Шаҳри Панҷакент аз муҳимтарин минтақаҳои саноативу аграрии кишвари маҳбубамон ба шумор меравад. Билхоса, соли 2020 барои Панҷакент соли фаромӯшношуданӣ ва пурифтихор маҳсуб меёбад. Зеро дар ин сол Тоҷикистони соҳибистиқлол аз қадимтарин марказҳои таърихии бани башар – Саразми бостонӣ, ки сарзамини тоҷикони тамаддунофар аст, истиқбол менамояд. Хабарнигори МТЖТ ҷиҳати шиносоӣ бо рафти омодагиҳо ба ин ҷашни пуршукуҳ ва ҳамчунин, ошноӣ бо натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии ин шаҳри бостонӣ ба шаҳри Панҷакент сафар намуд. Дар идомаи ин гузориши муфассал мо ҳамчунин аз дастовардҳои шарафмандони шаҳри Панҷакент дар 5 моҳи соли ҷорӣ матлаберо манзури хонандагони ҳафтанома хоҳем намуд.

Тавре дар ҷараёни суҳбат раиси шаҳри Панҷакент Шафеиён Ислом Зиёзода иброз дошт, фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Панҷакент ба таъмини волоияти Қонун, риояи талаботҳои Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон равона гардида, дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ, ташкил намудани ҷойҳои нави корӣ, беҳ кардани сатҳу сифати зиндагӣ ва муҳайё сохтани шароити арзандаи меҳнатию фароғатии мардум ҷаҳду талоши зиёд ба харҷ медиҳад.

Иқтисодиёт

Ислом Зиёзода дар идомаи суҳбат иттилоъ дод, ки дар моҳҳои январ – майи соли 2020 нақшаи қисми даромади буҷет аз рӯи контингенти умумӣ аз рӯи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба андозаи 107,3 фоиз таъмин гардида, ба ҷои 160 миллиону 189 ҳазору 905 сомонии дар нақша пешбинигардида ба буҷет 171 миллиону 866 ҳазору 422 сомонӣ ворид гардидааст, ки аз нақшаи пешбинигардида 11 миллиону 676 ҳазору 517 сомонӣ зиёд ва назар ба маблағҳои дар ҳамин давраи соли гузашта воқеан ҷамъоварӣ гардида 32 миллиону 29 ҳазору 303 сомонӣ (139 миллиону 837 ҳазору 119 сомонӣ дар ҳамин давраи соли 2019) зиёд мебошад. Дар ин давра суръати афзоиши нақшаи андозҳо 128,1 фоиз буда, суръати иҷроиши он 122,9 фоизро ташкил додааст.

Ҳамзамон, иҷроиши нақшаи қисми даромади буҷет бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ ба андозаи 106,7 фоиз таъмин карда шуда, ба ҷои 185 миллиону 982 ҳазору 216 сомонии пешбинигардида ба буҷет 198 миллиону 362 ҳазору 844 сомонӣ ворид гардидааст, ки аз нақшаи пешбинигардида 12 миллиону 380 ҳазору 628 сомонӣ зиёд ва назар ба ҳамин давраи соли гузашта (164 миллиону 389 ҳазору 513 сомонӣ дар ҳамин давраи соли 2019) ба маблағи 33 миллиону 973 ҳазору 331 сомонӣ зиёд ҷамъоварӣ гардидааст. Нақшаи андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ назар ба ҳамин давраи соли гузашта 112,5 фоиз, ё ин ки 2860,2 ҳазор сомонӣ зиёд карда шуда, воридоти он 107,9 фоиз, ё ин ки 1944 ҳазор сомонӣ зиёд гаштааст.

Саноат

Дар ҳамин ҳол, корхонаҳои саноатии шаҳри Панҷакент дар 5 моҳи соли 2020 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро дар якҷоягӣ бо хизматрасонии пулакӣ ба маблағи 1 миллиарду 571 миллиону 695 ҳазору 200 сомонӣ таъмин намудаанд, ки нисбат ба соли гузашта 109 % ё ба 129 миллиону 793 ҳазору 900 сомонӣ зиёд мебошад. Аз ҳаҷми умумии маҳсулоти саноатии шаҳр 1 миллиарду 476 миллиону 260 ҳазору 700 сомониаш ба ҶДММ КМ «Зарафшон» тааллуқ дорад, ки 93 фоизро ташкил медиҳад.

