Устод Ҷӯрабек Мурод беш аз 55 сол аст, ки бо ҳузури муборакаш саҳнаи  ҳунари миллии моро зинату ороиш бахшидаву мебахшад. Ӯ бидуни тардид, аз нодиртарин офаридаҳои фалак буда, рисолати инсониашро дар хизмат ба мардум мебинад. Маҳз ҳамин шоистагии устод Ҷӯрабек андарзи Зартуштро ба ёд меорад, ки «Хушбахтӣ аз они касе аст, ки дигаронро хушбахт созад». Оре, тамоми ҳастии устод ифодагари ин гуфтор аст. Устод Ҷӯрабек Мурод ҳамеша таъкид кардаву мекунад, ки «Санъаткор хизматгори халқ аст. Ман ҳамеша ҷонибдори дӯстии халқҳоям, сулҳ ва одампарастӣ дину оини ман аст. Агар сулҳ, дӯстӣ ва осоиштагӣ миёни мардумон набошад, ман худро ҳаргиз осуда ҳис карда наметавонам». Зиндагӣ ва корномаи устод дар таърихи фарҳангу ҳунари миллии мо тоҷикон дар саҳафоти заррин бо оби тилло сабти ҷовидонӣ ёфтааст. Зеро кори неку кардан ҳамеша шиори ӯст ва таъкидан барои дигарон низ талқин менамояд, ки «кори нек аст, ки дар он пушаймонӣ набошад».

Устод на танҳо хунёгари беназир, балки инсонияти эшон мактаби хоси омӯзиши одамият мебошад. Ӯ ҳаргиз худро аз атрофиёнаш канора нагирифтаву такаббур ва худситоиро ба худ лоиқ надидааст. Ин аст, ки бо садои малакутиаш ба гӯши мо мерасонад:

Ман бе шумо як қатраам,

Як қатра бошад ноаён,

Як қатра кай дарё шавад,

Эй одамон, эй одамон!

