Дар моҳи ноябр, ки мардуми шарифи тоҷик се ҷашни пуршкуҳ — Рӯзи Конститутсия, Рӯзи Президент ва Рӯзи Парчамро ҷашн мегиранд, қобили зикр аст, ки ин ҳама меваи ширини истиқлолият аст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон 9-уми сентябри соли 1991 расман Истиқлолияти давлатии худро эълон намуд. Қабули ин қарори муҳими таърихӣ боис гардид, ки дар харитаи сиёсии ҷаҳон давлати нав бо номи Тоҷикистон арзи ҳастӣ намояд ва он ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ҷониби давлатҳо ва созмону ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ шинохта шавад. Дар воқеъ, ин санади муҳими тақдирсоз ба тоҷикон озодиву соҳибихтиёриро ҳадя намуда, имконият фароҳам овард, ки баъд аз ҳазорсолаҳо дубора ба бунёди аркони давлатдории миллӣ камари ҳиммат банданд. Касби истиқлолияти давлатӣ аз давлати ҷавон тақозо менамуд, ки дар самти ба по мондани низоми нави ҳуқуқӣ, таҳия ва қабули қонунҳои ҷавобгӯй ба стандартҳои байналмилалӣ, муайян намудани шакли сохти давлатию идоракунӣ, фароҳам овардани шароити арзанда барои зисту зиндагонии аҳолии кишвар ва ҳамзамон таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ҳамчун арзиши олӣ тадбирҳои муасирро амалӣ намояд. Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ зери хатар монда буд. Қувваҳои сеюм барои заиф намудани Истиқлолияти давлатӣ ҳама чораҳои ғаразноки худро андешида буданд. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, Ҳукумат ва роҳбарияти Тоҷикистон ба масъалаи таъмини ҳуқуқии рушди ҷомеа эътибори ҷиддӣ медиҳанд. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон аҳамияти ҳам миллӣ ва ҳам байналмилалӣ касб намуд. Сулҳу амнияти бадастовардаи Тоҷикистонро сиёсатмадорон ва сарварони созмонҳои бонуфузи ҷаҳон баҳои баланд додаанд. Аз ҷумла, Сарвари Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Кратов зимни яке аз баромадҳояш, ки дар шаҳри Душанбе соли 2000 баргузор гардида буд, қайд кард, ки «… сулҳи бадастовардаи тоҷикон дар тамоми ҷаҳон чун таҷрибаи нодир эътироф шудааст. Умуман, дар тӯли панҷоҳ соли охир он назири худро надорад. Мо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаҳои амалро мебинем…».

Мавқеи Тоҷикистонро дар таъмини сулҳу амнияти минтақа ва ҷаҳон аз суханон ва таъкидҳои пай дар пайи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон метавон ба хубӣ дарк намуд. Имрӯз бо қаноатмандӣ метавон изҳор дошт, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ тамоми заминаҳои муносиби ҳуқуқиву ташкилӣ барои рушди устувори Тоҷикистони соҳибихтиёр ва бунёди давлатдории миллӣ фароҳам оварда шудаанд.

Яке аз дастовардҳои бузург ва нодир дар солҳои аввали соҳибихтиёрии давлатӣ — ин қабули Конститутсия маҳсуб меёбад. Қобили қайд аст, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти ба назари эътибор гирифтани беҳтарин арзишҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, таҷрибаи пешрафтаи давлатҳои мутамаддин, таҳлили муқоисавӣ-ҳуқуқии низоми ҳуқуқии кишварҳои пешрафта, таҷрибаи давлатдорӣ ва суннату одатҳои таърихии миллии тоҷикон таҳия ва қабул карда шудааст.

Метавон чунин натиҷагирӣ кард, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси наҷотдиҳанда, таҳкимгар ва рушду такомулдиҳандаи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ҳамчун ниҳоди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, давлативу ҳуқуқӣ, ҳуқуқи байналмилалӣ ва инчунин ба сифати андешаи илмӣ татбиқи амалии онҳоро таъмин намуд, ки ҳамаи ин дастовардҳоро бояд ҳар як фарди бонангу номуси Тоҷикистон ҳифз намояд ва дар мубориза алайҳи хатарҳои глобалии ҷаҳонӣ саҳм гузорад.

Мамлакат МИРЗОЕВА,

омӯзгори МТМУ №76-и ноҳияи Фирдавсӣ                     

Добавить комментарий