Дар соли 2020 дар шаҳр 14 адад коргоҳи хурд ва миёнаи истеҳсолии нав (3 адад коргоҳи истеҳсоли хиштҳои сементӣ бо 34 адад ҷойи корӣ, 4 адад сехи дӯхти либоси миллӣ бо 24 адад ҷойи корӣ, 2 адад коргоҳи истеҳсоли сафолакҳои роҳрав бо 22 ҷойи корӣ, 3 адад коргоҳи истеҳсоли дару тирезаҳои пластикӣ бо 13 ҷойи корӣ, як адад коргоҳи коркарди қуму шағал бо 8 ҷойи корӣ, як коргоҳи коркарди оҳак ва гаҷсанг бо 4 ҷойи корӣ) ба нақша гирифта шудааст. Айни ҳол сохтмони 3 адад коргоҳи истеҳсолӣ идома дорад, ки он дар моҳи оянда бояд ба истифода дода шавад.

Тибқи нақшаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муассисаҳои таълимии шаҳри Панҷакент дӯхти 30862 адад либоси мактабӣ муқаррар гардида, ҷиҳати иҷрои нақшаи мазкур бо корхонаи дӯзандагии маҳаллӣ – ҶДММ «Маҳсул» (дар 11 ҷамоати деҳот ва шаҳр) ва ҶДММ «Фаррух» воқеъ дар шаҳри Хуҷанд (дар се ҷамоати деҳот) шартнома баста шуда, баҳри таъминнокӣ бо либоси мактабӣ корбарӣ рафта истодааст.

Марказҳои таълимӣ – истеҳсолии атласу адрасбофии дастӣ дар шаҳри Панҷакент ва ҷамоатҳои деҳоти он якҷоя бо сохторҳои дахлдор корбарӣ намуда истодаанд. Имрӯз бонувони шаҳри Панҷакент ба ҳунарҳои аҷдодӣ машғуланд ва ҳоло дар шаҳри Панҷакент 22 адад марказҳои таълимӣ – истеҳсолии ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла 6 адад маркази таълимӣ – истеҳсолии атласу адрасбофӣ бо фарогирии 68 нафар устодон ва бо ҷалби 2334 нафар занону бонувон, 30 адад дастгоҳҳои атласу адрасбофӣ амал мекунанд, ки дар давоми панҷ моҳи соли равон беш аз 1773 метри мураббаъ матоъҳои атласу адрас истеҳсол кардаанд. Воқеан, ин матоъҳо мавриди таваҷҷуҳи бонувони мо қарор гирифта, қисми бештари онҳо харидорӣ шудаанд.

Феълан дар ҳудуди шаҳру деҳоти Панҷакент 57 адад дастгоҳи хурду калони атласу адрас ва қолинбофӣ мавҷуд буда, ҳунармандон маҳсулоти тайёркардаашонро ба фурӯш бароварда истодаанд. Дар маркази шаҳр ду адад нуқтаи фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ таъсис дода шуда, як мағоза бо номи «Армуғон» ва мағозаи дигар дар осорхонаи ҷумҳуриявии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ барои фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ фаъолият доранд.

Сохтмон

Дар иртибот ба сазовор таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент зиёда аз 405 иншооти ҷашниро ба нақша гирифтааст ва айни замон зиёда аз 60 фоизи он мавриди истифода қарор гирифтаанд. Дар боқимонда иншооти ҷашнӣ корҳои сохтмонӣ бомаром идома доранд. Бо мақсади омодагӣ ва таҷлили бошукуҳи 5500-солагии Саразми бостонӣ бошад, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми майи соли 2019 таҳти №195 “Дар бораи ҷашн гирифтани 5500-солагии шаҳри Саразми бостонӣ” ба тасвиб расидааст. Дар ин асос Қарори Раиси шаҳри Панҷакент аз 24.05.2019, №320 дар бораи ҷашн гирифтани 5500-солагии Саразми бостонӣ ба тасвиб расида, ҳайати кумитаи тадорукот таъсис дода шудааст. Боиси хушнудист, ки тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақша-чорабиниҳо бунёду азнавсозии як силсила иншоот ва ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ идома дорад. Дар иншооти ба нақша гирифташуда аз рафти иҷроиши корҳои сотмонӣ мунтазам бо сарварии Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ситоди вилоятӣ гузаронида шуда, протоколҳо тартиб дода шудаанд, ки иҷроиши дастуру супоришҳои Раиси вилоят зери назорат қарор даранд.

