(Нигорише ба чеҳраи дуюмин президенти Тоҷикистон)

 

Моҳи августи соли 1991 баъди истеъфои Қаҳҳор Маҳкамов аз вазифаи Котиби якуми КМ ҲК ва баъдан аз симмати президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳизби коммунисти кишвар — бонуфузтарин нерӯи сиёсӣ, ки дорои захираҳои азими моливу моддӣ ва зеҳнӣ буд, бесарвар монд. Аммо қабл аз он ки дар бораи оқибатҳои фоҷеабори истеъфои Маҳкамов ҳарф занем, ба рӯйдодҳои бештар сӣ соли пеш бармегардем.

Моҳи апрели соли 1982 марги ногаҳонии Котиби якуми КМ Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон Ҷаббор Расулов ҷумҳуриро дар ғафлат гузошт. Тибқи тарҳи анъанавии ҷобоҷогузории кадрӣ роҳбарияти Иттиходи Шӯравӣ ҷойи холимондаро ба раиси Шӯрои вазирон Раҳмон Набиев дод. Вай ҷумҳуриро замоне сарварӣ кард, ки буҳрони иқтисодии аввали солҳои 80 дар саросари Иттиҳоди Шӯравӣ амиқтар мешуд. Дар ҳамин иртибот соли 1982 Бюрои Сиёсии КМ КПСС ба қароре омад, ки ҳама сохтмонҳои варзишӣ ва фарҳангиву маиширо мутаваққиф кунад. Ин буд, ки дар саросари ҷумҳурӣ сохтмони иншотҳои зиёди варзишӣ, клубҳо, синамохонаҳо, ҳамчунин як қатор корхонаҳои саноатӣ нотамом монданд. Масалан, дар шаҳри Душанбе бунёди Кохи Борбад, маҷтамаҳои Донишгоҳ ва рӯзномаву маҷаллаҳо ба ҳукми сохтмонҳои гӯшти уштурхӯрда даромада буданд.

Суръати сохтмони хонаҳои истиқоматӣ низ поин рафт. Барои рушди минбаъдаи пойтахт ва бунёди маҷтамаҳои маскунии ҷадид, бозсозиву таҷдиди бунёдии зербинои маскан, (энерживу мухобирот, таъмини об, шабакаҳои обёрӣ ва ғ.ҳ.) ниёз пайдо шуд. Вале барои ин ҳама Марказ маблағ ҷудо намекард. Тарҳи сохтани фурудгоҳи нав берун аз қаламрави пойтахт солиёни дароз рӯи коғаз монда буд ва сабаб ҳамон камбуди молиявиву нарасидани воситаҳо ва буҳрони форогири иқтисодӣ буд.

Мушкилоти соҳаи кишоварзӣ низ афзуд. Танҳо барои беҳбуди обёрии замиинҳо ва тадбирҳои дигари мелеоративӣ ҷумҳурӣ ниёзманди пули зиёд буд. Ҳазорон гектар заминҳои як замон серҳосил дар навоҳии пахтакори ҷумҳурӣ корношоям шуданд.

Ва ин номгӯи нопурраи мушкилоти фазояндаи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ буд, ки аз роҳбарияти нави кишвар ҳалли фавриву оҷилро талаб мекард.

Зарфи ду соли аввал Раҳмон Набиев хеле фаъол буд ва худро чун як роҳбари корозмудаву сертакопӯ муаррифӣ кард. Дар аввали соли 1983 Раҳмон Набиев муваффақ гардид, ки Бюрои Сиёсии КМ КПСС қарор дар бораи рушди хоҷагии манзилию-коммуналии пойтахтро қабул кунад. Тибқи қарори мазкур барои таҷдиди бунёдии ҳамаи васоили коммуникатсонии шаҳрӣ воситаҳои бузурге ҷудо шуда буд ва ин дар дафтари фаъолияти сарварии Раҳмон Набиев саҳифаи наве ба унвони комёбии бузургу арзишманд боз кард.

Бинои кашолёфтаи Кохи Борбад низ билохира пурра сохтаву ба истифода дода шуд. Қаноти чапи бинои КМ (ҳоло шаҳрдории пойтахт дар он мустақар шудааст) низ хотирае аз фаъолиятҳои Раҳмон Набиев дар муддати начандон тӯлонии роҳбарии вай аст.

Аммо бо рафтани Ҷаббор Расулов давраи сарварони миллии давлатӣ ба поён расид. Бо ҳама хизматҳои боарзише, ки Раҳмон Набиев дар замони вазири кишоварзӣ ва раиси Шӯрои Вазирон буданаш анҷом дод, вай ба зумраи арбобони шинохтае чун Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур, Мунаввар Шогадоев, Бобоҷон Ғафуров, Турсун Улҷабоев ва Ҷаббор Расулов дохил намешавад.

Мутаассифона, ҷумҳуриро шахсе сарварӣ кард, ки ҳарчанд дорои собиқаи бойи фаъолиятҳои ҳизбиву давлатӣ буд, вале майли беандоза ба истеъмоли машрубот дошт. То омадани Раҳмон Набиев дар дастгоҳи КМ фазои фурӯтаниву шикастанафсӣ ҳоким буд, чун Ҷаббор Расулов худ шахси фавқулода хоксору фурӯтан буд ва ва ҳеч дабдабаву шаҳомат ва нишастҳои пурдабдабаро таҳаммул надошт. Дар аввалин моҳҳои вуруди Набиев ба КМ аз он хоксориҳову фурӯтаниҳои гузашта аллакай нишоне боқӣ намонд. Бино ба шаҳодати кормандони дастгоҳи КМ бисёр вақт ҳангоми танаффуси нисфирӯзӣ вай дар пеши чашми ҳамагон дастурхони айшу нӯш густарда мекард. Ин тамасхури сарнавишт буд магар, ки аз Маскав ба вазифаи котиби дуюми КМ шахсеро равона карданд, ки низ майлу рағбати беандоза ба шаробу машрубот дошт. Сафарҳои Набиев ба минтақаҳо чун қоидаи нонавишта ҳамеша бо дастурхону пур аз анвои айшу нӯш ба поён мерасиданд.

