Ҳал сол 24-уми ноябр мардуми шарифи Тоҷикистон ҷашни яке аз рамзҳои Давлати соҳибистиқлоли худ — Рӯзи Парчами миллиро ботантана ҷашн мегиранд.
Бояд гуфт, ки Парчами миллии мо нишона аз таърихи чандинҳазорсолаи халқи бузургамон буда, мардуми ин сарзамин дар ҳар давраи таърихӣ зери Парчами миллии худ ба ваҳдату ягонагӣ ва пешрафту шукуфоӣ расидаанд. Зимнан, Парчам аз замонҳои қадим ҳамчун рамзи Ваҳдат, ягонагӣ, ҳамдигарфаҳмиву иттиҳоди халқу миллатҳо, арзиши фарҳанги ҳар як халқу миллат, роҳи таърихии тайкардаи он ва дигар аломатҳои ифодакунандаи истиқлолияти Давлат инъикос меёбад. Гузаштагони мо дар Парчам рангҳои сурх, зард, бунафш ва кабудро якҷо бо рамзҳои мухталифи оини ҷавонмардию тавоноӣ истифода менамуданд. Ҳанӯз дар ливои Куруши Кабир, ки тасвири нишонаи қудрату тавоноист, нақш гардида буд, ки он Парчам рамзи як Давлати нерӯманди замона ба ҳисоб мерафт. Ҳамчунин, метавон аз ливои Коваи бузург ёдовар шуд, ки нишонаи равшани меросияти муборизаву ҷоннисориҳои ниёгони мо мебошад. Рангу аломатҳои Парчам ифодагари воқеияти роҳи таърихии халқи бостонии мост. Ниёгони арҷманди мо ҳазорсолаҳо таҳти парчами хеш саф кашида, Ватану миллат, номусу озодӣ ва марзу буми аҷдодиро ҳимоя кардаанд. Яъне, Парчами давлатӣ баёнгари ҳаққи мавҷудияти миллати соҳибдавлати тоҷик бо тамоми ғановату асолати таърихию фарҳангӣ ва ҳуқуқии он аст. Дар Парчами кишвари мо даъват ба иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ, ҳимояи марзу бум ва башардӯстии миллати мо таҷассум гардидааст.
Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон бори нахустин ҳамчун иди миллӣ 24-уми ноябри соли 2009 бо ифтихор аз давлату давлатдорӣ ва соҳибихтиёрӣ ҷашн гирифта шуд. Бешак, Парчами давлати Тоҷикистони соҳибистиқлол чун рамзи бахту саодат, сарсабзиву хуррамӣ ва сарбаландии миллату давлати тоҷикон, мақсаду ҳадафҳои созандаи ин миллати тамаддунофарро дар баландтарин минбарҳо ҷилвагар менамояд, ки ин боиси ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонист. Мисоли равшани инро мо, ҷавонон дар олимпиадаву озмунҳо ва мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ мушоҳида мекунем. Ҷавонписарон ва ҷавондухтарони ватандӯст бо дастболо шудан ба ҳарифони худ, Парчами милли Тоҷикистонро баланд бардошта, бо ифтихор ба майдон мебароянд. Аз ин партавфишонии Парчами миллӣ тамоми мардуми Тоҷикистон ифтихор менамоянд. Ин аст, ки Сарвари давлат соли 2017-ро “Соли ҷавонон” эълон намудааст. Онҳо, ки ояндаи миллату давомдиҳандаи кори аҷдодон ба ҳисоб мераванд, баҳрашон тамоми шароиту имкониятҳоро муҳайё намудаанд, то ин ки дар тамоми мусобиқоти ҷумҳуриявӣ ва байналминалалӣ Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистонро баланд бардоранду қомати мардуми тоҷикро боло намоянд.
Бо дидани Парчами миллӣ, беихтиёри касро ҳисси меҳандӯстиву ифтихор аз Ватану ватандорӣ фаро мегирад. Суханони Пешвои муаззами миллат, ки ҳангоми устувор намудани Парчами миллӣ ба тамоми сокинони ҷумҳурӣ рӯй оварда буданд, айни муддаост: “Бигзор рӯҳи поки аҷдодони сарбаланду озодихоҳи мо, таърихи бисёрсолаи миллатамон истиқлолияти моро пуштибон ва мададгор бошад. Бигзор, Парчами истиқлолият асрҳои аср ба сари мамлакати куҳанбунёду номдор ва озоди тоҷик парафшон бошад”.

Фариза ФАЙЗИДДИНОВА

Добавить комментарий