(Лавҳае аз рӯзгори яке аз накӯмардони балогардон, ҳимматбаланду саховатпешаи Фалғар Ҳоҷӣ Абдуқаюм Синуъмонзода)

 

Ин ду рӯзе, ки ҳаёт аст, чунон бояд зист,

Ба халоиқ каму беш саное бирасад.

Вақти рафтан чу расид, низ чунон бояд рафт,

Ки зи бегонаву аз хеш дуое бирасад.

Деҳаи Урметан дар канори яке аз шохаҳои пур аз ҷӯшу хурӯши дарёи Зарафшон, ки аз дараҳои Мастчоҳ ва Фон сарчашма меёбад, маскан гирифтааст. Куҳсорони сарафроз, арчаҳои серсабз, гулбуттаҳои хуштаровату чаҳ-чаҳи булбулону қаҳ-қаҳи кабкони дарӣ деҳаи Урметанро дар фасли баҳору тобистон пероста месозанд. Ана ҳамин гуна зебоӣ ва қашангӣ дили мардуми деҳро ба хокдони Фалғар гарму пайванд месозад. Ва ин ҷост, ки мардони Фалғар ғаюру гарданшах, ба сони куҳсорони ин ҷо ва шоиронаш бо хуни ҷигар дар тараннуми Фалғар нидо мебардоранд:

Тилло нахоҳад Фалғарӣ, рӯди Зарафшонаш бас аст,

Мардро дар ин дарё гуҳар, номард нопайдо хас аст.

Барҳақ, дар чунин ҷову макон номард намерӯяд ва рӯяд, ҳамчун хаси рӯи дарё ба зудӣ нопайдо мегардад.

Лавҳаи гуфтори мо дар тараннуми марди мардон, накӯмарди балогардони Фалғар, сахидаст, баландҳиммат, тоҷири шинохта, зодаи деҳаи Урметани ноҳияи Айнӣ Ҳоҷӣ Абдуқаюм Синуъмонзода аст.

Ҳоҷӣ Абдуқаюм Синуъмонзода соли 1949 дар деҳаи Урметани ноҳияи Айнӣ ба дунё омадааст. Падараш — бобои Муллосинуъмонзода деҳқони оддӣ буд. Як бурида нонро бо заҳмати дастон меёфт. Солу замони он давр душвориҳои зиёд дошт. Водии Фалғар нав аз тохтутоз ва бедодгариҳои босмачиҳо раҳоӣ ёфта буд. Ҳукумати Шӯро нав ба нав қадамҳои тоза ба сарзамини куҳистони Зарафшон мегузошт. Мардум нафаси озоде накашида, ҷанги хонумонсӯзи Германияи фашистӣ оғоз ёфт. Пиру барно заҳмат мекашиданд, то рӯзие барои худ ва донае ба кӯмаки ҷанговарон ба ҷабҳаҳои ҷанг бифиристанд. Ин ҳама сахтиҳоро халқи пуртоқат ва обутобёфтаи куҳистон паси сар намуданд. Ҷанг бо ғалабаи Шӯравӣ 9-уми майи соли 1945 анҷом ёфт. Зиндагӣ боз рӯ ба ободӣ ниҳод. Ба гуфти Шоири халқии Тоҷикистон устод Қутбӣ Киром:

Ҷанг охир гашт, аҳли кишварам масрур шуд,

Хонаҳо аз нозу неъмат пур бишуд, маъмур шуд.

Ман калон гаштам, кунун олам расад бар доди ман,

Лекин он бӯйи муаттар кай равад аз ёди ман?

 

Тифлию домони модар…

Ва инак, орзуи Синуъмону ҳамсарашон Ашурбибӣ аз боргоҳи Худованди муттаол додрасӣ ёфт. Кӯдаки чоруме ба дидор моҳи шаби тор ва ба бозу Рустами Парвардигор ба дунё омад. Муллосинуъмон ин тифли некқадамро Абдуқаюм номгузорӣ намуд. Ба як мазмун, ба ин навзод ҳар кӣ назар мекард, ба дил тараннум менамуд:

Сабри бисёр бибояд падари пири фалакро,

То дигар модари гетӣ чу ту фарзанд бизояд.

Аз ин ҷо оғоз мешавад «домони модару хокбозӣ, харсаворӣ ва чун сарв ба авҷ сар кашидан»-ҳо.

Зоти инсон аз Одаму Ҳаво ибтидо гирифта. Парвардигор сарнавишти онҳоро бо шарти «оянду раванду боз оянду раванд» рақам зада.