Се сол баъди сари қудрати роҳбарии ҷуҳурӣ омадани Раҳмон Набиев Котиби Генералии КМ КПСС Михаил Горбачёв муборизаи беамонеро зидди майгусориву машруботи спиртӣ оғоз кард. Истеҳсоли машруботи спиртӣ дар саросари кишвар ҷиддан коҳиш ёфт. Котиби КМ КПСС Егор Лигачёв, ки масъули покии сафҳои ҳизб буд, шахсан риояи қонуни зиддимашруботро назорат мекард. Ва роҳбарони ҳизбии ҳамаи зинаҳо хеле ба зудӣ дарк карданд: сӯистифода аз машрубот метавонад баробар ба сӯистифода аз мансабу вазифа ҷазо дошта бошад. Гуруҳе бо риояи қонун ҳаёти бидуни шаробро интихоб карданд ва гуруҳе ҳадиақал аз нӯшидан дар миёни омма худдорӣ намуданд. Вале ба назар мерасад Раҳмон Набиев ба тағйири ногаҳонии сиёсати кадрии КПСС чандон эътибор надод ва натавонист худро идора кунад. Ва барои ин сазовор ҷазо дид. Ба Егор Лигачёв Набиев чун дӯстдори шароб маълум гардид. Тирамоҳи соли 1985 вай аз вазифаи Котиби КМ ҲК Тоҷикистон барканор карда шуд.

Шуҳрати дурахшони сиёсӣ ва давлатии хатмкардаи Донишкадаи обёрӣ ва механизатсияи Тошканд Раҳмон Набиев, ки зарфи чиҳил сол хеле ба оҳистагӣ, вале шоиставу сазовор аз ҳисобчии колхоз дар ноҳияи Хуҷанд то нозири Бюрои Осиёимиёнагии КМ КПСС, мудири шуъбаи кишоварзии КМ, вазири кишоварзӣ, раиси Шӯрои вазирон ва баъдан котиби КМ ҲК ҷумҳурӣ зина ба зина дар мансабу вазифаҳо боло мешуд, ба поён расид.

Баъди рафтан аз роҳабрии ҷумҳурӣ Раҳмон Набиев муддати шаш соли оянда дар вазифаи раиси Ҷамъияти ҳифзи табиат кор кард.

Ва инак, Ҳизби коммунист баъди ба истеъфо равона кардани Қаҳҳор Маҳкамов ба Раҳмон Набиев — шахсе, ки кайҳо аз фаъолиятҳои давлатӣ дур шудаву он замон аллакай ба синни нафақа (вай ҳарчанд 62 сол дошт, вале солмандтар ба назар мерасид) низ расида буд, такя кард.

Тирамоҳи соли 1991 дар ҷумҳурӣ вазъи басо хатарноку инфиҷорӣ ҳоким шуд. Маҳкамов ҳатто дар сурати сари қудрат боқӣ мондан наметавонист онро зери назорат гирад, вале ҳамзамон шахсе набуд, ки ҷойгузини Маҳкамов шавад.

Баъди шикасти ГКЧП дар таърихи 19-21 августи соли 1991 М.Горбачёв аз КПСС дур карда шуд ва бо фармони президенти Русия Борис Елсин фаъолияти вай манъ гардид. Ин асос шуд, ки дар аксар ҷамоҳири Иттиҳоди Шӯравӣ фаъолияти ҳизби коммунист қатъ шуда, амволи он миллӣ карда шавад. Дар мисоли ҷумҳуриҳои дигар ширкаткунандагони гирдиҳамоии муштараки Ҳизби наҳзати исломӣ (ҳоло ҳизби мамнуъшуда дар кишвар), созмони мардумии Растохез, Ҳизби Демократӣ ва ташкилоти минтақавии Лаъли Бадахшон (ин иттиҳоди неруҳо баъзан номи иттиҳоди исломӣ-демократӣ гирифт) дар таърихи 22 сентябри соли 1991ҳаминро талаб карданд. Дар назари аввал талабот мантиқӣ буд — КПСС дигар вуҷуд надорад, пас ташкилоти ҷумҳуриявӣ ва вилоятиву ноҳиявии он низ бояд барҳам дода шуда, амволаш миллӣ эълон мешуд. Одамоне, ки садоқат ба ғояҳои коммунистӣ доранд, метавонад ҳизби худро дубора созмон диҳанд.

Дар шароити Тоҷикистон ин мантиқ хилофи афкори солим буд. Дар даврони беш аз 70 соли ҳокимияти ғояҳои коммунистӣ чандин насл ба камол расид. Ва талоши бо як такон табаддулот анҷом додан ба афкору тафакур ва қалби ин одамон хатарнок буд. Касе аз роҳаброни неруҳои мухолиф намеандешид, ки бо манъи фаъолияти ҳизби коммунист таъсири он миёни омма худ аз худ барҳам намехӯрад. Баръакс, ин қотеъияти ҷонибдорони онро дар мубориза бар зидди душман таҳким мебахшад. Чунин ҳам шуд.

Зери фишори гирдиҳамомадагон Қадриддин Аслонов фармони манъи фаъолияти ҳизби Коммунист ва милликунонии амволи онро имзо кард. Шабона вай худ шахсан ин фармонро дар назди гирдиҳамомадагон қироат намуд. Бо илҳом аз ин пирӯзӣ ширкаткунандагони гирдиҳамоӣ пайкараи Ленинро хароб карданд. Суханронии Аслонов ва тахриби ҳайкалро бидуни ислоҳу монтаж ва бекамукост аз тариқи телевизион намоиш доданд. Тақдири Аслонов аз қабл муайян шуд. Субҳи рӯзи дигар дар ҳамин майдон гирдиҳамоии пурҷамъияти ҷонибдорони ҳизби коммунист низ баргузор шуд. ширкаткунандагони он истеъфои Қадриддин Аслоновро талаб карданд. Нисфирӯзӣ дар ҷаласаи фаврии Шӯрои Олӣ, ки ман низ чун хабарнигори парламон аз «Народная газета» ширкат доштам, фармони Аслонов дар бораи манъи фаъолияти ҳизби коммунистӣ лағв ва худи вай ба истеъфо фиристода шуд.

