Таърих гувоҳ аст, ки шаҳри Конибодом дар гузашта дилоро буду имрӯз ҳам обод мебошад ва он оянда боз ҳам зеботар хоҳад шуд, зеро аксарияти сокинон азми қавӣ доранд, ки шаҳрро ба шаҳри замонавӣ — саноатӣ мубаддал созанд ва шуҳрати пештараи онро боз аз нав барқарор намоянд.

 

Дар шаҳре, ки масоҳаташ 830 км мураббаъ мебошад, корхонаву муассисаҳои бисёр ва беш аз 202 ҳазор аҳолӣ умр ба сар мебаранд ва корхонаҳои хурду калон ба истеҳсоли маҳсулоти хушсифат машғуланд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом дар соли ҷории бобарор ва пурфайзи даврони истиқлолиятамон ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди иқтисодию иҷтимоӣ, саноатикунонии кишвар ва созандагию бунёдкорӣ чораҳои ҳамарӯзаи муҳим андешида истодааст. Дар натиҷаи фаъолияти самаранок дар ҳамаи соҳаҳо то имрӯз нишондиҳандаҳои микроиқтисодии шаҳр тақвият ёфта, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, сохтмон, ба истифода додани фондҳои асосӣ, буҷети давлатӣ, сатҳи шуғлнокӣ, гардиши савдо ва хизматрасонӣ барзиёд таъмин шуда истодааст.

Гарчанде шаҳри Конибодом дар қаламрави вилояти Суғд ва водии Фарғона яке аз шаҳрҳои қадимӣ ва куҳантарин ба шумор меравад, вале тӯли таърих касе барои ин шаҳр чун Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон коре накардааст.

Раисии ин шаҳри овозадору ободро марди фарҳангиву кордон Зафарбек Давлатзода бар дӯш доранд.

 

Рушди бахши хусусӣ ва мусоидат ба рушди соҳибкорӣ

Тайи 5 моҳи соли равон дар шаҳри Конибодом 41 адад корхонаҳои саноатӣ фаъолият бурдаанд, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бо нархҳои муқоисавӣ ба 90 млн 741,9 ҳазор сомонӣ расонида шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 26 млн 552,8 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Бояд қайд намуд, ки то имрӯз дар шаҳр 1 адад корхона аз нав ба қайд гирифта шудааст.

Ҷиҳати тақвияти самти иқтисодӣ аз ҳисоби ба кор андохтани механизми шарикии рушд тавассути ҳамкориҳои давлатӣ ва соҳибкорӣ танҳо дар панҷмоҳа дар татбиқи 5 лоиҳаи давлатӣ 13,7 млн доллари амрикоӣ аз худ карда шудааст.

 

Вусъати ободонӣ дар Конибодом

Шоҳроҳи азими Абрешим тибқи стандартҳои ҷаҳонӣ тармиму таъмир гардида, баробари во шудани дарвозаи марз бо кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон, Конибодом ба як шаҳри транзитӣ табдил ёфта истодааст. Мубодилаи мол ва густариши тиҷорат бешубҳа пояи иқтисодро қавӣ мегардонад.

Дар Паёми Пешвои миллат солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон карда шуд. Дар соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ имкони хубе даст медиҳад, ки Конибодомро чун дарвозаи ғарбии водии Фарғона бо фарҳанги ғании шаҳрдорӣ ба меҳмонон муаррифӣ кунем. Насли нави соҳибкорон ана ҳамин мояи ифтихори зодгоҳи хешро дар ободкорӣ ва саҳмгузорӣ ба иқтисоди миллӣ мебинанд. Тадриҷан аз тафаккури аграрӣ даст кашида, ба тафаккури индустриалӣ устуворона қадам мегузоранд. Мавҷудияти корхонаҳои пахтатозакунӣ, равғанкашӣ, мошинсозӣ, дӯзандагӣ, ресандагию бофандагӣ, роҳсозӣ, бинокорӣ, коркарди меваю сабзавот дар ин шаҳр аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ба дараҷаи кофӣ нерӯи корӣ вуҷуд дорад.

