Мехостам тавҷҷуҳи хонандаро ба масъалаҳои тарзи ҷашнгирии базмҳо ҷалб намоям. Аммо пеш аз ин фишурдаеро аз натоиҷи илмии Симпозиуми байналмилалии илмии «Ҷашни Меҳргон ва Сада дар оинаи тамддуни мардумони Осиёи Марказӣ», бахшида ба ҷашни Меҳргон (Тоҷикистон, Душанбе, толори Академияи илмҳо, 13-уми октябри соли2017) манзури хонанда менамоям. 

Аввалан дар Симпозиуми мазкур таъкид шуд, ки Меҳргон ва Сада дар радифи Наврӯз аз бостонитарин ҷашнҳои тақвимӣ дар тамаддуни башарӣ маҳсуб мешаванд. Ин се ҷашнро гоҳе дар тафсири ҷаҳонбинии устуравӣ радифи шаш ҷашни гуҳарбор медонанд, ки гӯё нишони шаш ҳангом ё рӯзи сол барпо мегардид ва ба шаш рӯзи офариниши олам мутобиқ дониста мешуд. Тибқи таҳқиқи Меҳрдод Баҳор, ҷашнҳои номбурда пеш аз оини зардуштӣ ва ҳатто пеш аз тамаддуни ориёӣ моли фарҳанги бумӣ будааст.
Дар таърихи дуру дарози мавҷудияти ин ҷашнҳо гоҳе яке, мисли Наврӯз дар мадди аввал гузошта мешуд, дигарӣ (ба мисли Сада, Меҳргон, ки дар давраи ислом, замони Шӯравӣ дар Тоҷикистон) ҳукми фаромӯшӣ пайдо мекард. Масалан ислом нисбат ба ин оинҳои бостонӣ ғолибан фишор меовард, онҳоро нишони зиндиқӣ, маҷусӣ медонист. Идеологияи шӯравӣ, ки ғолибан худро атеистӣ муаррифӣ мекард, ин ҷашнҳоро ҳамчун ҷашнҳои динӣ дониста, онҳоро манъ мекард.
Аммо, дар маҷмуъ, мардуми эронитабор ҳамеша бидуни ҳама гуна монеаҳо онҳоро ба ҳар тариқе ошкоро ё пӯшида ҳифз мекард, ҷашн мегирифт. Чаро ки дар асл ин ҷашнҳо аз падидаҳои тақвимию астрономӣ буданд ва марҳилаҳои муҳими фаъолияти солонаи инсону табиат, замину деҳқонро дар худ ифода мекарданд. Сада ва Меҳргон — ҷашн ва фарҳанги кишоварзии мутамаддин ва падидаи нодир дар тамаддуни ҷаҳонӣ мебошад. Аз он сабаб, ки ҷашнҳои номбурда якҷоя бо ҷашни Наврӯз моҳияти ҷомеасозӣ ва ҷомеамандӣ, тавҳидию муҳитзистии созандагӣ, диду идеалҳои покроӣ, некбинӣ, садоқат ба замину меҳнат ва инсонро ифода мекарданд. Сабаби бақоияту идомати ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргону Сада маҳз дар ҳамин фалсафаи онон аст. Ин ҷашнҳо ба ҷуз ҳадафи баҳамоии мардуми заҳматкаш, ривоҷ додани усулҳои коркарди фарҳанги кишоварзӣ, зироат, чорводорӣ ва амсоли ин чизи дигаре надоранд. Дар асл моҳиятан ин ҷашнҳо бо ягон дину идеология пайванд нестанд. Дигар ин ки, адёну идеологияҳои дигар дар тӯли таърихи дароз кӯшиш доштанд, то ба хотири бақоияти хеш бо ин ҷашнҳо бигараванд. Аммо ҳукми воқеияти таърих ин шуд, ки ин дину идеологияҳо дар марзу бум ва замони хеш қарор ёфтанд, аммо ҷашнҳои мо ҳама марзҳоро бо покизагии худ, бо фалсафаи башардӯстонаи хеш убур карда, то ба замони мо расиданд.