Раиси нави Шӯрои Олӣ Раҳмон Набиев интихоб гардид. Иштирокдорони гирдиҳамоӣ қаноатмандона аз пирӯзӣ пароканда шуданд ва бегоҳӣ ҷойи онҳоро ҷонибдорони иттиҳоди исломиву демократӣ ишғол карданд. Ин бор онҳо дар майдон хуб мустақар шуданд, хайма заданд, бо ғизои гарм таъмин шуданд. Ин гирдиҳамоӣ муддати ду ҳафта идома кард. Михаил Горбачёв — президенти ИҶШС-и қариб муфлисшуда ба Душанбе барои сулҳофаринӣ узви Шӯрои Олии ИҶШС Анатолий Собчак ва академик Евгений Велиховро фиристод.  Бо миёнаравии онҳо ҷонибҳо сари ин масоил ба мувофақа расиданд:

— интихоботи президентӣ аз моҳи октябр ба ноябри соли 1991 гузаронида мешавад;

— то интихоботи президентӣ ваколатҳои раиси Шӯрои Олиро Раҳмон Набиев иҷро мекунад.

Баъди ин рӯйдод, ки муъҷизаосо кишвар аз хунрезӣ наҷот дода шуд, рушан гардид, ки зиддияти ҷонибҳо метавонад ба муқовимати мусаллаҳона расад. Моҳи сентябри соли 1991 ҷонибдорони ҳизби коммунист ва зиддикоммунистон ба ҳам аз наздик рӯ ба рӯ шуданд. Шиори «Ҳизби манҳуси коммунист!» ба сурати мақол барои муборизони зидди коммунист даромад. (Муносибу баҷост зикр кунам, ки маҳз ҷунуни зиддикоммунистӣ яке аз сабабҳои асосии фоҷеаи соли 1992 шуда буд). Дар посух ҳомиёну ҷонибдорони ҳизби коммунист бидуни ҳеч шиорандозиҳо барномаҳое барои муқобилаи комил бо неруҳои зиддикоммунистӣ тарҳрезӣ карданд.

Душманӣ миёни минтақаҳо сурати ошкор гирифт. Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ-сиёсӣ ва фарҳангӣ бо вижагиҳои маҳаллӣ — Лаъли Бадахшон (Бадахшон), Ҳамдилон (Хуҷанд), Меҳри Хатлон (Кӯлоб), Ватан (Рашт), Ҷамъияти тоҷикони Самарқанд фаъол шуданд. Он замон сиёсатмадори маъруф Аслиддин Соҳибназаров низ аз ин васваса дур намонд ва иттиҳоди маҳаллии Водии Ҳисорро созмон дод. Сарварони ин иттиҳодияҳо бе ягон хастагӣ такрор ба такрору мукаррар мегуфтанд, ки онҳо ҷамъияти худро ба хотири таҳкиму усутувории миллат бунёд гузоштаанд. Ба андешаи онҳо барои ба ҳам овардани миллати тоҷик бояд онро аввал ба минтақаҳо ҷудо мекарданд.

Рафтани Маҳкамов ҳокимиятро аз боло фалаҷ кард. Сохтори давлатдории даҳсолаҳо шаклгирифта хароб гардид. (Маврид ба зикр аст, ки он солҳо президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев борҳо изҳор дошта буд: «То замоне, ки сохторҳои нави идораи давлатӣ сохта намешаванд, аз сохтори куҳна истифода мекунем. Наметавон хонаи нав насохта, хонаи куҳнаро вайрон кард»).

Гузашта аз ин дар натиҷаи таблиғоти ҳадафнок дар симои Набиев тимсоли пешвои умумиллӣ ба шакл дароварда мешуд. Дар як муддати кӯтоҳ ин симо ба тафаккури оммаи васеъ дохил шуд. Бисёре аз одамони обрӯманд дар минтақаҳо ба ин бовар карданд ва дар кори таблиғи ин симо миёни омма фаъолона даст ба кор шуданд. Ман низ ба ин чеҳра бовар кардам. Бароям мақолаҳои баъзе ВАО дар ин маврид хеле таъсиргузор буд. Дар ин навиштаҳо Набиев ба хонанда чун ходими давлатӣ ва ватанпараст бо тафаккуру ҷаҳонбинии васеъ, муборизи истиқлолияти Ватан ба ҷилва меомад. Ва гӯё вай аз вазифаи котиби аввали КМ ҲК танҳо ба он хотир барканор шуда буд, ки ошкоро ба ҳукмфармоии Кремл муқовимат карда буд.

11 сентябри соли 1991 дар шаҳри Қӯрғонтеппа ситоди пешазинтихоботии Раҳмон Набиев созмон ёфт ва аллакай 12 уми сентябр ман чун узви ҳамин ситод барои мулоқот бо вай ба Душанбе раҳсипор шудам. Дар роҳ аз радиои мошин гузориши мустақим аз ҷаласаи коллективи меҳнатии автобазаеро шунидам, ки онро Нарзулло Дӯстов сарварӣ мекард. Баъди суханронии пурэҳсоси Нарзулло Дӯстов ва чанд нафари дигар ширкаткунандагон бо як овоз Раҳмон Набиевро номзад ба президентӣ пешбарӣ карданд.

Ба мулоқот бо омодагии ҷиддӣ рафтам. Бештар аз 10 суоли худро дар варақ чоп кардам. Суолҳо тавре сохта шуда буданд, ки ҳамсуҳбатро ба андеша водор созанд. Аз посухи суолот ман метавонистам чеҳраи номзад ба президентиеро, ки ҳампое надорад, қаламкашӣ кунам. Ва самимона мегӯям, ки то ҷойе аз ин маъмурияти худ ифтихор ҳам мекардам.

Паси мизи кории Набиев дар утоқи кории вай Сафаралӣ Кенҷаев, ки сарпарасти ситоди ҷумҳуриявии пешазинтихоботии ӯ буд, менишаст. Ману Кенҷаев аз наздик шинос будем, чун аллакай мудати бештар аз як сол буд, ки ман хабарнигори парлумон аз рӯзномаи «Народная газета» будам ва зуд-зуд ӯро медидам. Ва ӯ низ медонист, ки ман яке аз мубаллиғони Набиев мебошам. Аз ин рӯ маро гарм истиқбол намуд.