Ҳамчун рисолатҳои шаҳрвандӣ дар раванди бунёдкориву созандагӣ ва ободонӣ чораҳои амалӣ андешида, дар доираи 1300 рӯзи ободонию бунёдкорӣ ба муносибати таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси 22 банди нақшаи чорабинии шаҳр бо харҷи зиёда аз 6980,1 ҳазор сомонӣ 168 иншооти гуногуни иҷтимоию маишӣ ва савдою хизматрасонӣ бунёд гардидааст. Аз ҷумла, дар соҳаи маориф 13 иншоот, фарҳангию фароғатӣ — 7 иншоот, 27 адад нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ ва 121 иншооти ҳаётан муҳим сохта шудааст. Дар ин замина 578 адад ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шудааст.

Ҳамасола дар қаламрави шаҳр дар заминҳои ғайрикишоварзӣ садҳо га боғ бунёд мегардад.

Баҳри зебою гулзоркунии шаҳр, дар қади кӯчаю хиёбонҳо ва гулгаштҳо ба миқдори 50 ҳазор дона гулҳои ҳархелаи ороишию маҳаллӣ ва 1000 адад дарахтони сояафкан дар якҷоягӣ бо саҳми сокинон ва соҳибкорон шинонида шуда, таҳти нигоҳубин қарор доранд.

Илова бар ин, бо дастгирии бевоситаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят 2,6 км роҳҳо таъмиру мумфарш карда шуда, дар кӯчаҳои марказии шаҳр 300 адад чароғакҳои муосир насб карда шудаанд.

Инчунин, барои зимистонгузаронии ташкилотҳои соҳаи маориф ва тандурустӣ чораҳои андешида шуда нишон дод, ки дар ин соҳа зиёда аз 141 тонна бақияи ангишт вуҷуд дошта, барои бо пуррагӣ таъмин намудани талаботи ин соҳаҳо ҷиҳати харидорӣ намудани 100 тонна ангишт корбарӣ ба роҳ монда шудааст.

Боиси тазаккур аст, ки ҷиҳати дастгирии иҷтимоии сокинон ба 7000 нафар шаҳрвандони камбизоат кӯмакҳои моддию молиявӣ расонида шуда, ба 1 нафар аробачаи маъюбӣ дастрас карда шуда, нафақаи 18656 нафар нафақахӯрон пурра ва сари вақт пардохт карда шудааст.

Баҳри баланд бардоштани сатҳи маърифати маънавию ҳуқуқӣ ва сиёсии сокинон, аз он ҷумла ҷавонон, наздик ба 55 чорабиниҳои фарҳангию варзишӣ ва сиёсию иҷтимоӣ бо иштироки зиёда аз 47 ҳазор нафар баргузор гардидааст.

 

Муҳорибаи дижи Маҳрам

Ҳанӯз дар асрҳои VII-VIII шаҳрро «Канд» ном бурдаанду дар замони Сомониён ҳам номашро нигоҳ доштааст. Дар асрҳои XII-XIII ин ном «Канди Бодом» мешавад ва боз бо мурури замон андаке тағйир ёфта, «Кони бодом» шудааст. Сабаби чунин ном гирифтани шаҳр хеле афзудани бодому бодомзорҳо дар маҳал бояд бошад. Дар саҳифаҳои таърихи шаҳр воқеаҳои хунину фоҷеабор, ҷангу муҳорибаҳои тезутунд низ анҷом ёфтаанд, ки баъзеи онҳоро мухтасар ба ёд меорем.

Соли 1842 амири Бухоро Насрулло ва хони Қӯқанд Мадалихон дар ҳудуди Конибодом сахт ҷангидаанд. Дар ҷанг аз ҳар ду тараф одамони сершумор нобуд мегарданд. Насрулло Конибодомро, ки дар сарҳад воқеъ буд, забт намуда, панҷ ҳазор касро ба ғуломӣ мебарад.

