзанаи ягона” ҷараён гирифта, аз ҷониби роҳбарияти шаҳр 1481 нафар шаҳрвандон қабул карда шудаанд.

 

Вазъи иҷрои буҷаи давлатӣ

Соли 2018 нақшаи қисми даромади буҷети давлатии шаҳр 101,1 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 380,2 млн сомонӣ ворид шудааст, ки нисбат ба нақшаи тасдиқгардида 4,3 млн сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 ба маблағи 37,6 млн сомонӣ ё 11,0 дар сад зиёд мебошад. Дар ин давра ба буҷети маҳаллии шаҳр 155,5 млн сомонӣ ворид гардидааст, ки ин аз нақша бо назардошти ворид намудани тағйироташ 100,1 фоизро ташкил дода, дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2017 ба маблағи 18,9 млн сомонӣ ё 13,8 фоиз афзудааст.

 

Фазои мусоиди сармоягузорӣ

Баҳри ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ, истифодаи мақсадноки захираҳои табиӣ ва нерӯи инсонии минтақа якчанд лоиҳаҳои инвеститсионӣ дар мисоли сохтмони коргоҳи коркарди пӯст ба маблағи 12,5 млн доллари амрикоӣ, фабрикаи пойафзолбарорӣ ба маблағи 12,6 млн доллари амрикоӣ, коргоҳи истеҳсоли зарфҳои шишагин ба маблағи 17,0 млн доллари амрикоӣ, коргоҳи коркарди мева ва истеҳсоли консерва ба маблағи 11,7 млн доллари амрикоӣ, яхдону сардхонаҳои гуногунҳаҷм ба маблағи 3,1 млн доллари амрикоӣ, фабрикаи дорусозӣ ба маблағи 45,0 млн доллари амрикоӣ ва фабрикаи қаннодӣ ба маблағи 3,5 млн доллари амрикоӣ мавриди омодасозӣ қарор гирифтааст. Барои рушди соҳаҳои дигари афзалиятнок низ бо истифода аз имкониятҳои мавҷудбуда лоиҳаҳои инвеститсионӣ барои пешниҳод ба сармоягузорони дохиливу хориҷӣ ва институтҳои молиявӣ омода карда шуда истодаанд.

Дар арафаи таҷлил аз 21-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ корхонаи нави “Арча мебел” бо сарфи 9,0 млн сомонӣ сармоя ва бо 50 ҷойи корӣ дар ду баст ба фаъолият шуруъ намуд, ки ба он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳусни оғоз бахшиданд. Ҳамчунин, моҳи октябри соли 2018 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” боз як корхонаи истеҳсолии ҶДММ “Ариана металл пласт” фаъолияти худро оғоз намуд. Айни ҳол аз тарафи ин корхона истеҳсоли 36 намуд маҳсулот, ба монанди бозичаҳои бачагона, дучархаи бачагона ва таҷҳизоти маишӣ, аз қабили яхдон, мошинаи ҷомашӯӣ, инчунин қисмҳои эҳтиётии автомобилҳо, ки аз металл ва пластмасса мебошад, ба роҳ монда шудааст. Корхонаи мазкур дар марҳилаи аввал 120 нафар ва дар марҳилаи дуюм боз 150 нафар шаҳрвандонро бо кор таъмин менамояд.

То санаи 1-уми январи соли 2019 теъдоди соҳибкорони инфиродӣ ба 8261 нафар расида, аз онҳо 5802 нафар бо патент ва 2459 нафар бо шаҳодатнома фаъолият доранд. Аз ин миқдор дар соли 2018-ум 1264 нафар бо патент ва 282 нафар бо шаҳодатнома фаъолияти соҳибкории худро оғоз намудаанд. Аз миқдори умумии ба фаъолияти соҳибкорӣ машғулбуда 23,6 фоизро занҳо ташкил дода, 1541 нафар бо патент ва 412 нафар бо шаҳодатнома фаъолият мебаранд.

Дар ин давра ҳаҷми умумии сармоягузориҳо 36,5 млн доллари амрикоӣ, аз ҷумла, сармояи хориҷӣ 18,7 млн доллар ва сармояи дохилӣ 17,8 млн долларро ташкил менамояд. Ҷалби сармояи хориҷӣ асосан барои татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ба соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ва беҳтаргардонии вазъи хизматрасонии нақлиёти мусофиркашон равона шуда, сармояи дохилӣ бошад, дар соҳаи манзилию иҷтимоӣ, яъне сохтмони биноҳои истиқоматӣ, нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ равона шудааст.