— Набиев баъди ним соат меояд, вале хуб шуд, ки шумо барвақт омадед, — гуфт ӯ. — Мо ҳоло ба ёрии журналист ниёз дорем. Дар шумораи имрӯзаи «Садои мардум» мусоҳибаи Шодмон Юсуф чоп шудааст, ки ба Раҳмон Набиев ҳамлаи лафзӣ бурдааст. Ба вай бояд зарба зад. Умедворам шумо рад намекунед.

Дар ҳақиқат раиси Ҳизби демократ Шодмон Юсуф дар мусоҳибааш гуфта буд, ки Раҳмон Набиев «дар деги ҳизби коммунист ҷӯшидааст» ва аз ин рӯ сазовори он нест, ки президенти ояндаи Тоҷикистон бошад. Ман паси миз нишастам ва ҳамон замон аз номи Сафаралӣ Кенҷаев номаи саркушод ба Шодмон Юсуф ба забони тоҷикӣ навиштам. Он нома тахминан чунин буд: Муҳтарам Шодмон Юсуф! Шумо дар гузашта худ коммунисти гузаро будед, котиби ҳизби коммунисти ташкилоти ибтидоии шуъбаи фалсафаи Академияи илмҳо. Рисолаи номзадии худро низ оид ба фалсафаи марксистӣ-ленинӣ навиштаед. Пас шумо дар кадом дег ҷӯшидаву пухта шудаед? Магар бароятон маълум нест, ки демократҳои кунунӣ — собиқ котиби КМ КПСС, собиқ котиби шаҳрии ҳизби коммунисти Маскав Борис Елтсин, собиқ котиби КМ КПСС оид ба корҳои идеологӣ Александр Яковлев, собиқ узви Бюрои Сиёии КПСС Эдуард Швернадзе аз кадом деганд? Ҳамаи мо дар мактабҳои Шӯравӣ хондаем, пионер ҳам будаему комсомол ҳам…

Ман, ки ҳар ҷумлаи худ навиштаро бо садои баланд мехондам, Кенҷаев маро шунидаву наметавонист хушнудии худро пинҳон дорад. Ба назарам ман замоне пайдо шудам, ки барои вай хеле зарур буд. Баъдан дар интизории Набиев ману вай ҳамсуҳбат шудем.

Ҳамагӣ чанд рӯз пештар раиси Шӯрои Олӣ Қадриддин Аслонов иттилоъ дод, ки ҳузураш дар ҳизби коммунистро қатъ кардааст. Ин тасмим ва ин эълони расмии хуруҷ аз сафи ҳизб ҷомеаи кишварро ба шӯр оварда буд, зеро Қ.Аслонов ҳамагӣ чанд рӯз пештар корманди кадрии ҳизб буд, ки аллакай ҳамаи зинаҳои ҳокимияти ҳизбиро аз вазифаи котиби аввали ҳизби коммунисти ноҳия то котиби КМ гузашта буд. Ин иқдом барои парламоне, ки ӯ сарварӣ мекард ва аксари вакилон намояндагони ҳизби коммунист буданд, ба мисли раъд дар осмони соф буд. Ҳама якбора дам ба дарун кашиданд: чи ҳодисае бояд рух диҳад. Ва тахмин мерафт, ки вокуниши Шӯрои Олӣ ба фоидаи Аслонов нахоҳад буд. Аз ин рӯ пурсиши ман аз Кенҷаев табиӣ буд: ба Аслонов чӣ хоҳад шуд? “Чун аз ҳизби коммунист рафт, аз вазифа низ меравад!”, — адовату душманиашро пинҳон дошта натавониста посух дод Кенҷаев. Ман он вақт ба ин суханон чандон аҳамият ҳам надода будам.

Ва ин замон ба утоқ Набиев ворид шуд. Зоҳиран, барояш то табақаи дуюм баромадан чандон осон набуд, дидам, ки хеле башиддат нафас мекашад. Аз паси вай Нарзулло Дӯстов ва Карим Абдулов низ ворид шуданд. Онҳо бо Набиев бародарона бӯсуканор карданд. Бояд рафтори Карим Абдуловро бо чашмони худ медидед. Ҳамин ки Набиев рӯяшро ба вай мегардонд, ҳамон замон вай аз ҷой бармехост ва дасташро болои шикам гузошта, мепурсид: “Устод?” Зоҳиран ин ба он маъно буд: ман ғуломи ҳалқабаргӯши шумо, чӣ амр мекунед? Ва чун Набиев барои чизе мефиристод, чун дар қабули амири Бухоро дуқад мешуд ва аз утоқ хориҷ мегардид. Марди сангинвазн дар ҳаракоти ногаҳониву тез хеле хандаовар ва риққатангез ба чашм мерасид. Агар камераи наворбардори пинҳоние он ҷо гузошта мешуд, метавонистӣ як сужаи ҳаҷвии ҷолиберо навор бардошт. (Вақте Набиев президент интихоб шуд, ман фаҳмидам, ки Абдулов он замон беҳуда талош намекардааст: охир вай вазифаи роҳбари маъмурияти президентро ишғол намуд).

Дӯстов бошад, бо як ҷаҳон такаббуру ғурур дар бораи ҷаласаи автобазаи худ ҳикоят мекард. “Аз тариқи радио шунидам, хуб гузашт”,-посух дод Набиев.

Билохира, ҷамъомадагон ба ман таваҷҷуҳ карданд. “Ин кист?” — бо эҳтиёт пурсид Набиев.

Кенҷаев маро шинос кард ва мо барои суҳбат ба утоқи дигар гузаштем. Ман аз сумкаи худ диктофонро берун овардам ва болои миз гузоштам. “Онро дур кунед!” — бо як оҳанге, ки кас чизеро таҳаммул надорад, гуфт вай. Ман диктофонро аз рӯи миз гирифтам ва суоли аввалро хондам. Каме фикр кард, сипас хоҳиш намуд, ки суоли дуюмро хонам. Баъдан суолҳои сеюму чорумро ҳатто нашунида, маро нигоҳ дошт.

