Коллеҷи омӯзгории шаҳри Турсунзода яке аз беҳтарин муассисаҳои миёнаи касбӣ бо шароити мусоиди таълим буда, дар як гӯшаи хушманзари шаҳри Турсунзода ҷойгир шудааст. Муассисаи мазкур дар заминаи  Омӯзишгоҳи   омӯзгории шаҳри Турсунзода соли 2001 таъсис ёфта, соли 2012 ба Коллеҷи   омӯзгории шаҳри Турсунзода табдил дода шудааст.

Аз суҳбат бо муовини директори коллеҷ Намозов А.Т маълум шуд, ки омӯзгорон ва кормандони муассисаи таълимӣ ҳамаи дониш ва малакаи худро ба он равона кардаанд, то донишҷӯён дар оянда чун муттахассиони соҳибтаҷрибаи соҳаи омӯзгорӣ ба воя расида, ба халқу ватани худ хизмат намоянд. Дар рафти таълим дар муассиса масъалаҳои асосии баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва татбиқи барномаву стандартҳои давлатии соҳаи маориф дар мадди аввал гузошта шуда, барои таҳсил ҳама шароит фароҳам омадааст.

Омӯзгорон ва кормандони муассисаи таълимӣ фаъолияти худро дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», амру фармон ва дастурҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, Оинномаи муассиса ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-ҳуқуқии соҳаи маориф ба нақша гирифта ҷиҳати тайёр намудани мутахассисони соҳибтаҷрибаи соҳаи омӯзгорӣ саюу кушиш ба харҷ дода истодааст. Пеш аз ҳама ба роҳ мондани  масъалҳои  асосии баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва татбиқи барномаву стандартҳои давлатии соҳаи маорифро дар мадди аввал гузоштааст.

Айни замон дар коллеҷ 72 нафар корманд фаъолият намуда, аз ин теъдод 14 нафар маъмурият, 10 нафар муаллими калон, 38 нафар ассистент, ва 10 нафар кормандони хоҷагидорӣ мебошанд. Аз шумораи умумии омӯзгорон як номзади илм, як доктори PHD, 6 нафар дорои дараҷаи олӣ ва 24 нафар соҳиби дараҷаи якум мебошанд.

Шумораи умумии донишҷӯён ба 1024 нафар расидааст. Аз теъдоди умумии донишҷӯён 555 нафар дар шуъбаи рӯзона ва 469 нафар дар шӯъбаи ғоибона таҳсил менамоянд. Директори Коллеҷи омӯзгории шаҳри Турсунзода Зокирова Зулайхо Саидмуродовна мебошад.

 

Кафедраҳо ва ихтисосҳо

Дар коллеҷи омӯзгории шаҳри Турсунзода  як факултети омӯзгорӣ, шуъбаи таълим, шуъбаи илм ва муносибатҳои байналмилалӣ, кафедраи фанҳои тахассусӣ, кафедраи гуманитарию табиии риёзӣ, сиклҳои фаннӣ фаъолият мекунад ва дар доираи онҳо мувофиқи нақшаи таълимӣ ихтисосҳои зерин ба роҳ монда шудаанд:

Баъди хатми синфи 9

2- 02 03 01- Забон ва адабиёти тоҷик

2-01 02 01 — Таҳсилоти ибтидоӣ

2-02 05 01- Математика

2- 01 01 01 — Таҳсилоти томактабӣ.

Баъди хатми синфи 11

2- 02 03 01- Забон ва адабиёти тоҷик

2- 01 02 01- Таҳсилоти ибтидоӣ

2- 02 0306 01- Забони хориҷӣ (англисӣ)

2- 01 01 01- Таҳсилоти томактабӣ

2- 02 0302- Забон ва адабиёти рус

2- 02 05 01 – Математика

2- 02 05 05 – Информатика

Мӯҳлати таҳсили рӯзона 2 солу 10 моҳ ва ғоибона 3 солу 6 моҳро дар бар мегирад.

 

Базаи моддию техникӣ

Комплекси таълимии коллеҷ аз 14 синфхонаи таълимӣ, китобхона, маҷлисгоҳ, конфронсзал ва 2 майдончаи варзишӣ иборат мебошад. Дар коллеҷ як синфхонаи компютерӣ бо 18 адад компютер, 3 адад тахтаи электронӣ, 3 адад проектор ва 4 адад принтер мавриди истифода қарор дорад.

 

Китобхона

Шумораи китобҳои таълимӣ дар китобхона 1888 адад, бадеӣ 2016 адад ва электронӣ  500 ададро ташкил медиҳад. Дар давраи ҳисоботи 585 адад китобҳои бадеӣ ва 750 адад китобҳои дарсӣ харидори гардида, мавриди истифодаи донишҷӯён қарор дорад. Китобхона аз як қироатхона иборат аст, ки дорои 16 ҷои нишаст мебошад.