Солҳои 1873-1876 дар қаламрави хонигарии Қӯқанд шӯриши калонтарин шуда мегузарад. Шӯришгарон бо сардории Абдураҳмони Офтобачӣ шаҳри Қӯқандро ишғол намуда, хони Қӯқанд Худоёрхонро аз тахт дур мекунанд. Худоёрхон ба Тошканд гурехта, барои пахш намудани шӯриш аз генерал-губернатори Туркистон генерал-адютант Фон Кауфман кӯмаки ҳарбӣ мепурсад. Ҳамин тавр, санаи 22-юми августи соли 1875 дар наздикии қалъаи Маҳрам байни шӯришгарон ва қӯшуни русҳо задухӯрди сахттарин рух медиҳад, ки дар таърих ҳамчун «Муҳорибаи Маҳрам» маълум аст. Иштирокчии муҳориба рассом Вершагин «Муҳорибаи Маҳрам» ном асари тасвирӣ офарида буд, ки басо ҷолиб мебошад. Дар муҳориба аз ҷиҳати қувваю аслиҳаи ҷангӣ русҳо бартарӣ доштанд. Ба ин нигоҳ накарда, аҳолии маҳаллӣ дар қатори шӯришгарон қаҳрамонона меҷангиданд. Бесабаб нест, ки бахшида ба ин муҳориба Ҳукумати Подшоҳии Русия нишони сарисинагие (орден) бо унвони «Битва за Махрам» бароварда буд. Пас аз пахш намудани шӯриши мазкур Русия моҳи феврали соли 1876 ба ҷои хонигарии Қӯқанд вилояти Фарғонаро таъсис додааст. Конибодом як ҷузъи қаламрави вилоят ба ҳисоб мерафт. Охирҳои асри XIX ва аввалҳои асри XX пас аз кашида шудани роҳи оҳан ва ба кор даровардани чанд корхонаи пахтатозакунӣ Конибодом тезтар пеш рафту муассисаҳои табобатӣ ва таълимгоҳҳо пайдо шуданд. Баъд аз ғалабаи Инқилоби Октябр аввалин мактабҳои шӯравӣ соли 1918 кушода мешаванд. Соли 1922 аввалин театри халқӣ дар шаҳр таъсис ёфта буд.

Дар соҳаи адабиёту санъат Конибодом мавқеи муайянро соҳиб гаштааст. Аён аст, ки дар асрҳои гузашта низ дар ин ҷо адибон зиставу асарҳо эҷод кардаанд, вале мутаассифона маҳсули эҷодашон то замони мо нарасидаааст. Аз ҷумлаи онҳо шоирон Мавлоно Кӯшкакӣ, Шарофиддини Панҷдеҳӣ, Шайх Табиби Фарғонӣ, Мулло Шокири Конибодомӣ, Эшони Ғарибӣ, Ғурбат Махсумро ном бурдан мумкин аст.

 

Истгоҳи роҳи оҳани Мелников

Рӯзноманигори маҳаллӣ Маҳмуди Ашӯрмуҳаммад ривоят мекунад, ки ба шаҳри Конибодом ҳанӯз аз давраи салтанати Русияи подшоҳӣ соли 1898 хати роҳи оҳан кашида шуда буд. Аз ҳамон замон ба истгоҳҳои роҳи оҳан гузоштани номи саркардагони рус расм шуд. Истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Конибодом барои Ашту Исфара, Сурху Шӯроб ҳам адои хизмат мекард. Вақте соли 1898 истгоҳро Мелниково номгузорӣ карданд, аз марги аввалин вазири роҳи оҳани императорӣ, олим ва муҳандис, муаллифи тарҳи роҳи оҳани Санкт-Петербург-Москва, генерал-лейтенант Павел Мелников 18 сол гузашта буд.

