(Бахшида ба 77-солагии лаурети Мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи устод А. Рӯдакӣ, Артисти халқии СССР Ҷӯрабек Муродов)

Устод Ҷӯрабек Муродов чун як фарди соҳибдил, чун як симои барҷастаи миллат ба ҳама гуна ситоиш меарзад. Бахусус ба чунин гуфтаҳои Ҷумъахон Темурзода дар мақолааш — «Шакаршикан» розӣ нашудан мумкин нест: «… устод Ҷӯрабек Муродов мактаби бузурги устодон Ф. Шаҳобов, Ш. Соҳибов, Б. Файзуллоев, Домулло Ҳалим Ибодов, Ҳоҷӣ Абдулазиз Расулов, Левӣ Бобохонов (Левича), Содирхон Бобошарифов, Боймуҳаммад Ниёзов, Ҷӯрабек Набиевро зиндаву поянда нигоҳ доштааст. Ин ганҷи тиллоии миллат аз ҷониби устод Ҷӯрабек дар такмили нав бо оҳангҳои малакутӣ, бо ниёиш ва садои дилнишин қалби ҳазорон сомеонро лабрези шодиву сурур намудааст…».

Дарвоқеъ, лаҳни дилчаспу ширину гуворое, ки Худованд ба устод Ҷӯрабек Муродов арзонӣ доштааст, на ба ҳар кас насиб мегардад. Бешак, дар сифоти ин фарзанди фарзонаи миллат, олимақом, сухансанҷ, хушгуфтору хушрафтору хушкирдор ҳар чӣ бигӯем, ҳар қадар бигӯем, ба ҳар ҳол, комил ва кофӣ нахоҳад омад. Аммо мурод аз қалам ба даст гирифтани мо нуктаи дигари мақола аст, ки тамоми мулоҳизоти муаллиф ҷиддан аз як нукта об мехӯрад ва дар атрофи ҳамин нукта тоб хӯрда, бо ихлосу эътимод, меҳру муҳаббату садоқати ба шахсияти устод ва ҳунари ӯ доштааш таъкидан масъала ба миён мегузорад ва пешниҳод менамояд, ки … бояд ба қадру манзалати чунин нобиғаҳои нотакрори миллати соҳибфарҳангу мутамаддини хеш бирасем.

Муаллиф аз ҳусни таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳақи чеҳраҳои мондагори миллат ёдовар шуда, чунин овардааст: «… маҳз таъкидҳо ва ғамхориву башардӯстиву башарпарварии Раҳбари муаззами кишвар мебошад, ки аҳли зиёи кишвар — шоир, нависанда, ҳунарманд, файласуф ҳамеша дар мадди назарашон буда, дар ҳама ҷашну тантанаҳои миллӣ онҳоро даъват намуда, қадрдонӣ менамоянд. Аммо… Чаро? — ҷойи Артисти хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон, Артисти халқии РСС Тоҷикистон, Барандаи ҷоизаи Комсомоли Ленинӣ, Барандаи ҷоизаи устод Рӯдакӣ, Артисти халқии СССР Ҷӯрабек Муродов холист». (?!). Оре, ҳамагон, ҳам мухлисони созу оҳангҳои устод Ҷӯрабек Муродов ва ҳам дӯстону шогирдон ва ҳам ҳасудони ӯ ба хубӣ огаҳанд, ки тайи солҳои охир ин ҳунарманди асил дар саҳнаи базму тантанаҳои умумимиллию умумиҷумҳуриявӣ аз назари мухлисонаш — шефтагони санъати волои классикӣ дур мондааст. Аниқтараш, ҳар дафъа мутасаддиёни чорабиниҳои бузурги кишвар дар «консертҳои гулчин»-и умумимиллию умумиҷумҳуриявӣ барои устод Ҷӯрабек Муродов «ҷой ёфта наметавонанд». Бахусус дар баргузории идҳои суннатии миллӣ, амсоли Наврӯзу Садаву Меҳргон, ки ин ҷашнҳо бе лаҳну навои устод Ҷӯрабек Муродов ва устодонаи «Шашмақом» рангу таровиши хос пайдо намекунанд.

