Ноҳияи Хуросон соли 1936 ва аз нав 28-уми апрели соли 1983 бо номи ноҳияи Илич ташкил шуда, аз 12-уми марти соли 1992 номи ноҳияи Ғозималикро гирифта буд. Бо Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12-уми феврали соли 2004, №503 номи ноҳияи Ғозималик ба ноҳияи Хуросон тағйир дода шуд.

Масоҳати ноҳия 896,1 километри мураббаъро ташкил медиҳад. Марказаш шаҳраки Обикиик буда, аз шаҳри Душанбе дар масофаи 45 км ва аз шаҳри Бохтар дар масофаи 40 км ҷойгир аст. Ноҳия дар қисми шимолии қаторкуҳҳои Ғозималик ҷойгир буда, аз тарафи шарқ бо ноҳияҳои Ёвон ва ба номи А. Ҷомӣ, аз тарафи ҷануб бо ноҳияҳои Бохтар ва Дӯстӣ, аз ҷониби шимол бо ноҳияи Рӯдакӣ ҳамсарҳад мебошад.

Аҳолии ноҳия 110300 нафар аст, ки аз он 54928 нафар мардҳо ва 55372 нафар занон мебошанд. Тоҷикон 84379 нафар, ӯзбекҳо 25868 нафар ва дигар миллатҳо 53 нафарро ташкил медиҳанд. Номгӯи ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳия чунин аст: Ҷамоати шаҳраки Обикиик, Ҷамоати Фахробод, Ҷамоати Ғаллаобод, Ҷамоати Ҳилолӣ, Ҷамоати С. Айнӣ, Ҷамоати Қизилқалъа.

Маркази ноҳия тамоми фасли сол тозаву озода буда, биноҳои хуштарҳи ҳозиразамон қомат афрохтаанд, ки бешак ба ҳусни кӯчаҳо ҳусни дигар зам мекунанд. Яке аз биноҳои замонавии зебо меҳмонхонаи “Рамзи Хуросон” аст, ки метавонад бо тамоми шароит ба меҳмонону сайёҳон хизмат расонад. Ҳамзамон, тарҳи хушсимои бинои “Кохи Хуросон” низ лоиқи таҳсин аст.

Роҳбарии ноҳияи Хуросонро марди кордону фидоӣ Сафарзода Раҳматулло Хайрулло бар дӯш доранд.

Дар ноҳияи Хуросон ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин таъмини дастуру супоришҳо ва ҳидоятҳои дар Паёми навбатии Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат, ҳадафи чоруми стратегӣ эълон гардидани «Саноатикунонии мамлакат» ва солҳои 2019-2021 эълон гардидани «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», ки ба беҳтаршавии сатҳи зиндагии сокинон ва коҳишёбии сатҳи камбизоатии аҳолӣ равона шудаанд, чораҳои мушаххас андешида, нишондиҳандаҳои

нимсолаи аввали соли равон бо натиҷаҳои мусбат ҷамъбаст карда шудааст. Таҳлили нишондиҳандаҳои асосии иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар

нимсолаи аввали соли ҷорӣ нишон додааст, ки масъулини соҳаҳо аз

камбудиҳои соли гузашта хулосаҳои зарурӣ бароварда, фаъолияти корбариро ҷиҳати иҷрои дурнамо, барномаҳо ва нақшаҳои тасдиқгардида такмил дода, бо истифода аз имконияту захираҳои дохилӣ рушди иқтисодиёти ноҳияро таъмин намудаанд.

 

Чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолият

Бо мақсади омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори дахлдори раиси ноҳия ва нақшаи чорабиниҳои он таҳия ва тасдиқ карда шудааст, ки дар доираи он бунёду барқарорсозии 174 иншоот ба нақша гирифта шудааст.

Аз давраи оғози ташаббусҳои созандагӣ то ба имрӯз 39 иншооти таъиноти гуногуни иҷтимоию иқтисодӣ мавриди истифода қарор дода шудааст, ки аз ин шумора танҳо дар панҷ моҳи соли ҷорӣ 23 иншоот, аз ҷумла 4 бунгоҳи тиббӣ сохта ба истифода дода шудааст. Инчунин, дар доираи ҳамин иқдомҳои бунёдкорона 4 иншоот, аз ҷумла муҷассамаҳои Парчам ва Нишони давлатӣ, гулгашти марказӣ, сохтмони дарвозаи боғи фарҳангию фароғатӣ ва сафолакпӯш кардани роҳраву гулкорӣ кардани ҳудудҳои он мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, дар моҳи апрел бо иштироки бевоситаи сарвазири мамлакат кушода шуд ва 10 иншооти дигар бахшида ба ҷашни рӯзи Ваҳдати миллӣ мавриди истифода қарор гирифт.