 

Дастовардаҳо дар озмунҳо

Донишҷӯёни Коллеҷи омӯзгории шаҳри Турсунзода пайваста дар озмунҳои гуногун ширкат варзида, борҳо ҷойҳои намоёнро ишғол намудаанд. Аз ҷумла 13 нафар донишҷӯёни  Коллеҷи омӯзгорӣ рӯзҳои 18-19  майи  соли 2018  дар шаҳри Душанбе дар олимпиадаи фаннии байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи 7 фанни таълимӣ иштирок намуда, донишҷӯйи бахши 3- юми гурӯҳи 401 Нуров Фурқат аз фанни математика сазовори ҷойи сеюм  гардид.

Раванди таълиму тарбия аз тарафи масъулин таҳти назорати доимӣ қарор гирифта, фаъолияти омӯзгорон, тарзи ташкилу гузаронидани чорабиниҳои беруназсинфӣ ва дарсҳо, иҷрои нақша, барномаҳои таълимӣ, давомоти донишҷӯён ба дарсҳо мунтазам натиҷагирӣ карда мешавад. Дар иртибот ба ин, ҷиҳати шаффофу ва дар сатҳу сифати дахлдор қабул намудани санҷишҳои фосилавӣ ва имтиҳонҳои ҷамъбастӣ миёни омӯзгорон ва донишҷӯён 2 семинари омӯзишӣ дар мавзуи “Роҳ ва усулҳои қабули санҷишҳои фосилавӣ ва имтиҳонҳои ҷамъбастӣ”гузаронида шуд.

Соли таҳсили 2018-2019 дар доираи ҳамкориҳо бо Коллеҷи гуманитарии шаҳри Петропавловски Ҷумҳурии Қазоқистон 8 нафар омӯзгор ба конференсияи байналмилалӣ фиристонида шуда, аз ҷамъбасти он омӯзгорон соҳиби сертификат гардиданд. Мақолаҳои омӯзгорон дар маҷмуаи мақолаҳои илмии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Қазоқистон ба чоп расиданд. Инчунин, донишҷӯи курси 2 Ахмедова Зулайхо  дар озмуни беҳтарин иншо дар мавзӯи  “Ҳаёт ва фаъолияти Магжан Жумабаев” иштирок намуда, соҳиби диплом гардид.

Ҷиҳати баланд бардоштани маърифати сиёсӣ ва фарҳангии донишҷӯён дар давраи ҳисоботӣ бахшида ба ҷашну санаҳои таърихӣ миёни омӯзгорону донишҷӯён дар мавзуъҳои «Проблемаҳои таълими фанҳои дақиқ дар замони муосир», «Саодати миллат аз Ваҳдат аст», «Дониш андар дил чароғи равшан аст», «Пешвои миллат-ифтихори ҷавонон», «Татбиқи низоми кредитиро омӯзиш бояд кард» 4 конфронси илмӣ-назариявӣ ва 2 семинар-машварат гузаронида шуд. Дар ин давра миёни омӯзгорони кафедраҳои фанҳои табиӣ-риёзӣ ва фанҳои тахуссусӣ дар мавзуи “Роҳҳо ва усулҳои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим” хонишҳои педагогӣ гузаронида шуд. Ҷиҳати пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ, нашъамандӣ, пошхӯрии оилаҳои ҷавон ва нақши Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ, шарҳи моҳияти “Даҳсолаи байналмилалии амал об барои рушди устувор барои солҳои 2018-2021” бо ҷалби намояндагони бахшу сохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр 4 суҳбату мулоқот гузаронида шуд.

Донишҷӯёни коллеҷ бахшида ба соли саёҳи ва рушди деҳот  дар озмуни “Гулдухтарон” иштирок намуда сазовори ифтихорнома шудаанд.

Дар соли 2018 чорабинии фарҳангӣ бахшида ба Иди Модар ва Наврӯзи хуҷастапай баргузор гардид. Дар доираи нақшаи чорабиниҳо миёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ озмуни “Гулдухтарони тоҷик” гузаронида шуда, аз натиҷаи он донишҷӯёни коллеҷи мазкур ҷойи дуюмро ишғол намуданд. Агарчӣ чунин мисолҳо хеле зиёданд, вале бо овардани ҳамин чанд мисол қаноат мекунем.

