Ҳайати эҷодии Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон ин навбат ба шаҳри Норак сафар карда, бо натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии он шиносоӣ пайдо намуд. Дар идомаи ин силсилагузориши муфассали роҳбари гуруҳи эҷодии МТЖТ Саиди Ҳайдар маълумот оид ба дастовардҳои шарафмандони шаҳри Норак дар нуҳ моҳи соли 2019 манзури хонандагони ҳафтаномаи “Фараж” мегардад.

 Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак дар нуҳ моҳи соли 2019 тамоми кӯшишу ғайрати худро баҳри иҷрои фармону қарорҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Маҷлиси Олӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси вакилони халқи вилоят, раиси вилояти Хатлон, қарорҳои Маҷлиси вакилони халқи шаҳр равона намуда, ба як қатор натиҷаҳои назаррас ноил гардидааст. Ба шарофати пойдории истиқлолият, сулҳу оромӣ ва Ваҳдати миллӣ дар ҳама бахшҳои хоҷагии халқи шаҳр давра ба давра пешравию дигаргуниҳои назаррас ба амал омада истодааст.

 Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодӣ

Дар давраи ҳисоботӣ дар доираи лоиҳаҳои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Норак барои солҳои 2016-2020» дар шаҳр 40 лоиҳаҳо ба маблағи 587,2 млн сомонӣ амалӣ гардида, 41 лоиҳаҳои дигар марҳила ба марҳила амалӣ шуда истодааст.

Дар ин давра 598 адад ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шуда, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 202 ҷой зиёд мебошад. Тибқи нақша, дар ин давра дар шаҳр 10 ярмаркаҳои ҷойҳои нави кори холӣ ва вазифаҳои озод гузаронида шуда, дар натиҷа барои корҷӯён 357 ҷойҳои нави кори холӣ  ва вазифаҳои озод пешниҳод гардида, 136 нафар бо кори доимӣ таъмин гардидаанд. Ба омӯзиши касбҳои дӯзандагӣ, пазандагӣ, асосҳои омӯзиши кор бо компютер ва ғайра 785 нафар шаҳрвандони бекор ҷалб карда, омӯзонида шудаанд.

Барои гирифтани маблағҳои имтиёзнок 30 нафар шаҳрвандон ба шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ муроҷиат намуда, бо ин мақсад ба онҳо ба маблағи 78,3 ҳазор сомонӣ дар самтҳои хизматрасонӣ, истеҳсолӣ ва чорводорӣ ҷудо карда шудааст.

Иҷроиши буҷет

Тибқи маълумотҳо, дар 9 моҳи соли 2019 ҷамъоварии маблағи андозҳо тибқи нақша 114,4 фоиз иҷро гардида, ба буҷет ба ҷои 40,6 млн сомонӣ нақшаи пешбинишуда 46,4 млн сомонӣ маблағ ворид гардидааст, ки нисбати нақша 5,8 млн сомонӣ зиёд мебошад.

Ҳиссаҷудокунӣ ба буҷети вилоят, яъне 39-фоиза 6,4 млн сомонӣ иҷро карда шудааст, ки нисбати нақша 108,2 фоиз ё ин ки 482,0 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Ҳамчунин, аз маблағи умумии воридшуда 876,9 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби андоз аз роҳҳои автомобилгард ба буҷети ҷумҳурӣ гузаронида шудааст.

Дар асоси маълумотҳо, даромади андозҳои маҳаллӣ дар 9 моҳи соли ҷорӣ 40,1 млн сомонӣ иҷро гардида, нисбати нақша 105,8 фоиз ё ин ки 2,2 млн сомонӣ зиёд маблағ ворид гардидааст. Қисми хароҷоти буҷет бошад, аз рӯи нақшаи пешбинишуда 99,0 фоиз ё ин ки 38,5 млн сомонӣ таъмин гардида, 331,0 ҳазор сомонӣ сарфа карда шудааст.

Корхонаҳои саноатӣ

Дар асоси маълумотҳои фаврӣ, корхонаҳои саноатии шаҳр дар 9 моҳи соли 2019 ба маблағи 1,8 млрд сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 114,6 фоиз ё ин ки 224,9 млн сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин давра дар нерӯгоҳҳои барқи обии Нораку   Бойғозӣ ба миқдори 10,5 млрд кВ/соат нерӯи барқ истеҳсол карда шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 101,7 фоиз ё ин ки 174,6 млн кВ/соат зиёд мебошад.

