Мувофиқи моддаи 13-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, замин, сарватҳои зеризаминӣ, об, фазои ҳавоӣ, олами набототу ҳайвонот ва дигар боигарии табиӣ моликияти истисноии давлат мебошанд ва давлат истифодаи самараноки онҳоро ба манфиати халқ кафолат медиҳад.

Об дар ҳаёти инсоният ва тамоми сайёра яке аз омилҳои асосӣ дар ҳаёти ҳаррӯзаи аҳли башар, олами набототу ҳайвонот ба шумор меравад. Ҳамин аст, ки аз 3/2 ҳиссаи кураи заминро об ташкил медиҳад. Дар кураи замин манбаи асосии об барфу борон ва пиряхҳои азимҷусса ба шумор мераванд.

Сарчашмаи асосии оби ширинро пиряхҳо ташкил намуда, ба рӯду дарёҳо ҷорӣ шуда, баҳрҳо ва уқёнусҳои азимро ба вуҷуд меоранд. Обҳои баҳрҳо талх ва шӯр буда, истифодабарии онҳо барои инсон ғайриимкон мебошад. Яъне, аз ҳисоби кам будани оби нӯшокӣ дар кураи замин ҳар сол одамони зиёд ба бемориҳои гуногун гирифтор шуда, ба ҳалокат мерасанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон то ба имрӯз бо зиёда аз 168 кишвари ҷаҳон муносибатҳои дипломатиро ба роҳ мондааст. Тоҷикистони имрӯз узви фаъоли Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Иттиҳоди давлатҳои мустақил, Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, Созмони Ҳамкории Шанхай ва чандин сохторҳои ҳамкориҳои бисёрҷонибаи байналмилаливу минтақавӣ мебошад.

Маҳз маҳсули ташаббусҳои Асогузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки аз ҷониби Маҷмааи Кулли Созмони Милали Муттаҳид соли 2003 ҳамчун «Соли байналмилалии оби тоза», солҳои 2005-2015 чун даҳсолаи байналмилалии «Об барои ҳаёт» ва соли 2013 ба ҳайси «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» ва солҳои 2018 то 2028 «10- солаи байналмилалии амал, об барои рушди устувор” эълон гардид.

Бузургони мо дар бораи об ва тозагии он суханони зиёде гуфтаанд. Чуноне, ки фармудаанд: «Ҳар он ҷое, ки об аст, он ҷо ободӣ пойдор аст». Оре, ҳар он ҷое, ки аз об шодоб аст, обод асту сабзу хуррам, яъне боғу бӯстонҳо ба вуҷуд омада, аз диданашон одамон ҳаловат бурда, руҳашон болида мегардад. Мо бояд бо ин неъмати Худодод шукрона намуда, онро аз ҳар гуна ғализиҳо ва ифлосиҳо пок нигоҳ дорем.

Дар дунё ҳама серию пурӣ аз ҳисоби оби поку зулол мебошад. Хушбахтона, дар Тоҷикистони мо ин неъмати бебаҳо фаровон аст ва ин бешубҳа, бахти мост. Дар дунё аз ҳисоби манбаи об дар ҷои аввал Бразилия, дар ҷои дуюм Русия ва баъдан, дар ҷои сеюм Тоҷикистон мебошад.

Латофат ҒАФУРОВА,

омӯзгори МТМУ №48-и ноҳияи Шоҳмансур

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here