Айни ҳол корҳои сохтмонӣ дар иншооти ҷашнии 5500-солагии шаҳри Саразми бостонӣ вусъати тоза мегиранд:

  1. Сохтмони осорхонаи замонавии таърихию кишваршиносӣ ва меҳмонхона дар мамнуъгоҳи таърихию бостоншиносии Саразм. Он аз ҳисоби буҷети вилоятӣ сохта шуда истода, дар иншоот корҳои андовакунии намои беруна ва корхои пардоздиҳӣ дар таҳхона рафта истодааст. Пудратчӣ – ҶСШК “Панҷакентсоз”.
  2. Сохтмони дӯконҳои ҳунармандӣ барои фурӯши маҳсулоти ҳунармандон дар мавзеи шаҳраки Саразми бостонӣ. Аз ҳисоби соҳибкорон сохта шуда истода, айни замон корҳои бомпӯшкунӣ оғоз ва андовакунии девор дар 5 дӯкон ва дар як дӯкони дигар корҳои хиштчинӣ идома дорад.
  3. Сохтмони дарвозаи мамнуъгоҳи Саразм аз ҳисоби буҷети вилоятӣ. Дар иншоот корҳои хиштчинии деворҳо ба итмом расида, корҳои пардоздиҳӣ рӯзҳои наздик огоз мегардад. Пудратчӣ – ҶСШК “Панҷакентсоз”. Сохтмони панҷарадевори атрофи мамнуъгоҳ 1780 метр буда, сохтмони 1300 метри он ба итмом расида, боқимонда сохтмонаш идома дорад. Корҳои сангчинии пайроҳа ба масоҳати 1200 метри мураббаъ иҷро гардида, дар масоҳати боқимонда идома дорад.
  4. Азнавсозии роҳи автомобилгарди мамнуъгоҳи таърихию бостоншиносии Саразм бо маблағгузории МИҲД-и шаҳри Панҷакент. Дар иншоот мумфаршкунии қабати якуми роҳ ба итмом расонида шуда, айни замон дар ду шафати роҳ дарахтони нодир ва гулҳои канна шинонида шуда, шинонидани гулҳо имода дорад. Пудратчӣ – ҶСК “АСЛ”.
  5. Сохта ба истифода додани бинои иловагии Беморхонаи марказии шаҳр аз ҳисоби буҷети вилоятӣ. Дар иншоот корҳои хиштчинӣ дар ошёнаи 4-ум рафта истодааст. Корхои пардоздиҳӣ дар таҳхона ва ошёнаҳои 1 ва 3-юм идома доранд. Пудратчӣ – ҶДММ “СУ-3”.
  6. Сохтмони бинои иловагии таваллудхонаи шаҳрӣ дар кӯчаи 50-солагии Тоҷикистон аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ. Дар иншоот корҳои сохтмонии андовакунии ошёнаи сеюми бино идома дорад. Пудратчӣ – ҶСК «АСЛ».
  7. Бинои истиқоматии 9-ошёна, дар қабати аввал Маркази савдо ва хизматрасонӣ, дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Панҷакент, мавзеи истгоҳи Самарқанд, аз ҳисоби субъектҳои соҳибкорӣ. Дар иншоот корҳои сохтмонию васлӣ дар ошёнаи 9-уми бино идома дорад. Пудратчӣ – ҶДММ «Панҷакентсоз».
  8. Сохтмони 2 бинои истиқоматии панҷошёнаи болохонадор дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Панҷакент, мавзеи майдони Деваштич, аз ҳисоби субъектҳои соҳибкорӣ. Корҳои сохтмонӣ ба итмом расида, рангуборкунии намои бино ба итмом расонида шудааст. Пудратчӣ – ҶДММ «Муҳандис Бинокор».
  9. Бинои истиқоматии 6-ошёна. Дар қабати аввал Маркази савдо ва хизматрасонӣ дар хиёбони Рӯдакӣ, мавзеи бозори марказии шаҳр, аз ҳисоби субъектҳои соҳибкорӣ. Дар иншоот корҳои сохтмонӣ ба итмом расида, корҳои ободонии атрофи бино идома дорад. Пудратчӣ – ҶДММ «Муҳандис Бинокор». Фармоишгар: Соҳибкор Шаҳобова З.
  10. Бинои истиқоматии 6-ошёна. Дар қабати аввал Маркази савдо ва хизматрасонӣ дар хиёбони Рӯдакӣ, мавзеи бозори марказии шаҳр, аз ҳисоби субъектҳои соҳибкорӣ. Дар иншоот ободонии атрофи бино идома дорад. Фармоишгар: Соҳибкор Шодмонов А.