Абдуқаюм номгузорӣ шуда буд ӯ. Ҳангоми чашм ба ин дунё во намудан, чун кулли инсонҳо бо панҷаҳои фишурда ва бо дидаҳои гирён ин ҷаҳони фониро пазироӣ кард. Волидайн ин шербачаро бо хандаву шодӣ ва шукрона аз даргоҳи Ҳақ ба мағзи дилу ҷон қабул карданд.

Ин тифли нозпарвари падару модар дар иҳотаи меҳру муҳаббати се бародар — Акрамбой, Сӯфибой, Луғмонбой айёми кӯдакиро беғаш ва пур аз дӯстдорӣ паси сар намуд. Оилае пур аз нишот ва лабрез аз хандаҳои беғаши кӯдакона бунёд шуд.

 

Рӯ ба маърифат

Мактабу маориф дарҳои илму маърифатро барои фарзандони халқ боз намуд. Абдуқаюм ба мактаб рафт. Рӯз то рӯз бо завқу ҳаваси маърифатомӯзиаш диққати муаллимонро ба худ ҷалб намуд. Дар фанни риёзӣ бар ҳамсинфон дастболо мешуд. Дарки шеърфаҳмӣ ва шеъразёдкуниаш ба дараҷае расид, ки достони «Ҷони ширин»-и Шоири халқии Тоҷикистон, устоди зиндаёд Мирзо Турсунзодаро пурра аз ёд намуд. Омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик Самаров Шарофиддин ба ӯ аҳсан хонд. Дар корҳои ҷамъиятӣ ва озмунҳои ноҳиявӣ ширкат варзида, ба ифтихорномаҳо сазовор мешуд.

Инак, Ҳоҷӣ Абдуқаюм мактаби миёнаро бо баҳои аъло хатм намуда, ҳуҷҷатҳояшро ба Техникуми савдои шаҳри Хуҷанд супорида, бо сари баланд дохил шуд. Техникуми савдоро сарбаландона хатм намуда, ба Универмаги шаҳри Душанбе роҳхат гирифт ва корро оғоз кард.

 

Тиҷорат суннати пайғамбарист

Шояд тиҷорат ихтисос набошад. Вале риояти як шарт метавонад тоҷирро соҳибэҳтиром ва соҳибном гардонад. Ин ҳам бошад, дилу нияти пок. Сатрҳои мо бобати шахси некрой ва тоҷири соҳибном Ҳоҷӣ Абдуқаюм идома дорад. Ин марди нияти пок дошта баъди итмоми мактаби тоҷирӣ ҳангоми кор дар Универмаги шаҳри Душанбе бо ширинзабонӣ, хоксорӣ, муомилаи нек дар байни тоҷирон ва мардум соҳибэҳтиром гардид. Аз фурӯшандаи оддӣ то ба мақоми намоён дар ҷамоати деҳоти Урметан фаъолият кард. Дар куҷое кор кард, ба бою камбағал назари воҳид дошт. Марде буд якдилу якрӯй. Ӯ дар кору амали савдо дасту дили пок дошт. Аз ин ҷост, ки соҳибэҳтиром ва шинохта шуд. Ва албатта, ин ҳама талошу такопӯи ӯ дар ҷодаи савдову тиҷорат аз рӯи ҳавову ҳавас набуд. Ҳоҷӣ Абдуқаюм дилбохтаи касби хеш буд. Умре дар ҳамин ҷода қадам мезад. Ва аз ҳама муҳимаш, молики таҷрибаи ғании тоҷирӣ буд, ки ин бештар аз ҳар гуна маълумотдорист. Ҳоло замоне омадааст, ки ҳар кӣ роҳ рафта метавонаду чашми бинову даст дорад, худро ба роҳи тиҷорат задааст. Вале на ҳар кас дар ин ҷодаи нозуку мушкил соҳибному соҳибнон мегардад. Зеро тиҷорат — ин маънои «рав матоъ арзон хару қиммат фурӯш»-ро надорад. Кори савдоро метавон савдои умр ҳисобид. Як амали ноҷуру нодуруст касро метавонад беобрӯву бадном созад. Фарқияти кордонии Ҳоҷӣ Абдуқаюм аз бархе тоҷирон дар он буд, ки Ҳоҷӣ-ако шахси дидадаро, покниҳод ва хушмуомила буданд. Ҳоҷиро дар ҳаёт чанд маротибае дида бошем, чеҳракушода ва бо табассум дарёфтаем. Барои касби тоҷирӣ чеҳраи кушода, дили беғаш ва табассуми самимӣ худ як паҳлуи умдаи кор хоҳад буд. Ва аз ин ҷост хислати худодод ва дӯстдори пиру барно гаштани Ҳоҷӣ Абдуқаюм. Ҳама гуфтору нақшаҳои Ҳоҷӣ ҳарфи ободиву талоши кордорӣ буд. Шояд дар ҳаққи чунин родмардон фармудаанд:

Чу дар рӯи замин бошӣ, тавоноӣ ғанимат дон,

Ки даврон нотавониҳо басо зери замин дорад.