— Ба ҳамаи ин суолот ман ба журналистони рӯзномаи “Ҷумҳурият” посух додам, — гуфт ӯ. — Фардо дар ин нашрия мусоҳибаи ман чоп мешавад. Ана аз ҳамон ҷо ҳамаашро мегиред ва маводи худро омода месозед…

Ман бо даҳшат ҳадс задам: охир вай ҳатто намефаҳмад, ки ман аз ӯ чӣ мепурсам! Мехостам бархезам ва равам, вале ӯ маро нигоҳ дошт.

— Медонед чӣ бояд кард, — гуфт вай бо оҳанги хайрхоҳона, зоҳиран ноумедии маро ҳис карда буд. – Шумо аз водии Вахшед ва он ҷо бисёр шахсиятҳои машҳур маро хуб мешиносанд. Дар ноҳияи Колхозобод аз раиси колхози ба номи Ленин Абдувадуд Дӯстовро пурсед. Дар ҳамон колхоз аз бародари ӯ, бригадири номдор ва Қаҳрамони кори Сотсиалистӣ Абдуфаёз Дӯстов. Раиси колхози ба номи Жданови ноҳияи Қумсангир Аюб Ҳусейновро мешиносед? Хеле хуб! Вақте вай сарвари бригада пахтакорӣ ва вакили Шӯрои Олии ИҶШС буд, ман раиси Шӯрои вазирон будам. Ман боре дар бошгоҳи саҳроии вай хобидаам. Мо ҳамроҳ ба Иҷлоссияи Шӯрои Олии ИҶШС рафтаем. Ва ин гуна одамон хеле зиёданд. Агар ҳар кадомашон дар бораи ман ақалан дар ҳаҷми як сархат ҳарф зананд, шумо метавонед як мақолаи хубе нависед. Равед, амал кунед!

Баъди худоҳофизӣ ман ба кӯча баромадам. Хеле хуб он лаҳзаро дар хотир дорам, ба назарам мерасид, ки ба сарам сатили оби сард рехтаанд. Дар дақоиқи аввал натавонистам он чӣ дидаму шунидам, аз андеша гузаронам. Он чӣ аввал ҳис кардам ин буд, ки симои пешвои умумимиллӣ дар зеҳни ман ва дар олами андешаҳои ман хароб шуд. Дар асл Раҳмон Набиев инсоне буд боқимонда дар гузаштаи дури Шӯравӣ. Ба назарам мерасид, ки Раҳмон Набиев аз як давраи гузаштаи таърихӣ нохудогоҳ ба давраи дигари он партов шуда буд, ки аслан намедонист ин ҷо чӣ мегузарад.

Он вақт ҳама кишвар дар як ҳолати интизории изтиробангез ба сар мебурд. Ҳама медиданд ва тасаввур мекарданд, ки барои ИҶШС рӯзҳои башуморе мондаанд. Дар забони ҳамагон ин суолот мечархиданд: “Баъди пош хӯрдани Иттиҳод чӣ гуна метавон зиндагӣ кард?” “Ояндаи моро чӣ интизор аст?” Ба суолоти бепосух, касе наметавонист дақиқан ба онҳо ҷавоб пайдо кунад.

Ҳамон вақт аллакай нишонаҳои суқути иқтисодӣ дида мешуд. Дар пеши чашмон иртиботҳои даҳсолаҳо шаклгирифтаи хоҷагӣ бо себъектҳои ИҶШС ва қабл аз ҳама бо Русия, Украина ва Белорусия ба чаш мерасид. Ва ин боиси хуруҷи густардаи коргарону мутахассисони баландихтисос аз ҷумҳурӣ шуд. Таваррум бо суръати кайҳонӣ афзоиш ёфт. Чунончӣ, агар соли 1990 як дона нонро аз нонвохона ба 20 тин мехариданд, соли 1991 арзиши он ба 4 рубл расид. Халтаи орд — маҳсулоти асосии ғизоӣ дар деҳот аз 20 рубл то ба 1000 боло рафт! Ва бори аввал ибораи “рубли чӯбӣ” ҳамон вақтҳо пайдо шуд.

Ба шиддат авҷ гирифтани ҷинояткорӣ дар шаҳрҳои Тоҷикистон боиси тарсу ноумедиҳо мешуд. Ҷинояткории муташаккилона беш аз ҳар вақти дигар муташаккилтар ва ошкортар мешуд. Он амалан бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пайванд буд. Масалан, шаҳри Душанбе ба минтақаҳои нуфузи гуруҳҳои ҷиноӣ тақсим шуд. Раисони кумитаҳои иҷроияи ноҳияҳо бо мақсади таъмини бехтарии худ аз ҷумлаи ҳамин намояндагони олами ҷиноят пуштибон пайдо мекарданд.

Номзад ба президентӣ Раҳмон Набиев дар бораи вазъи ҷомеаи Тоҷикистон, равандҳои харобкунандаи ИҶШС, ки пош хӯрдани давлати Шӯравиро тезониданд, чизе намедонист. Вай ягон барномаи амал надошт. (Бо гузашти муддатҳое ман бо журналистони зиёде вохӯрдам, ки бо Раҳмон Набиев баъди ман ҳамсуҳбат шуда буданд. Ҳамаи онҳо андешаи воҳид доштанд: вай қобилияти дарк надорад ва намедонад, ки бо даъвои сарварии Тоҷикистони соҳибистиқлол чӣ бори масъулияти сангинеро рӯи шонаҳои худ хоҳад бардошт!)

Вале маҳз ӯро интихоб мекарданд ва ман ба ин шак надоштам. Афсонаҳо дар бораи вай аллакай дар сари аксари интихобкунандагон ҷо гирифта буд. Ғайриихтиёр ман чеҳраи дурахшони Набиевро дар миёнсарои Шӯрои Олӣ баъди истеъфои Маҳкамов пеши назар овардам. Ва вакилонеро ҳам, ки бо вай гарму ҷӯшон суҳбат мекарданд. Каме пештар онҳо ҳамагӣ аз мулоқот бо вай ибо мекарданду фирор менамуданд. Ин ҳама бо як сенарияи қаблан хуб тарҳрезишуда пеш мерафт. Ман ҳамон вақт ба дарки ин нукта расида будам, ки ҳар касе такя ба Набиев мекунад, хуб медонад, ки ин на он номзадест, ки тавонад Тоҷикистонро дар чунин вазъи изтиробовар сарвариву сарпарастӣ кунад. Вале барои онҳо маҳз ҳамин гуна президент лозим буд. Ба яке вай ҳифзи мансаби ишғолкардаашро ваъда карда буд, ба дигарон вазифаҳои боз ҳам баландтарро.