Дар 9 моҳи соли ҷорӣ дар шаҳр 7 адад коргоҳҳои нави истеҳсолӣ, аз қабили 2 адад коргоҳҳои дӯзандагӣ, 2 адад коргоҳи истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, аз ҷумла шпаклёвка, родбанд ва хишти қирӣ, инчунин 2 адад сехҳои маҳсулоти нонию қаннодӣ таъсис дода шуда, дар онҳо 20 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда шудаанд.

Ичунин, бо мақсади таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти сохтмонӣ аз ҳисоби соҳибкори маҳаллӣ Назаров А. бунёди корхонаи истеҳсоли қуму шағал дар соли равон ба нақша гирифта шуда, айни замон корҳои тахту ҳамворнамоӣ босуръат идома дорад. Ҳамчунин, аз ҳисоби соҳибкор Табаров Х. бунёд намудани корхонаи истеҳсоли хишти пухта ба нақша гирифта шуда, дар ҳолати ҳуҷҷатгузорӣ қарор дорад.

Таъмири роҳҳо

Бояд қайд намуд, ки дар тавозуни Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳр 127,9 км роҳҳо, аз ҷумла 36,5 км роҳҳои аҳамияти ҷумҳуриявӣ, 25,0 км роҳҳои аҳамияти байналмилалӣ, 66,3 км роҳҳои маҳаллӣ дохил мешаванд. Дар роҳҳои мазкур айни замон 227 адад аломатҳои роҳ дар ҷойҳои муайяншуда насб гардидааст.

Аз тарафи Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳр дар 9 моҳи соли ҷорӣ 24,9 км роҳҳо таъмири ҷорӣ ва нигоҳдорӣ карда шудааст.

Ҳамчунин, аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ 1,1 км роҳи назди ҶСК “НоракИБОсоз” ва роҳи назди толори варзишӣ ба масоҳати 60 метр аз таъмири асосӣ бароварда шудааст.

Қайд кардан зарур аст, ки аз ҳисоби соҳибкорони маҳаллӣ 200 метр роҳи дохили кӯчаи Айнӣ 2-и маҳаллаи Энергетик ва роҳи назди Нишони давлатӣ ба масоҳати 5589 метри квадратӣ таъмири асосӣ карда шудааст.

Инчунин, роҳҳои дохили ҶДММ “Боғи анор” 1080 метр ва роҳи Нерӯгоҳи барқи обии Норак ба масофаи 3 км мумфарш карда шудааст.

Сохтмони иншооти ҷашнӣ

Баҳри таъмини Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22-юми майи соли 2018, №АП-1059 оид ба омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ҷиҳати назорати рафти корҳои ободонию бунёдкорӣ се зергуруҳи кории алоҳида аз ҳисоби кормандону хизматчиёни давлатӣ таъсис дода шудааст.

Бояд қайд намуд, ки дар доираи таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз-2019 як қатор иншооти ҷашнӣ сохта шудаанд. Аз ҷумла, бинои истиқоматии панҷошёна бо дарназардошти нуқтаи савдо дар ошёнаи якум ба маблағи 8 миллион сомонӣ аз ҳисоби соҳибкори маҳаллӣ Ҳақназаров Ҷ. бунёд гардидааст. Аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Азизов А. бошад, толори варзишӣ ба маблағи 2 миллион сомонӣ бунёд гардидааст. Майдончаи варзишии кӯдакона (футболбозӣ бо маркази бозиҳои кӯдакона) дар назди бинои Рӯдакӣ №7 аз тарафи Ализода Р. ба маблағи 300 ҳазор сомонӣ бунёд шудааст.

Истироҳатгоҳи “Нурсоз” дар деҳаи Туғмазори Ҷамоати деҳоти Дӯконӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Табаров М. ба маблағи 1 миллиону 800 ҳазор сомонӣ бунёд гардидааст.

