Таърихи ҳар як миллат дорои саҳифаҳои сабақомӯз, хотирмон ва арзишҳои волоест, ки барои наслҳои оянда ҳамчун чароғи ҳидоят хизмат мекунад.

Яке аз саҳифаҳои таърихии фаромӯшнашаванда ва хотирмон барои мардуми шарифи Тоҷикистон Ваҳдати миллӣ мебошад, ки бо шарофати талошҳои пайгиронаи фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Маскав Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мухолифини тоҷик имзо шуд ва ба ҷанги бародаркушӣ дар Тоҷикистон хотима гузошт.

Сулҳ баҳорест, баҳор оварад,

Равнақу шодиву барор оварад.

Сулҳ диҳад шаршараи ҷӯи об,

Сулҳ диҳад ҳусни пур аз офтоб.

Оре, сулҳ мафҳумест бузургу ифодакунандаи амният, осоиштагӣ, озодӣ, истиқлолият ва нишонаи ободию зиндагии ороми давлату миллат. Сулҳ таҷассумгари шодиву нишот, ҳамдигарфаҳмӣ, озодихоҳиву ватандӯстист. Сулҳ дар тасвири олимон асоси ободии ҳар кишвар ва манбаи хушбахтии ҳамаи одамон аст. Ин аст, ки ҳастию пояндагии сулҳ на танҳо дар ҳастии давлату миллат, балки дар ҳастии ҳар як гулу гиёҳ ва тамоми ҷисмҳои зиндаи олам эҳсос мешавад. Пас, сулҳу осоиштагии давлату миллат худ аз худ ба осонӣ ба даст намеояд. Барои ба даст овардани сулҳу осоиштагӣ, ҳанӯз дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ мардуми мо дар муҳорибаҳои шадиди хунин ва дардафзо бар зидди Олмони фашистӣ иштирок намуда, чони худро дар роҳи озодии ватани хеш дареғ надоштанд.

Хушбахтем, ки озоду бофароғат зиндагӣ мекунем, офтоби гарм саховатмандона ба сарамон нуру зиё ва меҳру муҳаббат пошида, хурсандӣ ва нишотамонро афзун мегардонад. Имрӯз бо заҳмати беандозаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии миллати бонангу номуси тоҷик Тоҷикистон бо ҳамаи кишварҳои дунё робитаҳои бародарона дорад. Ҳамарӯза чун миллати сулҳхоҳу давлати осудаву ором бо онҳо ҳамкориву ҳамрайъӣ намуда, дар хурсандиву шодӣ ва ғам ва камию костиҳои ҳамдигар саҳмгузоранд. Тамоми давлатҳо бо кишвари мо робитаҳои дӯстӣ доранд, ки ин натиҷаи сулҳу оромист.

Сулҳу ваҳдат ибораест, ки ҳамеша дилчаспу дилнишин ва бо лаҳни шево садо дода, бевосита шунавандаро ба фикр кардан водор месозад. Сулҳ оштиву фарзонагӣ, якдигарфаҳмӣ ва толиби осоиштагӣ будани мардумро таҷассумгар аст. Ваҳдат бошад, ба ҳам омадан, сар аз як гиребон бурун овардан, ҳамдигарфаҳму поктинату миллатдӯст будан аст. Танҳо бо роҳи ваҳдат, якдигарфаҳмӣ истиқлоли кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор карда метавонем.

Танҳо дар сурати ваҳдат душвориҳо ва монеаҳоро паси сар карда, ба он муваффақ мешавем, ки рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣ орад, кишвари азизамон ба шоҳроҳи пешрафту тараққиёт босубот қадам занад. Ба ақидаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, “ҳар касе, ки ниҳоле сабзонда бошад, медонад, ки дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад. Аммо ниҳоле низ ҳаст, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меорад. Мо меваи ширину сабзонидаамонро чашидем, мо ҳаргиз роҳ намедиҳем, ки дигар теша ба решаи он расад”.

Он дарахте, ки Пешвои миллат ба сулҳу ваҳдат ташбеҳ додаанд, имрӯзҳо меваҳои ширину бисёре ба самар оварда истодааст, ки бо онҳо мо тоҷикон фахр мекунем. Муносибати нави давлатӣ сиёсати соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон, сохтмони роҳҳои нави дохиливу берунӣ ва ба хориҷи кишвар баромадани тоҷиконро ба миён гузошт.

