Наврӯз ҷашни соли нави ориёинажодон буда, дар фасли зеботарини солбаҳор ҷашн гирифта мешавад. Тибқи пажуҳишҳои илмиву оммавӣ, Наврӯз дар солҳои гуногун ба тарзҳои мухталиф таҷлил карда мешудааст. Дар робита ба ин, ҳафтаномаи «Фараж» тасмим гирифт ба соҳибназарон бо чунин суол муроҷиат намояд:

 

Ойгул МЕҲТАРШОЕВА, сокини шаҳри Душанбе:

Фарқияти Наврӯзи шӯравӣ аз имрӯза дар он аст, ки хеле пешравиҳо ба назар мерасад. Он вақт дар чанд давлат ин ҷашнро қайд мекарданд, лекин имрӯз Наврӯзи мо ҷаҳонӣ гаштааст. Ин идро дар он давра дар муҳити хонаводагӣ, дар муҳити ҳамон деҳоти худ мегузаронданд, лекин суннатҳои қадимае, ки дар пеш бобоёну гузаштагони мо доштанд, ҳамаи онҳоро риоя мекарданд. Наврӯзи он замон аз тозакунии хона сар мешуд. Тозакунии хона, яъне дили пок, бо нияти неку пок ба ҳамон рӯз расидем, ҳамаи кинаву адоватҳое, ки дар дил доштем, ҳамаи онҳоро як тараф намуда, бо дили тоза ба Наврӯз тайёрӣ дидем ва рӯзи 21-уми март онро ҷашн мегирифтем. Ин хел набуд, ки якҳафтаина, фақат як рӯз буд. Ҳозир ҷаҳонӣ шуд ва ҳама медонанд, ки дар давлати соҳибистиқлоли мо ин ҷашни бошукуҳро ҳар сол ҷашн мегиранд ва бо омад-омади Наврӯз аз дигар давлатҳо меҳмонон меоянд. Вале дар замони шӯравӣ меҳмонони мо ҳамон ҳамдеҳагону хешони мо буданд. Бозиҳои наврӯзӣ, аз қабили гӯштингирӣ, хурӯсҷанг, ресмонкашӣ ва ғайраҳо ҷузъи асосии ин ҷашни пуршукуҳро ташкил медоданд ва медиҳанд.

 

Шириншоҳ НАФАСШОЕВ, муаллими фанни забон ва адабиёти тоҷик:

— Наврӯз таърихи ҳафтҳазорсола дошта, дар Тоҷикистони зебоманзар, махсусан дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшони хеле ботантана ва бо тамоми расму ойин ин идро ҷашн мегиранд. Фарқияти Наврӯзи замони шӯравӣ аз давраи Истиқлолият дар он аст, ки ҳукуматдорон ба ин ид диққат намедоданд, дар доираи хеле танг таҷлил гардидани он аз танзими вақт буд. Дар даврони соҳибистиқлолии Ватани маҳбубамон Наврӯз ранги дигар гирифт. Баъд аз он, ки байналмилалӣ эълон гардид, дар тамоми мамлакатҳои Осиё Марказӣ, аз ҷумла Қазоқистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Афғонистону Эрон низ бо ҳамаи маросим, урфу одат ва анъанаҳояш тибқи қонун се рӯз қайд мекунанд. Дар баъзе ҷойҳо то панҷ рӯз тантанаҳои наврӯзӣ давом мекунад. Ҳозир бошад, Наврӯз эҳё гардида, аз тарафи давлату Ҳукумати мамлакат ҷашни ниёгон бо ҳамаи оинаш ҷашн гирифта мешавад ва хусусан дар пойтахт.