Мусаллам аст, ки пайдоиш ва рушду такомули савтхонӣ ва истифодаи анвои созҳои мухталифи миллӣ, ки аз ниёгонамон ба мо мерос мондаанд ва ба ҳам пайваста густариш додани илму амалияи мусиқӣ, аз вазъи фарҳангии мусиқии ин ё он замон дарак медиҳад. Аз маъхазҳои таърихӣ хондаем, ки илм ва амалияи мусиқӣ бахусус дар давраи Сосониён ба дараҷаи олии ҳунари ҳирфаӣ расида, шуҳрату намунаҳои такмилёфтаи дастгоҳҳои мусиқӣ ба мамолики ҳамҷавори Шарқу Ғарб паҳн гардида буданд. Маъруфтарини мутрибони замони шаҳаншоҳии Хусрави Парвиз — Саркаш, Ромтин, Накисо ва Борбад гули сари сабади базмҳои ашрофона ва мардумӣ ба шумор мерафтанд. Ҷойгоҳи онҳо ҳамеша тахти баланди тиллоии ромишгарӣ буд. Оҳангҳои устодонаи онҳо дар мавзуҳои фарҳангию иҷтимоӣ ва ирфонӣ бо такмилҳои нав ба нав пайваста хазинаи силсилаи «Шашмақом»-ро ғанӣ мегардониданд.

Ва имрӯзҳо ин суханон ҳамеша вирди забони ҳаводорони бешумори ҳунари волои устод Ҷӯрабек Муродов, шогирдони ӯ, пайравони ӯ мебошад: «Хушо, ки аз саҳнаҳои базмҳои муҳташами миллии умиҷумҳуриявӣ савту навоҳои дилошӯби «Шашмақом» — «Ушшоқи Содирхон», «Ушшоқи Ҳоҷӣ Абдулазиз», «Ушшоқи Рӯдакӣ», «Ушшоқи Ҳофиз», «Ушшоқи Ҷӯрабек», «Уфарушшоқи Ҷӯрабек», «Зарбҳои Ҷӯрабек»-ро бишунавем». Зеро ин савту навоҳоро, барҳақ, аз овозхонҳои имрӯз касе қудрату маҳорате надорад, ки дар пояи шаҳсутуни санъати тоҷик Ҷӯрабек Муродов сароида тавонад. Шояд «ҷойи холӣ» гуфтани муаллифи мақолаи «Шакаршикан» низ ишора ба ҳамин маънӣ, яъне ба ҳамон «тахти баланди тиллоӣ»-и ромишгарист, ки дар боло ёдрас шудем.

Аслан, расми адлу инсоф, нишонаи эҳтирому арҷгузорӣ ба шахсиятҳои нодир, ки поягузорони санъату фарҳанги миллӣ буда, сифатҳои эҷодӣ бо сифатҳои инсонӣ дар руҳу равонашон бо ҳам омезиш ёфтаанд, дар чист? Албатта, дар он аст, ки ҳар қадаре тавонем, ба қадру манзалати ному хидматҳои онҳо бирасем, саҳми бузургу ибратбахшашонро дар рушду такомули фарҳанги миллӣ нодида нагирем, ҳар қадре, ки тавонем, аз таҷрибаи ҳунарӣ ва сабақи кору зиндагии онҳо биомӯзем ва ҳамин гуна одоби муносибатро ба насли имрӯзу фардо талқин намоем. Охир, дар солҳои Иттиҳоди Шӯравӣ, ҳини сафарҳо баҳри иштирок дар даҳаҳои адабиёт ва санъат, маҳфилҳои бузурги иттиҳод ва берун аз он, ҳамеша номи устод Ҷӯрабек Муродов дар аввали рӯйхати намояндагони Тоҷикистони азизамон буд. Арабистон, Исроил, Испания, Италия, Фаронсаву Олмон, Япония, Хитой, Амрико, Муғулистон, Афғонистон — ин аст номгӯи нопурраи кишварҳое, ки бар замми кулли ҷамоҳири Иттиҳоди Шӯравӣ, устод Ҷӯрабек Муродов ба онҳо сафарҳои ҳунарӣ намудаву бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, қирғизӣ, ӯзбекӣ, қазоқӣ, арманӣ, туркманӣ, озарӣ, арабӣ, ҳиндӣ, покистонӣ, ҷопонӣ аз саҳнаҳои баланди ҷаҳонӣ гаштаву баргашта, бо ҷуръату ҷасорат номи бузурги «Тоҷик» ва Тоҷикистони маҳбубро дар саросари олам муаррифӣ намудааст:

Тоҷикам ман, тоҷикам ман, тоҷикам,

Бо ватан ҳамҷону ҳамтан, тоҷикам!…

Ба ҳамин монанд даҳҳо сурудҳои ҷаззобу дилошӯбро устод Ҷӯрабек Муродов бо заҳматҳои шаборӯзӣ, бо тори вуҷуди худ, аз қаъри дили инсонпарваронааш офаридааст, ки ҳамаи онҳо, зимнан, аз ашъори суханварони гузаштаву муосир Рӯдакӣ, Саъдӣ, Ҷомӣ, Ҳофиз, Ҷалолиддини Балхӣ, Мирзо Турсунзода, Лоиқ, Гулназар ва дигарон интихоб шудаанд. Ҳама гуна шеъре, ки маъниҳои бикрро ифода накардаву дар мавзуҳои ахлоқи поку ҳамидаи инсонӣ, меҳру садоқат ба халқу диёр, шукру сипоси ҳаёти осоишта, дӯстию рафоқат, арҷгузорӣ ба миллату фарҳанги волои ниёгон офарида нашуда бошад, ба табъи устод хуш намеояд. Вай бо он овозхонҳои «навбаромад», ки ба истилоҳ «шеъри худам, суруди худам, оҳанги худам»-ро шиори фаъолияти ҳунариашон қарор дода, бидуни фонограмма ва баландгӯяк наметавонанд рӯи саҳна бароянд, оштинопазир аст. Устод Ҷӯрабек Муродов дар пояи дониш, таҷрибаю истеъдоди бузурги андӯхтааш ҳамеша се унсури бадеияти воло — калом, овози хуш ва оҳанги муносибро бомаҳорат истифода менамояд, чуноне ки Рӯдакӣ, Борбад, Содирхону Ҳоҷӣ Абдулазизу дигар устодони лаҳни классикӣ дар замони худ сурудҳояшонро ба ҳамин тарз интихоб мекарданду месароиданд.

«Ба назди хоксорон хоки роҳам»,- мегӯяд устод Ҷӯрабек Муродов. Оре, фурӯтанӣ, хоксорӣ, инсондӯстӣ аз волотарин хислатҳои ӯст, ки донистан, омӯхтан ва аз бар кардани онҳо бахусус дар шароити имрӯзаи ҷомеа хеле зарур мебошад. Худшиносии миллӣ, тафаккури миллӣ, шукру сипоси ватану ватандорӣ дар мағз андар мағзи ниҳоди устод реша давонидааст. Сурудҳои «Ушшоқи Рӯдакӣ», «Ушшоқи Ҳофиз», «Ушшоқи Ҷӯрабек», «Шукрона», «Хеш маёзор», «Соҳибдилон», «Бовар макун», «Ҳайфу дареғи одамӣ» «Маънии ҳаёт», «Силсиламӯ», «Синафигорам», «Се зарби Ҷӯрабек», «Андеша кун» ва «Каъбаи дил» — ин маъниҳои раҳнамову раҳомӯзеанд, ки ба матни суханварони бузург тааллуқ дошта, ба оҳанг дароварда шуда, барҳақ, дили ҳар шунавандаро ба хурӯш меоварад ва аз гӯш кардани он кас лаззати маънавӣ мебарад.