  11. Сохтмони бинои истиқоматии 9-ошёна. Дар қабати аввал Маркази савдо ва хизматрасонӣ дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Панҷакент, дар мавзеи майдони Фирдавсӣ. Корҳои сохтмону васлӣ дар блоки «А» ба охир расида, корҳои андовакунӣ дар бино идома дорад. Дар блоки «Б» корҳои сохтмону васлӣ дар ошёнаи 8-ум рафта истодааст. Пудратчӣ – ҶДММ «Зарафшонсоз». Фармоишгар: Соҳибкор Бабаев Ш.
  12. Сохтмони мактаб дар деҳаи Нофин барои 240 хонанда аз ҳисоби буҷети вилоятӣ. Иншооти мазкур ба пуррагӣ ба итмом расида, ба истифода супорида шудааст. Пудратчӣ – ҶДММ «СУ-3».
  13. Сохтмони мактаб дар деҳаи Падруд барои 240 хонанда аз ҳисоби буҷети вилоятӣ. Дар иншоот корҳои сохтмонии таҳкурсии бино, хиштчинии деворҳо ва бомпӯшкунӣ ба итмом расида, корҳои пардоздиҳӣ ва рангуборкунӣ оғоз гардидааст. Пудратчӣ – ҶДММ «СУ-3».
  14. Сохтмони бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №72 барои 640 хонанда дар шаҳраки Саразми ҷамоати деҳоти Саразм бо маблаггузории ҶДММ КМ «Зарафшон». Дар иншоот корҳои андовакунии дохили бино идома дорад. Пудратчӣ – ҶДММ «ПМК-278».
  15. Сохтмони бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи асосии №18 барои 240 хонанда дар деҳаи Сари Камари ҷамоати деҳоти Хурмӣ бо маблаггузории МИҲД-и шаҳри Панҷакент ва ҷалби соҳибкорон. Дар иншоот корҳои хиштчинии деворҳои бино иҷро гардида, айни ҳол корҳои сохтмонӣ идома доранд.
  16. Сохтмони бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи асосии №40 барои 240 хонанда дар деҳаи Тагоби Халқи ҷамоати деҳоти Ворӯ бо маблағгузории МИҲД-и шаҳри Панҷакент ва ҷалби соҳибкорон. Дар иншоот корҳои бомпӯшкунӣ оғоз карда шудааст.
  17. Сохтмони бинои мактаб барои 10 синфхона дар деҳаи Яккасадаи ҷамоати деҳоти Саразм аз ҳисоби соҳибкорон. Дар иншоот корҳои пардоздиҳӣ ва шифтҳо рафта истодааст.
  18. Сохтмони бинои 2 мактаб барои 10 синфхона дар деҳаи Фароб аз ҳисоби соҳибкорон. Дар иншооти 1-ум корҳои сохтмону васлӣ ба итмом расида, иншоот ба истифода дода шудааст. Дар иншооти 2-юм корҳои бомпӯшкунии бино ба итмом расида, пардоздиҳии бино рафта истодааст.
  19. Сохтмони бинои маъмурии Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Зарафшон, воқеъ дар кӯчаи Лоиқ Шералии шаҳри Панҷакент бо маблағгузории МИҲД-и шаҳри Панҷакент. Дар иншоот корҳои сохтмонии болопӯши бино ба итмом расида, корҳои пардоздиҳӣ ва ободонии атрофи иншоот рафта истодааст.
  20. Сохтмони бинои маъмурии шуъбачаи минтақавии Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД ҶТ дар шаҳри Панҷакент бо маблағгузории МИҲД-и шаҳри Панҷакент. Дар иншоот корҳои сохтмонии болопӯшкунӣ ба итмом расонида шуда, корҳои пардоздиҳии деворҳои дохилӣ ва берунаи бино, инчунин корҳои ободонии атрофи бино идома дорад.
  21. Сохтмони 4 меҳмонхона барои 250 ҷой дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Панҷакент.