Баҳри рушди бахши хусусӣ тариқи озмун 102 адад бино ва иншооти коммуналии шаҳр ба иҷора дода шуда, ҳамагӣ ба буҷети маҳаллӣ 893,0 ҳазор сомонӣ маблағ ворид гардидааст, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли 2017-ум 6,3 фоиз афзоиш ёфта, зиёда аз 550 нафар шаҳрвандон бо ҷои кори доимӣ таъмин гардидаанд.

Баҳри дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ аз тарафи 11 адад ташкилотҳои қарздиҳӣ ва бонкҳо зиёда аз 394,9 млн сомонӣ ба 19888 нафар соҳибкорон, аз ҷумла 8620 нафар занон қарзҳои хурд дода шудааст, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 140,1 млн сомонӣ ё 55,0 дар сад афзудааст.

 

Рушди соҳаи саноат ва энергетика

Дар самти тақвияти иқтидори соҳаи саноати кишвар, теъдоди корхонаҳои истеҳсолии хурду миёна дар соли гузашта ба 163 адад расида, он нисбат ба соли 2017-ум 8 адад афзудааст. Дар натиҷаи фаъолияти пурсамари корхонаҳои саноатии шаҳри Хуҷанд ба миқдори 1132,4 млн сомонӣ (бо назардошти тақсимоти қувваи барқ ва истеҳсол ва тақсимоти об) маҳсулот истеҳсол карда шудааст, ки он нисбат ба соли 2017-ум 120,8 млн сомонӣ ё 11,9 дар сад афзудааст.

Дар шаҳри Хуҷанд 86 намуд маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шудааст, ки аз онҳо ҳаҷми 63 намуд маҳсулот нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 зиёда аз 100,0 фоиз таъмин гаштааст. Дар марҳилаи мазкур аз тарафи 11 корхонаҳои саноатии шаҳр ба маблағи 188,4 млн сомонӣ маҳсулот ба давлатҳои хориҷии дуру наздик содирот карда шуда, ҳаҷми он дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2017 ба маблағи 5,2 млн сомонӣ ё 2,8 дар сад зиёд шудааст. Инчунин аз ҷониби 54 адад корхонаҳои хурду калон маҳсулоти ивазкунандаи воридот ба маблағи 318,9 млн сомонӣ истеҳсол гардидааст, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 ба маблағи 38,2 млн сомонӣ ё 13,6 фоиз зиёд мебошад.

Қобили тазаккур аст, ки мувофиқи маълумоти идораи фурӯши барқ аз тарафи шабақаҳои барқи шаҳр порсол ба миқдори 609,2 миллион кВт/соат нерӯи барқ интиқол карда шудааст. Маблағи пардохти умумии он 135,6 млн сомонӣ ё 100,6 фоиз, аз ҷумла аз тарафи аҳолӣ 60,7 млн сомонӣ ё 102,4 фоизро ташкил менамояд. Дар шаҳр истифодабарандагони қувваи барқ бо ҳисобкунакҳои электронӣ пурра таъмин буда, зиёда аз 50,0 ҳазор муштариён (аҳолӣ, корхонаҳои саноатии калону миёна ва хурд) ба системаи ягонаи назоратии биллингӣ пайваст мебошанд. Дар шаҳр нерӯгоҳҳои барқӣ вуҷуд надоранд. Баъди азнавсозии шабакаҳои барқӣ ва ҷорӣ намудани системаи ҳисоби электронӣ меъёри ҷудошудаи талафот аз рӯйи талаботи техникӣ ба эътидол омадааст.

Барои боз ҳам беҳтар намудани вазъи барқтаъминкунии сокинон, давра ба давра иваз намудани шиддати барқ, яъне аз 6 Квт ба 10 Квт иваз намудани ҳамаи таҷҳизот ва хатҳои барқии соҳили чапи Сирдарё зарурият дорад.

