Ноҳияи Шаҳринав 17-уми сентябри соли 1927 аввалин маротиба дар харитаи ҷуғрофии Тоҷикистон ҳамчун ноҳия пайдо гардид ва баъдан онро ба ҳозира шаҳри Ҳисор ҳамҷоя намуданд. Соли 1992 аз нав ноҳияи Шаҳринав таъсис дода шуд, ки маҳз туфайли хизматҳои арзанда ва дастгириҳои доимии Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба яке аз субектҳои пурқуввати хоҷагидории мамлакат табдил ёфт.

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав фаъолияти худро дар асоси Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ба роҳ монда, баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати ҷумҳурӣ ва раиси ноҳия ҷиҳати баланд бардоштани нишондиҳандаҳои иқтисодӣ, таъмини фаъолияти соҳаҳои иҷтимоӣ, ободу зебо гардонидани маҳали зист, беҳтар намудани зисту зиндагии мардум корҳои зиёдро ба анҷом расонидааст. Дар 9 моҳи соли равон дар натиҷаи татбиқи саривақтии дастуру супоришҳои аз ҷониби Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайяншуда муяссар гардид, ки рушди бонизоми иқтисодиву иҷтимоии ноҳия таъмин карда шавад.

Бо мақсади иҷрои нишондодҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули шаҳрвандон дар рӯзҳои шанбе бо иштироки муовинон, роҳбари дастгоҳ, мудирони шуъбаи бахшҳо, роҳбарони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва корхонаю муассисаҳои ноҳия ба роҳ монда шудааст.

Ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия дар 9 моҳи соли 2019-ум 1935 нафар шаҳрвандон тариқи хаттӣ муроҷиат намудаанд. Дар давраи ҳисоботӣ 665 нафар шаҳрвандон аз тарафи раиси ноҳия қабул карда шудаанд. Доир ба иҷрои ҳар як муроҷиат супоришҳои мушаххас дода шуда, баҳри ҳалли мушкилот саривақт чораҷӯӣ карда шудааст.

Дар 9 моҳи соли равон нақшаи ҷамъоварии андозҳо бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 101,2 фоиз иҷро гардида, ба ҷои 25 млн 397 ҳазор сомонӣ дар асл 25 млн 695 ҳазор сомонӣ ворид шудааст, ки аз нақша 298 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ дар ин давра ба маблағи 4 млн 480 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шуда, иҷроиши он 4 млн 962 ҳазор сомонӣ буда, 111 фоизро ташкил менамояд.

Дар ноҳия шумораи соҳибкорони хурду миёна 2263 нафар буда, аз ин шумора 279 нафар соҳибкорон дар асоси шаҳодатнома, 497 нафар дар асоси патент ва 1487 хоҷагиҳои деҳқонӣ фаъолият менамоянд.

Корхонаҳои саноатии ноҳия дар 9 моҳи соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро ба 23 млн 983 ҳазор сомонӣ расонидаанд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 11 млн 872 ҳазор сомонӣ зиёд буда, 194 фоизро ташкил медиҳад.

Дар давраи ҳисоботӣ бо мақсади таъмини амнияти озуқавории аҳолӣ кишоварзони ноҳия корҳои муайянеро ба анҷом расонидаанд. Ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи категорияи хоҷагӣ бо нархҳои ҷорӣ 196 млн 687 ҳазор сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 19 млн 471 ҳазор сомонӣ зиёд буда, иҷроиши нақша 111  фоизро ташкил медиҳад. Дар давраи ҳисоботӣ дар соҳаи растанипарварӣ 153 млн 550 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 111 фоиз буда, 78 фоизи маҷмӯи умумии маҳсулоти кишоварзиро ташкил менамояд. Дар ноҳия ҳамагӣ дар хоҷагиҳои кишоварзӣ 9362 га замини корам мавҷуд буда, аз он 3837 га заминҳои обӣ ва 5525 га заминҳои корами лалмӣ мебошад, ки дар ҳамаи заминҳо барои ҳосили соли 2019 киштукор гузаронида шудааст. Дар ноҳия ҳамагӣ кишти ғалладонагиҳои тирамоҳӣ ва баҳорӣ дар майдони 5502 га ва дар майдони 778,2 га кишти такрорӣ гузаронида шудааст. Кишти зироатҳои тирамоҳӣ барои соли 2020 идома дорад.

