Ватан! Чи калимаи гуворост, сода, дилнишин ва равон. Ҷаҳон-ҷаҳон маъно нуҳуфтааст дар он. Ватан — болу пари инсон, сарфарозиву сарбаландии инсон, бахту иқбол, орзу ва умеди инсон. Ватан лаби хандон, қуввати ҷон, имону виҷдони инсон аст.

Як маънои ватан моликият аст, яъне тамоми ин хок, ин сарзамин, аз хонаи муқаррариамон то сарҳадҳои дурамон моли мо, моликияти мо мебошад. Қариб дар байни ҳамаи халқҳо саволе паҳн шудааст: «Аз чӣ сар мешавад ватан?». Ҷавобҳо гуногунанд. Ман ҷурат мекунам ва посух мегӯям, ки Ватан оғоз мешавад аз:

— аллаи модарон;

— афсонаи момодоя;

— расмҳои «Алифбо»;

— панду насиҳатҳои бобо;

— талошҳои Айнию Лоҳутию Турсунзода;

— ҷонбозиҳои фарзандони содиқ;

— ашъори фалсафии Лоиқ.

Муҳаббат ба ватан дар ҳиссиёт ва қалби мо ҷавонон бояд чун умри мо ҳар лаҳза зиёд гардаду самараи зиёд диҳад. Инсон дар ҳаёт масъулияти зиёдеро бар дӯш дорад. Чуноне дар моддаи 43-юми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин навишта шудааст: «Ҳифзи ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст». Бинобар ин, ҳимояи марзу буми Тоҷикистон қарзи ҷонии ҳар як ватандор аст. Мо бояд муҳофизати ватани азизро аз қаҳрамонҳои достонҳои асотирӣ ва воқеӣ, аз Рустам, Сиёвуш, Томирис, Заррина, Спитамен, Деваштич, Абумуслим, Муқаннаъ, Исмоили Сомонӣ, Темурмалик, Восеъ, Саидқул Турдиев, Неъмат Қарабоев, Ҳодӣ Кенҷаев, Ҳайдар Қосимов биомӯзем, зеро аз ҳимояи хоки муқаддас волотар чизе нест.

Мо ҷавонон — муҳофизони фардои ватан, бояд ҳимояи ватанро қарзи шаҳрвандии худ донем. Ба хизмати сарбозӣ рафтан, барои ҳифзи Ватан — Модар камар бастан бояд орзуи ҳар як ҷавонписар бошад. Саъдии бузургвор мефармояд: «Гар зи ишқи ватан ҳарф мезанӣ, сарбоз шав!».

Мо ҷавонон ҳамеша бояд дар хотир дошта бошем, давлат ҳамон вақт ҷовидонӣ мемонад ва миллат хушбахт мегардад, ки масъулияти ватандорӣ дар қалби ҳар яки мо нуҳуфта бошад. Дарки ин масъулият дарки хушбахтии ҳар яки мо ва ҳимоя аз ҳастии худ аст.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ ба мо ҷавонон таъкид менамоянд: «Набояд фаромӯш кард, ки соҳиби ватани соҳибихтиёр будан орзу ва ормони миллатҳои зиёди дунёст».

Мо ин дастоварди таърихиро ҳамчун гавҳараки чашм бояд эҳтиёт кунем ва дар ин ҷода масъулияти ҷавонон аз ҳама бузург ва ҳалкунанда мебошад. Зероҷавонон соҳиби ин ватан ва ин сарзамин ҳастанд ва бояд кӯшиш намоянд, то ин миллат ва ин тамаддунро ба таври сазовор ҳифзу муаррифӣ намоянд.

Ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки танҳо шахси воқеан ватандӯст метавонад дилсӯзона ва бо тамоми ҳастӣ ҳифзи амният ва ободии ватани худро таъмин созад.

Абӯбакр ЗАМОНОВ

Добавить комментарий