Дар ҳамин истгоҳи роҳи оҳани Конибодом 8-уми феврали соли 1925 сокинони Конибодом дар талаби истиқлол пеши роҳи қатораро гирифтаанд.

Боз як иншооти таърихии истгоҳи роҳи оҳани Конибодом манораи обкашист, ки яксаду бист сол пеш сохта шудааст. То солҳои шастум қатораҳо об надоштанд ва ин манораи чордаҳметрӣ манбаъи оби гарму сард буд.

Замони салтанати Иттиҳоди Шӯравӣ қатораҳои мусофиркашони Андиҷон-Москва, Андиҷон-Тошканд, Ҷалолобод-Тошканд, Андиҷон-Душанбе ва ҳазорҳо қатораҳои боркашон аз истгоҳи роҳи оҳани Мелниково равуо доштанд ва ба рушди туризми транзитӣ саҳмгузор мешуданд.

Бо беҳтар шудани муносибат бо ҳамсоякишвари Ӯзбекистон, барқарор намудани хатсайри қатораҳои барқӣ аз истгоҳи роҳи оҳани Хавост то шаҳри Қӯқанд дар назар аст, ки аз қаламрави роҳи оҳани шаҳри Конибодом мегузарад.

 

Соҳаи сайёҳии шаҳри Конибодом

Барои рушду нумуъ ёфтани туризми таърихӣ, транзитӣ, табобатӣ, экологӣ, фарҳангӣ шаҳри Конибодом имконияти васеъ дорад.

Шаҳри Канди бодом таърихи беш аз 3000-сола дошта, мавзеҳои муқаддаси мазори Кӯшкак, майдони Машҳад бо манораи Норчабой, мадрасаи Мирраҷаб-додхоҳ, Мадрасаи Ойим, масҷидҳои Қазоқон, Шӯрқӯрғон, Арабҳо, маҳаллаи суғдии Ғалча (яъне куҳҳои хурд) ва чандин ёдгориҳои нодири таърихӣ дорад.

Шаҳри Конибодом дарвозаи ғарбии водии Фарғона буда, дар шоҳроҳи азими Абрешим қарор дорад. Аз ҳудуди ин шаҳр роҳҳои оҳан ва автомобилгарди кишварҳои ҳамсояи Ӯзбекистон ва Қирғизистон мегузарад. Ташкили хизматрасонии хуб барои сайёҳони убурӣ (транзитӣ) бо пешниҳоди армуғонҳои ҳунарҳои халқӣ буҷети хонаводаи сокинони ин минтақаро ғанӣ мегардонад.

Барои табобат якчанд мавзеъҳои ҷолиб ҳаст. Ба мисли чашмаи оби минералии Кӯшкак, ки ҳоло истеҳсоли он ба роҳ монда шудааст. Қуми тафсони Патар, кӯрморҳои шифобахш, Хонаи истироҳатии “Конибодом” дар соҳили дарёи Сир, осоишгоҳҳои табобатии “Ирам”, “Гули бодом”, “Каромат”, “Малика” низ бо усули пешқадам ва бо нархи нисбатан арзон дар хизмати мардуманд.

Туризми экологиро дар минтақаи Тӯқайи соҳили дарёи Сир бо шикори парандаҳо, моҳидорӣ ва сайри заврақҳо ривоҷ додан мумкин аст. Солҳои 60-70-и асри гузашта коргардони маъруфи синамо Комил Ёрматов аз шаҳри Тошканд омада, маҳз дар ҳамин мавзеъ ба шикору моҳидорӣ машғул мешуд.

Туризми фарҳангӣ дар такя ба Осорхонаи таърихию кишваршиносӣ, Театри давлатии драмаи мусиқии ба номи Туҳфа Фозилова, дастаи ҳунарии шашмақомхонӣ, намоиши маҳсулоти кулолгарӣ, тоқидӯзӣ, кандакорӣ, сабадбофӣ, дӯзандагӣ, оҳангарӣ, қаннодӣ, нонпазӣ, рассомӣ, фолклори маҳаллӣ ва ғайраҳо дар ин шаҳр сайёҳонро ба худ ҷалб карда метавонад.