* Мавзеи якум: «Меҳмонхона барои 60 ҷой» дар хиёбони Рӯдакӣ, назди бинои омор. Корҳои сохтмонӣ дар қабати 6-уми бино ва андоваи деворҳои дохилӣ рафта истодааст. Пудратчӣ – ҶСК «Панҷакентсоз».

* Мавзеи дуюм: «Меҳмонхона барои 30 ҷой» аз ҳисоби субъектҳои соҳибкорӣ дар кӯчаи Лоиқ Шералӣ. Корҳои сохтмонӣ ба итмом расида, барои ба истифодадиҳӣ омода шудааст. Соҳибкор: Мирзоолимов Р.

* Мавзеи сеюм: «Меҳмонхона барои 50 ҷой» дар хиёбони Рӯдакӣ, назди майдони Фирдавсӣ. Корҳои сохтмонӣ ба итмом расида, иншоот ба истифода дода шудааст. Соҳибкор: Руҳулов А.

* Мавзеи чорум: «Меҳмонхона барои 50 ҷой» дар хиёбони Рӯдакӣ, мавзеи собиқ бозорчаи «Самарқанд» аз ҳисоби субъектҳои соҳибкорӣ ба нақша гирифта шуда, лоиҳаи иншоот барои гузаронидан аз экспертизаи давлатӣ пешниҳод гардидааст ва дар рӯзҳои наздик корҳои сохтмонӣ оғоз карда мешавад. Соҳибкор: Ҳамроқулов Д.

  1. Сохтмони роҳи автомобилгард ба масофаи 13,5 км аз деҳаи Сӯфиён то шаҳраки Суғдиён. Дар иншоот корҳои мумфаршкунии 13,5 км ба иҷро расида, корҳои боқимонда рафта истодааст.
  2. Сохта ба истифода додани корхонаи коркарди қуму шағал дар мавзеи “Қӯруқ”-и ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасан бо иқтидори 80 метри мукааб коркард дар як шабонарӯз аз ҳисоби ҶДММ “Квартс”. Корҳои васлкунии таҷҳизот рафта истодааст.
  3. Таъсис додани корхонаи дӯзандагии «Бобои Маҳманазар» дар хиёбони Рӯдакӣ, мавзеи майдони Фирдавсӣ аз ҳисоби соҳибкорон. Корҳои сохтмонӣ ба итмом расидааст.
  4. Таъсиси коргоҳи дӯзандагӣ дар ҳудуди собиқ заводи коркарди «Тамоку» аз ҳисоби ҶС “Маърифатпарвар”. Корҳои васлу насб намудани таҷҳизот ва таъмири бино рафта истодааст.
  5. Таъсис додани коргоҳи банду басти меваи хушк дар ҳудуди собиқ заводи коркарди «Тамоку» аз ҳисоби ҶС “Маърифатпарвар”. Корҳои васлу насб намудани таҷҳизот ва таъмири бино рафта истодааст.
  6. Ҳавзи моҳипарварӣ дар деҳаи Баракати ҷамоати деҳоти Сӯҷина аз ҳисоби субъекти соҳибкорӣ. Сохтмони ҳавзи моҳинигоҳдорӣ ба итмом расонида шудааст.

Кишоварзӣ

Тибқи дурнамои сохтори кишти зироатҳои кишоварзӣ дар соли 2020 бояд кишоварзони шаҳри Панҷакент дар майдони 13967 га, аз он ҷумла 9887 га дар заминҳои обӣ кишти баҳории зироатҳои кишоварзиро, аз он ҷумла 5522 га ғалладонагиҳо, аз он 392 га гандум, 1030 га ҷав, 600 га ҷуворимакка барои дон, 1500 га шолӣ, 2000 га лӯбиё ва нахӯд, зироатҳои равғандеҳ 1500 га, 5000 га картошка, 1200 га сабзавот, 100 га полезиҳо ва 645 га зироатҳои хӯроки чорво гузаронанд.