Дар доираи нақшаи чорабиниҳои созандагию бунёдкорӣ бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дигар самтҳо низ амалӣ намудани тадбирҳо пешбинӣ гардидааст. Аз ҷумла, дар соҳаи маориф сохтмони 10 синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ, 3 кӯдакистон, 10 майдонча ва 9 толори варзишӣ, 24 иншооти табобатию бистарикунонӣ, 7 дорухона, 21 нуқтаи хатнакунии кӯдакон, 2 меҳмонхона, 13 сартарошхона, 11 кошонаи ҳусн, 9 ҳаммом, 2 корхонаи коркарди шир, 7 сехи дӯзандагию адрасбофӣ, 1 коргоҳи дӯхти либосҳои мактабӣ ва 4 дӯкони ҳунарҳои мардумӣ ба нақшаи амал ворид карда шудааст, ки дар ҳамаи онҳо аллакай корҳои лоиҳавию сохтмонӣ ҷараён дошта, дар муҳлатҳои муайянгардида пурра ва сифатнок ба истифода дода мешаванд.

 

Рушди иқтисод

Нишондиҳандаи маҷмуи маҳсулоти дохилии ноҳия ба 153 миллиону 741 ҳазору 400 сомонӣ баробар гардида, афзоиш 144 фоизро ташкил додааст. Дар натиҷаи андешидани тадбирҳои зарурӣ ва ба кор даровардани захираҳои дохилӣ дар панҷ моҳи соли равон нишондиҳандаҳои макроиқтисодии ноҳия пурраю барзиёд иҷро гардидаанд.

Иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ дар панҷ моҳ 100 %, яъне ба буҷет 15 миллиону 168 ҳазору 681 сомонӣ маблағ ворид гардидааст.

Дар маҷмуъ, гарчанде ҷиҳати пешгирии афзоиши бақияпулиҳои андоз ва кам кардани он чораҳои зарурӣ андешида шуда бошад ҳам, вале корҳои анҷомдодашуда қонеъкунанда нестанд.

Аз рӯи маълумотҳо, бақияпулиҳои андоз дар маҷмуъ ба 4 миллиону 45 ҳазор сомонӣ расида, нисбати аввали сол 23 ҳазору 672 сомонӣ кам шудааст.

Дар панҷ моҳи соли равон ба ташкилоту муассисаҳои буҷетии ноҳия 20 миллиону 481 ҳазор сомонӣ ва барои пардохт намудани нафақапулиҳо 10 миллиону 900 ҳазор сомонӣ маблағ равона карда шудааст.

Иҷрои Барномаи таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва барқароршуда таъмин гардида, аз ҳисоби ҳамаи манбаҳо 122 ҷойҳои кории нав ва барқароршуда таъсис дода шуда, дар натиҷаи 5 ярмаркаи ҷойҳои кории холии гузаронидашуда 62 нафар корҷӯяндагон бо ҷойи кор таъмин гардидаанд.

Қарздорӣ аз музди меҳнат нисбати аввали сол 21 ҳазор сомонӣ кам гардидааст.

Дар рушди иқтисодиёт саҳми бонкҳои дар ноҳия фаъолиятдошта назаррас аст. Дар давраи сипаришуда шумораи қарзгирандагони қарзҳои бонкӣ ба 774 нафар расида, бонкҳои ноҳия дар панҷ моҳ 4 миллиону 972 ҳазор сомонӣ қарзҳои бонкӣ ҷудо намудаанд.

Дар давраи сипаришуда гардиши мол дар соҳаҳои савдои ноҳия 33 миллион сомонӣ ва хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ 24 миллион сомониро ташкил дода, афзоиш нисбати ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 1,2 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

 

Соҳаи кишоварзӣ

Соҳаи кишоварзӣ яке аз соҳаҳои афзалиятноки хоҷагии халқи ноҳия ба шумор рафта, саҳми он дар маҷмуи маҳсулоти дохилӣ назаррас мебошад. Дар натиҷаи андешидани тадбирҳои аввалиндараҷа ва риояи агротехникаи зироатҳои кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия 7002 тонна сабзавот, 2710 тонна картошка ва 632 тонна меваҷот истеҳсол карда шуда, ба ғайр аз истеҳсоли ғалладонагиҳо дигар намудҳои маҳсулоти кишоварзӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад.

Ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ ба 69,1 миллион сомонӣ расонида шуда, афзоиши он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 16,9 фоизро ташкил додааст.

Тавре огаҳӣ дорем, солҳои охир вобаста ба афзоиш додани майдони кишт ва истеҳсоли пахта Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷуҳи хоса зоҳир намуда истодааст. Ҷиҳати таъмини ин мақсад кишоварзони ноҳия бо истифода аз тухмиҳои хушсифат соли равон дар майдони ­­­­­­­­­­4312 гектар кишти пахта гузаронидаанд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 12 гектар зиёд мебошад.

Дар панҷ моҳи соли равон, тибқи маълумоти оморӣ, дар ноҳия 20 гектар боғҳои куҳна аз нав барқарор карда шудаанд.

Ҷиҳати таъмини Барномаи ташкил ва барқарорсозии яхдону сардхонаҳо барои нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ, тибқи маълумотҳои шуъбаи кишоварзии ноҳия, айни замон 2 адад яхдону сардхонаҳо бо иқтидори 1600 тонна омодаи кор мебошанд.

Дар мавсими ҷорӣ аз ҳисоби тухмиҳои навъи ҳосилноки ғалладона ҷуворимакка, сабзавот ва чигит кишт карда шудааст.

Бо мақсади замина гузоштан барои ҳосили соли 2019, таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти тару тоза ва танзими нарх дар бозорҳо ба ҳолати 1-уми июни соли 2019 дар майдони 11096 гектар кишти зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шудааст.

Тибқи маълумоти оморӣ, ба ҳолати 1-уми июни соли 2019 дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидории ноҳия 36764 сар чорвои калон, аз ҷумла 12052 сар модагов, 97664 сар моли майда, 6376 сар асп ва 97664 сар паранда парвариш ёфта, 1292,4 тонна гӯшт, 3491 тонна шир, 2,5 миллион дона тухм истеҳсол карда шудааст.

Гуфтан бамаврид аст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта саршумори чорвои калон 720 сар, аз он ҷумла модагов 236, моли майда 940, асп 17 сар ва паранда 15360 сар зиёд шуда, дар ҳамин давра 3491тонна шир истеҳсол карда шудааст. Моҳипарварӣ низ яке аз бахшҳои муҳими иқтисодӣ буда, бо ин мақсад айни замон 3 хоҷагии моҳипарварӣ дар майдони 21 гектар кӯлу ҳавзҳо фаъолият карда истодаанд.

Маврид ба зикри хост аст, ки бо мақсади пешгирӣ, ҳифз ва муҳофизати ҷангалзорҳо аз тарафи кормандони хоҷагии ҷангал дар ин давра бунёди 10 гектар ва барқароркунии 50 гектар ҷангал ба нақша гирифта шуда, дар майдони 400 гектар корҳои назоратӣ гузаронида шуда истодааст. Дар ин соҳа айни замон 616 чорвои калон, 138 асп ва 52 оилаи занбӯри асал парвариш ёфта истодааст.

Бо мақсади омодагии иншооти обрасонӣ ба мавсими нави обёрӣ ва беҳсозии ҳолати мелиоративии заминҳои кишоварзӣ пойгоҳҳои обкашӣ таъмиру таҷдид шуда истода, ҳолати мелиоративии 27 гектар замин дар ҳаҷми 31000 сомонӣ аз ҳисоби хизматрасониҳои об беҳтар гардонида шудааст.

 

Безараргардонии лампаҳои симобдор

Яке аз масъалаҳои ҳалталаби имрӯза барои кормандони ҳифзи муҳити зист — ин ҷамъоварӣ ва безараргардонии лампаҳои симобдори аз истифода баромада мебошад. Айни замон дар ноҳия ҳамагӣ 1 нуқтаи қабул ташкил карда шудааст, ки то ба имрӯз аз аҳолӣ ва ташкилоту корхонаҳо 4098 адад лампаҳои каммасрафи аз истифода баромадаи симобдор қабул карда шудаааст. Бо мақсади таъмини иҷрои банди 4-и қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми марти соли 2011, №97 ҷиҳати ҳавасмандгардонии аҳолӣ барои ҷамъоварии лампаҳои симобдори аз истифода баромада низ тадбирҳои ҷалбкунӣ роҳандозӣ шуда истодаанд.