Майдони кишти зироатҳои кишоварзӣ дар ҳосили соли 2019 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 12201 гектарро ташкил менамояд.

Хоҷагиҳои кишоварзӣ дар майдони 217 гектар кишти картошка гузаронидаанд. Аз он 4637 тонна картошка ҷамъоварӣ гардидааст, ки ҳосилнокии он аз ҳар гектар ба 213,7-сентнерӣ рост меояд. Дар ҳамин давра 102 тонна пахта ҷамъоварӣ гардидааст, ки 12 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

Истеҳсоли сабзавот 42213 тонна буда, аз он 32494 тонна ба хоҷагиҳои кишоварзӣ рост меояд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 48 тонна зиёд, меваҷот 5265 тонна, аз он 3509 тонна ба хоҷагиҳои кишоварзӣ рост меояд.

Дар ҳамаи категорияҳои хоҷагидорӣ 6 гектар боғҳои нав бунёд карда шудааст. Аз майдони умумии боғҳои бунёдгардида тухмакдор 2 га, донакдор 3 га, барқароркунии боғу токзор 1 гектарро ташкил менамояд.

Истеҳсоли тухм дар ҳамаи секторҳои хоҷагидорӣ 6 млн 27 ҳазор донаро ташкил медиҳад, ки ба хоҷагиҳои кишоварзӣ 3 млн 413 ҳазор дона рост меояд.

Дар хоҷагиҳои кишоварзӣ 322 сар гӯсола гирифта шудааст. Гӯсолагирӣ ба ҳисоби миёна аз ҳар 100 сар модагов 77-сариро ташкил медиҳад. Дар хоҷагиҳои кишоварзӣ 4144 сар барраю бузғола гирифта шудааст, ки мутаносибан 100 фоиз мебошад. Аз 100 сар меш 92 сар барра гирифта шудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ 7,3 тонна пилла истеҳсол карда шудааст, ки нисбати нақша 101 фоиз мебошад.

Аз тарафи идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ дар давраи ҳисоботӣ ба маблағи 171 ҳазор сомонӣ наҳру заҳбурҳо аз лойқаю гил тоза карда шудааст. Дарозии шабакаҳои обёришаванда 144 км, дарозии заҳбуру заҳкашҳо 44 км, дарозии селпартоҳо 50 км-ро ташкил медиҳад.

Дар ноҳия 853 га заминҳои шартан обёришаванда мавҷуд аст, ки аз он 407 га байни хоҷагӣ ва 446 га дар дохилӣ хоҷагиҳо бо истгоҳҳои обкашӣ обёрӣ карда мешаванд.

Дар ҳамин давра барои оғози корҳои сохтмонӣ аз тарафи бахши меъморӣ ва шаҳрсозӣ ба 220 нафар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ иҷозат оид ба оғози корҳои сохтмонӣ бо лоиҳаҳои замонавии таъиноташон гуногун дода шудааст. Аз тарафи бахш 40 амрнома барои қатъ намудани сохтмонҳои худсарона ва бартараф намудани онҳо дода шудааст.

Бо мақсади омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободонию созандагӣ ривоҷ ёфта, аз ҳисоби соҳибкорони ноҳия ва аҳли ҷамъоатчигӣ бунёди муассисаҳои таълимию тиббӣ, сохтмони варзишгоҳу ҳаммом, корхонаҳои дӯзандагию ҳунармандӣ, кошонаи ҳусн ва сартарошхона идома дорад. Дар арафаи ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия аз ҳисоби соҳибкорон 20 иншооти таиноташон гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Инчунин, аз тарафи соҳибкорон 370 иншооти гуногуни ҷашнӣ ба нақша гирифта шуда, 180 иншоот мавриди истифодабарӣ қарор гирифтааст. Рафти корҳои сохтмонӣ дар иншооти ҷашнӣ пайваста аз ҷониби намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамзода Юсуф ва раиси ноҳия Аюбзода Нусратулло мавриди натиҷагирӣ қарор гирифта, дар маҷлисҳои вакилони ҷамоатҳо таҳлилу хулосабарорӣ карда шудааст.