 

Таъминот бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ

Ҳамчун тадбирҳои меҳварӣ ва муҳим ҷиҳати беҳдошти вазъи иҷтимоии аҳолӣ то имрӯз барои таъмин намудан бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ 4408 адад муроҷиати оилаҳои эҳтиёҷманд оид ба гирифтани қитъаи замини наздиҳавлигӣ қабул ва 1711 нафар барои таъмин шудан бо хонаи истиқоматӣ ба навбат гирифта шудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ аз шумораи дар қайд будагон ба 68 нафар хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони сохторҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, 18 нафар кормандони Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Суғд ва 8 нафар оилаҳои эҳтиёҷманд, ҳамагӣ ба 94 нафар аз ҳудуди шаҳр қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда шудааст.

Бояд қайд намуд, ки дар қитъаҳои замини барои сохтмони биноҳои баландошёна ҷудогардида 87,7 ҳазор метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ бо истифода аз унсурҳои инноватсионӣ сохта ба истифода дода шудааст, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 22,7 ҳазор метри мураббаъ ё 35,0 дар сад афзоиш ёфтааст.

Илова бар ин, дар асоси иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22-юми июни соли 1998, №1021 “Дар бораи ба амал баровардани ҳуқуқи истифодабарии замин” 500 адад парвандаи заминсозӣ, аз он ҷумла, қитъаи замини наздиҳавлигӣ 365 адад, сохтмон ва вобастакунӣ 135 адад тартиб дода шуда, 474 адад Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ ба заминистифодабарандагон дастрас карда шудааст.

Дар рафти гузаронидани корҳои назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин 253 адад қонунвайронкуниҳои замин дар майдони 80783,2 м.кв. муайян карда шуда, нисбати ин қонунвайронкунандагон дар асоси моддаи 55-и Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 124,7 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ карда шудааст, ки аз он 101,2 ҳазор сомонӣ пардохт гардидааст.

Бояд қайд намуд, ки нақшаи генералии шаҳри Хуҷанд дар асоси Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми октябри соли 2010, таҳти №479 тасдиқ гардида, минбаъда корҳои сохтмонию меъморӣ танҳо дар асоси ин ҳуҷҷати муҳим амалӣ карда шуда истодаанд.

Ҳаҷми фондҳои асосии ба истифода додашуда аз ҳамаи сарчашмаҳо 207,1 млн сомониро ташкил дода, он нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 ба маблағи 17,1 млн сомонӣ ё 9,0 дар сад зиёд гардидааст, ки он ба ҳар як сари аҳолӣ 1142,7 сомонӣ рост меояд.

Дар ин давра 32 иншооти маданию маишӣ, истиқоматию коммуналӣ ва саноатӣ бо арзиши 195,8 млн сомонӣ сохта ба истифода дода шудааст. Аз ҷумла, маҷмааи меҳмонхонаи «Парламент» бо маблағи 16,1 млн сомонӣ, бинои истиқоматии 6-ошёна бо манзара (мансард), дар ошёнаи якум маркази савдо ва хизматрасонӣ, кӯдакистон барои 240 нафар, бинои 5-ошёна бо манзара бо маблағи умумии 42,2 млн сомонӣ ва бинои истиқоматӣ бо маблағи 12,7 млн сомонӣ ва дигарҳо ба маблағи 124,8 млн сомонӣ сохта ба истифода дода шудааст.

 

Ҳифзи иҷтимоӣ

Дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд 7 адад муассисаҳои иҷтимоӣ бо 498 нафар бошандагони доимӣ ва муваққатӣ фаъолият доранд. Ба 1-уми январи соли 2019 ҳаҷми маблағи аз буҷети маҳаллӣ барои ҳифзи иҷтимоӣ ҷудошуда 2101,1 ҳазор сомониро ташкил додааст.

Дар ҳамин ҳол, шумораи нафақахӯрон 18654 нафарро ташкил намуда, андозаи миёнаи нафақа 382,5 сомониро ташкил медиҳад. Қайд кардан зарур аст, ки талабот 81,1 миллион сомониро ташкил дода, маблағи он пурра ва саривақт дар соли 2018 пардохт карда шудааст. Теъдоди нафақагирони меҳнатӣ 16590 нафар ва нафақагирони иҷтимоӣ 2064 нафарро ташкил медиҳад. Дар шаҳр шумораи оилаҳои камбизоат бо назардошти соли пешина, ки дар қайди гирандагони кӯмаки унвонии иҷтимоӣ қарор доранд, 4028 нафарро ташкил медиҳад.

