Мӯҳтарам намояндагони мардумӣ! Аз январи соли равон “Қонун дар бораи нафақа” ба ҳукми амал даромад. Аз ин Қонун собиқадорон умеди калон доштанд, аммо афсӯс, ки Қонуни мазкур боиси фақру заҷри ҳазорон собиқадорони меҳнат гардидааст! Барои мӯътамад ва муассир гардидани номаи дод аз номи ҳама “ҷабрдидагон” шикваи нафақахӯреро ҳамчун нутқи айнан нақлшуда меоварам.

“… Бештар аз 40 сол ҳамчун педагог ва баъдан корманди соҳаи идеологӣ содиқонаву самимона хидмат намудам, дар мушкилтарин солҳои баъдиистиқлолӣ, ки ба ҷанги шаҳрвандӣ рост омад, сабру тоқат карда, гоҳо бемаош низ ба хотири ояндаву таҳкими пояҳои Ватани тозаистиқлоламон заҳмат кашидам. Чунки ба ояндаи дурахшони Тоҷикистон сахт боварӣ доштам. Оғози сол 63 сола шудам, роҳбарияти яке аз дастгоҳҳои пурқудрати идеологӣ, ки онҷо фаъолият доштам 1 гулдастаро бароям дареғ дошта, огоҳам карданд, ки дигар ба кор набароям. Тибқи қонуни нави ба тасвиб расонидаи шумо нафақаам 350 сомонӣ муқаррар шудааст, дар ҳоле, ки ҳамкору ҳамкурсам 1 моҳ пеш, яъне то қабули қонун бо ҳамин собиқаи корӣ 750 сомонӣ нафақа мегирад. Агар дар гузашта нафақа то 80 фоизи маошро ташкил медод, ҳоло бошад, тақрибан 30 фоизи маош ё окладро ташкил медиҳад. Намояндагони мардумӣ! Биёед, ҳисоб кунем, нафақаи ман ба чӣ мерасад? 200 сомонияш пули обу барқу партобу ғайра, 150 сомонияш як халта орду тамом. Ману мо баринҳо дар сари пириямон бояд дору нахарем, либос нахарем, сафар накунем, истироҳат наравем… Дар бораи сабади истеъмолӣ бошад, умуман ҳарф намезанам. Орзуву умеди давлати пирӣ рондан доштам… Мо нафақахӯр не, мо зиндадаргӯрем”.

Ҳарфе ба нома изофа накарда, ҷавоби намояндагони мардумиро интизорем.

Абдуқодири АБДУҚАҲҲОР

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here