 

Соҳаи саноат ва энергетика

Корхонаҳои саноатии ноҳия дар якҷоягӣ бо бахши хусусӣ ба маблағи 61 миллиону 286 ҳазору 500 сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд, ки ин нишондод нисбати ҳамин давраи соли гузашта 16,2 миллион сомонӣ кам мебошад.

Аз 12 корхонаи саноатӣ 10-тоаш суръати афзоишро таъмин намуда бошанд ҳам, 3 корхонаи дигар ҳаҷми истеҳсолро кам кардаанд ва 2 корхона дар ин давра умуман фаъолият накардааст.

Дар заминаи супориши протоколии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17-уми марти соли 2017, №18225/6/26 то саршавии соли хониши 2019-2020 барои дӯхтани 15000 ҷуфт либоси мактабӣ тибқи шартномаҳои тарафайн бо коргоҳҳои дӯзандагии дохилиноҳиявӣ дархост пешниҳод карда шудааст.

Соҳаи энергетика яке аз соҳаҳои ҳаётан муҳими хоҷагии халқ ба ҳисоб рафта, ташкили сатҳи баланди корбарӣ, назорати сарфакорона истифодабарии барқ ва саривақт ворид шудани маблағҳои ҳаққи истифодаи он барои рушди иқтисодии ноҳия мусоидат менамояд. Бо ҳамин мақсад шабакаҳои барқии ноҳия барои дар ҳолати хуби техникӣ нигоҳ доштани 1 зеристгоҳи 110/35/10/6 кВ, 3 зеристгоҳи 35/10кВ, 192 истгоҳҳои трансформатории 0,4 кВ ва 504 км хатҳои интиқоли барқ тадбирҳои мунтазамро роҳандозӣ менамоянд. Дар ҳамаи ин иншоот корҳои зидди садамавию барқароркунӣ гузаронида шуда, таҷҳизоти барқӣ ба меъёрҳо мутобиқ гардонида шудаанд.

 

Соҳаи нақлиёт ва роҳ

Дар панҷ моҳи соли 2019 дар миқёси ноҳия аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ дар 20 километр роҳҳо таъмири асосӣ ва ҷорӣ гузаронида шудааст.

Айни замон корҳои таҷдиду бозсозии роҳи ҷумҳуриявии Душанбе-Бохтар, ки қисмати асосии ин роҳ аз ноҳияи Хуросон мегузарад, бо суръати баланд идома дошта, дар ҳошияи ин лоиҳа аҳолии маркази ноҳия ва қисман ҷамоати Ғаллаобод бо оби ошомиданӣ таъмин мегарданд.

Дар ин давра, тибқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат дар ноҳия аз ҳисоби соҳибкорон ва аҳолӣ таъмиру мумфарш намудани роҳҳои байни деҳаҳо идома дошта, дар ҳамин раванд бо иқдому дастгирии сокинон дар аксарияти роҳҳои дохили деҳаҳо корҳои сангфаршкунӣ гузаронида шуда, чароғонкунии кӯчаҳо низ муташаккилона ҷараён дорад.

Дар давраи сипаришудаи соли равон ҳаҷми боркашонӣ ба 266 ҳазор тонна ва мусофиркашонӣ ба 458,5 ҳазор нафар расонида шуда, нисбати ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 14,4 ҳазор тонна зиёд гардонида шудааст.

 

Соҳаи сохтмон

Дар панҷ моҳи соли 2019 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ 61 миллиону 286 ҳазор сомонӣ маблағҳо азхуд карда шуда, дар ҳаҷми 50 миллиону 57 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмону васлгарӣ ва 42,5 ҳазор сомонӣ корҳои пудратӣ иҷро гардида, ба маблағи 1,4 миллион сомонӣ фондҳои асосӣ ба кор андохта шуда, 845 метри мураббаъ хонаҳои шахсӣ мавриди истифода қарор гирифтаанд.

 

Соҳаи маориф

Дар 61 муассисаи таълимии ноҳия 27536 нафар хонандагон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки нисбати соли хониши 2017 — 2018 зиёд мебошад. Ҳамзамон, дар 4 муассисаи томактабӣ 470 нафар кӯдакон таълиму тарбия гирифта истода, 770 нафар кӯдакон ба маркази инкишоф фаро гирифта шудаанд.

Хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия дар соли 2019 дар олимпиадаҳо иштирок намуда, ба гирифтани 58 ҷойи ифтихорӣ сазовор гардидаанд.

Ҷараёни иҷрои нақшаи компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти асосӣ ва миёнаи умумӣ 100 фоиз таъмин гардидааст.

 

Соҳаи тандурустӣ

Бо мақсади татбиқи Барномаҳои сиёсати давлатӣ, ки ба ҳифзи саломатии аҳолӣ нигаронида шудааст, дар 56 муассисаи ин соҳа, аз ҷумла 6 муассисаи бистарикунонӣ ва 50 муассисаи кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ба аҳолӣ хизмати тиббӣ расонида шуда истодааст.

Дар ноҳия масъалаи таъминоти муассисаҳои тандурустӣ бо мутахассисон ташвишовар боқӣ монда, ҳамасола шумораи зиёди донишҷӯён донишгоҳу коллеҷ ва омӯзишгоҳҳои тиббиро хатм намоянд ҳам, бинобар ҷалб накардани мутахассисони ҷавон ва таъмин набудани онҳо бо шароити мувофиқ қисми зиёди онҳо ба ҷойи кор ҳозир намешаванд. Илова бар ин, норасоии мутахассисони соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла дар самти бемориҳои руҳӣ, чашм, наркологӣ, сил, саратоншиносӣ ва сироятӣ боқӣ мондааст.

 

Соҳаи фарҳанг

Дар ин давра аҳли фарҳангу ҳунари ноҳия дар самти муаррифии санъати миллӣ ва ба талаботи замон ҷавобгӯ гардонидани чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ, пешбурди кори соҳа ва ғанӣ гардонидани маънавиёту маърифати аҳолӣ азму талош карда, оид ба иҷрои босифату саривақтии дастуру супоришҳо ва амалигардонии сиёсати фарҳангии давлат пайваста тадбирҳо меандешанд.

Айни ҳол дар ноҳия 18 китобхонаи оммавӣ, 5 муассисаи клубӣ, 1 осорхона, 1 мактаби санъату мусиқии бачагона, боғи фарҳангию фароғатӣ, 20 ёдгории таърихӣ, ансамбли халқии тарона ва рақс фаъолият доранд.

 

Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тибқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, имрӯз занону духтарон дар саросари кишвар ба эҳёи ҳунарҳои миллӣ рӯ овардаанд. Аз ҷумла, дар ноҳияи Хуросон ба масъалаи эҳё ва рушди ҳунарҳои миллӣ, адрасу атласбофӣ, дӯзандагию сӯзанидӯзӣ ва кашидадӯзӣ эътибори хоса зоҳир мегардад. Исмоилова Саидбегим дар ноҳия ҳамчун чевари гулдӯз ва тарроҳи либосҳои миллӣ шинохта шуда, дар ҳамаи озмунҳо ва чорабиниҳои фарҳангӣ иштироки фаъолона мекунад. Либосҳои тайёрнамудаи ин зани ҳунармандро имрӯзҳо дар тани гулдухтарони зебои тоҷик мебинем ва офаринҳо мегӯем. Ҳамин заҳматҳои ӯ буд, ки аз тарафи Кумитаи кор бо занон ва оила соли 2016 ба Исмоилова Саидбегим гранти молиявӣ супориданд. Аз ин маблағҳо истифода бурда, ӯ ба духтарони ноҳия бофтани адрасро меомӯзад.

Инчунин, миёни аҳолии ноҳия устоҳои мумтозе ҳастанд, ки маҳсулоти ниёзи мардумро бо сифати хубу нархи дастрас муҳайё месозанд. Солиев Тоҳир дар байни мардум ҳамчун челонгар шинохта шудааст. Ҳунари Тоҳир кор бо оҳан аст, ки аз ин маснуот барои ниёзи мардум маҳсулот меофарад, аз қабили дар, панҷара ва ғайра. Абдуллоев Амиралӣ бошад, ҳунари чӯбтарошӣ дошта, байни мардум ҳамчун устои коркарди чӯб шинохта шудааст. Ӯ аз маснуоти чӯбӣ бозичаҳо, кат, мизу курсиҳои замонавӣ, болопӯши хона, муҳраҳои шоҳмот, маҳсулоти ниёзи мардум месозад ва эҷод мекунад. Эмомназаров Салоҳиддин низ дар байни мардум ҳамчун устои чӯбтарош шинохта шудааст. Ҳамин ҳунари ӯ буд, ки соли 2009 аз ҷониби ширкати хориҷии «Кент»-и Ҷумҳурии Олмон ӯро ба шаҳри Кемеровои Федератсияи Русия барои таҷрибаомӯзӣ равон карданд. Салоҳиддин баъди бозгашт ҳунари чӯбтароширо бо усулҳои ҷадид сайқал дода, ба шогирдонаш меомӯзонад. Толибов Файзалӣ бошад, дар ноҳия ҳамчун устои ҳунарманди созҳои миллӣ шинохта шудааст. Ӯ ин ҳунарашро аз устодаш Усто Наим Додоҷонов аз ҷавонӣ омӯхта, чандин сол боз ба тайёр намудани асбобҳои миллӣ, аз қабили дутор, тор, думбра, ғиҷҷак ва дигар асбобҳои халқӣ машғул аст.