Дар мувозинати Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия ҳамагӣ 94,5 км роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум буда, аз он 11 км роҳҳои аҳамияти байналмилалӣ, 13,9 км ҷумҳуриявӣ ва 69,6 км роҳҳои аҳамияти маҳаллӣ дошта мебошад. Аз ҳисоби Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмири ҷорӣ 36,5 ҳазор сомонӣ ва аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ 61 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ карда шудааст. Дар ноҳия дар соли 2019-ум 58 км роҳҳо таъмир ва барқарор карда шудаанд, аз ҷумла 13,9 км роҳҳои ҷумҳуриявӣ ва 44,1 км роҳҳои маҳаллии ноҳия. Дар ҳамин давра 1 км роҳи дохилӣ шағалпӯш ва 400 метр роҳҳои аҳамияти ҷумҳуриявӣ дошта мумфарш карда шудааст. Бо ҷалби аҳолӣ дар ҷамоатҳои Шаҳринав, Истиқлол ва Боғистон 3 км роҳҳои аҳамияти дохилидошта мумфарш карда шудааст.

Дар мавсими ниҳолшинонӣ аз тарафи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, корхонаву ташкилотҳо ва муассисаҳо зиёда аз 10 ҳазор бех ниҳолҳои сояафкану ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шудааст, ки аз он 2433 бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда ва 7215 бех ниҳоли дарахтони ороишию сояафкан мебошанд.

Дар давраи ҳисоботӣ вобаста ба амалишавии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020” як қатор корҳо ба анҷом расонида шудааст. Бо ин мақсад дар мувофиқа бо прокуратураи ноҳия нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроия таҳия ва тасдиқ гардидааст. Гуруҳи тарғиботию ташвиқотии мақомоти иҷроия дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ходимони дин дар асоси амри раиси ноҳия вобаста ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқию сиёсӣ ва фарҳангии шаҳрвандон, тарбияи ахлоқию хештаншиносии аҳолӣ, тарғиб ва ташвиқи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, пӯшидани либосҳои барои фарҳанги мо бегона, хурофотпарастӣ ва дигар амалҳои номатлуб дар байни аҳолӣ 160 суҳбату вохӯриҳо доир намудааст, ки ин иқдом то охири сол давом дода мешавад. Баҳри тақвият бахшидани корҳои таблиғотию ташвиқотӣ дар байни аҳолӣ амри раиси ноҳия Дар бораи таъсис додани гуруҳи кории тарғиботию ташвиқотӣ аз ҳисоби кормандони шуъбаю бахшҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия бо мақсади гузаронидани рейду санҷишҳо дар бозорҳо, мағозаҳо ва нуқтаҳои савдо” ба тасвиб расида, оид ба пешгирӣ ва ошкоркунии ҳолатҳои аз ҷониби шаҳрвандон парастиш намудани расму оин ва фарҳанги бегона, алалхусус пӯшидани сатру ҳиҷоб аз ҷониби духтарон ва бетартибона мондани риш аз тарафи ҷавонписарон пайваста рейду санҷишҳо гузаронида мешавад. Дар ин давра дар ҳафтаномаи ноҳиявии “Файзи Пешво” аз тарафи шуъба таҳти унвони Равандҳои сиёсӣ дар замони муосир” ва “Хатару таҳдидҳои замони муосир” мақола ба чоп расида, инчунин аз тарафи ходимони дин вобаста ба масъалаи мазкур мақолаҳо ба чоп расидаанд.