Сарнавишти устодро аз рӯзи азал Худованд бо ҳунар сириштаву барои ба гӯшу зеҳнҳо расонидани маърифати илоҳӣ ва эҳдо намудани шодию сурур ба мардум рақам задааст ва маҳз ҳамин аст, ки  рӯз то рӯз ҷилои ҳунари эшон дурахши тоза касб мекунаду инсонҳоро ҳидоятгар ба кору зиндагӣ мешавад. Агар чунин намебуд, мо шоҳиди ҷасоратҳои ҳунарии устод дар синни мубораки 77 солагиаш намегаштем. Зеро устод Ҷӯрабек Мурод дар барномаи консертие, ки рӯзи 16-уми ноябри соли равон бо унвони «Олимақом» дар Театри давлатии мазҳака-мусиқавии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд баргузор сохт, зиёда аз 10 суруду оҳанги тозаро бомаҳорати баланди овозхонӣ иҷро намудаву пешкаши мухлисонаш намуд, ки хуб пазироӣ ёфтанд. Ҳол он ки бисёр ҳунармандонеро шоҳидем, ки баъд аз муддате аз саҳнаи ҳунар канора мераванду оҷизии хешро дар идомаи рисолаташон медарёбанд, аммо устод баръакси онҳо қарор дорад. Синну сол ва ҳофизаи беназири устод ҳамеша мо мухлисонро мутаҳаййир месозад. Ҳамасола барномаҳои  консертии устодро оҳангу сурудҳои тоза ва махзани ҳикмату андарз ташкил медиҳанд. Боре дӯсти донишманду соҳибназарамон Саидумрон Саидзода иброз дошта буд, ки «Худованд он қадар тавону қудрати  пурҷозиба барои устод Ҷӯрабек Мурод ато намудааст, ки ҳангоми рӯйи саҳна омаданашон бидуни ихтиёр барои эҳтиромаш мухлисон аз ҷой баланд шуда, бо кафкӯбӣ истиқболашон мекунанд, ки ин на барои ҳама ҳунармандон хос аст. Ё ин ки сурудҳои куҳна (агар чунин гуфтан ҷоиз бошад) дар иҷрои устод тамоман бо зарбу лаҳни тоза тараннум мешаванд ва ин аст, ки аз такрор ба такрор шунидани онҳо ҳатто хастагӣ дар ҷисму руҳи мухлисон эҳсос намешавад». Воқеан, устод  тавонистаанд, ки бо ҳунари волои хеш ба санъати мусиқӣ ва овозхонии миллатамон умри дубора эҳё намояд ва ба санъати миллиамон болу пари  тавоно бахшад. Имрӯзҳо маҳз тавассути устод суруду мусиқии тоҷикона дар фазои кишварҳои зиёди дунё танинандоз мегардад. Ҳақ ба ҷониби Ҷумъахон Темурзода аст, ки боинсофона ва бидуни рӯю риё дар мақолаи  «Шакаршикан», ки тавассути ҳафтаномаи «Минбари халқ» (12.06.2019) нашр гардид, барои ҳамагони мо ҳушдор дода буд, ки «Ин нобиғаи  ҳунари овозхонӣ, ин шӯридаи дарёи маърифати ирфонӣ, ин ворастаи мактаби малакутии «Шашмақом» ва мақомҳои мардумӣ бо лаҳни ҳазоровояш самои Тоҷикистони азизро ситоразор намудааст». Ин ба он маънӣ омадааст, ки эй миллати дар арсаи таърих ҷафодида ва эй соҳибмиллатони дар замони устод Ҷӯрабек Мурод зиндагӣ ба сар дошта, ба қадри чунин фарзонафарзанд дар замони зиндагияш бояд расиду аз ҳунари нотакрораш барои имрӯзу фардои насли авлодамон сабақҳо боқӣ гузошт, вагарна ба фармудаи устоди зиндаёд Лоиқ: «Ки рӯзе дер хоҳад шуд…». Аммо, ин ҳама ҳанӯз аз назари кӯрдилону нотавонбинони ҳунари беназири ин гиганти саҳнаи тоҷик ва дунё дур мондаанд.

Агар чунин намебуд дар саҳнаи тоҷик ҷои устод Ҷӯрабек Мурод таи ду даҳсола холӣ намемонду мухлисонаш аз дидори ҷамоли юсуфию шунидани садои малакутию нағмаоти довудиаш бенасиб намегаштанд. Ҳол он ки ин офтоби дурахшони осмони ҳунар бо тулуъҳои тозааш дар авқоти мусоид пардаҳои торикиро барҳам задаву зулмотро табдил ба субҳи мурод кардаву гармию рушноиро ба ҳар хонадони тоҷику тоҷикистонӣ арзонӣ доштаву шодию нишотро барои мухлисонаш танинандозӣ мекунад.

Шояд ҳамин гуна сангҳои бағали ҳасудону нотавонон замоне ба сару рӯйи нобиғаи беназири олами инсонӣ Мавлавӣ Ҷалолиддин Муҳаммади Балхӣ партофта шуда бошаду ҷароҳате низ дар ҷисми мубораки эшон  гузошта бошад, ки фармудаанд:

Мо шохи дарахтем пур аз меваи тавҳид,       

Ҳар раҳгузаре санг занад, ор надорем.

Худованд дар замири устод Ҷӯрабек Мурод ҳамеша меҳру муҳаббат, садоқату дӯстдорӣ ва зебоиро сириштааст, ки ҳангоми захма задан бо торҳои сози дилаш садояш баланд гардидаву ба гӯши атрофиён ғулғула меафканаду ҳушдор медиҳад, ки:

Мо ҳеҷ, замона ҳеҷ, дунё ҳама ҳеҷ,

Эй ҳеҷ, зи баҳри ҳеҷ, бар ҳеҷ мапеч,

Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас,

Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ.

