Сухан аз забони модарӣ гуфтану шунидан ҳамеша гуворову дилнавоз аст, меҳру муҳҳаббат, эҳсоси гарми касро ба таҳрик меоварад ситоиши забони модарӣ. Мӯҷиби ифтихормандист, ки забони модарии мо — забони тавонманду пуровозаи тоҷикӣ дар меҳвари бисёр таҳқиқоту рисолаву китобҳо қарор гирифтааст ва сазовори ситоиши абармардону донишварони зиёди ҷаҳони илму адаб ва сиёсат гардидааст.

Андар ситоишу бузургдошти забони тоҷикӣ то имрӯз китобҳое пурмуҳтавою арзишманд набишта шудаанд ва минбаъд низ набишта хоҳанд шуд, зеро азамату қудрати ин забон ба он дараҷаест, ки ҳаргиз ба гуфтану набиштан тавсифи он поён напазирад. Забони тоҷикӣ пайванди қавию ногусастанӣ бо тамаддуни халқи тоҷик доштааст ва зиёда аз ин, як омили муҳими шукуфоии тамаддуни ин халқи бостонӣ будааст.

Ин хусусияти умдаи забони тоҷикӣ дар даҳсолаи вопасини садаи бистум, дар овоне, ки Тоҷикистони маҳбуби мо ба Истиқлолияти давлатӣ шарафёб гашт, боз ҳам равшантар собит гардид.
Яъне, муҳимтарин рукни фарҳанги миллӣ — забони тоҷикӣ дар марҳилаи аввали Истиқлол баҳри эҳёи давлатдории тоҷикон, ташаккулу тақвияти Истиқлолият, бақои миллат, тавсеаи ҳисси миллӣ ва ифтихори ватандории аҳли кишвар омили муҳим гардид ва ба як сухан, дар радифи омилҳои дигар дар пояндагиву устувории Истиқлолияти давлатӣ хизмати арзишманд намуд.

Эҳтироми Президенти ҷумҳурии мо нисбат ба забони модарӣ бағоят самимию баланд аст. Ӯ борҳо таъкид кардааст, ки «забони миллӣ симо ва пайкари миллат мебошад» ва аз ҳамагон, ба вижа, ҷавонон такрор ба такрор даъват менамояд, ки «фарҳанги ғании гузаштанони миллати худро хуб омӯзанд, аз мероси гаронбаҳои шоирону мутафаккирони асрҳои пешин баҳрабардорӣ намоянд, ба қадри тамаддун ва арзишҳои фарҳангӣ, забони миллӣ ва шеъру сухани оламгири ниёгонамон бирасанд».

Муаррих ва донишманди маъруф, Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров зимни таъкиди мавқеъ ва таърихи дерини забони тоҷикӣ дар заминаи асноду авроқи фаровон ва бозёфтҳои археологӣ иброз доштааст, ки таърихи забони тоҷикӣ на дар давраи истилои араб, балки аз қарни шаши қабл аз милод шуруъ мегардад. Пас аз ташреҳи фишурдаи вазъи забони тоҷикӣ (порсии дарӣ) дар аҳдҳои тохтутози арабҳо, ҳукмронии Саффориёну Сомониён, Ғазнавиёну Темуриён ва таъкиди хидматҳои бузурги устод Рӯдакиву Фирдавсиву Ибни Сино… дар нерӯбахшӣ ба ин забони ноб ва баррасии ҷуғрофиёи густурдаи забони тоҷикӣ муаллиф ба хулосае мерасад, ки «забони дарӣ бо мурури замон на танҳо ба роиҷтарин ва ҳамагонитарин забони ин марзу бум табдил гардид, балки василаи ҳамдигарфаҳмӣ ва риштаи васл байни қавмҳову қабилаҳои мухталиф гардид ва ба бино ба тавоноиҳое, ки доштааст ва ҳам аз он хусус, ки ба маҳаллу тоифае мансуб набудааст, дар андак замоне забони расмӣ, дарборӣ ва умумӣ барои тамоми сулолаҳои Осиёи Миёна ва ҳамчунон аз ақсои Ҳинд то Рум гардид ва санадҳову номаҳои расмиву давлатӣ аз Истанбул то Дакан ба ин забон сурат мегирифт. Дар ҳақиқат, забони порсии дарӣ нақши забони байналмилалиро барои тамоми ин минтақаҳо дошт». Ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Президенти Тоҷикистон татбиқи Қонуни забон зери назорати ҷиддӣ гирифта шуд. Бо ибтикори Сардори давлат дар кишвар оид ба гиромидошти забони тоҷикӣ ва татбиқи Қонуни забон паи ҳам асноду дастурҳои муҳим ва таконбахш таҳия ва қабул карда шуданд. Аз ҷумла, соли 1995 Комиссияи татбиқи Қонуни забон дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис гардид, соли 1997 Барномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба тавсеа ва рушди забони давлатӣ ба тасвиб расид, соли 1998 бо қарори Ҳукумат Имлои нави забони тоҷикӣ тасдиқ гардид ва ниҳоят, 5 октябри соли 2009 бо имзои Президенти ҷумҳурӣ Қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон» «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Малика ЗИЁЕВА, омӯзгори гимназияи №9-и ш.Душанбе

Добавить комментарий