Дар таълимгоҳҳои ноҳия 1713 нафар омӯзгорон, аз он 1184 нафар занон ба кори таълиму тарбияи 22 ҳазору 919 нафар хонанда машғул ҳастанд. Дар соли таҳсили нав 181 нафар омӯзгорон ба кор қабул карда шудаанд, ки аз онҳо 43 нафар мутахассисони ҷавон бо роҳхати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25 нафар омӯзгорони ба кор баргашта, 51 нафар бо диплом, яъне хатмкардагони гуруҳҳои шартномавӣ, донишҷӯёни ғоибхони курсҳои гуногун, 29 нафар донишҷӯёни курсҳои 1-5 ва 33 нафар ба тариқи гузариш мебошанд.

Дар ҳудуди ноҳия ду муассисаи томактабии давлатӣ ва ду муассисаи томактабии хусусӣ фаъолият дошта, сохтмони боз ду муассисаи томактабии хусусӣ идома дорад. Бо мақсади беҳтар намудани вазъият ва иҷрои талаботҳои “Барномаи рушди муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2014-2020 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар назди 31 муассисаи таълимии ноҳия бо фарогирии 1175 нафар кӯдакони синни 4-6-сола дар 46 гуруҳ марказҳои инкишофи кӯдакон фаъолият дошта, дар назди 4 муассисаи таълимӣ ташкили чунин марказҳои инкишофи кӯдакон ба нақша гирифта шудааст.

Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таълимӣ корҳои ободонию бунёдкорӣ ва созандагӣ бо маром идома дорад. Аз рӯи нақшаи чорабиниҳо дар муассисаҳои таълимии №1, №45 ва кӯдакистони №1 корҳои ободонию бунёдкорӣ ба анҷом расонида шудааст. Дар муассисаҳои таълимии №4, №28, №39, №36 ва №38 сохтмони синфхонаҳои иловагӣ ба пуррагӣ ба анҷом расонида шудааст. Инчунин, дар муассисаи таълимии №34 бунёди 8 синфхона ба анҷом расида, корҳои сохтмонӣ дар дохили бино идома дорад. Сохтмони бинои иловагии муассисаи таълимии №18, ки аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Акрам Рӯзиев ба нақша гирифта шудааст, идома дорад. Дар муассисаи таълимии №5 шаш синфхонаи нав мавриди истифода қарор дода шудааст. Корҳои сохтмонӣ дар муассисаҳои №7, №27, №33, №43, №46, №47 ва №53 бо суръат идома дорад. Дар ин давра бо қарорҳои раиси ноҳия муассисаи таълимии ибтидоии №55 дар деҳаи Баракат, муассисаи таълимии ибтидоии №56 дар деҳаи Сариқамиш, муассисаи томактабӣ дар заминаи собиқ бинои муассисаи таълимии №6, муассисаи таълимии ибтидоии №57 дар деҳаи Навобод ва Маркази инкишофи кӯдакон дар деҳаи Деҳқонободи Ҷамоати деҳоти Сабо ба истифода дода шудаанд.

Дар Литсейи касбии техникӣ 378 нафар хонанда аз рӯи 7 ихтисос — тракторист-машинисти истеҳсолоти кишоварзӣ, дӯзандагӣ, муҳосибӣ, кор бо компютер, системаи компютерӣ ва интернет-технология, кафшергари газию барқӣ ва монтёри барқ оид ба таъмир ва хизматрасонии таҷҳизоти барқӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки 63 нафари онҳоро духтарон ташкил медиҳад.

Айни ҳол дар мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим 210 нафар хонандагон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Дар нуҳ моҳи соли 2019 аз ҷониби корхонаю ташкилотҳо, муассисаҳо, хоҷагиҳо, соҳибкорон ва шахсони саховатпеша ба мактаб-интернат 137 ҳазор сомонӣ кӯмак расонида шудааст.

