Вақте ки дар бораи ваҳдати миллӣ сухан мегӯем, пеш аз ҳама сулҳу субот, якдигарфаҳмӣ, сарҷамъӣ ва муттаҳидии тамоми мардуми ҷумҳурии азизамон пеши назар меояд. 

 

Дар ҳақиқат ваҳдат барои тамоми мардуми олам ҳамчун обу ҳаво муҳим ва зарур аст. Бе ваҳдати миллӣ пешрафту ободӣ ба даст намеояд, шодию нишот, хандаи беолоиши кӯдакон ва дӯстию муҳаббати ҷавонон аз байн меравад. Бинобар ин, имрӯзҳо мо ҳамагӣ мардуми шарифи ҷумҳурии азизамон шукронаи Худованди меҳрубонро ба ҷо меорем, ки марди хирадманду далер, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои кишвари азизамон роҳбар қарор дод. Дар баробари ин, фаромӯш набояд кард, ки хотима бахшидан ба мухолифати мусаллаҳона, расидан ба сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ ба мо бар ивази хисорати зиёди ҷониву молӣ ва дигар мушкилоти сангин муяссар гардид. Мо тавонистем ҳамаи ин душвориҳоро бо роҳбарии марди хирадманд, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бартараф созем, арзишҳои бузурги умумимиллӣ — соҳибистиқлолӣ, давлату давлатдории миллӣ ва ягонагии марзу буми ватани азизамонро аз манфиату ғаразҳои гуруҳиву ҳизбӣ боло гузорем ва бо розигии Худованди меҳрубон пойдории сулҳу субот ва оромиву амнияти ватани азизамонро таъмин намоем.

Имзои созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ шаҳодати пирӯзии мардуми сулҳпарвар ва фархундаи Тоҷикистони азизамон мебошад, ки сиёсати пешгирифтаи давлатро дар он рӯзҳои душвор самимонаву дилгармона дастгирӣ намуданд. Мову шумо бояд дар раванди давлатсозиву давлатдории навини худ рӯ ба арзишҳои волои таърихиву фарҳангӣ оварда, ҷавҳари андешаи миллиро бо дарки амиқи мафҳумҳои тақдирсози истиқлолияту озодӣ ва ватани ягона, посдории рамзҳои давлатдорӣ ва ифтихор аз миллати бофарҳангу тамаддунсоз тақвият бахшем. Аслу бунёди андешаи миллӣ аз пуштибонии марзу буми кишвар ва меҳру садоқат ба ватани аждодӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, таҳкими низоми давлату давлатдории мустақилона, кору фаъолияти созандаву бунёдкорона ва расидан ба сатҳи зиндагии шоиставу рӯзгори осуда ибтидо мегирад. Агар ваҳдати миллӣ ба таҳкими пояҳои истиқлолият мусоидат кунад, пас истиқлолияти давлатиро бе ваҳдати миллӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст. 