Мувофиқи маълумотҳои оморӣ ба ҳолати 1-уми июни соли ҷорӣ дар хоҷагиҳои кишоварзӣ ба майдони 9650 га кишти баҳории зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шудааст, ки 69 фоизи иҷроиши нақшаро ташкил менамояд. Аз кишти гузаронидашуда 5290 га ғалладонагиҳо, аз он ҷумла 375 га гандум, 2208 га ҷав, 1332 га шолӣ, 1447 га лӯбиёгиҳо, 468 га ҷуворӣ барои дон, 511,2 га зироатҳои равғандеҳ, 2293 га картошка, 776,4 га сабзавот, 5 га полезиҳо ва 234,5 га зироатҳои хӯроки чорво ташкил менамояд.

Картошкапарварӣ

Бо мақсади иҷрои супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми сентябри соли 2017, №9 ҷиҳати ба 5000 га расонидани майдони кишт, супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21-уми январи соли 2019, №1 оид ба тадриҷан зиёд намудани майдони кишти картошка дар шаҳри Панҷакент ва мактуби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят аз 3-юми октябри соли 2019, №2054-3/18 ва бо назардошти тағйирот ба супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16-уми апрели соли 2020, №4 нақшаи кишти картошка дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории шаҳр ба майдони 8297 га, ки аз ин 7742 га кишти асосӣ ва 555 га кишти такрорӣ пешбинӣ гардидааст. Ба ҳолати санаи 1-уми июни соли ҷорӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони 4877 га, аз он ҷумла дар хоҷагиҳои кишоварзӣ 2293 га ва хоҷагиҳои аҳолӣ 2584 га кишти картошка гузаронида шудааст, ки 63 фоизи иҷрои дурнаморо ташкил медиҳад ва нисбати ҳамин давраи соли гузашта 1360 гектар кам мебошад.

Сабаби кам шудани кишти картошка боришоти пай дар пайи моҳҳои март, апрел ва даҳаи аввали моҳи май мебошад, ки кишоварзон натавонистанд саривақт кишт гузаронанд. Аз ноҳияҳои картошкапарвари Деваштич ва Куҳистони Мастчоҳ зиёда аз 300 тонна ва Федератсияи Россия 210 тонна картошкаи тухмӣ ворид шуда, айни ҳол воридшавии тухмӣ идома дорад.

Боғу токпарварӣ

Бо мақсади иҷрои Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ соли ҷорӣ аз тарафи хоҷагиҳои кишоварзӣ бо назардошти манъ будани бунёди боғу токзорҳои нав дар заминҳи обӣ бояд дар майдони 16 га боғу токи нав, аз он ҷумла 15 га боғ ва 1 га ток дар заминҳои лалмии талу теппаҳо бунёд карда шавад.

Тибқи маълумотҳои оморӣ ба имрӯз, дар майдони 15 га боғу токи нав, аз он ҷумла 8 га боғ ва 7 га ток бунёд карда шудааст, ки аз ин 8 га боғ дар заминҳои лалмӣ мебошад. Ҳамчунин, дар майдони 93 га барқароркунии боғу токзорҳои куҳна, аз ҷумла 65 га боғ ва 28 га токзор гузаронида шудааст.