Умуман, баробари боғи зардолую бодом, боғи имкони рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои халқӣ дар шаҳр васеъ буда, оянда Конибодом ба як мавзеи тамошобоб табдил меёбад.

Баҳри татбиқи ташаббуси эълонгардида вобаста ба рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ зиёда аз 8 озмун, маҳфил ва чорабиниҳо дар шаҳри Конибодом доир гардидааст. Дар шаҳр 3 меҳмонхона, 2 фароғатгоҳ-осоишгоҳи замонавӣ, мавзеъҳои таърихӣ, аз қабили мадрасаи Мир-Раҷаб Додхоҳ, «Манораи Норчабой», «Мадрасаи Бибиойим», боғи фарҳанг ва дигар ҷойҳои таърихӣ барои сайёҳони хориҷиву ватанӣ мавҷуд аст. Дар самти роҳандозии соҳаи сайёҳӣ дар шаҳр ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ — мадрасаҳои Мирраҷаб Додхоҳ ва Бибиойим мавриди тармиму навсозӣ қарор дода шуда, бобати ташкили туризми экологӣ дар ҳудуди соҳили дарёи Сир нақшаҳо тарҳрезӣ мешаванд.

Моро мебояд таҷрибаи истифода аз неруҳои ақлонӣ ва устоҳои ҳунарманди халқиро эҳё намоем. Робитаҳои илмиву иқтисодӣ бо ҳамсоякишварҳои Ӯзбекистону Қирғизистон имконияти барқарорсозии ҳунарҳои қолинбофӣ, кулолгарӣ, адрасбофӣ, чармгарӣ ва рушди туризми транзитиро медиҳад. Дӯстии халқҳо дар ин гӯшаи Тоҷикистон боз ҳам ривоҷу равнақ меёбад ва наслҳои минбаъда аз ин неъмат баҳраёб мешаванд.

 

Ифтитоҳи толори варзишии «Одилон»

Баҳри истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи 1300 рӯзи корҳои ободонию созандагӣ дар маркази шаҳр ва ҳудуди ҷамоатҳои деҳот иқдомҳои наҷиб пайваста роҳандозӣ гардида истодааст. Бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳр ва иқдоми неки соҳибкори муваффақ Акмалҷон Шокиров толори варзишии «Одилон» ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ҳамчун армуғони идона тақдим гардид. Ба муносибати ифтитоҳи ин иншооти ҷашнӣ намояндаи Ҳукумати ҷумҳурӣ, директори генералии КВД ХМК ҶТ Ҷамшед Табарзода ва раиси шаҳри Конибодом Зафарбек Давлатзода ташриф оварданд. Дар толори тозабунёд назди варзишгарон, фаъолон ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳо раиси шаҳр Зафарбек Давлатзода бо суханони табрикотӣ баромад намуда, аз иқдомҳои соҳибкори муваффақ Акмалҷон Шокиров ёдовар шуда, мавриди истифода қарор гирифтани ин иншооти варзиширо саривақтӣ ва армуғони арзандаи идона ба ҷавонону варзишгарон дар доираи тантанаҳои Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон арзёбӣ намуд. Ҳамчунин, аз идомаи корҳои ободонию созандагиҳои соҳибкор бобати бунёди муассисаҳои томактабӣ, маҷмааи варзишӣ барои бонувон, саҳмгузорӣ дар рушди соҳаҳои хоҷагии халқ арзёбӣ намуд. Намояндаи Ҳукумати ҷумҳурӣ, директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии хоҷагии манзилию коммуналии ҷумҳурӣ Ҷамшед Табарзода баромад намуда, иқдоми соҳибкори муваффақ Акмал Шокировро амали неку ватандӯстона дар партави Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар арзёбӣ намуда, кулли иштирокдоронро ба муносибати ифтитоҳи ин иншооти варзишӣ муборакбод намуд. Дар тантана худи соҳибкор Акмал Шокиров баромад намуда, аз дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси шаҳр Зафарбек Давлатзода дар самти дастгирии соҳибкорони ёдовар шуда, ваъда дод, ки то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ як кӯдакистон ва маҷмааи варзишӣ барои бонувон сохта, ҳамчун армуғони идона тақдим менамояд ва дар рушду ободии диёр саҳмгузорӣ мекунад.