Симпозиуми гузашта таъкид бар он кард, ки новобаста аз он, ки дар мавриди шинохти вижагии ҷашнҳои гуфташуда даствовардҳои илмӣ зиёд аст, аммо то ба ҳанӯз майдони таҳқиқи масоили гуногун ва мубрами ин ҷашнвораҳо дубора аз марҳилаи нави таърихӣ шуруъ шуда, нигоҳи тоза мехоҳад ва муҳаққиқини мо имрӯз ва минбаъд паҳлуҳои муҳиму гуманистии кашфношудаи ин марҳилаҳои меҳнатии солонаи кишоварзонро кашф хоҳанд кард, минбаъд ба тавсифи консептуалии таърихию илмӣ, астрономӣ, вожашинохтию мардумшиносӣ, фалсафӣ-фарҳангшиносии Меҳргон ва Сада камар мебанданд, то ин ки мо дар вақти хеле наздик тавонем минбаъд мисли Наврӯз ҷашнҳои Сада ва Меҳргонро ба ҳайси ҷашнҳои байналмилалӣ ба мардуми ҷаҳон пешниҳод намоем.
Ҳарчанд Тоҷикистони азизи кӯшиш бар сохтани модели олии аграрию индустриалӣ дорад ва ба ҳамин хусусияташ майлу ниёз ба чунин ҷашнҳо дорад, аммо ин он маъноро надорад, ки ҷашнвораҳои номбурдаро танҳо моли фақат як қавму як мардум муаррифӣ созем. Моро лозим бар он аст, ки фалсафа ва арзишҳои абадзиндаи умумиинсонии онҳоро ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем. Ва дар ин ваҷҳ такя бар он намоем, ки дар ҳар қавму нажод, тамаддуни ҳар миллат пора ё суннати комиле вуҷуд дорад, ки ба ин санаҳои соли меҳнатӣ, зироат ва чорводорӣ шабоҳат доранд. Месазад, ки бо истифодаи ин далел ба суннатҳои Сада, Наврӯз ва Меҳргон тақвият бахшид, онро ба моли умумибашарӣ табдил дод.
Бояд дар назар дошт, ки ҷашнҳои Сада, Наврӯз ва Меҳргон аз нигоҳи астрономиашон мантиқан ба ҳам пайваст мебошанд, ҳар кадом идомаи дигаранд, пайвандии детерминӣ доранд, ба истилоҳи дигар ҳар кадом ҳалқаи як занҷиранд. Аз ин хотир, пешниҳод мешавад, ки ин ҷашнҳо минбаъд дар консепсияи яклухтӣ, якпорчагӣ дида шавад. Нашояд, ки онҳоро аз ҳам ҷудо намоем. Танҳо дар яклухтӣ ин ҷашнҳо, ин марҳилаҳои фаъолияти меҳнатии солона дар худ маънӣ пайдо мекунанд.
Мо ин ҷашнҳо (Сада, Наврӯз ва Меҳргон)-ро набояд танҳо ҳамчун моли фарҳанги гузашта муаррифӣ кунем. Ҳар як аз ин ҷашнвораҳо худ дар худ рамз ва ҳадафҳои ҷавҳарӣ доранд. Ҳар кадом аз ин бо кадом як марҳилаи муайяни фаъолияти меҳнатӣ вобаста мебошад. Худи идеяҳои калидии ин ҷашнҳо далолат бар онро доранд, ки Сада — тайёрӣ бар пешвози Наврӯз аст. Пас мебояд омодагӣ гирифт ба соли нави меҳнатӣ. Мебояд дар арафаи Наврӯз ҳашару корҳои тадорукӣ пешбинӣ кард, то ин ки ҷӯю системаҳои обёрӣ, асбобу технологияи коркарди замин ва ғайра ба соли нави меҳнатӣ омода бошанд. Меҳргон ҷашни ҷамъбасти кулли фаъолияти кишоварз аст. Аз ин ваҷҳ, мо бояд кӯшиш бар он дошта бошем, ки бо назардошти арзишҳои калидии ҳар ҷашни сегонек мазмуни нав, арзишҳои муосир ва актуалиро ҷой диҳем, бо ин ҷашнҳо навоварона рафтор намоем. Танҳо бо ин кор ва муросо бо дӯстони ҳаммарзу ҳамминтақа ба дастгирии аҳли башар мушарраф мешавем.