Марҳилаи якуми таҷдиди НБО-и Норак оғоз гардида, маблағи таҷдиди нерӯгоҳ тақрибан 350 миллион доллари амрикоӣ буда, марҳилаи аввали он 145 миллиону 632 ҳазору 178 доллари амрикоиро дар бар мегирад.

Коргоҳи истеҳсоли брусчаткаи резинӣ дар назди корхонаи ҶСП «Заводи таҷрибавӣ-механикӣ» аз ҳисоби соҳибмулк Азимов Х. ба маблағи 2 миллиону 783 ҳазору 358 сомонӣ бунёд гардида, дар иншоот 25 нафар бо ҷойи кор таъмин гардидаанд.

Сехи истеҳсоли металлҳои гидротехникӣ дар филиали ҶСК “Тоҷикгидромонтаж” аз тарафи соҳибкор Зайдов Х. бо маблағи 15,9 млн сомонӣ бунёд гардида, дар оянда 160 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд.

Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шафати ҶСП “КМОҚ-и Норак” бунёд гардида, баландиаш 22 метр мебошад.

Майдони варзишӣ бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санги асос гузошта шуда, корҳои сохтмонӣ аз ҳисоби Дирексияи сохтмони иншооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои 10000 ҷойи нишаст оғоз гардидааст.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби коргарону мутахассисони КВД «Алюминсохтмон» бо дастгирии соҳибкори маҳаллӣ ба маблағи 1 миллиону 700 ҳазор сомонӣ сохта шуд.

Муҷассамаи Асосгузори давлати тоҷикон — Исмоили Сомонӣ аз рӯйи лоиҳаи ҶСК «ПИЛҶ САНИИОСП» аз ҷониби коргарону мутахассисони “Инпекс компания” бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ ба маблағи 1 миллиону 700 ҳазор сомонӣ сохта шуд.

Ҳамчунин, аз ҳисоби соҳибкорон 6 адад истгоҳҳои замонавӣ сохта ба истифода дода шудаанд.

Дар арафаи ҷашнҳои давлатӣ 2 адад бунгоҳҳои тиббӣ дар деҳаҳои Чал-Чал ва Хоҷаабдолон, 5 адад нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ, 1 бинои ҳаммом, 1 адад нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, 2 адад синфхонаи иловагӣ ва майдончаи варзишии замонавӣ дар назди муассисаи таълимии №27 сохта ба истифода дода шудааст.

Рафти иҷрои корҳои сохтмонӣ дар иншооти ҷашнӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Норак ба таври ҳамешагӣ таҳти таваҷҷуҳ қарор дошта, аз теъдоди ин қабил иншоот, ки 193 адад мебошанд, иҷроиши 40 адад, яъне 21%-и онҳо таъмин гардидааст.

Зимистонгузаронӣ

Бо мақсади бо гармӣ таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ, беморхона ва бунгоҳҳои тиббӣ тибқи нақша-чорабинӣ дар муассисаҳои таълимӣ 70 адад печҳои аловӣ, 20 адад печи ангиштӣ, 11 адад бӯғхонаҳо, 296 адад гармкунакҳои барқӣ, дар бунгоҳҳои тиббӣ 13 адад печи аловӣ, 2 адад печҳои дизелӣ, 70 адад печи барқӣ, 3 адад генератор ва дар беморхонаи марказӣ бошад, 3 адад генератори барқӣ ва 45 адад печҳои барқӣ мавҷуд буда, дар ҳолати хуби корианд.

Дар соҳаи маориф 38 тонна ангишт харидорӣ гардида, бо назардошти 1 тонна бақия аз соли гузашта иҷроиш 106,5 фоиз аст. Инчунин, 879 метри кубӣ ҳезум ва 565 литр сӯзишворӣ таъмин гардида, 106 фоиз иҷро  шудааст.

Ҳамчунин, дар бунгоҳҳои тиббӣ 85 метри кубӣ ҳезум захира карда шуда, иҷроиш 112 фоизро ташкил медиҳад.

Тибқи нақша-чорабиниҳо дар соҳаи тандурустӣ 220 литр сӯзишвории дизелӣ нақшабандӣ шуда, иҷроиш 110 фоиз мебошад.