Дар тавозуни шуъбаи фарҳанг 2 қаср, 5 хонаи фарҳангӣ, 1 боғи фарҳангӣ-фароғатӣ, 1 осорхонаи таърихӣ-кишваршиносӣ, театри халқӣ, ансамбли фолклорӣ-этнографӣ, 19 китобхонаи оммавӣ ва мактаби санъати бачагона фаъолият мекунад. Кормандони шуъбаи фарҳанг дар чорабиниҳо фаъолона иштирок намуда, намоишномаҳои идонаи театрикунонидашуда тариқи телевизионҳои “Тоҷикистон”, “Сафина” ва “Ҷаҳоннамо” намоиш дода шудаанд.

Дар давраи ҳисоботӣ кормандони соҳаи тандурустии ноҳия бо мақсади баланд бардоштани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, пешгирии бемориҳо, табобат дар самти иҷрои “Стратегияи миллии солимии аҳолӣ барои солҳои 2010-2020” фаъолона амал намуда, корҳои назаррасро ба иҷро расонидаанд. Дар ҳудуди ноҳия 1 маркази саломатии ноҳиявӣ, 20 маркази саломатии деҳотӣ ва 15 бунгоҳи саломатӣ ба аҳолӣ хизмати тиббӣ мерасонанд. Дар ин муассисаҳо 125 нафар табибон, аз онҳо 46 нафар табиби оилавӣ ва 495 нафар кормандони миёнаи тиб дар муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ фаъолият доранд.

Бо ташаббуси аҳли ҷамоатчигии деҳаи Ҳакимии ҷамоати деҳоти Истиқлол як бунгоҳи саломатӣ ва дар маҳаллаи Нурафшони Ҷамоати шаҳраки ба номи М. Турсунзода бунгоҳи саломатӣ аз нав сохта ба истифода дода шуд.

Гуруҳи тарғиботию ташвиқотии мақомоти иҷроия дар ҳамкорӣ бо Маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди ВНМО дар ноҳия пайваста дар байни аҳолӣ корҳои таблиғотию ташвиқотиро ба роҳ монда, моҳи сентябри соли ҷорӣ дар боғи фарҳангии ба номи Н. Маъсумӣ, ҶДММ “Маҷмааи Шаҳринав”, Литсейи касбии техникӣ, Маркази ҷавонон, омӯзишгоҳи тиббӣ, мактаб-интернат ва муассисаҳои таълимии ноҳия аксия-марафон ва медиа-компания ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи иттилоотноккунонии аҳолӣ оид ба пешгирии бемории ВНМО/БПНМ корҳои фаҳмондадиҳӣ доир намуд. Дар ҳафтаномаи ноҳиявии “Файзи Пешво” оид ба масъалаи мазкур мақолаҳо ба чоп расонида, дар радиои мавҷии “Паёми Шаҳринав” гуфторҳои радиоӣ ба роҳ монда шудааст.

Дар муассисаи давлатии осоишгоҳи ҷумҳуриявии кӯдакони сили “Қаратоғ” 137 нафар таълиму тарбия ва табобат мегиранд.

Аз ҷониби Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар ноҳия 9016 нафар нафақагирон ба қайд гирифта шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 336 нафар, ё ин ки 3,7% зиёд мебошад. Талаботи нафақа дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ 25 млн 724 ҳазор сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 млн 906 ҳазор сомонӣ, ё ин ки ба андозаи 16 % афзоиш ёфтааст. Нафақа аз ҷониби Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия ба пуррагӣ маблағгузорӣ карда шудааст.

Дар ин давра 969 нафар шаҳрвандон ба шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ муроҷиат намудаанд, ки аз ин ҳисоб 760 нафар ба қайд гирифта шудаанд. Тавассути татбиқи чорабиниҳои Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ дар маҷмуъ 475 нафар шаҳрвандон бо ҷойҳои корӣ таъмин гардидаанд. Бо мақсади мусоидат барои дарёфти ҷои кори муносиб ба шаҳрвандон аз ҷониби шуъбаи Агентӣ дар ин давра 7 маротиба ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод гузаронида шуда, 62 нафар корҷӯён дар ярмаркаҳо соҳиби ҷои кор гардидаанд. Ба 190 нафар роҳхат барои касбомӯзӣ дода шуда, 95 нафар ба иҷрои корҳои ҷамъиятии музднок сафарбар гардидаанд.