Яке аз онҳо Сафаралӣ Кенҷаев буд. “Аз вазифааш канор меравад!”, гуфтани вай дар бораи Аслонов дар гӯшҳоям садо медоданд. Ана гап дар куҷост! Чоргона — Набиев, Дӯстов, Кенҷаев, Абдулов барвақт нақши худро дар ҳукумати оянда муайян кардаанд. Пас маълум мешавад, ки ба Кенҷаев курсии раиси Шӯрои Олӣ ваъда шудааст. Дӯстов ва Абдулов низ ба вазифаҳои калидӣ мансуб хоҳанд шуд.

Расо даҳ рӯз пеш, ки бо фишори гирдиҳамомадагон дар майдони Озодӣ Аслонов фармони манъи фаъолияти ҳизби коммунист ва милликунонии амволи онро имзо намуд, вай ҳамзамон барканории худ аз вазифаи раиси Шӯрои Олиро тезонд. Тибқи сенария мебоист ӯро пас аз интихобот сабукдӯш мекарданд.

Баъди як рӯзи истеъфои Маҳкамов Шӯрои Олӣ бо сад мушкиле қонун дар бораи ноиби президентро қабул кард. Мухолифони қонун бо далелу бурҳони раднашаванда исбот мекарданд: ба як Тоҷикистони кучак ноиби президент чӣ лозим? Талошҳои чандинкарата самар надоданд, тарҳи қонун овози лозимро ба даст намеовард. Аммо Нарзулло Дӯстов, ки дар ин ҳолат суханпардозиро ҳам дареғ намедошт, ноумед намешуд. Дар вақти танаффус дар даст рӯйхати вакилон ба назди ҳар кадом меомад ва зора мекард: “Илтимос, барои ноибӣ имзоятро гузор!” Ва ба мақсад расид. Дар овоздиҳии такрорӣ бо фарқи ҳамагӣ чанд овоз ин лоиҳаи қонун пазируфта шуд. Мебудеду шодиҳои Дӯстовро медидед! Ба назар мерасид вай ҳамон вақт аллакай худро дар курсии ноиби президент медид…

Баъди муроҷиати телевизионии Набиев ба интихобкунандагон дар остонаи баргузории интихобот бисёре аз онҳое, ки ба вай бовар доштанд, ба худ омаданд, вале аллакай дер шуда буд. Аксари сокинони Тоҷикистон ба ҷонибдории Раҳмон Набиев овоз доданд ва Н.Дӯстов ноиби президент интихоб гардид. Бо гузашти як муддати хеле кӯтоҳ муорафаи (инаугуратсия — маросиме, ки шахси ба мақоме интихобшуда расман ба фаъолият мепардозад, якдигарро шинохтан, бо ҳам изҳори ошноӣ кардан. Фарҳанги Амид) Набиев баргузор шуд ва баъдан Сафаралӣ Кенҷаев раиси Шӯрои Олӣ интихоб гардид.

Тирамоҳи соли 1991 дар арафаи интихоботи президентӣ умеди заъифе буд, ки метавонистанд аз душманиҳои қавмиву бархӯрдҳои мусаллаҳона пешгирӣ намоянд. Дар шароити суқути иқтисодиву сиёсии ИҶШС рушан шуд, ки Тоҷикистон бо ҳама ихтилофоташ беш аз ҳар вақти дигар ба пешвои Давраи нав ниёз дорад, сарваре, ки ҳам дар дохили кишвар ва ҳам дар миқёси Иттиҳоди Шӯравӣ обрӯ дошта бошад, тавони роҳандозии сиёсати дурандешона дошта, сулҳ ва ризоят миёни минтақаҳоро таъмин созад. Дар ин марҳилаи сарнавиштсоз дар саҳнаи сиёсии Тоҷикистон ин гуна пешво вуҷуд надошт.

Дар аввалин рӯзҳои баъди интихоб шуданаш Набиев чашми ҳамаро кушод ва нишон дод, ки вай дигар он раиси Шӯрои вазирони ғаюру пурғайрат нест, дигар он сарваре нест, ки дар замони қудраташ бо ширкати бевоситаи ӯ тарҳҳои барои Тоҷикистон сарнавиштсоз амалӣ шуда буданд. Ва ҳатто на он Котиби аввали КМ дар марҳилаи аввали кориаш аст.

Хомӯшиву оромии баъди интихоботи ноябрии соли 1991 ҳамагӣ чаҳор моҳ идома кард. Баҳори соли 1992 гирдиҳамоиҳо дар майдони Шаҳидон, ки созмондеҳандаи асосии он Ҳизби наҳзати исломӣ буд, сабабгори гирдиҳамоии дигар ва муқовимат дар майдони “Озодӣ” шуд, ки дар он ҷонибдорони президент ҷамъ омада буданд. Ин муқовиматҳо Тоҷикистонро ба ду урдугоҳи ба ҳам душман тақсим намуд. (Бо гузашти солҳо аз имзои созишномаи сулҳи соли 1997 раиси Ҳизби наҳзати исломӣ Муҳаммадшариф Ҳимматзода гирдиҳамоӣ дар майдони Шаҳидонро иштибоҳи бузург номида буд. Эътирофи дермондаи иштибоҳот!) Ҷумҳурӣ босуръат ба сӯйи як ҳарҷу марҷ ва баъдан ба қатлҳои хунин равона буд…