Мубориза бо коронавирус

Ба ҳамагон маълум аст, ки имрӯзҳо бемории сироятии коронавирус тамоми сайёраро ба ташвиш овардааст. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент ҷиҳати пешгирӣ намудани ин бемории сироятӣ тадбирҳои судмандро роҳандозӣ намудааст. Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд барои табобати беморон тамоми шароитҳо муҳайё карда шудааст. Аз ҷумла, муассисаҳои тандурустии шаҳр бо 50 адад баллони оксигендор, маводи доруворӣ барои табобати беморон, 20 адад тепловизор, 410 литр маҳлули спирт, 950 адад либоси махсус, 5,5 тонна маҳлули хлор, 1300 литр гипохлориди натрий, 25000 ниқоб, 35 литр маҳлули антисептикӣ, 443 адад респиратор, 300 корҷомаи бисёркарата, 4500 дастпӯшаки яккарата, 2500 адад дастпӯшаки бисёркарата, 400 рахти хоб, 2857 (400 – 500 мл) дона маҳлули дезинтоксикатсионӣ таъмин мебошанд. Айни ҳол дар муассисаҳои тиббӣ 12 адад таҷҳизоти ИВЛ ва 7 адад кардиомонитор мавҷуд аст. Аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд 1 адад оксигенератор ва аз тарафи Созмони «Ҳилоли Аҳмар» 1 адад дастгоҳи нафаси сунъӣ (ИВЛ) ба Беморхонаи бемориҳои сироятии шаҳр ворид гардидааст. Беморон ва кормандони тиб се вақт бо хӯроки гарм таъмин шуда истодаанд. Табибони Беморхонаи бемориҳои сироятӣ ва Беморхонаи минтақавии Саразм бо корҷомаҳои фардии яккарата ва бисёркарата, маводи хӯрока ва шароити дамгирӣ таъмин мебошанд. Аз тарафи КМ «Зарафшон» 1 тоннаву 300 кг хокаи хлор ва 1500 дона ниқоб ва аз тарафи КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент 30 адад корҷомаи махсус ба Беморхонаи марказии шаҳрӣ ройгон ворид гаштааст. Дар нуқтаи санитарии карантинии гузаргоҳи сарҳадии «Саразм» навбатдории мутахассисони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Панҷакент ташкил карда шуда, ҳамзамон автомашинаи Ёрии таъҷилӣ бо бригадаи иборат аз табиб, бародари тиб ва ронанда навбатдории шабонарӯзӣ амал намуда истодааст. Шаҳрвандоне, ки аз гузаргоҳи «Саразм» ба шаҳри Панҷакент ворид мегарданд, дар Беморхонаи бемориҳои сироятии шаҳри Панҷакент ва Беморхонаи минтақавии ҷамоати деҳоти Саразм ба муддати 14 шабонарӯз назорат карда мешаванд. То ин муддат 119 нафар бистарӣ карда шуда, ҳамаи онҳо баъд аз назорати карантинии 14-шабонарӯзӣ ҷавоб шудаанд. Аз аввали бистарикунонӣ бо ташхиси «Илтиҳоби шадиди шушҳо» дар Беморхонаи бемориҳои сироятӣ ва Беморхонаи минтақавии ҷамоати деҳоти Саразм ҳамагӣ 102 нафар бистарӣ гашта, 6 нафар бо ташхиси «Илтиҳоби шадиди шушҳо», норасоии нафас дараҷаи 2-3 фавтидаанд, 90 нафар баъди шифоёбӣ ҷавоб дода шуда, таҳти назорати духтурони оилавӣ қарор доранд.

Айни замон дар Беморхонаи бемориҳои сироятии шаҳр 6 нафар табобат гирифта истодаанд. Ҳоло 74 нафар беморон таҳти назорати табибони оилавӣ ба табобати амбулаторӣ фаро гирифта шудаанд.

Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ

Рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми июли соли 2013, №293 «Дар бораи тартиб ва шартҳои пардохти кумакпулӣ барои дафн ба аъзои оилаи камбизоат» дуруст ба роҳ монда шудааст.

Дар давраи панҷ моҳи ҳисоботӣ ба 135 нафар шаҳрвандоне, ки дар қайди бахш ҳамчун оилаи камбизоат эътироф гардидаанд, оид ба гирифтани кумакпулӣ барои дафн ба Раёсати агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар шаҳри Панҷакент маълумотнома пешниҳод гардида, ба 135 нафар ба маблағи 153024 сомонӣ пардохт карда шудааст.