 

Маориф

Дар шаҳри Хуҷанд 33 кӯдакистон, 12 кӯдакистонҳои хусусӣ, 1 Маркази ислоҳнамоӣ — педагогӣ барои кӯдакони норасоии нутқдошта фаъолият менамоянд, ки дар онҳо 9314 нафар тарбиятгирандагон аз ҷониби 463 нафар мураббияҳо ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Дар 16 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр 20 гуруои Маркази инкишофи кӯдакон бо теъдоди 417 нафар кӯдакон фаъолият мебаранд, ки дар маҷмуъ дар онҳо 9731 нафар кӯдакон фаро гирифта шудаанд. Ҳамчунин 47 мактаб ва 1 Маркази таҳсилоти иловагӣ, аз он ҷумла 27 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, 4 литсей, 4 гимназия, 10 мактаби хусусӣ, 1 мактаб — интернати ёрирасон, 1 комплекс кӯдакистон-мактаби махсус барои кӯдакони қувваи босираашон суст ва нобино фаъолият менамояд. Дар давраи ҳисоботӣ дар муассисаҳои таълимӣ 40728 нафар хонанда (19043 нафар духтарон) ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, баҳри таълими онҳо 2509 нафар омӯзгорон фаъолият мебаранд, ки аз онҳо 2211 нафарашон занҳо мебошанд.

Баҳри амалӣ гаштани Барномаи давлатии компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 153 адад компютер, 35 адад тахтаи электронӣ, 41 адад принтер ва 32 адад проектор харидорӣ карда шудааст. Дар маҷмуъ, дар муассисаҳои таълимӣ 1438 адад компютер, 111 адад тахтаи электронӣ, 144 адад проектор, 202 адад принтер мавҷуданд. Ҳамаи компютерҳо пурра ба шабакаи Интернет пайваст мебошанд. Дар литсейи физикӣ — математикии №1, мактаби №19, литсей барои хонандагони болаёқат ва мактаб барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд китобхонаи электронӣ ташкил карда шудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр дарсҳои омӯзишӣ (9 соат) оид ба «Низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» гузаронида шудааст. Аз 2418 нафар хатмкунандагони соли 2017-2018-ум 1893 нафарашон (78,3%) тавассути Маркази миллии тестӣ барои дохил шудан ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ ҳуҷҷатҳои худро супоридаанд ва 5 нафар ятимони кулли муассисаҳои таълимии шаҳр тибқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон номи донишҷӯйро гирифтаанд.

Инчунин, 366 нафар хатмкунандагони соли 2018 дар донишгоҳҳои хориҷи кишвар дохил шуда, таҳсил намуда истодаанд.

Бояд қайд намуд, ки бо мақсади беҳтар ба роҳ мондани раванди таълиму тарбия, баланд бардоштани маҳорату малакаи касбии омӯзгорон, дарёфт намудани омӯзгорони боистеъдод, навовару эҷодкор, тарғибу ташвиқи таҷрибаи пешқадами омӯзгорӣ бо қарори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16.05.2015, №13/1 дар муассисаҳои таълимии шаҳр озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2018» баргузор гардид. Даври ниҳоии  озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2018» бо ғолибияти омӯзгори фанни забони англисии мактаби хусусии «Гулчини маърифат» Олимов Парвиз ҷамъбаст гардида, омӯзгор дар даври вилоятии озмун сазовори ҷойи 2-юм гардид. Дар озмуни ҷумҳуриявии “Мураббии соли Тоҷикистон-2018” мураббияи муассисаи таҳсилоти томактабии №27 Валиева Биҳанифа сазовори ҷойи 1-ум гардид.

Соли 2018 бо иштироки Роҳбари давлат муассисаи таҳсилоти томактабии №28 дар маҳаллаи Навбаҳор барои 320 нафар кӯдакон ва муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии “Суғдиён” барои 240 нафар кӯдакон дар маҳаллаи 19 ифтитоҳ гардида, ба истифода дода шуд. Ҳамчунин соли сипаришуда кӯдакистонҳои хусусии “Ҷаҳони орзу” ва “Ҳушёрак” мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.