Дар авҷи гирдиҳамоиҳо дар майдони Шаҳидон президент аз тариқи радиои ҷумҳуриявӣ суханронӣ кард ва амалан иқрор шуд, ки вазъ аз назорати ҳукумат хориҷ шудааст. «Горди миллӣ ба тарафи мухолифон гузашт, шумо акнун худ худро муҳофизат кунед!”, — изҳор дошт вай. Дар ҳақиқат фармондеҳи Горди миллӣ генерал Раҳмонов президентро фурӯхт ва бо қувваҳои худ ба гирдиҳамомадагони майдони “Шаҳидон” — ҷонибдорони мухолифони исломиву демократӣ пайваст. «Ман аз сулолаи шайх Абдураҳмонам ва дар чунин ҳолати барои Тоҷикистон сарнавиштсоз ба қароре омадам, ки аз инқилоби шумо пуштибонӣ намоям!”- эълон кард вай дар майдон. Ба дунболи изҳороти генерал Раҳмонов яке аз пешвоёни Ҳизби наҳзати исломӣ, “Генерали мардумӣ” Эшони Қиёмиддин (вақте ба Набиев рутбаи ҳарбии генерал-полковник дода буданд, тӯдаи мардуми ин майдон ба вай унвони генерали мардумӣ эъто карданд) дар мусоҳибааш бо хабарнигори рӯзномаи «Ҷумҳурият» тахминан чунин гуфта буд: «Мо 25 ҳазор ҷанговарони мусаллаҳ дорем ва агар ҳукумат талаботҳои моро иҷро накунад, мо даст ба муборизаи мусаллаҳона хоҳем зад!». Иқдоми ноҷавонмардонаи генерал Раҳмонов ва изҳороти иғвоангезонаи «генерали мардумӣ» Қиёмиддин водор карданд, ки муборизони он ҷониби сангар — ҷонибдорони президенти қонунӣ интихобшуда мусаллаҳ шаванд.

Баъди хиёнати генерал Раҳмонов президент зимоми ҳокимиятро аз даст дод. Ва ба ном президент, сарвари белашкару беҳимоя зери фишори гирдиҳамомадагони майдони Шаҳидон (ҷонибдорони президент Набиев аз майдони Озодӣ ба минтақаҳои худ баргашта буданд) иҷборан як силсила фармонҳоро дар мавриди таъсиси ҳукумати “муросои миллӣ” имзо намуд. Ин ҳукумати нав, ки ба он намояндагони ба ном машҳури иттиҳоди исломиёну демократҳо шомил шуда буданд, дар асл ба як ҳукумати душмани миллӣ табдил ёфт. Ҷонишини сарвазир таъин шудани Давлат Усмон — шахсе бо тафаккури деҳотӣ ва инсоне, ки ақалан як рӯз ҳам дар сохторҳои давлатӣ кор накардааст ва бемаълуот, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқро зери назорат дошт, мавҷи норозигиҳоро дар саросари кишвар ба вуҷуд овард, ки ин як сабаби хезишҳои дигар ва фоҷеаи соли 1992 шуд.

Бо фармони дигари худ президент Мирбобо Мирраҳимовро раиси Кумитаи давлатии телевизион ва радиошунавонӣ таъин намуд. Радио ва телевизион мардумӣ номида шуд. Мутаассиб хунхор, қотил ва иғвоандоз Муллоабдулғаффорро роҳбарияти Наҳзати исломӣ мушовири Мирбобо таъин карда буд. Дар асл вай вазифаи сонсурии барномаҳоро бар дӯш дошт. Ҳамин тариқ телевизион ва радио бесарпараст монд ва дар дасти афроди бесалоҳият, бемасъулият ба як воситаи адовати байни минтақаҳо табдил шуд. Муллоабдуғаффор бештар дар бинои телевизион пайдо мешуд ва дар он ҷо утоқи корӣ ҳам дошт, вале радиоро тақрибан назорат намекард.

Силсилаи кушторҳои баландовоза — қатли Додситони кулл Нурулло Ҳувайдуллоев, вакили Шӯрои Олӣ Муродулло Шералиев, ҷонишини раиси кумитаи иҷроияи вилояти Кӯлоб Сайфиддин Сангов ба оташи ғазаби мардум равған рехт. Муродулло Шералиев дар ҳавлии Шӯрои Олӣ парронда шуд, ҷонишини раиси вилоти Кӯлоб С.Санговоро ҷангиёни Мулло Абдуғаффор дар утоқи кории ноиби сарвазир Ҷамшед Каримов дастгир ва ваҳшиёна ба қатл расонданд.

Рӯзи 5-май дар назди бинои Хонаи радио ҳамкасбони мо Олим Зарробек ва Ширинҷон Амирҷонов низ аз ҷониби афроди ношинос парронда шуданд. (Фармоишгарон ва қотилони ин кушторҳо то кунун номаълуманд).

Дар ин ҳолат ба ҳаёти шахсии худи президент низ хатар таҳдид мекард. Аз тарси қасос президенти аз ҷониби мардум интихобшуда дар мақари Двизияи 201-уми тирандозу пиёданизоми Русия паногоҳ ёфт, ҳамсафони наздикаш Н.Дӯстов ва С.Кенҷаев баъди анҷоми гирдиҳамоии майдони Озодӣ пойтахтро тарк карданд.

7-сентябри соли 1992 ҳангоми парвози пинҳонӣ ба Хуҷанд дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе президент аз ҷониби ҷанговарони мулло Абдулғаффор ва Ҳоҷӣ Ҳалим боздошт шуд (Оре, оре, ҳамон Ҳоҷӣ Ҳалиме, ки ташкилотчӣ ва иҷрогари талоши нокоми табаддулоти давлатӣ дар моҳи сентябри соли 2015 буд!). Онҳо зери таҳдиди мили автомат президенти қонуниро маҷбур карданд, ки арзиаи истеъфои худро имзо кунад. Ва даҳ моҳи президентии Раҳмон Набиев бо ҳамин ба поён расид.

Ду моҳ баъди ин, моҳи ноябри соли 1992 дар Иҷлоссияи 16-уми Шӯрои Олӣ дар шаҳри Хуҷанд Эмомалӣ Раҳмон сарвари давлат интихоб шуд.

