Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам — Абуҳанифа ягона муассисаи касбии олии динӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, соли 2007 бо ташабуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкил шудааст. Муассиса дар тӯли фаъолияти 12 — солаи худ дар тарбияи на танҳо муҳассилини соҳаи дин, балки шарқшиносӣ, забономӯзӣ ва соҳаҳои дигар низ саҳми арзанда гузоштааст.

Донишкада бо кадрҳои баландихтисос таъмин буда, 145 нафар  омӯзгорону кормандони донишкада ба тарбияи донишҷӯён машғуланд, ки аз ин шумора 20 нафар устодони соҳибунвон буда, (1 нафарро доктор, 19 нафар номзадҳои илм) ва 12 нафарро муаллимони калон ташкил медиҳанд. Аз инҳо 35 нафарро занҳо ташкил медиҳанд. Ректори донишкада номзади илмҳои фалсафа Асомуддинзода Тоҷиддин Исломиддин мебошад.

 

Факултетҳо ва ихтисосҳо

Донишкада дорои 2 факултет — улуми исломӣ ва филологияи Шарқ буда, 7 кафедраро дар бар мегирад: — кафедраи улуми Қуръон ва аҳодиси набавӣ, кафедраи шариати исломӣ, кафедраи забон ва адабиёти араб, кафедраи таъриху диншиносӣ, кафедраи иттилоот ва илмҳои табиатшиносӣ, кафедраи забонҳо, психология ва педагогика, кафедраи фалсафа ва илмҳои ҷамъиятшиносӣ. Таълим дар Донишкада дар доираи  мазҳаби Имоми Аъзам — Абуҳанифа ҷараён мегирад.

Донишкада аз рӯи 5 ихтисоси зинаи бакалавр ба раванди имрӯзаи талаботи иҷтимоию фарҳангии мамлакат ва стандартҳои давлатии таълимии роиҷи низоми таҳсилоти кишвар мувофиқ гардонида шудааст. Яъне тибқи лоиҳаи нақшаҳои таҳиягардида хатмкардаи Донишкадаи исломии Тоҷикистон дар баробари азбар кардани илмҳои бунёдии исломӣ боз соҳиби тахассуси иловагии дигаре мешавад, ки бо он ихтисос метавонад дар муассисаҳои илмию таълимӣ ба ҳайси муҳаққиқ ва омӯзгор фаъолият намояд.

 

Ихтисосҳои факултаи улуми Исломӣ:

1) 121010103 — Улуми ислом, матни классикӣ;

2) 121010104 — Улуми Қуръон, мероси хаттӣ.

Ихтисосҳои факултаи филологияи Шарқ:

1) 102030702 — Забони хориҷӣ (арабӣ). Информатика;

2) 1230102 — Таъминоти забонии робитаҳои байнифарҳангӣ (Лингвистика);

3) 102010205 — Таъриху диншиносӣ.

Вобаста ба ихтисосҳои номбурда дар айни замон 907 нафар донишҷӯён таҳсил доранд, ки 727 нафар дар гуруҳҳои рӯзона ва 180 нафар дар гуруҳҳои ғоибона таҳсил мекунанд.

 

Парки технологӣ

Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам — Абуҳанифа дорои парки технологӣ мебошад, ки бо сифхонаҳои дӯзандагӣ, компютерӣ ва синфхонаҳои лингафонӣ барои забони русӣ ва англисӣ  муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

 

Робитаҳои дохилӣ ва хориҷии донишкада

Донишкада аз соли 2007 узви комилҳуқуқи Иттиҳоди донишгоҳҳои исломӣ мебошад. Аз ин рӯ, тибқи қарордодҳое, ки байни Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам — Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит ва бархе аз муассисаҳои таълимии олами ислом баста шудаанд, роҳбарияти Донишкада кӯшиш дорад, ки мутахассисон ва омӯзгорони ҷавони лаёқатманду боистеъдодро барои таҳсил ва такмили ихтисос ба марказҳои илмиву тадқиқотии Тоҷикистон ва берун аз он фиристад, то онҳо тавонанд дараҷаи тахассусии худро баланд бардошта, сазовори унвону дараҷаҳои илмӣ гардида ба халқу Ватан хизмат намоянд. Инчунин, донишкада бо муассисаҳои олии касбии дохил ва хориҷи кишвар: Донишкадаи такмили ихтисоси назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Академияи исломии Булғории Федератсияи Русия ва Донишгоҳи Ал-Қудсияи Аморати Муттаҳидаи Араб ҳамкорӣ дорад.

