Дар ҳақиқат матбуот инъикоскунандаи идеологияи ҳар як давлат мебошад. Мардум маҳз тавассути рӯзномаҳо аз рӯйдодҳои олам огаҳӣ меёфтанд. Аз ин рӯ, дар давраи шӯравӣ ба табъу нашри рӯзномаҳо аҳамияти хоса медоданд.

Дар замони шӯравӣ ҳар як ноҳия ҳафтае се маротиба рӯзномаи худро аз 5000 то 10000 нусха чоп намуда, сари вақт дастраси одамон мегардониданд. Ба ғайр аз шахсоне, ки обуна буданд, рӯзномаю маҷаллаҳои даркориро аз нуқтаҳои фурӯши рӯзномаҳо харидорӣ менамуданд. Танҳо дар як шаҳраки Восеъ (ҳозира Ҳулбук) 6 нуқтаи фурӯши рӯзномаҳо фаъолият менамуд. Мутаассифона, имрӯзҳо муносибати сарди масъулони ноҳияи Восеъро нисбати матбуоти даврӣ ҳамчун мисол меорам. Аз вақте ки собиқ раиси ноҳия Мусо Ғафурзода ба кор оғоз намуд, ягона дӯкони рӯзномафурӯширо, ки бо дастгирии «Тоҷикматбуот» дар маркази шаҳрак қарор дошт, барҳам дод. Ман ки масъули ин соҳа мебошам, норозигӣ баён намудам. Бо супориши раис дӯконеро, ки марбут ба шуъбаи алоқаи ноҳия буд, ба ман иҷора доданд. Ҳол он ки, дар дӯкон тобистон аз гармӣ ва дар замистон аз сардӣ нишастан ғайримкон аст. Борҳо доир ба ин масъала бо раиси ноҳия суҳбат намудам. Ӯ танҳо ваъда дод, ки “баъди чор-панҷ моҳ ин масъаларо ҳал мекунем ва шуморо соҳиби қитъаи замине барои сохтани дӯкон мегардонем, ё ҳамин дӯкони чӯбинро ба шумо медиҳем, то ин ки ба таври замонавӣ азнавсозӣ намоед”. Гарчанде ду маротиба аз ҷониби Дастгоҳи иҷроияи Президент ва ҶДММ «Тоҷикматбуот» ба мақомоти ноҳия, махсусан ба раиси он мактуб оид ба ҷудо намудани ду ҷой барои кушодани дӯкони рӯзномафурӯшӣ омада бошад ҳам, мутаассифона, ягон чорае наандешиданд. Муовини раиси ноҳия Алихон Худоёрзода вазифадор карда шуд, ки дар асоси мактуб ба ман барои кушодани дӯкон замин ҷудо намояд. Вале моҳҳо сипарӣ шуданду ба ғайр аз ваъдаҳои хушку холӣ ягон чорае надид. Собиқ сармеъмори ноҳия Отабек Муқумов бошад, дар назди муовини раис Алихон Худоёрзода чунин ҷавоб дод: «Ман барои киоски газетафурӯшӣ замин надорам». “Замин ки надоред, хуб мешуд ҳамин дӯконро ба ман диҳед, то бо тарҳи нав сохта, ҳамчун дӯкони рӯзномафурӯшӣ истифода барам”,- гуфтам ман. “Инро мо ҳал карда наметавонем, аз Бег Сабур пурсидан даркор”,- гуфт Алихон Худоёрзода.

Хонандагони гиромӣ, ба фикри шумо, як вазире, ки даҳҳо иншооти боҳашаммат бунёд менамояд, эҳтиёҷ ба як порча замине дорад, ки андозааш 2×3 метрро ташкил медиҳад? Ҳеҷ гоҳ! Ва шахсан ман бовар надорам. Танҳо баҳона асту халос! Ё ба ибораи дигар гӯем, дурӣ ҷустан аз рӯзномаҳои мустақил, ба хотири он, ки дар онҳо бештар мушкилоти мубрами ҷомеа ва роҳи ҳалли онҳо дарҷ мегардаду дар онҷо фурӯхта мешаванд. Ҳатто кор ба он дараҷаест, ки масъулони ноҳия нисбати мактуби Дастгоҳи иҷроияи Президент муносибати сард мекунанд. Пас чӣ ҷои шарҳу эзоҳ аст!? Шояд раиси навтаъиншуда Шарбатулло Азизулло ин масъаларо зери назорати худ гираду ба умеди масъулони ноуҳдабаро нашаванд.

Дигар масъалае, ки солҳои охир мушоҳида намудам, мутасаддиёни ноҳияҳо на танҳо ба рӯзномаҳои мустақил, инчунин ба нашрияҳое, ки марбут ба маҷлиси вакилони халқ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияашон мебошанд, бетарафӣ зоҳир менамоянд. Тавре дар боло ишора шуд, дар давраи шуравӣ ҳафтае се маротиба ба теъдоди то 10000 нусха рӯзномаҳои ноҳиявӣ чоп мешуданд. Пас ҳоло ин нашрияҳо дар кадом ҳолат қарор доранд? Аз суҳбат бо сармуҳаррирон маълум шуд, ки бинобар кам обуна шудан имкони ҳар ҳафта чоп кардани нашрияҳо нест. Беҳтараш, нақшаро аз назар гузаронед ва муқоиса намоед.

 

р/т Ноҳияҳо     Аҳолӣ Номи нашрия Теъдоди нашр
1 Восеъ 216 000 “Гулхани Восеъ” 1060
2 Кӯлоб 200 000 “Навиди Кӯлоб” 500
3 Данғара 160 000 “Симои Данғара” 1200
4 Норак 60 000 “Нури Норак” 1000
5 Балҷувон 30 000 “Навиди Балҷувон”    850
6 Ҳамадонӣ 150 000      “Зафар” 1360
7 Ховалинг 58 000 “Ҳақиқати Ховалинг” 700
8 Фархор 170 000 “Гулистон” 1400
9 Темурмалик 69 000 “Истиқлол” 720
10 Муъминобод 96 000   “Субҳи меҳнат” 1000
11 Шамсиддини Шоҳин 54 000  “Насими Терай” 1200

 

Агар рӯзномаҳо инъикоскунандаи рӯйдодҳои ҳар як ноҳия бошанд, пас бо чунин теъдодҳои ночиз аз уҳдаи вазифаҳои худ намебароянд. Агар адади нашрашон аз 5000 зиёдтар мешуд, он вақт тарғибгари беҳтарини идеологияи давлат ба шумор мерафтанд.

Рӯзимади ТОҲИР

Добавить комментарий