 

Таваҷҷуҳ ба варзиш

Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр 25 нафар ҷавон, аз ҷумла 8 нафар ҷавондухтарон дар вазифаҳои гуногуни хизмати давлатӣ фаъолият намуда истодаанд, ки 38,0 фоиз хизматчиёни давлатиро ташкил медиҳанд. Ҳамзамон, 1 нафар ҷавон вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр мебошад.

Баҳри татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти ҷомеа давоми соли 2018-ум 14 аксия ва ҳамоишҳои мухталиф бо ҷалби 3750 нафар ҷавонону наврасон баргузор гардида, 1675 адад маводҳои таблиғотӣ паҳн карда шудаанд.

Ҷиҳати рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ва ҷалби васеи омма ба намудҳои мухталифи варзиш тадбирҳои саривақтӣ андешида мешаванд. Ин аст, ки дастовардҳои варзишгарон дар мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ, байналмилаливу ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳрӣ назаррас буда, танҳо дар соли сипаригардида варзишгарони шаҳр ба гирифтани 2738 адад медал, аз ҷумла 909 медали тилло, 741 медали нуқра ва 1088 медали биринҷӣ ноил гардидаанд.

Бо мақсади ҷалби бештари аҳолӣ, хусусан наврасону ҷавонон ба варзиш дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд беш аз 296 иншооти варзишӣ мавриди истифодабарӣ қарор дорад. То ин давра 18 адад иншооти варзишӣ ба истифода дода шуда, бунёд ва азнавсозии толорҳо ва майдончаҳои варзишӣ аз ҷониби мақомоти давлатию ҷамъиятӣ ва соҳибкорони маҳаллӣ дар доираи эълон гардидани “1300 рӯзи ободонию созандагӣ бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” бомаром идома дорад.

Баҳри ҳавасмандкунӣ ва дастгирии моддиву маънавии ҷавонону варзишгарон дар доираи чорабиниҳои Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон санаи 22-юми май барои 100 нафар ҷавонони фаъол, аз ҷумла 20 нафар варзишгарони беҳтарин Стипендияи раиси шаҳр ба маблағи 1000 (ҳазор) сомонӣ тақдим карда шудааст. Ҳамзамон барои 20 нафар хатмкунандагони курси семоҳаи “Мактаби сарварони ҷавон” шаҳодатнома супорида шудааст.

 

Рушди сайёҳӣ

Сокинону соҳибкорони шаҳри Хуҷанд иқдоми некбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон — эълон гардидани соли 2018 “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”-ро бо хушнудӣ истиқбол намуда, дар ин самт андешидани чораҳои амалиро нақшагирӣ намудаанд. Бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ дар шаҳри Хуҷанд 6 муассисаи сайёҳӣ, ба монанди ҷамъияти байналхалқии туризми ҷавонон “Спутник”, ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди “Саёҳати олӣ”, “Суғдиён-Помир-Тур”, “Ҷаҳонгард”, “Алп Сомон-тур” ва Ассотсиатсияи “Зарафшон” фаъолият бурда истодаанд.

Ҷиҳати ҷалби сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ бошад, хатсайрҳои дохилӣ, ба монанди “Шоми Душанбе”, Искандаркӯл”, “Ҳафткӯли муъҷизадор” фаъолияти пурсамар доранд. Айни ҳол дар шаҳри Хуҷанд барои қабули сайёҳон 13 меҳмонхона бо теъдоди 680 адад ҷойи қабули меҳмонон фаъолият намуда истодаанд. Барои сайёҳон нуқтаҳои фурӯши маҳсулоти ороишӣ аз сангҳою металлҳои қимматбаҳо, туҳфаҳои хотиравӣ, намунаҳои ҳунарҳои дастии ҳунармандон фаъолият менамояд. Ҳамчунин дар шаҳр 32 ёдгориҳои таърихӣ, 3 ёдгориҳои археологӣ, 25 ёдгориҳои шаҳрсозиву меъморӣ ва санъат мавҷуд мебошад.

Дар соли сипаришуда зиёда аз 64,0 ҳазор нафар ба шаҳр ташриф оварда, аз мавзеъҳои сайёҳию ёдгориҳои шаҳр бархӯрдор шудаанд, ки аз онҳо 4,3 нафар сайёҳони хориҷӣ ва 59,7 нафар сайёҳони дохилӣ буда, гардиши маблағи умумии соҳаи сайёҳӣ зиёда аз 2,7 млн сомонӣ мебошад.