Устоди фарзона Ҷӯрабек Мурод ба ҳар кишвареву диёре қадам гузоштааст, тухми дӯстию муҳаббатро коштаву дарахти дӯстиро  парваридаву ниҳоли душманиро барканда ва байти зери Хоҷа Ҳофизро сармашқи кору зиндагии ҳамешагии худ қарор додааст:

Дарахти дӯстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад,

Ниҳоли душманӣ баркан, ки ранҷи бешумор орад.

Агарчи бисту панҷ сол миёни ду кишвари ҳамсоя сардӣ ба миён омада буд, вале таи ин муддат устод Ҷӯрабек Мурод ба ҳайси қосиди сулҳу дӯстӣ баҳри ба ҳамоию ваҳдати халқҳои тоҷику ӯзбек пайваста заҳмат мекашид ва хушбахтона ин саъю кӯшишҳояш самараи нек ба бор оварданд. Ба бахти ин ду халқи ҳамтаъриху ҳамҷавор ду сарвари  хирадманду мардумсолор Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирамонович Мирзиёев дасти дӯстиву бародариро фишурда, марзҳои сунъиэҷодро аз миёни кишварҳо бардоштанду муҳаббату самимияти бародариро ба мардумон арзонӣ доштанд. Рӯйи саҳнаи базми «Шоми дӯстӣ» омода намудаи ин сарварони кишварҳо бо омадани ду ҳунарманди бемислу монанд, ду шаҳбози ду аср — Ҷӯрабек Мурод ва Шералӣ Ҷӯраев шукуҳу шаҳомати тоза ба базмро дошт.

Сурудаҳои устод Ҷӯрабек Мурод инсонро ба дӯст доштани падару модар, Ватан, миллату забон, табиат ва хуш гузаронидани зиндагӣ талқин месозанд. Ҳамеша бо шеваи хоси худ ва бо он садои малакутии  фораму гӯшнавоз некиву дӯстиро, одаму одамгариро ситоиш мекунад:

То тавонӣ дӯстонро гум макун,     

Дӯстони меҳрубонро гум макун.

Дӯст ояд гарм дар оғӯш гир,

Расми хуби тоҷиконро гум макун.         

Устод Ҷӯрабек Мурод, ки шахсияти оламдидаву одамдида аст, ба ҳама дину ойин ва эътиқодоти мардуми дунё эҳтиромро қоил буда, ҳамеша талқин месозад, ки бо чашмони ибратбин дидани дунё ва омӯхтани забону фарҳанги халқияту миллатҳои олам барои инсон ҳамеша муфиду  манфиатовар аст:

Рӯйи олам дидан одам дидан аст,

Неку бадро дар ҷаҳон санҷидан аст.     

Устод Ҷӯрабек Мурод ба зан-модар меҳру муҳаббати беандоза дораду ҳамеша назди модарони дунё сари таъзим фуруд меорад. Зеро зан-модар офаридгор аст ва дар замири фарзанд тухми накӯкориву накӯандеширо пошидаву парвариш медиҳаду ӯро ҳидоят ба Инсон будан мекунад ва боз ҳамин модар аст, ки бузургтарин нобиғагони дунёро ба олами ҳастӣ овардааст. Маҳз ҳамин меҳри беандоза доштани устод ба модараш хамирмояи офарида шудани сурудҳои «Модар», «Дили модар» (М.Турсунзода), «Меҳри модар» (Эраҷ Мирзо), «Ҷони модар» (Маликушшуаро Баҳор), «Арзи фарзанд» (Ҷонибек Қувноқов) ва ғайра аз силсилаи сурудҳои «Модарнома»-и ӯ мебошанд.