Номбар кардани кулли ҳунармандони ноҳияи Хуросон инҷо имкон надорад. Танҳо ҳаминро метавон илова намуд, ки онҳо воқеан сарсупурдаи касби хешанд ва то ҷое, ки метавонанд, дар рушди ноҳия саҳм мегузоранду офарин мешунаванд. Раиси ноҳия Сафарзода Раҳматулло ҳам дар як табрикоти худ ба муносибати ҷашни Рӯзи Меҳргон гуфта буд: «Мо бо майлу иродаи мардум роҳи ташаккули ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро пеш гирифтаем, ки дар чунин ҷомеа ҳуқуқ ва озодиҳои ҳар шаҳрванд, сарфи назар аз мансубияти миллӣ, динӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ таъмину танзим мешавад. Барои расидан ба ин ҳадаф мо худшиносии шаҳрвандиеро вусъат мебахшем, ки ба арзишҳои миллии худамон, ҳифзу гиромидошти анъанаву суннатҳои миллӣ, арзишҳои фарҳангии деринаи миллат ва дастовардҳои тамаддуни башарӣ асос ёфта бошад».

Хулоса ин аст, ки бо ин ҳама дороиҳои ҳунарӣ, мардуми сарбаланди ноҳияи Хуросон имкон доранд меҳмонону сайёҳонро ба таври шоиста пешвоз бигиранд.

 

Занон ва САҲШ

Бояд қайд кард, ки аз шумораи умумии занони коргар 192 нафарашон дар вазифаҳои роҳбарикунанда кору фаъолият доранд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 3 нафар зиёд мебошад ва саҳми занон дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи ноҳия назаррас арзёбӣ мегардад.

Бо мақсади омӯзиши сатҳи иҷтимоии оилаҳо, пешгирии омилҳои номатлуб дар байни занону духтарон, оилаҳои осебпазир ва зери фишори зӯроварӣ қарордошта гуруҳҳои мақсаднок ташкил карда шуда, дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, маҳаллаҳо, кӯчаҳо, корхонаю муассисаҳо корҳои фардӣ, бо усули “Хона ба хона” оид ба паёмадҳои нохушӣ никоҳи хешу таборӣ, аз муоинаи тиббӣ гузаронидани ҷавонон ва навхонадорон, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, ҷалби духтарон ба таҳсил, роҳҳои пешгирии худкушӣ, сӯиқасд ба ҷони худ, содиршавии ҷиноят аз тарафи занону духтарон, нашъамандӣ, пешгирии бемориҳои сироятӣ ва дигар масъалаҳои ҷойдошта бо иштироки кормандони шуъба ва бахшҳои дахлдор, аъзои шӯрои занон, занони фаъоли маҳаллаҳо вохӯрию мулоқотҳо гузаронида шуда истодааст.

 

Соҳаи ҷавонон

Гуфтан бамаврид аст, ки нақши ҷавонон дар пешбурди сиёсати иҷтимоию иқтисодии кишвар хеле муҳим арзёбӣ шуда, ҳар яки моро водор месозад, ки ба ин қувваи бузург такя намоем ва дар тарбияи онҳо бетараф набошем, чунки дар оянда аз байни ин қишри ҷомеа ҷавонони болаёқат, кордону ватандӯст барои рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва идоракунии сиёсати давлат хизмат намоянд.