Варзишгари номвар, ғолиби озмуни байналхалқӣ Абдураҳмон Раҳмонов аз номи варзишгарон ба давлату Ҳукумати кишварва ба соҳибкор арзи миннатдорӣ баён намуд. Баъдан дар идомаи тантана меҳмонон аз ҷараёни машқҳои варзишгарони наврас ва утоқҳои алоҳида ва шароитҳои толори варзишӣ дидан намуда, ба сифати он мусбат баҳогузорӣ намуданд.

Чи тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, варзиш барои беҳдошти саломатии аҳли ҷомеа ва парвариши насли солиму нерӯманд аҳамияти бузург дорад.

Бояд ёдовар шуд, ки ин иншооти ҷашнӣ дар муҳлати кӯтоҳтарин, дар ду моҳ сохта ба истифода дода шуд.

 

Харобиҳои сел пурра бартараф гардид

Тавре аз иттилооти васоити ахбори омма огоҳем, офати табиӣ — омадани сел ва борони бошиддати шаби 2-юми июни соли 2019 дар якчанд минтақаи Конибодом боиси харобиҳо гардида буд. Дар натиҷаи офати табиӣ даҳҳо адад манзили сокинони ҷамоатҳои деҳоти ба номи Ғафурҷон Ортиқов, Пӯлодон, инчунин кӯчаи ба номи Бобокалонов вайрону хароб гардид. Мувофиқи маълумоти ситоди ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании шаҳр, хисороти сел 8 миллиону 345 ҳазору 330 ҳазор сомониро ташкил дод.

Бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳр, инчунин оммаи васеи аҳолии шаҳр, кормандони ташкилоту муассисаҳо, сарбозони қисми ҳарбии 04080 ва ихтиёриён оқибатҳои сел дар муҳлати кӯтоҳ — давоми 1 ҳафта бартараф карда шуд.

Инчунин, як гуруҳ ёрдамчиён аз шаҳру ноҳияҳои вилоят омада, дар бартарафсозии хисороти сел ҳиссагузорӣ намуданд. Наздики 100 нафар кормандони шабакаи обтаъминкунии вилоят бо барқарор сохтани хатти обгузар саҳмгузорӣ карданд, мутахассисони муассисаи давлатии роҳҳои автомобилгарди вилоят бо панҷ техникаи пуриқтидор дар маҳали ҳодиса ҳозир шуда, кӯчаҳоро аз лою хок тоза карданд. Аз маҳали офат чандин маротиба боздид намудани раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода мардумро руҳбаланд намуд.

Махсусан метавон дар баробари Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз хизмати арзандаи раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ёдовар шуд, ки доимо дар фикри шаҳру ноҳияҳои вилоят мебошанд ва дар мушкилтарин вақт, ки ба шаҳр офати табиӣ зарба зада буд, давоми чанд шабонарӯз бо мардум буданд ва аллакай бо супоришу дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат ва раиси вилоят ба офатзадагон манзили истиқоматӣ бо тамоми ҷиҳози рӯзгор сохта ба истифода дода шуд ва оқибатҳои харобиовари сели ногаҳонӣ бартараф карда шуд.

