Мо — тоҷикон барои марсияхонӣ ба қавли сухани мардумӣ «устухон» надорем. Наход насибаи мо дар ин дунёи бекарон танҳо марсиянависӣ бошаду бас!? Ё шояд оғозу анҷоми ин дунё худ марсия аст?

Дақиқ намедонам, аммо аз рафтани бармаҳали олим, устоди ҳунар Абӯбакр Зубайдӣ сахт андуҳгин шудам. Охир, эй дунё, он нафареро рабудӣ, ки ҳоло дар сар нақшаҳои зиёде дар рушди илми санъатшиносӣ дошт. Магар то ба ин ҳад бераҳму ҷоҳил ҳастӣ, ки раҳме бар ӯ накардӣ? Бешак ӯро, ки рабудӣ, худ хуб дуруштиҳои туро медониста, чун дар суҳбати охире, ки бо марҳум доштам, гуфта буд:

Оҳ, эй кони дасиса, оҳ, эй дунёи песа,

Бо дуруштиҳот чун созам ба ин табъи нафиса?

***

Бо устод Абӯбакр Зубайдӣ тайи 4 сол дар шӯъбаи таърих ва назарияи санъати Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ-и Академияи илмҳо кор мекардем. Чӣ ҳузнангез аст, ки мегӯям “ кор мекардем”. Наход аллакай замони гузашта бошад!? Боварам намеояд, зеро дирӯз бо эшон дар як ҳуҷра нишаста, сари масоили гуногун суҳбат доштем, вале имрӯз хабари шум, аз дунё даргузашташро шунидам. Бовар кардани ин хабар хеле гарон аст, аммо чӣ илоҷ, ки воқеият аст…

Устод нақшаҳои зиёде дошт, ба ҳамин наздикӣ як рисолаи илмӣ ҳам навишта буд. Марги бадтол ӯро ғофилгир намуд, зеро ӯ дар оянда зиёд корҳои илмӣ, эҷодиро мехост ба сомон расонад ва ба ояндагон мероси бештар гузорад, то баъдинаҳо дар шинохти илми санъатшиносии миллӣ бештар воқиф гарданду барои боз ҳам ривоҷи ин ришта камари ҳиммат бибанданд. Устод Зубайдӣ дар санъати ҳофизӣ ҳам мактаби хоси худро дошт. Оҳангу таронаҳои жанри “Шашмақом”-ро хеле хуб бо садои малеҳи ба худ хос иҷро намудааст. Дар хазинаи тиллоии радио ва телевизион ҳам сурудҳои зиёде сабт намудааст, ки бидуни шубҳа ояндагон аз он мероси гаронбаҳо истифода хоҳанд намуд.

Ӯ инсони воқеӣ буд. Бандаро зиёд насиҳату маслиҳатҳо додааст,ки акнун садояш дар гӯшҳоям садо медиҳанд,ки «додарам, пайваста дар роҳи илм ҷаҳду талош бикун, як лаҳза ғофил мондӣ, илм аз дар гаҳи худ туро меронад». Бале устод, ҳақ бо шумост,аммо дигар маро кӣ ҳидоят мекунад,ки фалон корро аҷала кун, дар амалӣ намудан таъхир накунӣ? Устод Зубайдӣ бисёр инсони оромтабиат ва нексиришт буд, бидуни ғараз ба ҳунармандони ҷавон сахтгириҳо мекард, ки хасакӣ ба дунёи санъат ворид нашаванд. Ин хислатҳоро танҳо ӯ дошту кунун бо худ бурд… Дар чанд марсия хондам, ки гуфта шуда, Зубайдӣ то соли 2009 дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода омӯзгорӣ кардааст, дӯстон чунин нест, устод Зубайдӣ то ин ҷониб дар ин даргоҳ ба донишҷӯён илми санъатшиносиро дарс медод. Афсӯс,ки дигар бо мо нест, ӯ барои ҳамеша моро тарк кард, дар воқеъ бояд иқрор шуд, ки мисли дигар бузургонамон ӯро ҳам қадр накардем, ё қадрашро дониста тавонистем.

Устод, равонат шоду хонаи охиратат мину бод!

Зоҳири САЙФУЛЛО

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here