Ваҳдат ва таҳкими он чун раванди асосии пешрафту тараққиёт ҳамеша саъю кӯшиши хастагинопазири аъзои ҷомеа ва кулли ташкилоту муассисаҳои давлатию ғайриҳукуматӣ ва сохторҳои худфаъолияти ҷамъиятиро тақозо менамояд. Махсусан, нақши ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар вусъат додани эътимоди иҷтимоии аъзои ҷомеа ба сифати яке аз омилҳои таҳкимбахшандаи ваҳдати миллӣ хеле барҷаста аст ва аз ин хотир дар ин самт фазои ҳамкориҳои судмандро пайваста бо онҳо густариш додан боиси манфиат мебошад. Имрӯз дар ҷомеаи мо маҳз тавассути тавсеаи ҳамкориҳои созандаи давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ фазои мусоиди сиёсӣ барои баррасӣ ва ҷустуҷӯи роҳи ҳалли масъалаҳои мубрами ҳаёти ҷамъиятӣ фароҳам омадааст ва минбаъд низ танҳо дар ҳамин замина мо метавонем ватани худро ба қатори кишварҳои пешрафтаи ҷаҳони муосир барорем.

Бояд гуфт, ки яке аз муҳимтарин омилҳои таҳкими ваҳдати миллӣ худро ба сифати як ҷузъи миллат амиқан дарк кардан, манфиатҳои олии давлатӣ ва миллиро аз манфиатҳои шахсӣ боло гузоштан, таъмини ягонагии миллиро вазифаи шахсии ҷонии худ ва тамоми ҷомеа донистан, дар роҳи ҳимояи манфиатҳои умумимиллӣ сайъу кӯшиши пайваста намудан аст. Мутаассифона, ҳоло ҳам ин сифатҳо дар шуури баъзе аъзои ҷомеаамон ба қадри зарурӣ мавҷуд набуда, сарфи назар аз он, ки ақидаҳои носолими чунин шахсонро ҷомеа қабул надорад, онҳо бо сӯйистифода аз фазои озоди демократӣ дар мамлакатамон ба вуҷуд омада, ба амалҳои зиддиқонунӣ даст мезананд.

Дар замони муосир бояд дар назар дошт, ки ваҳдати ому томи миллӣ ҳеҷ гоҳ дар асоси арзишҳои як худи дин амалӣ намешавад. Чунки ваҳдати миллӣ масъалаи танҳо динӣ ва сирф сиёсии як гуруҳ ва ё ҳизбе намебошад. Он ифодаи талабот ва ниёзҳои тамоми ҷомеа, сарфи назар аз эътиқоди динӣ, мансубияти миллӣ ва ҳизбӣ аст. Агар аз мавқеи сиёсати байналмилалӣ назар афканем, сулҳи моро кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ ба хотири эътиқоди динии ин ё он ҳизб ва ё гуруҳи сиёсӣ эътироф накардаанд. Балки маҳз ба хотири аз тарафи қувваҳои сиёсии ҷомеаи мо эътироф шудани арзишҳои умумибашарии демократӣ ва дунявӣ, мухолифи экстремизми динӣ ва сиёсӣ будани аксарияти мутлақи аҳолии Тоҷикистон ба истиқрори сулҳамон мусоидат карданд.

Сиёсати пайгиронаи Сарвари давлат, ки баҳри татбиқи он мо ҳамагон масъулем, дар ҳама соҳаҳои пешбурди ҳаёти кишвар тадриҷан шароити арзандаро барои инкишофи озодона ва роҳандозии потенсиали ҳар як узви ҷомеа таъмин месозад. Ин пеш аз ҳама аз вазъи ороми сиёсӣ ва фаъолияти пурсамару шабонарӯзии сохторҳои амниятиву мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сарчашма мегирад, ки бо бедории касбӣ вазифаҳои таъинотиашонро иҷро менамоянд. Аммо, тавре воқеияти зиндагӣ шаҳодат медиҳад, ин субот ва раванди эъмори давлати соҳибистиқлоламон то ба ҳол баъзе қувваҳоро дар хориҷ ва дохили кишвар ором намегузорад ва онҳо аз пайи халалдор кардани авзои сиёсию иҷтимоӣ дар кишвари мо мебошанд.

Хулоса, сулҳ армуғон ва дастоварди бузургест, ки сарвати бисёр бузург аст. Ҳеҷ як дороиву афзунӣ ба як лаҳзаи осоиштагӣ ва дӯстиву сулҳу субот ва баробарӣ баробар шуда наметавонад. Сулҳ неъмати гарону ноёфтанист, ки миллатро бузургию арҷи баланд ва давлатро афзунӣ бахшидаву шуҳратёр мегардонад.

 

Раҳим КАРИМОВ

Добавить комментарий