 

Ҳоҷӣ ҳиммати баланд дошт

Бандагони Худо тӯли рӯзгори башар борҳо собит сохтаанд, ки инсон бо нерӯи ақлонии худ дар муддати дурӯза ҳаёти хеш метавонад амалҳои хайру азимро ба субут расонад, ки гоҳе халқ бо дастҷамъӣ наметавонад ин заҳмати як нафарро умре анҷом бахшад. Мо борҳо мушоҳида кардаем, ки Ҳоҷӣ Абдуқаюм дар рафтору хислат якоин, ҳамеша бурдбор буд. Оини мардӣ, оини накӯкорӣ, ки ин амалҳо Ҳоҷиро миёни мардум ҳамчун Ҳотами Той ошно намудааст. Бо ҳама дороӣ шодравон Ҳоҷӣ-ако ҳамеша як хел буд, хоксору заминӣ. Дӯстдори мардуми куҳистон ва мухлиси сарсабзии ватан буд. Шояд аз дили ӯ ин гуна эҳсос, ки шоири шаҳири тоҷик, устод Қутбӣ Киром гуфтаанд, садо дода бошад:

Намегирам дусад Руму Вашингтон,

Ба як санги сиёҳи Тоҷикистон.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми солонаи хеш солҳои 2019-2021-ро «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон намуданд. Аз ҳамин лиҳоз, Ҳоҷӣ Абдуқаюм шукри Пешвои муаззам, шукри давлату Истиқлол намуда, камари ҳиммат баста, дар мудати кӯтоҳ кӯчаву роҳҳои автомобилгарди гузари Ванҷро асфалтпӯш ва чароғон намуд. Инчунин, бинои барҳавои меҳмонхона, ҷанозахона, барои чорвои халқ сарой бо тамоми шароити будубош бунёд намуд. Марди саховатпеша Ҳоҷӣ Абдуқаюм барои болопӯш намудани бинои толори варзишӣ, ба хонандагони камбизоат бобати маблағи китоби дарсӣ, сарулибоси мактабӣ ҳиссаи ҳотамонаи худро гузоштанд. Мағозаи сохтмониро барои истифодаи мардум кушоданд. Гирду атрофи қабристонро, ки водии хомӯшон ном гирифтааст, панҷара баста, ҷои нишасти мардумро болопӯш намуданд. Ин аз ҳимматбаландии Ҳоҷӣ шаҳодат медиҳад, ки дар ҳаққи чунин мардони ростраву саховатпеша шоири забардасти тоҷик, устод Қутбӣ Киром чӣ хуш гуфта:

Дар канори боғ руста он сафедорам, ки умре,

Рост рафтам, қад кашидам, чашми дунёбин кушодам.

Гоҳ таксинҷ, гоҳ шаҳпул, гаҳ сутун, гаҳ васса гаштам,

Ҳар куҷо ҳам хешро бар хизмати мардум ниҳодам.

 

Ба пои меҳмон хоҳам кашид…

Бо боварии комил ва шукуфтатарин эътимод мегӯем: Чеҳраи Ҳоҷӣ Абдуқаюм дар оинаи дили мо ҷавонмардӣ, дилёбиву дилшиносӣ, меҳмондориву маданияти дастархондорӣ ва меҳру дӯстиро ба тобиш меорад. Ӯ марде буд, ки беҳтарин инсони комил буда, вижагии аввал ширинзабонии ӯ, дилдарёбии ӯ, ҷӯёӣ ва фаъолияташ дар пешрафти ҷомеа буд. Ҳоҷӣ Абдуқаюм инсони шариф, бо кору пайкору аъмоли нек ва хислатҳои фарзонааш ҳамчун шиносномаи зодбуми диёри хеш эътироф гардидааст. Ӯдӯстписанду серошно, дастархондору намакшинос буд. Ҳоҷӣ Абдуқаюм то ҷон дар қабзаи аҷал дошт, поси ошноиҳо мекард, соҳибдил буд. Услуби ба худ хосу нотакрор дошт. Байти зерини устоди шодравон Турсунзода ҳамарӯза вирди забони ӯ буд:

Дӯст ояд, гарм дар оғӯш гир,

Расми хуби тоҷиконро гум макун.

