Дар зиндагӣ, инсоният ҳамеша ниёзманди навозиш аст, аз ин рӯ, эҷодиёт ва ҳунарро дар масири таърих бештар таваҷҷуҳ карда, ағлаб густариш додааст. Вақте мо ба таърих рӯ меорем, дар тамоми давру замон махсус санъат ва ҳунар нисбати дигар касбу кор баргузидатар дар чашм ҷилва мекунад. Аз ин бар меояд, ки санъат ниёзи инсонҳоро ҳам ҷисман ва ҳам руҳан бароварда мекунад ва зиндагиро ба чашми эшон зебову дилнишин мегардонад. Ба ҳамагон таърихи пайдоиши санъати мусиқӣ, ба таври асрорангез то ба имрӯз боқӣ мондааст, зеро касе мушаххасан гуфта наметавонад, ки пайдоиш ва зуҳури санъати мусиқӣ, аз кадом даврон оғоз ёфтааст. Ба андешаи мо дар замони пайдоиши одаму олам санъати мусиқӣ низ вуҷуд дошт. Бояд зикр кард, ки нисбати соири миллатҳову халқиятҳои рӯи замин, миллати мо бештар ба санъати мусиқӣ алоқамандӣ дошту дорад. Мероси санъати мусиқие, ки имрӯз ба мо аз гузашта мерос мондааст, худ баёнгари ин гуфтаҳост. Яке аз он меросҳо “Шашмақом” аст, ки то имрӯз барои мардуми мо муътабар аст. Дар санъати суннатии Шашмақом, мо зиёд ҳунармандон ва сарояндагони мумтоз дар гузаштаву имрӯз доштему дорем.

Сабоҳат Наҷмиддинова яке аз сарояндагони маъруф ва муваффақи риштаи Шашмақом аст, ки мардум санъату ҳунари ӯро писандидаву дӯст доштаанд. Мавсуф дар тӯли фаъолияти эҷодии хеш тавонистааст, ки дар ин жанри мусиқии суннатӣ, саҳми арзадаи хешро гузорад. Бетардид, Сабоҳат эҷодиёти мондагоре аз худ аллакай боқӣ гузоштааст. Сабоҳат, аз пешаи интихобкардааш мегӯяд, пӯшаймон нест, чун мавсуф андеша дорад, ҳеҷ чизе авлотар аз хидмати мардум нест. Илова бар ин, ӯ хушбахтии хешро дар он медонад, ки дар такмил ва инкишофи санъати суннатии миллати хеш заррае ҳам бошад, саҳм гузоштааст. Дар ҳақиқат Сабоҳат Наҷмиддинова натанҳо сарояндаи хуб, балки инсони ҳалим ва заминӣ дар ин росто низ мебошад, ки ҳамкасбон ва шахсоне, ки бо ӯ ошноӣ ва дӯстӣ доранд, ин андешаи моро тасдиқ менамоянд.
Дар баробари эҷоди оҳангу суруд, Сабоҳат Наҷмиддинова боз дар Консерваторияи миллӣ ба тарбияи сарояндагони ҷавон машғул мебошад. Сабоҳат дар ин даргоҳи олами ҳунар чанд сари сол аст, ки ба ҷавонон нозукиҳои санъати мусиқиро меомӯзонад. Аллакай, шогирдони ӯ ба дараҷаи устодӣ расидаанд ва дар инкишофи мусиқии миллӣ хидматҳои шоён карда истодаанд. Сабоҳат аз он меболад, ки тавонист шогирдони зиёдеро тарбият намояд, то барои давлату миллат хидмат шоистае бикунанд. Аз мактаби эҷодии Сабоҳат ҳунармандони барҷаста ва олимақом баромадаанд, ки бешак саҳми Сабоҳат дар тарбияи эшон калон аст.
Хулоса, хидматҳо ва заҳматҳои Сабоҳат Наҷмиддинова дар олами санъати мусиқии миллӣ хеле бузург аст. Ва ин хидматҳои ӯ албатта, шоистаи арҷгузорӣ мебошад. Қадру манзалати ҳунармандони асилро донистан ва бар эшон арҷ гузоштан, дар мардуми мо дар гузашта ва имрӯз буду ҳаст. Аз ин лиҳоз, Сабоҳат Наҷмиддинова сарояндаи маҳбуби халқ, ин хусусияти халқи хешро хуб дарк карда, барои эшон аз таҳти дил ва бо тамоми ҳастӣ суруду оҳангҳои ҷолиберо офаридаасту меофарад, то мардуми санъатдӯстдор аз он ҳаловат бибаранд ва то ҷое аз ғуссаҳову ранҷҳои зиндагӣ амон ёбанд.

Фарзонаи УМАРАЛӢ

Добавить комментарий