Маҳз ҳамин ташаббуси стратегии тамаддунсози миллатамонро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбарҳои гуногуни бонуфузи байналмилалӣ баррасӣ ва таъкид мекунанд.
Тибқи мушоҳидаҳое, ки тӯли чанд соли охир нисбати ҷашнгирии Наврӯз дар Тоҷикистони азиз доштем, ҷашнгириҳо дар ду намуд зуҳур намуд. Дар музофот бештар дар шакли карнавалнамо, дар пойтахт ё ҳар он ҷое, ки ҷашнгирии умумиҷумҳуриявӣ баргузор мегашт, дар шакли маъракаи театришуда барпо мешуд.
Тафовути карнавалнамо ва театришуда дар чӣ зоҳир мегардад? Шакли карнавалнамо — шакли бештар архаикиро мемонад, ба суннатҳои ҷашнгирии анъанавии авлодони гузашта шабоҳат дорад. Карнавал гуфта, базмеро гӯянд, ки бештар дар майдонҳо доир мегардад ва дар он ҳар нафар ҳам тамошобин аст ва ҳам иҷрогар. Ҳар нафари иштирокчии карнавал пеши худ ташаббусе ё имконияте дорад, ки дар баробари тамошои (дидани) ҳунари дигарон, худ низ имкон дорад, ки аз ҳунари табиатан дошта ва ё авлодан мерос гирифтаашро дар майдон нишон диҳад. Ҳамин хусусияти равонии карнавалро муҳаққиқи барҷастаи рус М. Бахтин таҳқиқу баррасӣ кардааст. Такрор мекунам: дар карнавал ҳар нафар ҳам тамошобин аст ва ҳам иҷрогар. Ин хусусияти ҷавҳарии ҷашнгирии карнавалӣ мебошад.
Маъракаҳои театришудаи расмӣ, ки ҳоли ҳозир аз тариқи шабакаҳои телевизиони ҷумҳуриявӣ ғолибан таблиғу тарғиб мегардад, чунин имконияти фаъол ва ташаббусгар шудани тамошобинро надоранд. Тамошобини чунин маъракаҳо, ки одатан дар майдонҳои варзишӣ доир мегарданд, бештар дар курсиҳо нишаста, бинандагӣ мекунад, на зиёд аз ин. Маъракаҳои ҷашнии театришуда худ сенария ё намоишномаи хосро доранд ва ҳамчун номераҳои консертӣ пешниҳод мегарданд. Дар ин маъракаҳо бештар ашхоси маъруф, ҳунармандони касбӣ баромад мекунанд.
Маъракаҳои мардумии каранавалӣ метавонанд дар давоми чанд шабонарӯз идома ёбанд. Маъракаи театришуда одатан дар як қисми рӯз таҳия ва баррасӣ мегардад.
Аммо ҳар ду намуди ҷашн — яъне намуди карнавалӣ ва театришуда фарҳанги шукуҳу шодӣ ва ханда, фарҳанги базмороиро доро мебошанд. Бахусус ҳамин сифати шукуҳу шодӣ ва хосатан ҳазлу шӯхиҳои илҳомбахш ва боназокат дар шакли карнавал бештар мушоҳида мешавад. Новобаста аз он, ки чӣ ид аст (Наврӯз ё кадом иди дигар), намоишҳои карнавалӣ аз анвои ҳунарҳое мураттаб мегарданд, ки дар он ҳазлу зарофат ва танз бартарият доранд. Масалан, ҳатто чунин як маъракаи варзишӣ, ба мисли гӯштин, аз рақобати мӯйсафедони шӯх оғоз мегардад.
