Муовини Сарвазири кишвар Маҳмадтоир Зоирзода зимни сафари кориаш ба вилояти Хатлон аз ташкили бозори мардикорзанон дар маркази маъмурии вилояти Хатлон — шаҳри Бохтар изҳори ташвиш карда, ба раиси шаҳр Исмоилзода Абдуҳалим супориши қатъӣ дод, ки ба ин масъала расидагӣ кунаду ҳарчи зудтар занони мардикорро бо ҷойи кор таъмин созад.

Раиси вилоят: Кӯшиш мекунем бозори мардикорзанонро аз байн барем
Ҳакимзода Қурбон, раиси вилояти Хатлон низ зимни нишасти матбуотиаш аз ташкили мардикорбозор дар маркази вилоят — шаҳри Бохтар ёдовар шуда, гуфт: «Барои мову шумо мардон ин ору номус аст, ки занони мо дар кӯча баромада ба мардикорӣ машғул шаванд».
Ҳачунин, раиси вилояти Хатлон афзуд: «Мо ваъда намедиҳем, ки дар як ё ду рӯз ин масъала бартараф карда мешавад, аммо кӯшиш мекунем ҷойҳои нави кориро зиёд намуда, бозори мардикорзанонро аз байн барем. Ва бояд сари ин масъала тамоми роҳбарони ташкилоту идораҳо чораҷӯӣ намоянд». Ҳамчунин, ӯ бо нигаронӣ гуфт: «Бояд ҳар роҳбари ташкилоту идораҳо фикр кунанд, ки дар ҷойи инҳо зани худ ё хоҳару модари худашон истодааст». Аз ин рӯ, тамоми роҳбарон супориш гирифтанд, ки сари ин масъалаи мубрам чораҷӯӣ намуда, занони мардикорро бо ҷойи кор таъмин созанд.
Бояд гуфт, ки аз набудани ҷойи кор ҳамарӯза садҳо занону духтарони минтақаи Бохтари вилояти Хатлон, аз ҷумла занон аз ноҳияҳои Вахш, Кӯшониён, Хуросон, Абдураҳмони Ҷомӣ ва шаҳри Бохтар дар назди Терминали мусофиркашонии шаҳри Бохтар ҷамъ омада, интизори корфармо мешаванд, то онҳоро ба кор баранду ба онҳо маблағ диҳанд.

Хуршеда: Аз ноилоҷӣ ба мардикорӣ машғулам
Хуршеда, зане, ки ҳар рӯз барои ёфтани ризқу рӯзии худ ба бозори мардикорзанон дар шаҳри Бохтар мебарояд, афзуд, ки «шавҳарам маро партофта, ба Русия рафт. Дигар ман ва ду фарзандамро суроғ накард. Чӣ кор карданамро надонистам. Аз ноилоҷӣ дар гармову сардӣ ба корҳои саҳроӣ машғул шуда, барои рӯзгузаронии худу фарзандонам корҳои сангинро иҷро мекунам, то онҳо гурусна ва ё аз мактаб қафо намонанд».

Ба 18 ҳазору 340 нафар мақоми бекорӣ дода шуд
Тибқи маълумоти Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон, соли гузашта ба шуъба ва баъшҳои ин раёсат 36 ҳазору 253 нафар шахсони бекор муроҷиат кардаанд, ки аз ин шумора 29 ҳазору 739 нафарашон ҳамчун бекор ба қайд гирифта шуда, ба 18 ҳазору 340 нафар мақоми бекорӣ дода шудааст. 22 ҳазору 447 нафар бо ҷойи кор таъмин гардидаанд.
Ба ҷуз ин, дар ин давра дар вилояти Хатлон 180 маротиба ярмаркаҳои ҷойҳои нави холии корӣ ва вазифаҳои озод баргузор гардида, тариқи онҳо 2 ҳазору 288 нафари дигар бо ҷойи кор таъмин карда шудаанд, ки аз онҳо 1243 нафарашонро занон ташкил медиҳанд.
Зиёдалӣ Насридинов, муовини сардори Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон афзуд, ки «ба мо низ аз Прокуратураи генералӣ супориш шуда буд, то занони мардикорро бо ҷойи кор таъмин созем. Аммо онҳоро мо танҳо метавонем ба шуғл фаро гирему тамом». Инчунин, ӯ гуфт, ки «баъзеи онҳо мехоҳанд кор кунанд, аммо, мутаассифона шаҳодатномаи синфи нуҳро надоранд. Танҳо чанд нафари онҳоро ба касбомӯзӣ ҷалб намудему халос. Аммо ягон нафар аз ин бонувон бо кор таъмин шуданд ё не, ин норӯшан аст».

Масъулон то куҷо чора меандешанд?
Дар бораи ташкил шудани бозори мардикорзанон дар шаҳри Бохтар ва машаққати онҳо борҳо расонаҳои хабарӣ матлаб навиштаанд. Аммо то ҳол вазъ ҳамон хел боқӣ мондааст. Акнун интизор мешавем, ки баъди супориши муовини Сарвазир ба раиси шаҳр ва дастури раиси вилояти Хатлон то куҷо масъулони дахлдор ба ин масъала расидагӣ мекунанду зонони мардикорро бо ҷойи кор таъмин намуда, ба шуғл фаро мегиранд.
Дар ин баробар, Роҳбари давлат дар Паёми солонаи худ ба ҳама масъулони вазорату идораҳо ва раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориш дода буданд, ки ҳарчи бештар занону бонувонро бо ҷойи кор таъмин созанд.
Акнун мо интизорем, ки то куҷо садҳо занону духтароне, ки ҳамарӯза ба назди Терминали мусофирбарии шаҳри Бохтар, яъне ба бозори мардикорзанон меоянд, бо кор таъмин мешаванд ё не?…

Раҳмоналӣ ДОДАРХУҶАЕВ, «ФАРАЖ»

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here