Бояд ёдовар шуд, ки мо шоҳиди меҳмондории шоирон Қутбӣ Киром, Лоиқ Шералӣ, Мастон Шералӣ, Субҳон Туйғун, Мирзо Маҳмуд дар хонаи Ҳоҷӣ Абдуқаюм будем. Баробари қадам ба хонаи Ҳоҷӣ-ако ранҷа кардан, дӯстону наздиконашон устодонро пешвоз гирифтанд. Инсони поксиришт, раҳматии Ҳоҷӣ Ҳалимбой «зиндагӣ дар назм» гуфта, бо байти ноби Сайидои оламшумул меҳмононро хайрамақдам намуданд:

Дар дӯстӣ мулоҳизаи маргу зист нест,

Душман беҳ аз касе, ки намирад барои дӯст.

Соҳиби меҳмонҳо Ҳоҷӣ Абдуқаюм овоз баланд карда, байти Сайидои муаззамро қироат намуд:

Шуд мунаввар аз қудуми дӯстон кошонаам,

Хона фонус асту меҳмон шамъу ман парвонаам.

Баробари нишастан гирди дастархони Ҳоҷӣ-ако устод Лоиқ байти пири шоирони Аҷам устод Рӯдакиро қироат намуданд:

Некбахт он, ки нон бидоду бихӯрд,

Бадбахт он, ки надоду нахӯрд.

Устод Қутбӣ чунин изҳор карданд: «Офарин Абдуқаюм, воқеан маҳаллаи Ванҷи деҳаи Урметан аз қадим бо дастархондорӣ, меҳмондорӣ, кулчаҳои ширмол, фатирҳои калони бомазза, нонашон сурати хуршедро мемонад. Аз ҳамин нон ва хуршед тавъаманд, нон парвардаи хуршед аст. Тоҷикон нони худро дар сурати хуршед ороста, дар рӯи дастархон мегузоранд. Сайидои нотакрор бо ҳама он гӯшанишинию риндӣ гӯё аз сари минбари баланде сӯи мо ҳар рӯз хитоб дорад:

Агар имрӯз дасти худ ба нон додан алам созӣ,

Зи хуршеди фазоӣ бар сарат чодар шавад рӯзе».

Дар болои миз дастархони пуранвое чун боғоти Урметани водии Зарафшон густурда буданд. Накҳати таомҳои хушлаззату меваҳои рангоранг машомро муаттар сохта, иштиҳои касро даъват мекард. Нонҳои аз орди гандумӣ пухташуда чун қурси офтоби тобон ҷилва доштанд. Устод Қутбӣ Киром ба шавқ омада, як нони калонро аз рӯи дастархон бардоштаву ду булак карда, ба устод Лоиқ ишорат намуданд:

Рӯи дастурхон ба ғайри ҷони одам шири мурғ,

Ҳар чӣ хоҳӣ, ҳаст, додар, иштиҳо даркору бас.

Баъди суҳбати шоирона ва нӯшбодиҳову шеърхониҳо устод Қутбӣ арз намуданд:

— Мирзо Маҳмуд, шумо ҳам мизбон ҳастед, бо Абдуқаюми меҳмондор ҳамсоя мебошад. Моро як хандонед, то даме биосоем зи дунёву шару шураш.

— Ман шумоёнро чӣ хел хандонам?… Ҳамаатон пойҳоятонро дароз кунед, то кафи пойҳоятонро хорам …

— Офарин Мирзоҷон!,- базавқ хандиданд нишастагон.

Баъди меҳмондорӣ устод Лоиқ арз намуданд, ки «меҳмондор бошад, мисли Абдуқаюм бошад. Дастархони пури нуқли ҳаёт. Ба Шумо, хонаводаатон хурсандӣ, тани сиҳат, ба хизматкардагон сабз андар сабз хушиҳои рӯзгорро таманно дорем».

Риштаи суханро Ҳоҷӣ-ако гирифта, изҳори хурсандӣ намуданд, ки «шумо — шоирони шинохта моро хеле хурсанд кардед, лаззати маънавӣ бахшидед. Аз дидори шумо хеле шод шудем. Хуш омадед, меҳмонони азиз!». Ва андаке шарм намуда, чунин байтеро қироат карданд:

Мизбонҳо пеши меҳмон симу зарҳо мекашанд,

Ман сари худро ба пеши меҳмон хоҳам кашид.

