“Оғози кори агрегати якуми Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” барои тамоми сокинони Тоҷикистони соҳибистиқлол санаи фаромӯшнашаванда ва рӯзи таърихӣ мебошад”.

Эмомалӣ Раҳмон

Ҳукумати кишвар дар шароите барои сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” тасмим гирифт, ки ҳанӯз мамлакат мушкилоти зиёди молиявию иқтисодиро паси сар менамуд. Дар кишвари маҳбубамон Тоҷикистон якдигарфаҳмӣ ва сулҳу салоҳ ҳукумфармо гардида, бартарафкунии оқибатҳои ҷанги бемаънии шаҳрвандӣ идома дошт. Дар ин баробар давоми шуруи корҳои сохтмонӣ ва барқароркунии НБО “Роғун” чандин маротиба ҷомеаи ҷаҳониро буҳрони шадиди иқтисодӣ фаро гирифт, ки иқтисоди миллии кишварҳои дар ҳоли рушд зери фишор қарор дошт. Сарвари давлат ба ҳамаи ин мушкилиҳо ва монеаҳо нигоҳ накарда, онро иншооти сарнавишсоз ва сохтмони аср эълон карданд.

16-уми ноябри соли равон дар саҳифаи таъхири миллати тамаддунофари тоҷик як рӯйдоди муҳим, яъне агрегати нахустини Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” ба истифода дода шуд, ки он бо хатҳои заррин сабт гардид.

Ба истифода додани нахустин агрегати НБО “Роғун” — ин нишонаи расидан ба орзуву ормонҳои деринаи миллати тоҷик, дарёфти ризқу рӯзии фаровон, файзу баракати зиндагӣ ва гузоштани қадамҳои нахустин ба остонаи саодату пешрафти босуръати кишвари азизамон — Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад. Ин рӯйдоди ҳаётан муҳим боиси баҳамоӣ, муттаҳидӣ ва хушҳолию хушнудии тамоми сокинони кишварамон Тоҷикистон гардид.

Нахустин фазилати марҳилаи оғози “Роғун” — ин кишварро аз норасоии барқ наҷот дода, эҳтиёҷоти дохилиро бо барқ пурра таъмин хоҳад кард. Иқтидори пурраи истеҳсолии “Роғун” 3600 мегаватро дар бар гирифта, яъне ба се (!) нерӯгоҳи атомӣ баробар аст. Бо пурра ба истифода додани НбО “Роғун” дар кишвар якбора иқтидори корхонаҳои саноатӣ вусъат ёфта, сармоягузории дохилию хориҷӣ дар Тоҷикистон, ба хотири нерӯи кор ва барқи доимию арзон, шароити арзанда фароҳам оварда, ба сохтани корхонаҳои хурду бузург дар кишвари азизамон замина мегузорад.

Ин нерӯгоҳи азими аср пас аз пурра ба кор даромадан, дар як сол ба миқдори 13 миллиард киловат/соат нерӯи барқ истеҳсол намуда, дар минтақа моро ба бузургтарин содиркунандаи энергияи арзон, ба яке аз таъминкунандагони сиёсати энергетикӣ табдил хоҳад дод.

Ба гуфтаи коршиносони минтақавии Осиёи Марказӣ, нерӯгоҳи “Роғун” усули наве барои ба роҳ мондани муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ маҳсуб меёбад.

Муовини директори Институти Осиёи Марказӣ оид ба тадқиқоти стратегӣ Фарҳод Одинаев дар вохӯрии минтақавии коршиносон, ки доир ба гидроэнергетика дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, андешаҳояшро баён доштааст. Ба гуфтаи ин таҳлилгар, иродаи сиёсӣ буд, ки нерӯгоҳи “Роғун” дар муддати кӯтоҳ сохта ба истифода дода шуд. Ҳамзамон, ӯ қайд мекунад, ки сохмони нерӯгоҳи “Роғун” барои аз буҳрони энергетикӣ баромадани Тоҷикистон ёрӣ мерасонад ва он барои 150 сол кор хоҳад кард. Сохмони нерӯгоҳи “Роғун” барои аз буҳрони энергетикӣ баромадани Тоҷикистон кӯмакрасон аст.

Ба андешаи мутахасисон, обанбори “Роғун” ба соф ва тоза намудани об ва наҷоти нерӯгоҳи Норак аз тагшинҳо, умри онро садсолаҳои дигар дароз хоҳад кард. Ба вуҷуд омадани баҳре ба дарози 70 километр,  майдонест барои варзишҳои шиноварӣ ва амсоли он, инчунин имкониятест барои нигоҳубин ва парвариши моҳӣ, ташкили санаторияву истироҳатгоҳҳои соҳилӣ дар ҳавои тозаи ин гӯшаи зебои ватанамон.

Гуфтан бамаврид аст, ки бисёре аз кишварҳои минтақа ба нерӯи барқи арзон эҳтиёҷ доранд. Алҳол Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон барқ содир мекунад. Ҳамчунин, ба қисмати ғарбии Ҷумҳурии халқии Хитой, ки дар он бештар аз 100 миллион аҳолӣ зиндагӣ мекунанд, камбудии нерӯи барқ эҳсос мегардад. Тоҷикистон солона 1,5 миллиард кВт.ст ба кишварҳои хориҷӣ нерӯи барқ содир менамояд. Имрӯзҳо таъмини аҳолии кишвар бо нерӯи барқ яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

Дар стратегияи рушди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то давраи соли 2030 зиёд намудани нерӯи барқ, сохтмони чархаи дуюми НБО “Роғун” ба нақша гирифта шудааст, ки тибқи он соли 2030 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар аз 45 миллиард кВт нерӯи барқ истеҳсол мешавад. Ин нишондод дар қиёс бо соли 2015 се маротиба зиёд хоҳад буд.

Имрӯзҳо Тоҷикистон дар қиёс ба дигар кишварҳои истеҳсолкунандаи нерӯи барқ дар нерӯгоҳҳои барқӣ-обӣ, имконияти бештар дорад. Аз ин рӯ, ҳар як фарди Тоҷикистонро мебояд, ки бобати саҳм гузоштан дар бунёди ин нерӯгоҳи аср ҷаҳду талош намоянд ва ҳиссаи арзандаи худро гузоранд. Заҳматҳои шабонарӯзии коргарону мутахассисон ва муҳандисон мояи ифтихору шараф аст.

Бо кӯшиш ва заҳмату талошҳои Пешвои миллат агрегати якуми НОБ “Роғун” ба истифода дода шуда, давра ба давра агрегатҳои боқимондаи он низ ба кор медароянд ва он рӯз дур нахоҳад буд, ки кишвари мо аз давлати рӯ ба рушд ба давлати пешрафтаи дунё табдил меёбад.

Талабшо АЗИЗОВ,

омӯзгори фанни таърих ва ҳуқуқи МТМУ №15-и ҷамоати деҳоти Сағирдашти ноҳияи Дарвоз

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here