Ин матлаб ба идораи ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» фиристода шуда буд, вале чоп накарданд.

Дар шумораи 17-уми ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» мақолаи Толиби Луқмон — «Сухан гуфтан на осон аст ин ҷо» ҳамчун нақди адабие ба маҷмуаи дастаҷамъии «Наврӯзи Зарафшон» чоп шуда буд. Мунаққиди ҷавон дар ин мақола ба «нодурустии забону баён»-и ду шеъри ман низ эрод гирифтааст. Вай байтҳоро аз матни шеърҳо ҷудо кардаву саҳеҳ ҳам нахондааст. Масалан, дар шеъри «Бо лабат ҷонам нигоҳаш дор», ки чунин сар мешавад:
То бибӯсад аз лабонат, бар лаб омад ҷони ман,
Нуқтаи холаш агарчи нақс бар имони ман.
Бӯс-бӯсе кард агар майле ба сӯи ғабғабат,(ғабғабаш — Толиб)
Дар лабам бо лаб нигоҳаш дор он исёни ман…
Толибро таркиби ”тоза”-и ”бӯс-бӯсе” ба ҳайрат овардаасту ҳоли ӯ ”булаҷаб” шудааст. Толибе, ки ҳоло дар ҷустуҷӯи худ ва нақд асту маро хуб ҳам мешиносад ва шояд ин эродҳояш ҳам аз маро хуб шинохтанаш аст, дарк накардааст, ки “бӯс-бӯсе”ҳамон “бӯсида-бӯсида” ҳасту бас ва дар шеър бо тақозои вазн шакли “бӯс-бӯсе”-ро гирифтааст. Толиб ҳатто “ғабғабат”-ро аз ”ғабғабаш”, аз серкорӣ ё сарсарикорӣ фарқ накардааст.
Ба байти дигари ҳамин шеър:
То кунанд азхуд, ба нахли беша бигзоранд пай,
Кош бигзорад ба лабҳоят пайе дандони ман
эроди дигаре гирифтааст: «То кунун дар шеър лаб ба нозуктарин ва зеботарин унсури табиат (узви бадан!- Қ. Б.) монанд карда мешуд, бори аввал мебинем, ки ба нахл ҳам монанд мешудааст».
Ба ходими адабие, ки ҷои кораш чунин идораи муътабар аст, надонистани маънои «унсур», ки “модда” аст, айб аст, айб! Дар куҷои ин байт ман лабро ба нахл монанд кардаам? Баракс, дар ин ҷо ман пайгузорӣ бо бӯса ба лаби маҳбубаамро бо пайгузорӣ ба танаи нахл монанд кардаам, ки ба ҳар хонандаи беғараз ва солимфикр возеҳу рушан аст.
Дар ҳақиқат, то наздикиҳо дар деҳаҳои куҳистони водӣ мардум ба танаи дарахтони сарву санавбару арчаҳо бо табар пайе мегузоштанд, ки маънояш “азони ман” гуфтан буд. Мақсади ман ҳам дар он байт он буд, ки агар пайе ба лаби маъшуқаам гузорам, ки дар шеър рамзист, ӯ то абад маҳбубаи ман бояд бошад, яъне ӯ банд аст, бо ман аҳду паймон кардааст.
Такрор мекунам: Ман пайгузорӣ (!!!) ба нахлро ба пайгузорӣ (!!!) бо бӯса ба лаби маъшуқа ташбеҳ додаам, ки ба хонандаи закӣ ҳам возеҳ аст.
Байти дигареро ҳам Толиб аз рӯи ҳиммати худ маънидод кардааст, ки боз ҳам қабули мо нест. Байт чунин аст:
Хандапошии туро мечидамаш,
Аз лабони лаълат, аз рӯю ҷабин.
Мунаққиди навпешаи мо дар ин ҷо ҳам андешаи солиме накардааст. «Хандапоширо аз рӯю ҷабин чидан воқе(ъ)ан фавқулода корест!”,- менависад ӯ.