Вале муборизаи мусаллаҳонаи бемаънӣ миёни тоҷикон боз панҷ сол идома дошт. Аз ду ҷониб даҳҳо ҳазор нафар сокинони кишвар қурбон шуданд. 150 ҳазор нафар ҳамватанони мо ба Афғонистон паноҳ бурданд. Тақрибан миллион нафар шаҳрвандони Тоҷикистон кишварҳои Осиёи Марказӣ, Эрон, Русия, Аврупо, ИМА, Канадаро ҷойи доимии истиқомати худ қарор доданд.

Фоҷеаи Тоҷикистон бори дигар ҷомеаи ҷаҳониро бовар кунонд, ки ҳар ҷойе хун мерезад захираҳои зеҳнӣ ва сармоя ба макони амн муҳоҷират мекунад ва рушди мамлакатро даҳсолаҳо ақиб мезанад. Тоҷикистон гузинаи аз ин бадтарро аз сар гузаронд: сармояи миллии он ғорат шуд ва ба хориҷ аз он интиқол ёфт. Дар замони беҳокимиятиву бебандубории соли 1992 бо қатор таҷҳизоти тозавуруди саноатӣ, ки замоне аз Русия, Белорусия, Украина ба Тоҷикистон оварда шуда буданд, дубора ба Русия бурда шуд, ки арзиши он 2 миллиард доллар ҳадс зада мешавад. Имрӯз мо ҳеч ҳақи ахлоқие барои даъво ба Русия надорем, зеро гунаҳгор худи моем!

Иқтидори пурқудрати фикриву зеҳнии ҷумҳурӣ поин рафт. Даҳҳо нафар пешбарандагони соҳибтаҷрибаву боистеъдоди иқтисод, олимон, ходимони илму фарҳанг ҷумҳуриро тарк карданд.

Оқибатҳои ин талафотро мо имрӯз низ ҳис мекунем.

Солҳои 1991 — 2019

 

Охирсухан

Дар таърихи ҶШС Тоҷикистон Раҳмон Набиев чун ходими ҳизбиву давлатӣ, ки хизматҳои шоистае дар таҳкими тавонмандиҳои иқтисодии кишвар дорад, дар хотираҳо боқӣ мемонад. Муддати қариб даҳ сол (солҳои 1973 — 1982) вай Шӯрои вазирони Тоҷикистонро сарварӣ кард. Ин давраи шукуфоии иқтисод, фарҳанг ва соҳаҳои иҷтимоӣ буд. НБО-и Норак ба иқтидори пуррааш ба кор даромад, ки ба тавсеаи минбаъдаи саноат ва кишоварзӣ дар Тоҷикистон такони сахте шуд. Сохтмони НБО-и Роғун — калонтарин нерӯгоҳ дар қаламрави Осиёи Марказӣ оғоз гардид.

Бо ширкати бевоситаи Раҳмон Набиев лоиҳаи аср – маҷтамаи истеҳсолии Тоҷикисиони Ҷанубӣ таҳия ва муваффақона татбиқ гардид. Соли 1980 корхонаҳои саноатие, ки дар доираи ин лоиҳа дар ҷануби Тоҷикистон сохта шуданд, ниме аз рушди маҳсулоти саноатии кишварро таъмин карданд. Ин аст, ки яке аз кӯчаҳои ободи шаҳри Душанбе ба номи Раҳмон Набиев номгузорӣ шудааст.

Дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол ояндагон Набиевро чун инсоне ба ёд хоҳанд овард, ки бори масъулияти президентиро бар дӯш гирифт ва корношоямии худро ба намоиш гузошт. Соли 1985 Набиев аз вазифаи роҳбари аввали Тоҷикистон рафт ва ҳамон гуна дар замони худ монд, гузашти солҳо, дигаргуниҳои куллии сиёсӣ ӯро дигар накарданд. Вай дар оғӯши ҳамон афкору аъмоли миёнаҳои солҳои 80 боқӣ монд.

Соли 1991 дар остонаи пошхӯрии ИҶШС вай бори дигар ба қудрат баргашт, вале ин бор акнун вай на субъекти ИҶШС, балки ҷумҳурии соҳибистиқлолро чун инсоне бозмонда аз гузашта идора мекард. Ва дарк ҳам накард, ки чӣ бори сангинеро рӯйи шонаҳояш хоҳад бардошт.

Имрӯз баъзе муаррихони мустақил, сиёсатшиносони худхонда, ки дар Тоҷикистон ба шумор зиёд шудаанд, бе ягон ҳисси масъулият ҳама бори гуноҳи фоҷеаи соли 1992-ро бар дӯши Раҳмон Набиев мегузоранд ва дидаву дониста дар бораи гунаҳгорони асосие, ки аз худ муборизони озодиву истиқлолият метарошиданд, лаб фурӯ мебанданд. Гузашта аз ин маълум аст, ки тарҳи нооромсозии Тоҷикистон берун аз қаламрави он дар остонаи фурӯпошии ИҶШС таҳия шуда буд. Дар аввали солҳои 90 иҷрокунандагони ин тарҳ муайян шуда буданд. Ин иҷрогарон басо бомаҳоратона  муқовиматҳои тезутунди дохилӣ дар ҷомеаи Тоҷикистони он замонро ба ҳадафҳои худхоҳонаи хеш — таассуби динӣ, коммунизми ортодоксалӣ, ситезаҷӯии зиддикоммунистӣ ва бемории лоилоҷи маҳалгароӣ истифода карданд. Аммо васвасаи зиддикоммунистӣ яке аз сабабҳои асосии ҷанги бародаркуш буд.

Дуюмин бор баъди фосилаи шашсола сари қудрат омадани Раҳмон Набиев иштибоҳи фоҷеавии ӯ буд. Фоҷеаи миллии соли 1992 фоҷеаи шахсии ӯ буд.

Ба Раҳмон Набиев — аввалин президенти интихобшудаи замони Истиқлол, ки гирифтори разолат ва хиёнат шудааст, мо бояд бо эҳтиром муносибат кунем, иштибоҳоташро бубахшем ва бо сипоси бекарон аз хизматҳои шоиста ва баҳснопазири вай дар рушди Тоҷикистони шӯравӣ ҳамеша ёдовар шавем.

 

Саломиддин Мирзораҳматов

Добавить комментарий