Омиле дигаре, ки сарчашмаи ваҳдати миллӣ ва яке аз рукнҳои устуворӣ ба шумор меравад, ин арҷ гузоштан мебошад, зеро лаҳни шево ва забони ширину шоиронаи тоҷикӣ дар масири таърих бақои миллати тоҷикро таъмин кардааст. Мову шумо хуб медонем, ки ояндаи ободи ватани азизамон аз малакаи хуби забондонӣ, тафаккури солиму пешрафта, маърифати баланди ҳар фарди ҷомеа, ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ ва худшиносиву худогоҳии наслҳои имрӯзу оянда, инчунин фарогирӣ ва дар амал татбиқ намудани дастовардҳои илми муосир, техника ва технологияҳои замонавӣ вобастагии зиёд дорад. Чунки имрӯзҳо дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ба рушди илмҳои дақиқ, ташаккули тафаккури техникӣ ва ҷорӣ кардани технологияи муосир аҳамияти хоса дода, онҳоро заминаи муҳими рушди иқтисодиёт ва ояндаи ҷомеа мешуморанд. Бинобар ин, худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ифтихор аз ватану ватандорӣ омилҳои таҳкимбахши ваҳдати миллӣ ва иттиҳоди мардуми кишвар мебошад. Халқе, ки дорои хотираи қавии таърихист ва дар масири асрҳо огоҳии комил дорад, метавонад дар миёни кишварҳои мутамаддини олам мақоми шоиста пайдо намояд. Вале фаромӯш набояд кард, ки худогоҳиву худшиносӣ на танҳо ифтихор аз дастовардҳои илмиву адабӣ ва фарҳангии миллати хеш, балки пойгоҳи устувори маънавиёт аст, ки фарзандони бонангу номус ва огоҳу бедордили миллатро ба қиёсу хулосабарориҳо ва созандагию бунёдкориҳо ҳидоят месозад. Барои дарки арзишҳои фарҳангии миллӣ ва динамон заминаи мусоид фароҳам оварда, ваҳдату сарҷамъии моро густариши бештар мебахшанд. Аз ин ҷост, ки мо мардуми шарифи Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2009-ро соли бузургдошти поягузори мазҳаби таҳаммулпазири ҳанафӣ, яъне Имоми Аъзам эълон намудем, то аз ҷанбаҳои таълимоти мазҳабӣ ва ақоиди фиқҳии ин фарзанди фарзонаи халқи тоҷик барои тарғиби сулҳу дӯстӣ, ҳусни муомилаву муошират ва эҳтироми расму оин истифода намоянд. Худи Имоми Аъзам пайравонашро аз кашмокашу низоъҳои мафкуравӣ нигоҳ дошта, ихтилофу парокандагӣ ва таассубу тундравиро дар ҷомеаи мусалмонон намепазируфт. Таълимоти хеле бузург ва башардӯстонаи ин шахсияти олимақом мардумро ба пуштибонии сулҳу ваҳдат, эҷоди низоми одилонаву оқилонаи муносибатҳои иҷтимоӣ ва фарҳангиву мазҳабӣ ҳидоят менамояд. Беҳуда нест, ки Имоми Аъзам дар номаи пандомези худ ба яке аз шогирдонаш Холид Ибни Юсуфи Басрӣ таъкид кардааст, ки «ҳамеша сабру таҳаммулро пеша намо ва аз ҳама амалҳои бад ва тундрав парҳез кун ва ба пайравони ҳақ рафтори муносиб дошта бош!». Бинобар ин, ҳамватанони азизу гиромии мо — мардуми Тоҷикистони азиз, ки ворисони ин шахсияти барҷастаи таърихӣ ҳастем, бояд таҳти ин мазҳаби бисёр ҳаққу адолатпарвар дар пазируфтани даъват ва ҳидоятҳои ин пешвои бузурги мазҳабамон намунаи ибрати дигарон бошем.

Имрӯзҳо Тоҷикистони азизамон ба муваффақиятҳои назарраси сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ ноил гардида, дар ҷаҳони муосир ҷойгоҳи муносиби худро пайдо намудааст. Бесабаб нест, ки то имрӯз созмонҳои байналмилалӣ ва доираҳои сиёсии кишварҳои ҷаҳон таҷрибаи сулҳи тоҷикистониёнро меомӯзанд ва онро ҳамчун падидаи нодир ва боарзиш дар таърихи бунёди сулҳи байналмилалӣ дар кишварҳои ноором мавриди истифода қарор медиҳанд. 

Итминони комил дорам, ки мардуми шарифи Тоҷикистон ва фарзандони бонангу номуси халқи тоҷик пеш аз ҳама сулҳу ваҳдатро чун гавҳараки чашм ҳифз намуда, барои ободиву пешрафти ватани азизамон ҷаҳду талош менамоянд.

Шоҳсутуни кохи давлат ваҳдат аст,

Тоҷиконро тоҷи санъат ваҳдат аст.

Гавҳари кохи садоқат ваҳдат аст,

Номаи иқболи миллат ваҳдат аст.

 

Ҳоҷӣ Абдулатиф ДАВЛАТОВ,

имоми масҷиди панҷвақтаи маҳаллаи Ҳаёти нав 73

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here