Хоҷагиҳои кишоварзӣ ба миқдори 2891 тонна хӯроки дурушти чорво захира намудаанд, ки 104 фоизи дурнаморо ташкил медиҳад. Инчунин, бо мақсади нигоҳдории чорвои калони шохдор ва хурд дар мавсими зимистон 4 адад кашар ва 22 адад фермаи чорвонигоҳдорӣ дар назди хоҷагиҳои деҳконӣ омода карда шудаанд.

Бо мақсади бомуваффақият гузаронидани мавсими зимистони солҳои 2019-2020 Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳр 1000 метри кубӣ маводҳои зидди лағжиш захира намудааст, ки нисбати нақша 110 фоизро ташкил медиҳад.

Маориф ва илм

Айни замон дар 31 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, асосӣ, миёнаи умумӣ, гимназияи давлатии №1, литсейи давлатии «Нурбахш» ва филиали муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №83-и шаҳри Ногинскии вилояти Москваи Федератсияи Россия 14901 нафар хонанда, аз ҷумла 7308 нафар духтарон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.

Шумораи хонандагон нисбат ба соли таҳсили 2018-2019-ум 464 нафар зиёд шудааст. Дар шаҳр чор муассисаи таҳсилоти томактабӣ бо фарогирии 617 нафар кӯдак, маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо, маркази таҳсилоти иловагӣ ва маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсионӣ фаъолият мекунанд.

Дар соли таҳсили 2019-2020 дар асоси ташхиси тиббӣ-педагогӣ 74 нафар ноболиғон аз ҳисоби кӯдакони имконияташон маҳдуд ба таълими инфиродӣ дар хона ҷалб карда шудаанд, ки аз ин шумора 31 нафарро духтарон ташкил медиҳанд. Аз шумораи умумии омӯзгорон 487 ё 54,6% бо таҳсилоти олӣ, 260 нафар ё 29,1% бо таҳсилоти миёнаи касбӣ, бо таҳсилоти олии нопурра 71 нафар ё 8,0% ва бо маълумоти таҳсилоти умумӣ 74 нафар ё 8,3% кору фаъолият менамоянд.

Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумиро 1065 нафар, аз ин 499 нафар духтарон хатм намудаанд. Дар соли 2018-ум 1044 нафар хатм намуда буданд, ки 490 нафарашон духтарон буда, мутаносибан 21 нафар зиёд мебошад. Ба муассисаҳои олии ҷумҳурӣ 632 нафар ва дар хориҷи кишвар 34 нафар  дохил шудаанд, ки нисбати соли 2018-ум 1 нафар зиёд мебошад. Тибқи квотаи Президентӣ 18 нафар сазовори номи донишҷӯ гардидаанд.

То оғози соли таҳсил 398 синфхонаи таълимӣ пурра аз таъмир бароварда шудааст.

Баҳри таъмини Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022 дар шуъбаи маориф ва муассисаҳои таълимӣ дар нуҳ моҳи соли 2018-ум 25 адад компютер ва 7 проектор харидорӣ карда шудаст, ки ин нисбати ҳамин давраи соли 2018 1 адад компютер ва 6 адад проектор зиёд мебошад. Дар муассисаҳо 591 компютер, 16 адад тахтаи электронӣ, 28 адад проектор мавҷуд мебошад.

 Соҳаи тандурустӣ

Дар беморхонаи марказӣ 37 нафар табиби илми олидор, 184 нафар ҳамшираҳои тиб, 131 нафар кормандони хурд ва 72 нафар коркунони хоҷагӣ, ҷамъ 424 нафар кор мекунанд.

Дар ин давра дар беморхона 3438 нафар бистарӣ карда шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 181 нафар зиёд мебошад.

Аз шумораи умумии беморон 1100 нафар ба маблағи 50%, 72 нафар ба маблағи 70%, 61 нафар ба маблағи 100 % бистарӣ гардида, аз ҳисоби Барномаи кафолатҳои давлатӣ 383 ҳазору 358 сомонӣ маблағ ворид гардидааст, ки 98,4%-и Барномаро ташкил медиҳад. Беморони имтиёзнок 2205 нафарро ташкил намуда, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 173 нафар зиёд аст.

Дар беморхона 1234 таваллуди навзод ба қайд гирифта шудааст, ки нисбати нуҳ моҳи соли сипаригардида 208 навзод зиёд мебошад.