Дар бораи зиндагиномаи ин абармарди санъати касбӣ олимону пажуҳишгарон китобҳои ҷолиб ба қалам додаанд, ки номгӯи зиёди онҳо дар хазинаи Китобхонаи миллии Тоҷикистон маҳфузанд. «Сурудҳои Ҷӯрабек Муродов» (нашриёти «Ирфон» ва нашриёти «Ношир»), «Ихлос ва сипос» (нашриёти «Матбуот»), «Ҷӯрабек Муродов» (нашриёти «Нури маърифат»), «Воломақом» (нашриёти «Истеъдод») намунаи онҳоянд. Бо вуҷуди ин, фаъолияти ҳунарии Ҷӯрабек Муродов худ як қобусномаи комили соҳаи мусиқист, ки онро метавон ҷилд-ҷилд нашр намуда, дар хазинаи дастовардҳои тамаддуни халқи тоҷик барои имрӯзу ояндагон маҳфуз дошт.

Пас, ба унвони як нафар муғаннии нотакрор баъзе сангафканиҳои ҳасудон, нотавонбинон ва онҳое, ки нимароҳе аз шоҳроҳи бузурги дар арсаи тайкардаи устод Ҷӯрабек Муродовро нагузаштаанд, як ҳодисаи муқаррарист, ки аз табиати азалии инсоният манша гирифта, набояд шакку шубҳа ва ҳангомаҳои зиёдеро ба бор оварад. Посух ба ҳарзаҳои нотавонбину ҳасадхӯрон, сабру тамкин, гуфторҳои самимонаву хирадмандона ва суруду оҳангҳои худи устод Ҷӯрабек Муродов хоҳанд буд, ки мегӯяд: «Ҳаволаи бад ба Худованди мутаол!… Онҳо буҳтон мебофанду ман барои халқи азизам сурудҳо меофарам, оҳангҳо эҷод мекунам». Ва дар яке аз таронаҳояш, бар матни устод Лоиқ бо дили бузург, бо сари баланд ва бо овози ширини тоҷикӣ тараннум мекунад:

Маро дунё нахоҳад кушт, то дунёи дил дорам,

Маро дарё нахоҳад бурд, то дарёи дил дорам.

Зи баднафсию пурхорӣ басо савдогарон мурданд,

Зи ҳар савдо намемирам, то савдои дил дорам.

Ба рӯи хок ҳам бошад, ба зери хок ҳам бошад,

Ниҳон ҳаргиз намегардам, ки ман пайдои дил дорам.

Васият менависад ин, шикоят менависад он,

Ман аз ин ҳар ду озодам, то иншои дил дорам.

Агар маъвои ман кӯчад зи рӯи хок зери хок,

Ба қасди марг дар ҳар синае маъвои дил дорам.

Дар ин дунё, ки як даъвои дил сад садди рад дорад,

Ман аз номи ҳама соҳибдилон даъвои дил дорам.

Ҳама буҳтоннависонро кунам огоҳ пеш аз марг:

Шумо имрӯз мемиред, ман фардои дил дорам.

Ҳамин тавр, устод Ҷӯрабек Муродов ҳамеша такяи умед ба дил, эътимод ба дил дорад, ба дили поки бекинаи инсонӣ арҷи баланд мегузорад, зеро ҳамин гуна як дили бузург, дили оинасон, чашмасон, чун булӯр шаффофу беғаш, дар ҳавои ормонҳои азалии «дар офариниш зи як гавҳар будани бани одам» дар синаи ӯ метапад.

Ва боз, ва боз шоҳсутуни санъати тоҷик устод Ҷӯрабек Муродов ба некону бадони бани одам бо савту наво гаштаю баргашта ҳушдор медиҳад, падарона насиҳат мекунад, мунсифона илтиҷо мекунад, ки: Эй инсон! Тавофи каъбаи дил кун, агар диле дорӣ…

Ҳазор бор пиёда тавофи Каъба кунӣ,

Қабули Ҳақ нашавад, агар диле биёзорӣ.

Ҳазор бадраи зар гар барӣ ба ҳазрати Ҳақ,

Ҳақат бигӯяд, ки дил ор, агар ба мо орӣ.

Шояд панде бигиранд…

Азизмурод ШАРИФОВ,

корманди Вазорати фарҳанги ҶТ

Добавить комментарий