Месазад ёдовар шуд, ки дар санаи 5-уми октябри соли равон бахшида ба  «Рӯзи забони давлатӣ» устодро тавассути телефони мобилӣ, ки дар шаҳри Хуҷанд қарор доштанд табрик гуфтему бо ин баҳона аз саломатӣ ва корҳояшон воқиф гаштем. Устод низ дар баробари табрикоти мо  бароямон ин рӯзи саидро шодбош гуфтанду арза доштанд, ки мешудааст, ки гоҳҳо ҷонфидоёни асосии муборизот барои ба ин мақом соҳиб шудани забони давлатӣ аз назарҳо дур монанду касоне, ки он замонҳо дар ёдашон на забон буду на фикрашон пойбанди бақои он, имрӯз мушт сари синаҳо куфта, худро соҳибу ҳимоятгари он медонад. Охир насли мо шоҳид аст, ки барои тозагии забон ману Лоиқ ва Маҳмудҷон дар он замонҳо чӣ корҳоеро ба сомон нарасонидаем. Бале, устод Ҷӯрабек Мурод тавонист, ки бо чунин ҷасорати ҳунариаш садди роҳи сабки ӯзбекии шашмақомхонӣ дар шимоли кишвар гардаду баъдан мактаби овозхонии тоҷикиро дар баробари устодонаш Боймуҳаммад Ниёзову Маъруфхӯҷа Баҳодуров роҳандозӣ намояд. Дар охири солҳои 80-уми асри пушти саршуда, ҷараёни худогоҳию худшиносӣ миёни мардуми  тоҷик ба авҷи баланди худ расида буду аҳли қаламу зиёиёни кишварро рисолати бузурге баҳри фардои миллат пеш омада, қарор намегузошт. Маҳз ҳамин рисолати фарзандӣ буд, ки шоири миллиамон устод Лоиқ  дар он рӯзҳо шеъри «Забонгумкарда»-ро таълиф намуд. Устод Ҷӯрабек зуд ба он шеър оҳанг баста ба самъи дӯстдорони ин забону ин меҳан расонид ва тавъам бо суруди “Забонгумкарда”-и Лоиқ дарду ҳиссиёти хешро низ ба гӯши мухлисонаш расонид:

Ҳар кӣ дорад дар ҷаҳон гумкардае,

Дар замину дар замон гумкардае…

Заҳр бодо шири модар бар касе,

К-ӯ забони модарӣ гум кардааст…

Шояд кам ҳунармандеро метавон пайдо кард, ки зиёда аз якуним ҳазор суруд хондаву беш аз панҷсад оҳанг офарида бошад. Мусаллам он аст, ки дар сурудҳои устод Ҷӯрабек орзуву ормонҳои худи ӯ таҷассум ёфтаанд. Аз ин лиҳоз низ, онҳо ба ҳама баробар, якранг ва ба ҳар кас вобаста ба эҳсосу ҳиссиёт ва даркаш таъсиррасон мебошанд. Сомеъон вақте ба суруди ӯ гӯш медиҳанд, гумон мекунанд, ки ҳофизи дӯстдоштаашон маҳз аз дарди дили эшон воқиф асту ба атрофиён  ҳикоят мекунад ва сӯзу сози ӯро бо суруду мусиқӣ ифода месозад:

Эй, ки мегӯӣ ба хубон ошноӣ мушкил аст,

Ошноӣ метавон кардан, ҷудоӣ мушкил аст.

Дил ки ранҷид аз касе, хурсанд кардан мушкил аст,

Шишаи бишкастаро пайванд кардан мушкил аст.

Ҳунари нотакрори устод Ҷӯрабек Мурод на танҳо сурудаҳои шуароро ба гӯши мардумон бо лаҳну садои мусиқии ҷаззоб мерасонад, балки ба онҳо илҳом низ мебахшад, то дар ситоишаш шеърҳои баландмазмуну руҳбахшанда эҷод намоянд. Шоирон, ки ҳамзамону ҳамқисматони устоданд бо шеърҳои худ ҳунари волои ӯро васф карда, меҳру муҳаббати дили худро бо обу ранги тоза ва рангину зебо ифшо намудаанд, ки овардани чанд байте аз намунаи онҳоро ин ҷо муносиб медонем:

Лоиқ Шералӣ:

Қурбони он дилам, ки ӯ қурбони одам аст,

Ҷонам фидои одаме, ки ҷони одам аст…

То он даме, ки зиндаам андар талоши бахт,

Ашъори ман ситоиши исёни одам аст.