Оё бо эҳсоси баланд қақарос задаву хандидани маҳбуба, ки дар натиҷа рӯю ҷабини ӯ дилрабою бӯсиданӣ мегардад, бӯсапошию бӯсидани ошиқ хандачинӣ нест? Агар ошиқ хандаҳои маҳбубаашро аз лабу рӯю ҷабини ӯ начинад, пас, аз куҷои ӯ чинад? Туро намедонам, вале ҳар касе, ки мардие дораду ошиқ шудааст, бӯсачиниҳо ҳам кардааст. Ҳатто аз пайи пову хоки роҳи дилбарон ошиқони содиқ бӯсаҳо мечидаанд. Тавре Хоқонӣ фармудааст:
Дилҳои хунолуда бин, бар хоки роҳат бӯсачин,
Ман хоки он хокам, ҳамин бӯси таманно дошта.
Ин байтро аз саҳифаи 219-и ҷилди якуми «Фарҳанги забони тоҷикӣ» иқтибос овардаам. Толиб хонандаро ба хатофаҳмӣ талқин намуда, менависад: «Дар шеъри дигар, шоир забонашро ба
роҳи дилбар пойандоз мекунад». Хонандаи азизи ман ва худат низ, Толиб, акнун ба байтҳои зери шеъри “Салом, эй шеър” нигаред:
Салом, эй шеър, бар ёд омадӣ боз,
Салом, эй мурғи хушхону хушовоз.
Биё, бар қалби саршорам зи меҳрат
Забонам аз бароят пойандоз…
Забонамро ба кӣ пойандоз карда будаам, ба шеър ё ба дилбар?
Агар ҳадаф чирк аз зери нохун кофтан бошад, биёед, бо як шеъри худи Толиб шинос шавем (афсӯс, фақат як шеъри ӯро дастрас карда тавонистам, бо номи “Муждаи навбаҳор”, ки он як шеърак ҳам пур аз хатост):
Духтаракони содадил, покруху кушодадил…
Хониши дилпазирашон, рӯҳфизо сафирашон.
Дар ин ҷо Толиб ”сафир”-ро ҳаммаънои сурудхонии “духтаракон” фаҳмидааст, ҳол он ки, “сафир” хонишу чаҳ-чаҳи мурғон аст.
Ва боз:
Кафтаракони ошно дар лаби гӯшабоми мо
Гарми фасонагӯию бӯсаву ишқбозиянд
Нӯл ба нӯлу бар ба бар.
“Гӯшабом” худаш лаби бом аст, мисраи ”нӯл ба нӯлу бар ба бар” мантиқан нодуруст буда, кабӯтарро бар (паҳлуи баданаш) пас аз пар меояд.
Ва боз дар ҳамин шеър:
Даст ба дасти ҳам диҳад, пой ба рӯи ғам ниҳад
Шоҳу арӯси хушгиле зери дарахти пургуле
Шона ба шона, сар ба сар.
Яъне, шоир дар ин ҷо гуфтанист, ки шоҳу (домод) арӯси хушгил зери дарахти пургул даст ба дасту шона ба шонаву сар ба сар ниҳодаанд. Дар ин ҷо ӯ бояд пас аз ”даст ба даст” ба ҷои ”сар ба сар”, ки муғлақ аст ”рӯ ба рӯ” мегуфт, вале аз сабаби он, ки “рӯ ба рӯ”-и бечора бо ”дар ба дар”-и охири шеър ҳамқофия намешавад, ин дарди сарро (қофияро) бо навиштани ”сар ба сар” рафъ кардааст, ки ҳунар нест! Шона ба шона ниҳодани арӯсу шоҳ низ хеле аҷиб аст. Шона, ки ноҳияи паси қафаси сина, яъне ду белак аст, хонандаро водор менамояд гумон кунад, ки он “шоҳу арӯси хушгил” пушт ба ҳамдигар гардонида будаанд ва пушт ба шеър гардонидани Толибро ҳам шояд ифода кунад, ки хеле рамзист.

Қаҳрамон БУРҲОН

 

 

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here