Ҷиҳати тарғибу ташвиқи соҳаи туризм ва муаррифӣ намудани захираҳои сайёҳии кишвар дар тахтаҳои таблиғотии кӯчаву хиёбонҳои шаҳр шиору овезаҳо дар мавзуи рушди сайёҳӣ насб карда шуда, дар атрофи Маҷмааи таъриҳӣ — фарҳангии “Истиқлол” боғи фароғатӣ бунёд карда шудааст, ки барои ҷалби бештари сайёҳони дохилию хориҷӣ мусоидат хоҳад кард.

Ҳамзамон, дар Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон дар кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон устодон аз рӯи фанҳои “Сайёҳии байналхалқӣ”, “Бизнес ва сайёҳӣ” ва “Ташкили сайёҳии байналхалқӣ” ба донишҷӯён дарс дода истодаанд, ки заминаи мусоид барои аз худ намудани соҳаи сайёҳӣ ва омода намудани кадрҳои баландихтисос дар ин соҳа мебошад.

Дар доираи тақвияти соҳаи сайёҳӣ маҷмааи меҳмонхонаи байналмилалии “Парламент” санаи 29-уми марти соли 2018 ба фаъолият оғоз намуд, ки дар ифтитоҳи он Сарвари кишварамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок намуданд. Инчунин дар арафаи иди “Наврӯз — 2018” дар маркази шаҳр қаҳвахона-тарабхонаи замонавӣ бо номи “Ситораи Хуҷанд” бо саҳми соҳибкорон сохта ба истифода дода шуда, дар ин бино барои қабули 70 нафар меҳмонону сайёҳон меҳмонхона омодаи хизматрасонӣ аст.

Соли 2018 барои ҷалби сайёҳони дохилию хориҷӣ бо ташаббуси роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳр шиногоҳи соҳили дарёи “Сир” аз нав эҳё гардид. Дар доираи эълон гардидани «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ҷиҳати рушди инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ ва барои ҳарчи бештар ҷалб намудани сайёҳони хориҷӣ ба ин шаҳри бостонӣ, дар боғи Камоли Хуҷандӣ роҳи танобӣ бо дарозии 1050 метр, тарабхонаҳои “Форел” дар кӯчаи Сирдарё ва “Темурмалик” дар хиёбони Раҳмон Набиев бунёд карда шуд.

 

Соле, ки накӯст

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар соли ҷории бобарор ва пурфайзи даврони истиқлолиятамон ҳам ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди иқтисодию иҷтимоӣ, саноатикунонии кишвар ва созандагию бунёдкорӣ чораҳои ҳамарӯзаи муҳим андешида истодааст.

Дар натиҷаи фаъолияти самаранок дар ҳамаи соҳаҳо то имрӯз нишондиҳандаҳои микроиқтисодии шаҳр тақвият ёфта, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, сохтмон, ба истифода додани фондҳои асосӣ, буҷети давлатӣ, сатҳи шуғлнокӣ, гардиши савдо ва хизматрасонӣ барзиёд таъмин шуда истодааст.

Бояд қайд намуд, ки то имрӯз дар шаҳр зиёда аз 30 адад муассисаю корхонаҳои нави андозсупоранда таъсис ёфтааст. Аз ин миқдор 5 адад корхонаҳои навбунёди истеҳсолӣ буда, дар онҳо 50 адад ҷойҳои нави корӣ ташкил карда шудааст, ки он барои саноатикунонии кишвар замина мегузорад.

Ҷиҳати тақвияти самти иқтисодӣ аз ҳисоби ба кор андохтани механизми шарикии рушд тавассути ҳамкориҳои давлатӣ ва соҳибкорӣ танҳо дар чормоҳаи соли ҷорӣ 3,8 млн доллари амрикоӣ сармояҳои хориҷӣ ва дохилӣ ҷалб карда шуда, дар татбиқи 3 лоиҳаи давлатӣ 1,5 млн доллари амрикоӣ азхуд карда шудааст.