Умуман, комилии фарҳанги инсон ва фарҳанги мардум дар ғунҷоиши серпаҳлуи он аст. Бахусус инсону миллатро аз рӯи ширингӯӣ, латофат, ҳисси нақд гуфтану худро нақд кардан эҳтирому иззат мекунанд. Мардуми тоҷик дар гузашта Афандиву Мушфиқӣ, шаклҳои аския ва ҳозирҷавобӣ ва боз чандин шаклу намудҳои санъати шӯхиву хандаро дошт. Устод Боқӣ Раҳимзодаро, ки ҳарчанд дар самти шеъри лирикиву пурмазмуни мутантан мумтоз буд, мардум бештар барои зарофатгӯияш дӯст медошт.
Ид ё базм бе шӯхиву ҳазл, бе ширингуфториву зарофатгӯӣ, бе ханда ҳусни худро гум мекунад.
Дар тадқиқоти пажуҳишии саҳроие, ки мо чанд сол қабл дар ноҳияҳои тобеи марказ ва Кӯлоб доштем, бартарияти ҳамин тамоилро мушоҳида кардем (ниг. 5. Рахимов С. (в соавторстве с Турсунзаде Ф. М.) “Театральность” как форма проявления традиционных обрядов и ритуалов этнокультуры (по материалам Гиссарской экспедиции). / Культура Гиссарской долины в контексте региональных цивилизаций. Сборник статей.- Душанбе: Дониш, 2015, 902 с.- С. 686 — 769).
Воқеан, устод Низом Нурҷонов низ дар тадқиқотҳои хеш маҳз ҳамин тамоили ҳазлу шӯх ва танзии ҷашнҳои мардумии моро дар асрҳояшон тасвир кардаанд. Дар чунин маъракаҳо бештар ба истилоҳ масхарабозон, аскиягӯён, лапарсароён, раққосони ҷуфти зану мард, ки дар мазмуни ҳазлу киноя баррасӣ мешаванд, тақлидгарон, ки ин ё он ҳайвонро ҳам бо овоз ва ё бо рафтор ё дар шакли ниқобу шакли зоҳирӣ тақлид мекарданд, дида мешавад.
Дар маъракаҳои ҷашнии расмии театришуда ҳамин тамоил дида намешавад. Номераҳо дар чунин маъракаҳо бештар пафоси тантанавӣ ва сиёсиро касб мекунанд. Албатта ин тарзи ҷашнгирӣ боиси дастгирист. Аммо чун мунаққид ҳастам, наметавонам аз сатҳу таҳияи режиссёрии ҷашнҳои театришудаи расмӣ эрод нагирам. Ин фикри шахсии ман аст. Хонандаи азиз метавонад бо ман розӣ набошад. Эродам ин аст, ки базмҳои театришудаи солҳои охир якнавохт шудаанд, ҳамасола аз якдигар фарқе надоранд. Моро ба ҳайси эксперт дар маъракаҳои тадорукии чунин ҷашнҳо даъват мекунанд, аз мо маслиҳат мепурсанд, аммо дар маҷмуъ, боз ҳамон кореро мекунанд, ки порсола буд. Дар ин намоишҳо нишонае аз пешниҳодҳои мо дида намешавад.
Ҳамкасби ҷавонам Зоҳир Сайфулло, ки сари ин мавзуъ кор мекунад, намунае аз сенарияи ҷашни Наврӯзро пешниҳод карда буд, ки дар он идеяи тавъам овардани ҷашни Наврӯз дар шакли карнавал пешниҳод шуда буд. Чунин ташаббусро чанде пештар устод Шамолов А. дар ҳамкорӣ бо муаллифони дигар дар китоби “Нарӯз: дирӯз, имрӯз ва фардо» (Душанбе: Дониш, 2013) низ нишон дода буданд. Аммо коршиносон ва доиркунандагони ин ҷашнҳо нисбат ба ин пешниҳодҳо бетараф мондаанд.