Дар шабакаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии шаҳр 309 нафар, аз ҷумла 53 нафар табиби илми олидор, 190 нафар кормандони миёнаи тиббӣ, 46 нафар корманди хурд ва 20 нафар кормандони хоҷагӣ кор мекунанд.

Дар шабакаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ 53913 нафар, аз ҷумла 31411 нафар бо сабаби беморӣ ва 21352 нафар барои гузаштан аз муоинаи тиббӣ муроҷиат намудаанд.

Маркази репродуктивӣ аз ҳисоби маркази вилоятӣ ва шабакаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ба маблағи 15 ҳазору 798 сомонӣ бо маводҳои доруворӣ, тестҳои оҷилӣ таъмин гардидааст.

Ҳифзи иҷтимоӣ

Ба ҳолати 1-уми октябри соли равон дар шаҳр 4664 нафар нафақахӯр (87 нафар нисбати ҳамин давраи соли гузашта зиёд) ба қайд гирифта шудааст. Аз шумораи умумии нафақахӯрон 2984 нафар занон мебошанд.

Нафагирон аз рӯйи синну сол 2795 нафар, аз рӯйи маъюбӣ 495 нафар, бесаробон 341 нафар, хизмати дарозмуддат 7 нафар, хизматҳои махсус 19 нафар ва иҷтимоӣ 1025 нафар мебошанд.

Дар ин давра ба 322 нафар шаҳрвандон нисбати соли гузашта 35 нафар кам мувофиқи аризаҳояшон нафақа таъин карда шудааст. Ба 521 нафар корманд рақами инфиродии суғуртавӣ дода шудааст.

Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми июли соли 2014, №437 «Дар бораи идома ва ҷорӣ намудани механизми таҷрибавии кӯмаки унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат» 1712 оила муроҷиат намуда, 1499 оила ҳамчун оилаи камбизоат эътироф гардидаанд.

Барои барқарор намудани саломатӣ 9 нафар собиқадорони ҷанг бо роҳхатҳо ба осоишгоҳи «Харангон» ва «Дӯстӣ» таъмин гардидаанд. Ба ҳафт нафар нафақагирон барои хизмати махсус барои истифода набурдани роҳхатҳо ба осоишгоҳҳо ба ҳар кадом ба маблағи 1100 сомонӣ, ҷамъ ба маблағи 7700 сомонӣ ҷубронпулӣ пардохт карда шудааст.

 Соҳаи фарҳанг

Кормандони муассисаҳои фарҳангӣ дар баргузории ҷашну санаҳои таърихӣ, сиёсиву фарҳангӣ саҳми муносиб доранд.

Дар соли таҳсили 2019-2020-ум 52 нафар хонанда ба мактаби санъати бачагона қабул гардида, айни замон дар ҳафт синф 212 нафар хонандагон нозукиҳои санъати мусиқиро меомӯзанд.

Бояд қайд намуд, ки табиятгирандагони мактаби санъати бачагона дар озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» фаъолона иштирок намудаанд.

Китобхонаи марказӣ бо филиалҳояш дар ин давра ба 7290 нафар хонанда хизмат расонидааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 1236 нафар зиёд мебошад. 44731 нусха китоб (нисбати 9 моҳи соли гузашта 5580 нусха зиёд) пешкаши хонандагон гардонидаанд.

Дар ин давра ба маблағи 4500 сомонӣ компютерҳои китобхонаи марказӣ таъмир гардида, ба шабакаи интернет пайваст ва фурӯзонакҳои дохили боғи марказӣ иваз карда шудаанд.

Дар ин давраи соли ҷорӣ 143 хориҷиён аз осорхона дидан намудаанд.

Сайёҳӣ, ҷавонон ва варзиш

Соҳаи сайёҳӣ яке аз соҳаҳои сердаромад ба ҳисоб рафта, дар 9 моҳи соли ҷорӣ ба шаҳр 10928 нафар меҳмонону сайёҳони дохилӣ ва 712 нафар меҳмонону сайёҳони хориҷӣ ташриф овардаанд.