Фарзона:

Саро, эй нағмасози дил, ки дил дил буданаш донад,

Нафас дар гармии овози ту осуданаш донад…

Ба рағми садду сарҳадҳо, ба рағми кини миллатҳо,

Суруди раҳкушои ту ҷаҳон паймуданаш донад…

Зиҳӣ, эй лаҳни лоҳутӣ, зиҳӣ, эй савти довудӣ,

Зи гӯши халқ мебӯсам, ки ӯ бишниданаш донад.

Ҷонибек:

Бенаворо хуш навое ҳар навои Ҷӯрабек,

Бебаҳое ку диҳад то худ баҳои Ҷӯрабек…

Гиряи борон зи дарёи равон бишнидаам,

Дар суруд пинҳон бувад мӯъҷизаҳои Ҷӯрабек.

Суруш:

Садоят аз замин бар арши аъло мебарад моро,

Навои қудсият аз хок  боло мебарад моро…

Садои набзи аждод аст оҳанги ту, эй устод,

Сурудат аз гузашта то ба фардо мебарад моро.

Озарахш:

Эй найи нолони миллат, Ҷӯрабек,

Синаи нолони миллат, Ҷӯрабек.

Чеҳраи хандони миллат, Ҷӯрабек,

Дидаи гирёни миллат, Ҷӯрабек…

Бори дӯши Борбад бардоштӣ,

Дар сари имони миллат, Ҷӯрабек.

Метавон бо боварӣ гуфт, ки устод Ҷӯрабек фидоии ин сарзамин ва савту навои тоҷикӣ аст. Зеро кореро, ки устод Ҷӯрабек дар роҳи зиндаву поянда доштани забони ноби тоҷикӣ ва худогоҳию худшиносии миллат,  сулҳу дӯстии халқҳо ва бузургдошти Инсон дар рӯйи замин ба сомон  расонидаву баҳри муаррифии миллату кишвари хеш дар миқёси байналмилалӣ адо кардааст, шоистаи пайгириву омӯзиш мебошад. Бидуни тардид хизмате, ки дар роҳи шинохти миллати тоҷик ва муаррифии кишвари азизамон дар миёни халқияту миллатҳои ҷаҳон  устод Ҷӯрабек Мурод кардаасту мекунад, на ҳама кас карда метавонд. Ин аст, ки ин фарзонафарзанди миллат ҳамеша бо тамоми ҳастӣ дӯстдори ватану миллати хеш буду ҳаст…

Имрӯзҳо ки устод Ҷӯрабек Мурод аз баҳори 77-умини умри хеш гулҳои умеду орзу мечинаду рустамона барои миллату Ватани хеш суруду оҳангҳои тоза меофарад, мактаби ҳунарии худро рӯз то рӯз вусъат дода, бо дилу нияти пок ба ҷавонони зиёде барои фаро гирифтани донишҳои мусиқии «Шашмақом» ва ҳунари овозхонӣ ҳидоятгару раҳнамо мебошад. Мо санаи 24-уми декабрро барои устод ва ҳамаи мухлисонашон самимона муборак мегӯем ва орзуманди тансиҳатии эшон мебошем. Дар фарҷоми ин нигошта аз навиштаи Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Баҳодур Миралибеков беҳтар ҳусни мақтаъе пайдо накардем, ки нигоштааст: «Ҷӯрабек Мурод — Борбади қарни мост! Ӯ баҳрест, ки туғёни ҳунараш канор надорад».

Амирҳамзаи Сайидолим,

Мирзомурод Саидзода,

Холмуҳаммад Раҳимӣ,

Нусратулло Ҷумъазода

Добавить комментарий