Офарин, раис! Банда ҳамеша раисонро ситоиш мекунам ва хоҳам кард. Охир, раис сиёсат дорад! Раисе, ки сиёсат надорад, кунда асту бас, ки дар болояш мешинанд ё ягон ҳезум мекафонанд. Сиёсатмадори зӯрро бояд шинохт.

 

Бо чашмони худ дидам, ки раиси ноҳияе бо зердастону авом бо оҳанги омирона сухан меронду касеро ба қадри хас писанд намекард. Бале, чунин ҳайбатнок бояд буд. Рӯзи якшанбе, тамоми омӯзгорони мактабҳо, мисли ҳарвақта, бо фармони раис, ба шанбегӣ, э-э, мебахшед, ба ҳашар баромаданд. Яке аз муаллимони нохалаф ғур-ғур кард, ки рӯзи якшанбе бояд кору бори худро кунанду ба машғулиятҳои ҳафтаи минбаъда омодагӣ гиранд, дигаре бечоранолӣ кард, ки ҳар моҳ ҳаққи як рӯзи кориро барои ободонӣ иҷборан мегардонанд, ҳамин бас нест, ки боз ба рӯбучини кӯчаҳо моро сафарбар мекунанд?…

Ин гуна омӯзгорон ватандӯст нестанд! Ҳар моҳ 300-400 сомонӣ маоши калон мегиранд, ки норизоӣ аз ин моҳонаи зиёд кӯрнамакӣ асту бас.

Гап дар сари ҳайбату савлати раис буд. Дар яке аз рӯзҳои якшанбе, чун якшанбеҳои мозӣ, гуруҳи калони омӯзгорон алафу коғазу лашу луши канори шоҳроҳро бо ҷадала мечиданд, зеро сарвари мактаб ҳар дам таъкид мекард, ки “Ҳоло-ҳозир ҳоким бо мошинаш меояду корубори моро назорат мекунад ва касе, ки ба ҳашар намебарояду ба кори ҷамъият ҳамроҳ намешавад, бояд ҷазо дода шавад”.

Аз шоҳроҳ садҳо мошин ба тарафҳои мухталиф равуо доштанд. Аз ҷумла, дар сари чанбар ва дохили мусофиркашҳо шогирдони пешинаву ҳозираи омӯзгорон бо савлат нишаста, баъзеи онҳо ҳатто бо писханду тамасхур ҷониби омӯзгорони худ нигариста, салому алайкро гоҳе насияву гоҳе арзонӣ дошта, гузашта мерафтанд. Муаллимони заҳматкаш барои сар бардошта ба ояндагону равандагон ва кулли мусофирон нигаристан фурсат надоштанд, ҳамоно бо меҳру муҳаббати ватандӯстона канори шоҳроҳро покизаву беолоиш мекарданд. “Хайр, чӣ шудааст?! Магар Осмон омада ба Замин часпидааст?!” мегӯед? Ҳеҷ чиз нашудааст. Хуб шудааст, аҷаб шудааст! Охир, меҳнат шараф аст! Кор ор надорад. Касе, ки аз кор ор мекунад, бешараф аст. Омӯзгорон рӯзҳои якшанбе ҷонфидоӣ карда, намунаи олии заҳмат кашиданро ба дигарон нишон медиҳанд ва халқ, аз ҷумла, фарзандони халқро дар руҳи меҳнатдӯстӣ тарбия мекунанд. Ин вазифаву кории доимию ҷонии онҳост. Гап дар сари он ки имрӯзҳо сухани “сарварон хизматгори халқанд” баромадааст. Тавба! Ин сухан нест, балки сафсата аст! Агар ин ҳарзаро бо ҳазор елиму ширеш ё худ “супер-клей” ба бадани одам ё ягон ашё часпонед ҳам, пойдор намемонад. Охир, роҳбар, яъне ҳоким чӣ тавр хизматгори авом шуда метавонад? Агар ба афсона ҳамин ҷумларо бо зӯрӣ дохил кунед, чунонки ба шакарчой қаламфури тезутундро андохта бошед, бемаза мешавад. Роҳбар фармонраво аст, савлат, шавкат, ҳашмат ва шукуҳ бояд дошта бошад-вассалом! Амир амр мекунад, ҳоким ҳукм мебарорад.

Пас аз ду соати ба кор машғул будани омӯзгорон ногоҳ нидои “Мошини ҳоким намоён шуд!” ба гӯш расид. Дар ҳақиқат, як мошини сафеди гаронарзиши истеҳсоли хориҷии сиёҳшиша бо суръати суст аз шоҳроҳ мегузашт. Маълум, ҷанобашон назорат доранд, ки ҳашар чӣ гуна ҷараён дорад. Ҷангал бе дангал нест мегӯянд. Дар байни муаллимон низ шахси тасодуфии беадаб иғвогару балвогар ҳам будааст. Панҷ панҷа баробар нест, охир! Дари даҳанро аз ғурунгидану пӯкидан боздошта намешудааст. Оқибат лаққӣ паққӣ кафид: “Шишаи мошинашро фуроварда, лоаққал, “Монда набошед!” нагуфт-э!”

Эй кавдан, эй тиҳимағз, эй қадрношинос! Раиси ноҳия ба ту салом диҳаду хаста набош гӯяд, пас дар байни ҳокиму омии хокрӯб чӣ фарқ мемонад? Ҳоким бояд карру фар, дабдаба ва воҳима дошта бошад! Даври пешин ба назди авом таёқ, яъне ходаи дарозро мегузоштанду мегуфтанд, ки итоат ва саҷда кунад, омиён бечунучаро итоат мекарданд, аммо аз ҷониби асо (калтаки дароз) вокунише намешуд. Ба қадри кӯрпаатон пой дароз кунед, бародару хоҳарони содаву дунёбехабари ман!

 

Ҳаким Алӣ, шаҳри Ҳисор

Добавить комментарий