 

Идомаи иқдомҳои созандагӣ

Ҳамчун рисолатҳои шаҳрвандӣ дар раванди бунёдкориву созандагӣ ва ободонӣ чораҳои амалӣ андешида, дар доираи 1300 рӯзи ободонию бунёдкорӣ ба муносибати таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси 15 банди нақшаи чорабинии шаҳр бо харҷи зиёда аз 100,0 млн сомонӣ 98 иншооти гуногуни иҷтимоию маишӣ ва савдою хизматрасонӣ бунёд гардидааст. Аз ҷумла, дар соҳаи маориф 3 иншоот, фарҳангию фароғатӣ 5 иншоот, 7 адад нуқтаҳои савдо ва хизаматрасонӣ, 8 адад бинои истиқоматии баландошёна ва 75 иншооти ҳаётан муҳим сохта шудааст. Дар ин замина 102 адад ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шудааст.

Баҳри зебою гулзоркунии шаҳр, дар қади кӯчаю хиёбонҳо ва гулгаштҳо ба миқдори 519,2 ҳазор дона гулҳои ҳархелаи ороишию маҳаллӣ ва 5,6 ҳазор адад дарахтони сояафкан дар якҷоягӣ бо саҳми сокинон ва соҳибкорон шинонида шуда, таҳти нигоҳубин қарор дорад. Илова бар ин, бо дастгирии бевоситаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят 10,68 км роҳҳо таъмиру мумфарш карда шуда, дар кӯчаҳои марказии шаҳр 528 адад чароғакҳои муосир насб карда шудаанд.

Ҷиҳати сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти шаҳр барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020 чораҳои амалӣ андешида шуда, дар натиҷа 193 метри квадратӣ бомҳои баландошёна, 2 адад намои биноҳо, 4 адад таҳхона таъмир шудаанд.

Боиси тазаккур аст, ки ҷиҳати дастгирии иҷтимоии сокинон ба 1900 нафар шаҳрвандони камбизоат кӯмакҳои моддию молиявӣ расонида шуда, ба 4 нафар аробачаи маъюбӣ дастрас карда шуда, нафақаи 18852 нафар нафақагирон пурра ва сари вақт пардохт карда шудааст. Баҳри баланд бардоштани сатҳи маърифати маънавию ҳуқуқӣ ва сиёсии сокинон, аз он ҷумла ҷавонон бошад, 74 чорабиниҳои фарҳангию варзишӣ ва сиёсию иҷтимоӣ бо иштироки зиёда аз 67,0 ҳазор нафар баргузор гардидааст.

Ҷиҳати татбиқи ташаббуси эълонгардида вобаста ба рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ зиёда аз 10 озмун, маҳфил ва чорабиниҳо доир гардида, дар ин самт аз ҷониби ширкатҳои сайёҳӣ, муассисаҳои фарҳангӣ ва меҳмонхонаҳо ба зиёда аз 3,0 ҳазор нафар хизмат расонида шудааст, ки аз ин миқдор 1,0 ҳазор нафар аз хориҷи кишварамон мебошанд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода бо зикри муҳимтарин нуктаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии ин шаҳри диловези соҳили Сирдарё моро мутмаин намуда, ҳамзамон изҳор дошт, ки “дастгирӣ ва пайравӣ аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон натиҷаи дар қалб мавҷуд будани ҳисси баланди миллию фарҳангии ҳар фарди баномуси Ватан буда, пояҳои давлатдории миллиро ҳамчун гавҳари ноёб маҳфуз медорад. Мо минбаъд низ маҳз роҳнамоиҳои созандаи Сарвари давлатро сармашқи зиндагиномаи худ қарор дода, пайваста бо меҳри Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлол ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор мекунем ва фаъолиятамонро идома медиҳем ва барои ҳимояи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, якпорчагии марзу буми он ҳамеша омодаем. Зеро ҳар як кишвари олам барои рушду нумуъ ва таҳкими давлатдорӣ, нуфуз ва эътибори баланд, пеш аз ҳама ба ақлу хирад, бунёдкориву созандагии сокинони бонангу номусаш такя намуда, ояндаи дурахшони хешро таъмин менамояд. Фардои неки Тоҷикистони азизи мо бошад, дар дасти ҳар як сокини бошараф ва дилсӯзи он аст”.

 

Саиди ҲАЙДАР, МТЖТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here