Сокини шаҳри Конибодом, собиқ корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ Абдусалом Юлдошев мегӯяд, ки раиси тозатаъини шаҳр Зафарбек Давлатзода баробари таъин шудан ба вазифаи раиси шаҳр нахустин коре, ки кард, тамоми заҳбуру канал ва обпартову ҷӯйборҳои қаламрави шаҳрро аз лою хок ва партовҳо тоза кард. Бо иқдоми ин раиси кордону ташаббускор то замони баамалоии сели пурдаҳшати 2-юми июн пурра 90 дарсади заҳбуру канал ва обпартову ҷӯйборҳои қаламрави шаҳр тоза карда шуда буданд. Билфарз, агар тоза карда намешуданд, пайомадаш хеле сангин ва мусибатбор тамом мешуд. Шукри Худованд, ки Зафарбек Давлатзода пеш аз рух додани борони пуршиддат ва сели даҳшатовар тадбирҳои заруриро андешида буданд.

Тавассути андешидани тадбирҳои саривақтӣ бо роҳбарии раиси вилоят зимни сафарҳои корӣ ва раиси шаҳр Зафарбек Давлатзода, дигар сохторҳои дахлдор, бо иштироки наздики 4 ҳазор ҳашарчиён дар муҳлати кӯтоҳ ба зарардидагон мадад расонида, хонадони зарардидагон аз лою лойоба ва партовҳо тоза карда шуд.

Баробари рафъи оқибатҳои офати табиӣ ба зарардидагон кӯмакҳои моддӣ, маводи хӯрокворӣ, сарулибос, лавозимоти рӯзгор дастрас карда шуд. Аз мардуми савобталабу дасткушод, коргоҳу муассисаҳо, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ҳамватанони муҳоҷир ёрии моддӣ расид. Инчунин, аз шаҳрҳои Хуҷанду Исфара, Гулистону Бӯстон, Истаравшан, ноҳияҳои Бобоҷон Ғафурову Мастчоҳ маводи озуқа ва пӯшокӣ дастрас гардид.

Имрӯзҳо зарардидагон аз давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ, вилоят ва шаҳр қаноатманд ҳастанд, ки дар чунин рӯзҳои душвор дар паҳлуи онҳо истода, баҳри рафъи зарари расида тадбирҳои зарурӣ андешиданд.

Дар радифи ин минтақаҳои осебрасида оромгоҳи Фирӯзоба, воқеъ дар ҷамоати деҳоти ба номи Ғафурҷон Ортиқов низ қисман хароб гардида буд. Фаврӣ тамоми қабристон бо маҳлули кимиёвӣ коркард карда шуда, тариқи доир намудани ҳашари умумӣ оромгоҳ ба асли пешин баргардонида шуд. Минбаъд аҳолӣ метавонанд хонаи охирати наздикони хешро зиёрат кунанд.

Ҳамин тавр, оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Конибодом ба таври дастаҷамъона, тавассути меҳнати аҳлонаи кулли сокинон бартараф карда шуд. Айни ҳол аллакай дар мавзеъҳои зарардида корҳои таъмиру сохтмон ва барқарорсозиро шуруъ намудаанду ба наздикиҳо аз пайомади сел осоре нахоҳад монд.

 

Ба ҷои охирсухан

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр айни замон тамоми нерӯ ва ғайратро ба он равона кардааст, ки аҳли меҳнати шаҳри Конибодом бо масъулияти баланд кор кунанд, самаранокии меҳнатро баланд намуда, ҷашни 22-солагии Ваҳдати миллӣ, 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ҷашну маросимҳои муҳимро бо дастовардҳои беназир дар партави сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истиқбол гиранд.

Бо ин мақсад то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар ҳамбастагӣ бо соҳибкорону меҳандӯстон ва ҳамватанони бурунмарзӣ бунёди 506 иншооти гуногунро ба нақша гирифта, азм доранд Канди бостониро ба як гулистони афсонавӣ табдил дода, номи неки онро боз ҳам шуҳратёр гардонанд.

 

Саиди ҲАЙДАР, МТЖТ

Добавить комментарий