Дар арафаи соли нави мелодии 2020 ба 447 нафар ба маблағи 128 870 сомонӣ маводҳои хӯрока ва маблағи пулӣ дастрас гардидааст. Ҳамчунин, ба муносибати Рӯзи кормандони соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва таҷлили ҷашни 27-умин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии «Хона-интернати пиронсолон ва маъюбон» барои оростани дастурхони идона аз тарафи сарпарастон дар маҷмуъ ба маблағи 4000 сомонӣ ва ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, барқарор намудани сохти конститутсионӣ, ҷанговарони башардӯст ва қисмҳои низомии ҳарбӣ ба маблағи 9500 сомонӣ кӯмак расонида шудааст. Инчунин, дар арафаи таҷлили иди Наврӯзи байналмилалӣ ба 330 нафар оилаҳои ниёзманд, маъюбон, шахсони бесаробонмонда, ятимон, оилаҳои аз ду нафар зиёд маъюбдошта, собиқадорони ҷангу меҳнат ва ғайра ба маблағи 71 600 сомонӣ кумакҳои моддиву молиявӣ расонида шудааст. Дар арафаи таҷлили иди Рамазон бошад, ба 2340 нафар оилаҳои ниёзманд, маъюбон, шахсони бесаробонмонда, ятимон, оилаҳои аз ду нафар зиёд маъюбдошта, собиқадорони ҷангу меҳнат ва ғайра ба маблағи 714425 сомонӣ кумакҳои моддиву молиявӣ расонида шудааст.

Шуғли аҳолӣ

Раёсати агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Панҷакент ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти меҳнат ва шуғли аҳолӣ, иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, амалӣ намудани дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, барномаи мусоидат ба шуғли аҳолии шаҳри Панҷакент тадбирҳои мушаххасро ба роҳ монда, дар панҷ моҳи соли 2020 ба нишондиҳандаҳои зайл ноил гаштааст.

Дар 5 моҳи соли 2020-ум 1373 нафар шаҳрвандон муроҷиат намудаанд, ки 803 нафари онҳоро занҳо ташкил медиҳанд. Аз ин шумора 596 нафарашон (347 нафар занону духтарон) мақоми бекорӣ гирифтаанд. Дар 5 моҳи соли ҷорӣ бо мусоидати раёсат 613 нафар (295 нафар занону духтарон) бо ҷои кор таъмин шудаанд. Дар 5 моҳи соли равон аз ҷониби раёсат 6 маротиба ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод бо иштироки намояндагони 19 ташкилоту муассиса ва 865 нафар корҷӯён гузаронида шудааст. Ба иштирокчиёни ярмаркаҳо 836 ҷойҳои кории холӣ пешниҳод гардида, дар натиҷа 55 нафар бо кори доимӣ таъмин шудаанд. Инчунин, 15 нафар ба корҳои ҷамъиятӣ ва 52 нафар ба курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ ба рӯйхат гирифта шудаанд. Дар давраи ҳисоботӣ 45 нафар (27 нафар занону духтарон ва 17 нафар ҷавонон) дар асоси шартномаи тарафайн ба корҳои ҷамъиятӣ ҷалб гардидаанд, ки ба 55 фоизи Барномаи солона баробар мебошад.

Садоқатмандӣ ба раҳнамоиҳои Пешвои миллат

Раиси шаҳри Панҷакент Ислом Зиёзода дар фароварди суҳбат зикр намуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент барои дар сатҳи баланд ва бо дастовардҳои арзишманд ва пуршукуҳ таҷлил намудани ҷашнҳои муқаддаси 23-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ, 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 5500-солагии Саразми бостонӣ иҷрои нақшаи чорабиниҳои таҳиягардидаро идома бахшида, тибқи онҳо корҳои ободонию созандагиро амалӣ намуда, талошу такопӯи хешро ба он равона сохтаанд, то ин тантанаҳои таърихиро дар сатҳи баланди сиёсию оммавӣ ва фарҳангӣ баргузор намоянд.

Бо ҳамин руҳия Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Панҷакент амалҳои созандаву бунёдкоронаро минбаъд низ бо садоқатмандӣ ба дастуру супоришҳо ва ҳидояту раҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон идома бахшида, баҳри татбиқи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, барномаҳои давлатӣ ва ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои судманд меандешад, то ҷиҳати рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Панҷакент, пешрафти корҳои ободониву созандагӣ, таъмини зиндагии шоистаи сокинони шаҳр ва ба ин васила шукуфоии як гӯшаи хоки муқаддаси кишвари азизамон саҳмгузор бошад.

Маҳмадалӣ МАҚСАДУЛЛОҲ, МТЖТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here