Дар панҷ моҳи соли 2019 дар ноҳияи Хуросон чорабиниҳои гуногун дар байни наврасону ҷавонон бо фарогирии беш аз 1150 нафар гузаронида шуда, бо мақсади ҷалби онҳо ба ҳаёти солим дар раванди ташаббусҳои ободонию созандагӣ толору майдончаҳои варзишӣ бунёд гардидаанд.

 

Кадрҳо ва назорати ҳуҷҷатгузорӣ

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар самти тарбия, интихобу ҷобаҷогузории кадрҳо ва риояи технологияҳои муосири кадрӣ як силсила чорабиниҳоро роҳандозӣ намуда, тадбирҳои мушаххас меандешад.

Дараҷаи маълумотнокии кадрҳо сол то сол баланд бардошта шуда, барои ҷалби занон ва ҷавонони лаёқатманд ба хизмати давлатӣ диққати аввалиндараҷа зоҳир карда шуда, 5 нафар хизматчиёни давлатӣ курси рӯзона ва ғоибонаи магистратураи Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ихтисоси «Идоракунии давлатӣ» хатм намудаанд.

 

Муроҷиат ва қабули шаҳрвандон

Дар ин давра ба унвонии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия 747 муроҷиати хаттӣ ва шифоҳии шаҳрвандон ворид гардидааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 61 муроҷиат кам аст.

Инчунин, дар панҷ моҳи соли ҷорӣ 923 ҳуҷҷатҳои гуногун аз Ҳукумати ҷумҳурӣ, Дастгоҳи иҷроияи Президенти кишвар, вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва сохторҳои вилоятӣ ворид гардидааст.

 

Ба ҷои охирсухан

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия айни замон тамоми нерӯ ва ғайратро ба он равона кардааст, ки аҳли меҳнати ноҳияи Хуросон бо масъулияти баланд кор кунанд, самаранокии меҳнатро баланд намуда, ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ҷашну маросимҳои муҳимро бо дастовардҳои беназир дар партави сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истиқбол гиранд.

Тавре раиси ноҳияи Хуросон Сафарзода Раҳматулло Хайрулло иброз намуд: “Тӯли таърих дар ноҳияи Хуросон барои ин мардум касе ба мисли Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хидмат накардааст. Як худи қариб аз нав бунёди беш аз 2800 га боғот дар ҷамоати деҳоти Фахробод ва дигар ҷамоатҳои ноҳия 200 га боғи ба номи Пешвои миллат, ки бунёдгузораш худи Сарвари давлат мебошанд, номи он касро кайҳо бо ҳарфҳои заррин дар таърихи навини ноҳия ворид намудаанд.

Бунёди комплекси чорводорӣ ва истеҳсоли маҳсулоти ширии “Саодати Хуросон” ва коркарди пахтаи “Водии заррин” низ, ки аз корхонаҳои азими соҳаи кишоварзии кишвар ба шумор мераванд, хизмати Роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба шумор меравад ва гузашта аз ин, агар дар гузашта ноҳияи Хуросон ноҳияи аграрӣ ба шумор мерафт, имрӯз дар ноҳия даҳҳо корхонаҳои саноатӣ фаъолият менамоянд. Гузашта аз ин, мо кӯшиш менамоем, ки дар кӯтоҳтарин муҳлат боз даҳҳо корхонаҳои дигари истеҳсолӣ бисозем ва ҳар он супоришеро, ки аз тарафи Президент, Ҳукумати кишвар ва раиси вилоят ба мо дода мешавад, дар вақташ ба иҷро расонида, ноҳияро ба як гӯшаи ободу гулистони кишвар табдил дода, саҳми худро дар самти амалӣ намудани таъмини амнияти озуқавории кишвар ва саноатикунонии он мегузорем”.

Бо ин мақсад то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҳамбастагӣ бо соҳибкорону меҳандӯстон ва ҳамватанони бурунмарзӣ бунёди 174 иншооти гуногунро ба нақша гирифта, азм доранд мулки Хуросонро ба як гулистони зебову афсонавӣ табдил дода, номи неки онро боз ҳам шуҳратёр гардонанд.

Дар баробари дастовардҳои нимсолаи аввали соли 2019-ум, дар соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия имкониятҳои зиёди истифоданашуда ва масъалаҳои ҳалталаб ҷой доранд, ки барои ислоҳи онҳо фаъолияти дурусту самараноки масъулини шуъбаю бахшҳо, ташкилоту муассисаҳо ва идораҳо зарур мебошад.

 

Саиди ҲАЙДАР, МТЖТ

Добавить комментарий