 

Ҳамкориҳои байналхалқӣ

Аз суҳбат бо маъмурияти муассиса маълум шуд, ки Коллеҷ дар баробари ҳамкорӣ бо муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо якчанд макотиби олӣ ва муасисаҳои олӣ ва миёнаи касбии хориҷӣ, аз ҷумла Федератсияи Россия ҳамкории мутақобилан судмандро ба роҳ мондааст. Дар доираи хамкориҳои мазкур 6.03.2018 бо Намояндагии Агентии Федералӣ  оид ба Иттиҳод (Россотрудничество)  дар  коллеҷ семинар доир ба баланд бардоштани малака  ва маҳорати омӯзгорони фанни забони  русӣ   баргузор гардид. 3 нафар омӯзгорон аз санаи 06.04.2018 сол то 08.04.2018сол  дар семинари низоми фосилавӣ,  ки  дар Донишгоҳи тиҷоратӣ  ва  гумруки Тоҷикистон  баргузор гардид, ширкат варзида  соҳиби  сертификат гаштанд.  Бояд қайд, ки аз тарафи Агентии Федералӣ оид ба Иттиҳод (Россотрудничество) ба миқдори 8000 сомонӣ  дастурҳои  методӣ,   китобҳои  дарсӣ ва СД дискҳо тақдим  карда шуд. Соли таҳсили 2018-2019 дар доираи ҳамкориҳо бо Коллеҷи гуманитарии шаҳри Петропавловски Ҷумҳурии Қазоқистон 8 нафар омӯзгор ба конференсияи байналмилалӣ фиристонида шуда, аз ҷамъбасти он омӯзгорон соҳиби сертификат гардиданд. Мақолаҳои омӯзгорон дар маҷмуаи мақолаҳои илмии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Қазоқистон ба чоп расиданд.

Дар соли таҳсили 2018-2019  12  нафар омӯзгорони фанни  забони русӣ    ба курси такмили ихтисос ва бозомӯзии касбӣ ба Донишкадаи Славянии Тоҷикистону Россия  равона карда шуда, дорои сертификати Россия шуданд.

 

Чорабиниҳо барои баланд бардоштани маърифати сиёсӣ

Омӯзиши мо нишон дод, ки дар коллеҷ барои баланд бардоштани маърифати сиёсӣ ва фарҳангии хонандагон таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуда, барои пешгирӣ кардан аз ҷалби ҷавонон ба ин ё он гуруҳҳои ифротӣ ва ҳизбу ташкилотҳои экстримеистӣ чорабиниҳои гуногун ба роҳ монда шудаанд. Ҷиҳати пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ, нашъамандӣ, пошхӯрии оилаҳои ҷавон ва нақши Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ, шарҳи моҳияти “Даҳсолаи байналмилалии амал об барои рушди устувор барои солҳои 2018-2028” бо ҷалби намояндагони бахшу сохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр пайваста суҳбату мулоқот гузаронида мешавад.

 

Дарсҳои таҷрибавӣ

Дар коллеҷ ба бахши таҷрибаомӯзӣ диққати махсус дода шуда, бо 120 муассисаҳои таълимии шаҳри Турсунзода шартнома ба имзо расонида шудааст.  донишҷӯёни гурӯҳи  Коллеҷи омӯзгории шаҳри Турсунзода ба  таҷрибаомӯзии таълимӣ, истеҳсолӣ ва пешаздипломӣ ба  мактабҳои шаҳру ноҳияҳо, боғчаи кудакона, истироҳатгоҳои кудакона равона  карда машаванд. Ҳамзамон бо Ширкати Алюмини тоҷик шартнома барои гузаронидани таҷрибаомӯзии истеҳсоли доро мебошад. Инчунин аз  тарафи   маъмурияти коллеҷ донишҷӯён ба мактабҳои   базавие фиристода мешаванд, бо коллеҷ шартнома доранд.

 

Дастгирии ятимон

Дар Коллеҷи омӯзгории шаҳри Турсунзода се нафар донишҷӯёни ятими кулл таҳсил мекунад, ки онҳо бо идрорпулӣ таъмин буда, инчунин аз тарафи маъмуяти коллеҷ ба онҳо дар таъмини сару лисбо низ кӯмак расоида мешавад.

 

Ба ҷои хулоса

Дар Коллеҷи омӯзгории шаҳри Турсунзода ба дараҷаи тахассуси донишҷӯён таваҷҷӯҳи махсус зоҳир карда шуда, хатмкунадгон бо тахассуси омӯзгор тибқи роҳхати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муассисаҳои таълимӣ, боғчаи кӯдакон  ба кор фиристода мешаванд.

Вақте аз директори коллеҷ пурсон шудем, ки ба довталабоне, ки дар оянда нияти таҳсил дар  Коллеҷи омӯзгории шаҳри Турсунзодаро доранд, чи таманниёте доред, гуфтанд: Коллеҷи мо дорои ҳамаи имконият ва шароитҳо барои таҳсил буда, базаи пурқуввати моддию техникӣ, синфхонаҳои таълимии бо аёниятҳо муҷаҳаз гардида ва устодони соҳибтаҷриба ба довталабон кафолат медиҳанд, ки чун мутахасиси хуби соҳаи омӯзгорӣ тарбия хоҳанд ёфт. Онҳое, ки мехоҳанд, баъд аз хатми коллеҷ таҳсили худро дар муассисаҳои олии кишвар идома диҳанд, ба тариқи суҳбат қабул карда мешаванд. Рамзи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Турсунзода дар маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 505 мебошад.

МТЖТ

Добавить комментарий