 

Китобхонаи донишкада

Донишкада дорои китобхона, 1 толори мутолеаи китобҳо буда, фонди умумии китобхона ба 11605 адад китоб расонида шудааст. Фонди китобхонаи электронӣ бошад 25 000 нусха китобҳои электрониро дар бар мегирад. Дар толори хониши китобхона ҳамеша намоиши китобҳои нав ба роҳ монда мешавад, ки хонандагон аз китобҳои нав воридгардида самаранок истифода мебаранд.

Дар соли 2018 матбааи донишкада китобҳои гуногун, аз ҷумла китоби Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳти унвони «Паёми Пешвои миллат: моҳият ва самтҳои асосии он» (маводи ташвиқотӣ ва фаҳмондадиҳӣ), китоби «Ислом пок аз ифрот», «Нақшаи инфиродии кории омӯзгор», китоби дарсии “Омӯзиши мантиқ”- ро дар ҳаҷми 186 саҳифа бо теъдоди 70 нусха (барои донишҷӯёни донишкада) ба чоп расонид, ки муаллифаш Т.Асомуддинзода мебошад.

Дастури таълимӣ — саволу ҷавоби имтиҳони давлатӣ аз фанни «Педагогика» ва «Фиқҳи исломӣ», муаллифон: Асомуддинзода Т., Ҳоҷиева Ф., Аминова Г., Шарипов Ш., Салоҳов И., Хайруллоев И.; китобчаи “Одоби намозгузорӣ дар масҷидҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон”, муаллиф — Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон; «Ғоятулбаён фи шарҳи васиятил Имоми Аъзам Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит», аз ҷумлаи китобҳоеянд, ки дар матбааи худи донишкада чоп шудаанд ва дар китобхона маҳфузанд.

 

Илм ва инноватсия

Дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит Шӯрои олимон фаъолият мекунад, ки мақоми қарорбарори донишкада ба ҳисоб меравад. Дар Шӯрои олимони донишкада 23 нафар кормандону устодон шомил мебошанд. Шӯрои олимони донишкада дар як моҳ як маротиба баргузор шуда, масъалаҳои пешомадаро баррасӣ мекунад.

Дастовардҳои олимони донишкада дар соҳаи илм баргузории 5 конференсияи донишкадавӣ, 8 мизи гирд доир ба тероризм ва экстремизм ва инчунин ба чоп расонидани китоби «Омӯзиши мантиқ»-и Т. Асомуддинзода, баргардон кардани «Аҳодиси набавӣ»-и Наҷотов М. Мебошад.

Яке аз дастовардҳои илмии донишкада ин аст, ки санаи 29-уми майи соли 2018 декани факултаи филологияи Шарқи донишкада Каримов Раҳим рисолаи номзадии худро дар риштаи фалсафа дар АИ ҶТ бо муваффақият дифоъ намуд.

 

Такмили ихтисос

Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам — Абуҳанифа бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва тарбияи донишҷӯён ба бозомӯзии устодон низ таваҷҷуҳи махсус дода, дар як соли охир 11 нафар омӯзгорони донишкадаро барои гузаштани курси такмили ихтисос аз фанҳои фалсафа, диншиносӣ фарҳангшиносӣ ва забонҳои хориҷӣ ба Донишкадаи такмили ихтисоси муассисаи таҳсилоти олии касбии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон сафарбар намуд ва онҳо аз курсҳои мазкур бо дипломҳои тасдиқкунанда баргаштанд.

 

Маркази тестӣ

Аз соли 2015 дар толори калони донишкада, аз ҳисоби компютерҳои зиёдатии донишкада «Маркази тестӣ» ташкил карда шуд, ки санҷишу имтиҳоноти донишҷӯён ба таври электронӣ қабул карда мешавад. Маркази мазкур иборат аз 1 махзани иттилоот буда, бо шабакаи Интернет пайваст мебошад. Компютерҳои марказ бо барномаи тестии «Учебный процесс» муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

 

Ба ҷои охирсухан

Ба довталабоне, ки нияти таҳсил дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам — Абуҳанифаро доранд, кафолат дода мешавад, ки чун мутахассиси хуб рушд намоянд. Донишкада рисолати худро дар он мебинад, ки мусулмонони бо илму маърифат, донишманду бофарҳанг, инсондӯсту ватанпарвар ва ботақвою исломпарварро тарбия намуда, онҳоро барои хизмат ба халқу меҳан равона созад. Рамзи донишкада дар Маркази миллии тестӣ 208 буда, ихтисосҳои он дар кластерҳои 3-юм ва 4-ум ҷойгир карда шудаанд.

Биёед дар оғӯши ин боргоҳи илму маърифат ба омӯзиши илму ҳунар бипардозед ва гомҳои устувори худро дар ҷодаи пурифтихори донишу хирад бардоред.

 

«МТЖТ»

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here