Ба назарам барои ғанӣ ва рангоранг шудани маъракаҳои расмии театришуда хуб мебуд агар аз таҷрибаи маъракаҳои карнавалӣ истифода мешуд, бахусус аз фарҳанги сурур, фарҳанги ханда, шӯхиву танз. Мо бояд ба шаклан ва мазмунан комил гардондани ҷашнҳоямон таваҷҷуҳи хоса дошта бошем. Чаро ки чун яке аз барандагони ин ҷашнвораҳои муҳим ҳастему ба умумибашарӣ шудани онҳо пеши худ ташаббус гирифтаем, бояд ба ҷаҳониён зебоиву шукуҳ ва ҳусни инсондӯстиву рангорангӣ ёфтани чунин маъракаҳо саҳм гирем.
Чун мо дубора ҷашни Сада ва Меҳргонро дар радифи Наврӯзи хушпай баъди фосилаи дарози таърихӣ эҳё карда истодаем, месазад, ки базмороии ин ҷашнҳоро ҳусни ҳам карнавалӣ бидиҳем ва ҳам театришудаи мутантан.
Дар ин раванд дар баробари истифодаи ҳунарҳои анъанавӣ лозим аст, ки хусусияти вижагии ҳар ҷашн ба назар гирифта шавад. Манзурам ин аст, ки масалан, ҷашни Сада дар худ рамзу аъмоли хосе дорад, ки дар раванди ҷашнгирии он мебояд таъкид шавад. Яке аз рамзҳои асосии Сада оташ аст. Мардум дар рафти ин ҷашн гулхан мегиронанд, болои он меҷаҳанд, то ин ки покиза шаванд. Дар паҳлуи ин тибқи суннати тоҷикони Бадахшони куҳӣ, ки то ҳанӯз Садаро ҷашн мегиранд, ҳашар эълон мешавад. Зимнан, дар рафти ҷашни Сада ҷӯйборҳо ва системаҳои обёрӣ ва ҳам дастгоҳу асбобҳои ҷамъиятиву шахсии коркарди замин таъмир карда мешаванд, чорвои ҷуфт ва амсоли ин ҳама омода карда мешаванд ба фарорасии Наврӯз, ба маъракаи коркарди замин, ба маъракаи кишту кор. Меҳргон низ вижагиҳои худро дорад. Ҳамин вижагиҳо дар маросими ҷашнҳо мавқеъ ва моқоми асосии худро бояд дошта бошанд.
Ва ниҳоят, мо аз руҳи модерн бахшидан ба мазмуну мундариҷаи ин ҷашнҳо худдорӣ набояд кунем. Ман бо ақидае, ки дар ифтитоҳи Симпозиуми номбурда ироа шуд, комилан ҳамфикрам. Фақат ва танҳо моли қавмӣ муаррифӣ кардан ва ҳам дар шакли патриархалӣ нигоҳ доштани шаклу мундариҷаи онҳо бақо надорад. Барои ҷаҳонӣ шудани ҷашнҳои номбурда онҳо аз дидгоҳи фарҳанг ва арзишҳои имрӯза ва оянда бояд боздид шаванд. Албатта, боздиде, ки дар худ мазмун ва тамсили миллии он ҷой дошта бошад. Ҳамин синтези анъанавӣ ва навоварии эҷодкорона фарҳанги ҷашнҳоро ҳусни бақо мебахшад. Вагарна, мо ба рушди ин базмҳоямон зомин мешавем. Онҳоро ба моли музей табдил медиҳем.
Хулоса, эҳёи ҷашнҳои куҳан мо муҳақиққинро вазифадор мекунад, ки барои таваҷҷуҳ ба таърих, моҳият, мавқеъ ва зарурати кунуниву ояндаи ин ҷашнҳо камари ҳиммат бубандем.

Саъдулло РАҲИМОВ,
доктори илмҳои фалсафа, мудири шуъбаи фалсафаи фарҳанги Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи илмҳои ҶТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here