Дар корхонаву муассисаҳои шаҳр 748 нафар ҷавонон, аз ҷумла 205 нафар бонувон, 70 нафар дар вазифаи роҳбарикунанда ва 53 нафар дар соҳаи хизмати давлатӣ кору фаъолият доранд.

Аз шумораи умумии ҷавонон 3 нафар гирандаи стипендияи Президентӣ мебошанд. Дар назди бахши кор бо ҷавонон ва варзиш аз ҳисоби ҷавонон 50 нафар аъзои маҳфили “Пайравони Пешвои миллат” мебошанд.

Дар ин давра аз ҷониби бахши кор бо ҷавонон дар маҷмуъ 164 чорабиниҳо, аз ҷумла 104 чорабинии варзишӣ, 35 чорабиниҳои ташвиқотӣ, 25 аксияи тозагӣ бо ҷалби 35017 нафар гузаронида шудааст.

Дар шаҳр 2 мактаби варзишӣ аз рӯи 9 намуди варзиш фаъолият дошта, 18 нафар мураббиён ба таълиму тарбияи наврасону ҷавонон машғуланд. Аз ин шумора 14 нафар дорои таҳсилоти олии варзишӣ мебошанд. Дар муассисаҳо дар 32 гуруҳ 400 нафар варзишгар, ки аз ин шумора 45 нафарро духтарон ташкил медиҳанд, машқу тамрин мегиранд.

Дар ин давра варзишгарони шаҳр дар як қатор мусобиқаҳои вилоятӣ, минтақавӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок намуда, 36 медали тилло, 21 нуқра ва 43 медали биринҷӣ, ҷамъ 100 медал ба даст овардаанд.

Муроҷиати шаҳрвандон

Бо мақсади дар амал татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр тадбирҳои зарурӣ амалӣ шуда, ба масъалаи муроҷиати шаҳрвандон, ки яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти марбутаи давлатӣ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон мебошад,таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад.

Дар давраи ҳисоботӣ ба унвонии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак 907 муроҷиатҳои инфиродӣ ва дастаҷамъӣ ва 23 муроҷиат ба воситаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардида, мавриди баррасӣ ва ҳаллу фасл қарор дода шудаанд. Дар ин давра аз тарафи иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр расман 37 маротиба қабул гузаронида, 250 нафар шаҳрванд қабул карда шудаанд. Ба ҳамин монанд, ҳамарӯза шаҳрвандон қабул карда мешаванд. Дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ 28 машварати ҳафтаинаи назди раиси шаҳр баргузор гардидааст, ки барои ҳаллу фасли масъалаҳои ҳалталаб, ободонию кабудизоркунӣ ва тозагии шаҳр мусоидат намудаанд.

Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Норак Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумахон мегӯяд, ки “гарчанде шаҳри Норак яке аз ҷавонтарин шаҳрҳо дар ҷумҳурӣ ба ҳисоб равад ҳам, маҳз бо кӯшишу матонати Пешвои муаззами миллат, Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба яке аз ободтарину пешрафтатарин шаҳрҳои кишвар мубаддал гардид. Гузашта аз ин, он ба яке аз шаҳрҳои сайёҳиву истироҳатӣ табдил дода шудааст, ки аллакай ҳамасола аз он ҳазорҳо — ҳазор сайёҳони дохиливу хориҷӣ дидан намуда, дар истироҳатгоҳҳои шаҳри Норак истироҳат карда, саломатии худро барқарор менамоянд. Як худи “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гаштани солҳои 2019-2021 барои мардуми Норакшаҳр такони ҷиддие дар самти ободкориҳо хоҳад гашт, чунки зиёд мардумон маҳз дар назди обанборҳои зебои Норак истироҳат карданро аз меҳмонхонаҳои гаронбаҳои хориҷӣ авлотар медонанд. Бинобар ин, мо низ дар баробари Пешвои муаззами миллат, ки Норакшаҳрро ба як шаҳри дилрабову гулистони афсонавӣ табдил додаанд, кӯшиш ба харҷ хоҳем дод, то инфрасохтори беҳтарин барои сайёҳону истироҳаткунандагон ташкил ёбад. Дар баробари ин, таъмини зиндагии шоистаро барои сокинони ин зебошаҳр рисолати кории худ медонем”.

Саиди ҲАЙДАР, МТЖТ

Добавить комментарий