 

Санавбар НИЗОМОВА, омӯзгори ДМТ:

— Дар даврони шӯравӣ на дар ҳама ҷо Наврӯзро ҷашн мегирифтанд. Масалан дар куҳистон ҷашн мегирифтанд, лекин он ҳам маҳдуд буд. Дар шаҳрҳо, дар ноҳияҳо, дар марказ дар бисёр маврид он шукуҳу шаҳомате ки дошт, онро баъзе равшанфикрон эҳё кардан мехостанд. Дар он давра равшанфикроне буданд, ки кӯшиш доштанд, то расму русуми худашонро аз нав зинда кунанд. Дар ёдам ҳаст, кӯдакиам мо ин идро бо шукуҳу шаҳомат мегузарондем, яъне фақат дар деҳот. Дар шаҳру ноҳияҳо ин хел набуд. Вақте ки ман донишҷӯ будам ва ба шаҳр барои хондан омадам, ин идро тамоман ҷашн намегирифтанд. Мо орзу мекардем, ки дар вақти наврӯзӣ дар деҳа бошему бо хешу табор ин идро ҷашн гирем. Имрӯз хушбахтона дар тамоми қишри Тоҷикистон ва берун аз он Наврӯзро ҷашн мегиранд. Имрӯз, ки бо шаҳомат онро ҷашн мегиранд, ин чиз нав аст, ин як чизи хуб аст. Мо ин ҷашни қадимаи худро аз нав зинда кардем. Яке аз муборизоне, ки барои аз нав эҳё кардани Наврӯз кӯшиши зиёд кардааст, зани мубориз ва журналисти беҳамто Б. Бердиева мебошад. Ӯ кӯшиш мекард ва ҳатто онҳое, ки дар газетаи “Омӯзгор” кор мекарданд, ин идро ҷашн мегирифтанд.

Имрӯз бо дастгирии Пешвои миллат Наврӯз аз нав зинда шуд ва боз ҳам бошукуҳтар ҷашн гирифта мешавад. Имрӯз бахшидан, кинаро аз дил бурдан, тоза кардани бому дар, ободкунӣ бо ибтикори Сарвари давлатамон ба ободии боғҳову гулгаштҳо оварда расонидаву моро фараҳманд гардонидааст.

 

Калбод КАЛБОДОВ, сохтмончӣ:

— Дар даврони шӯравӣ Наврӯз байналмилалӣ набуд, лекин имрӯз бо заҳмату талошҳои беандоза Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як кори бениҳоят муҳиме анҷом дод, ки ин идро ҷаҳонӣ намуд. Лекин дар дигар шароитҳо ин ид аз шӯравӣ фарқият надошт, чунки ин идро ҳамон вақт ҳам ҷашн мегирифтанд. Лекин ҷашни имрӯза барин не. Мисол, рӯзи истироҳате, ки барои ин ҷашн аз тарафи давлат барои тамоми шаҳрвандон дода мешавад, дар замони шӯравӣ онро дар рӯзи корӣ мегузаронданд. Дар он давра идҳоеро бештар ба таври мутантан ҷашн мегирифтанд, ки ба идҳои давлати абарқудрати Русия ва идҳои дигар шабоҳат доштанд. Аз ҷумла, 9-уми май — Рӯзи ғалаба. Аммо, хурсанд аз онем, ки имрӯз на фақат ҷашнҳо, балки тамоми тамаддуни тоҷикон бойтар гашта истодааст. Имрӯз кулли ҷаҳон Тоҷикистонро ҳамчун як давлати соҳибистиқлол ва аз расму оин бой медонанд.

 

Фирӯза ВАФОБЕКОВА, сокини шаҳри Душанбе:

— Наврӯз ҷашни дӯстдоштаи ман аст. Ман ин ҷашнро аз хурдӣ бо тамоми ҳастӣ интизор мешудам. Агар бовар кунед, то ҳамин сол ҳам ин ҳиссиёт дар ман ҳаст.

Фарқияти ин ҷашни бошукуҳ аз давраи шӯравӣ дар он аст, ки мардум имрӯз озодона, бо хурсандӣ, бо чеҳраи кушод Наврӯзро пешвоз мегиранд. Имрӯз мо озодем озодона зиндагӣ мекунем. Дар даврони шӯравӣ дар ҳама кор сензура буд. Наврӯзро ҳатто ном намегирифтанд. Бо кӯшиши Президенти мо ин ид ҷаҳонӣ шуд.

 

Таҳияи Гулрӯи СУҲРОБ

Добавить комментарий