Бо мақсади иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»  дар ноҳия 1 комиссияи доимии мақомоти иҷроия, 7 комиссияи доимии назди ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва 42 комиссияи ҷамъиятӣ дар назди корхонаву ташкилоту муассисаҳо фаъолият дорад.

Шумораи занони ноҳия 61,4 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ки дар соҳаи маориф 1184 нафар, соҳаи тандурустӣ 687 нафар, соҳаи фарҳанг 55 нафар, соҳибкорӣ 602 нафар, сарварони хоҷагиҳои деҳқонӣ ба 135 нафар расидааст. Аз ҷониби бахши кор бо занон ва оилаи назди мақомоти иҷроия бо мақсади пешгирии занону духтарон аз амалҳои номатлуб мунтазам дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва кӯчаю маҳаллаҳо аз рӯи усули “Хона ба хона” суҳбату вохӯриҳои судманд баргузор карда мешавад. Тазаккур бояд дод, ки бо ҷалби занони ҳунарманди ноҳия озмунҳои ҷумҳуриявии «Ҳунар симу зар аст», «Чакомаи гесӯ», «Ҳунарманди беҳтарин», «Адрасбофӣ», «Сад ранги чакан» ҷамъбаст гардид, ки ҳунармандони ноҳия сазовори ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм гашта бо дипломи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар вазорату кумитаҳо сарфароз гардонида шуданд.

Вобаста ба эълон гардидани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор озмунҳои ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Сайри гули лола”, “Тоҷикистон-Ватани азизи ман”, “Нон шудам, шоистаи ҳар хон шудам”, “Фурӯғи субҳи доноӣ…” ва муайян намудани беҳтарин ҳунарманди мардумӣ, аз қабили ҳунарҳои оҳангарӣ, кулолгарӣ, косибӣ, сангтарошӣ, кандакорӣ, қолинбофӣ, адрасбофӣ, гулдӯзӣ, зардӯзӣ, чӯбтарошӣ, сабадбофӣ, гачкорӣ, оинабандӣ, кундалнигорӣ ва дигар анъанаҳои миллӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, корхонаву муассисаҳо ва ташкилотҳои ҳудуди ноҳия” гузаронида шуда, ғолибон дар даври ниҳоӣ байни шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҷойҳои намоёнро ишғол намудаанд. Аз ҷумла, дар озмуни ҷумҳуриявии “Сайри гули лола” дар даври ҷумҳуриявӣ Ҷамоати деҳоти Шаҳринав сазовори унвони “Ҷамоати беҳтарин”гардидааст. Дар даври ноҳиявии озмунҳои “Тоҷикистон — ватани азизи ман” аз рӯи 5 номинатсия ғолибон ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтаанд. Дар даври ноҳиявии озмуни “Нон шудам, шоистаи ҳар хон шудам” ҷамоатҳои деҳоти Шаҳринав ва Чуст сазовори ҷойи якум ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ба номи М. Турсунзода, ба номи А. Ҳасанов, Сабо, Истиқлол ва Боғистон сазовори ҷойи дуюм гардидаанд. Даври якуми озмуни ҷумҳуриявии  “Фурӯғи субҳи доноӣ…” дар китобхонаҳои шуъбаи фарҳанги ноҳия ва шуъбаи маориф баргузор гардидааст.

Дар нуҳ моҳи соли 2019 аз тарафи бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ 2197 таваллуд ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 116 адад зиёд мебошад.

Ба гуфтаи раиси ноҳияи Шаҳринав Аюбзода Нусратулло, “ноҳияи Шаҳринав аз сифр, дар ҷойи холӣ бунёд гардидааст, ки бунёдгузор ва меъмори он маҳз Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор мераванд. Он кас барои мардум азизтарин нафаранд ва сокинон ифтихор аз хирадмандиашон доранду ба дастгириҳои доимияшон арҷ мегузоранд”.

Саиди ҲАЙДАР, МТЖТ

Добавить комментарий