 

Оилаи намуна

Дар деҳаи Урметан оилаи Ҳоҷӣ Абдуқаюмро ҳамчун оилаи намунаи ибрат мешиносанд ва эътироф мекунанд. Воқеан, ин марди хирад фарзандонашонро дар руҳияи одоби ҳамида, худшиносӣ, ватанпарварӣ, маърифатнокӣ ва иззату эҳтироми одамон тарбия намудаанд. Ҳангоми дар мактаби миёна хондани фарзандонашон ҳар ҳафта ба муассисаи таълимӣ омада, адаб ва донишандӯзии онҳоро пурсон мешуданд. Подоши тарбия ин буд, ки фарзандони Ҳоҷӣ-акоро дар маҷлисҳои падару модарон тавсиф мекарданд ва соҳиби ифтихорномаҳо мегардиданд. Ба мактаб омада, бо чеҳраи пур аз табассуму меҳр бо омӯзгорон вохӯрдаву ҳамсуҳбат мешуданд. Дар дарсҳои онҳо ширкат меварзиданд, аз донишандӯзӣ ва одоби фарзандонашон воқиф мешуданд. Масъулиятшиносӣ ва тарбияи Ҳоҷӣ-ако самара овард. Ҳамаи фарзандонашон баъди хатми мактаби миёна ба донишгоҳҳо дохил шуда, соҳиби маълумоти олӣ гаштанд. Ҳалолаш бод! Дар зиндагӣ мард бояд ҳамчун падар некномиро ба даст орад. Ҳоҷӣ Абдуқаюм чунин хислату тарбияро ҳамчун мероси падар гузоштанд ва ҳар яке аз ҷигарбандонашон паси кори рӯзгор ҳамеша дар талошанд.

Ногуфта намонад, ки соли 2017 оилаи Ҳоҷӣ Абдуқаюм дар маҳаллаи Ванҷи деҳаи Урметан ҳамчун оилаи беҳтарин муаррифӣ шуд. Ин подоши тарбияи фарзандон, накӯкорӣ ва саховатмандии Ҳоҷӣ-ако мебошад. Аз ҳамин нуқтаи назар, Расули Худо (с) фармудаанд: «Худованд иддае аз бандагонашро ба хотири ҳоҷати бандагонаш биёфарид. Инҳо шефтаи эҳсонанд ва саховату накӯкориро бузургворӣ донанд ва Худо дӯстдори ахлоқи накӯст”.

 

Интиҳои ман ҳамин як марг нест…

Дар навбаҳори хуррамӣ, дар тирамоҳи пурғамӣ,

Одам мурад, оҳу даме, ҳайфу дареғи одамӣ.

Гоҳе баҳористон равад, гоҳе нигористон равад,

Охир мазористон равад, ҳайфу дареғи одамӣ.

Аз остон оғози ӯ, то осмон парвози ӯ,

Охир лаҳад анбози ӯ, ҳайфу дареғи одамӣ.

Дар айёми баҳори гулфишони соли 2019 шоҳмарде, сахимарде аз роҳи мардӣ раҳсипори дунёи фонӣ шуд. Ин марди обрӯманд, тоҷири шинохта, дӯсти дардошною дилнишин, меҳмоннавозу олиҳиммат Ҳоҷӣ Абдуқаюм аз дунёи фонӣ реҳлат намуданд.

Хабари марги Ҳоҷӣ Абдуқаюмро шунида, сахт такон хӯрдем, маротибаҳои зиёд талх ва даруннокӣ гиристем. Чӣ илоҷ!?

Ва инак, ҳама пайвандонатон — Шоҳрух, Шаҳриёр, Шероз, Шодрӯз, Ашурбибӣ соҳибмаърифату соҳибобрӯянд. Яъне Шумо — Ҳоҷӣ-ако, ба масал боғеро ба мерос гузоштаед, ки он пур аз меваҳои некномӣ ва саршор аз неъматҳои меҳру инсонигарӣ ва лабрез аз оби мусаффои обрӯи одамӣ аст. Поси хотири Шумо ва номи некатонро фарзандонатон бо рафтору кирдори накӯи хеш ҳусни давом мебахшанд, ки ин гуна устуворӣ дар идомаи кори падар на ба ҳар ворис муяссар мегардад.

Шумо рисолати инсони комил, шукргузорӣ, ҳимматбаландӣ, худшиносиву худошиносӣ, марди солеҳ буданро ба ҷо овардед.

Устод Озарахш дар ҳаққи Шумо барин бедордилон чӣ хуш гуфта:

Он мазоре нестам, осон хазонпӯшам кунанд,

Дар гузори боду боронҳо фаромӯшам кунанд.

 

Усмон БАРОТ,

Баҳриддин КИРОМ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here